Главная страница
Навигация по странице:

  • Ҳарорат ҳамчун омили экологӣ

  • Маколаи Сафарали. Мақолаи Сафаралӣ. Муносибати растаниои гурои гуногуни эколог ба арорат


    Скачать 19.49 Kb.
    НазваниеМуносибати растаниои гурои гуногуни эколог ба арорат
    АнкорМаколаи Сафарали
    Дата16.10.2021
    Размер19.49 Kb.
    Формат файлаdocx
    Имя файлаМақолаи Сафаралӣ.docx
    ТипДокументы
    #248633

    МУНОСИБАТИ РАСТАНИҲОИ ГУРӮҲҲОИ ГУНОГУНИ ЭКОЛОГӢ БА ҲАРОРАТ

    Юсупов Сафарали Маҳмадалиевич, Ёров Ёрмаҳмад Алиакбарович, омӯзгорони коллеҷи омӯзгории Бохтар ба номи Носири Хусрав

    Вобаста ба дарозии рӯз ҳарорат ба организми растаниҳо таъсири гуногун мерасонад. Мутобиқшавии растаниҳо бо шароитҳои ҳархелаи ҳастӣ дар гузариши эволютсияи олами органики ба вуҷуд меояд. Дар ҷараёни филогенези ҳар як намуди растаниҳо, ниёзҳои муайяни шароити мавҷудият ва мутобиқшавӣ ба муҳити ишғолкуднандаи экологӣ ба вуҷуд омадаанд. Ҳангоме ки шароити мавҷуда тағйир меёбад, растаниҳо бо роҳи таҷдиди равандҳои физиологӣ ва тағйироти морфологӣ дубора ба шароити муҳит мутобиқ мешаванд, то зиндагии худро идома диҳанд. Гурӯҳҳои гуногуни экологии растаниҳо ба ҳарорати баланд ба таври гуногун мутобиқ мешаванд. Ҳама равандҳои физиологӣ ва биохимиявӣ танҳо дар ҳудуди муайяни ҳарорат сурат мегиранд, ки чун қоида дар шароити маҳдуд ҷойгиранд.

    Омӯзиши растаниҳои гурӯҳҳои мухталифи экологӣ ба таъсири омили ҳарорат аҳамияти калони физиологӣ дорад, зеро растаниҳо дар натиҷаи мутобиқшавӣ ба шароити мавҷудият ба ин падида муқовимат нишон медиҳанд.

    Ҳарорат ҳамчун омили экологӣ. Шояд яке аз омилҳои асосие, ки мавҷудият ва рушди мавҷудоти зиндаро дар рӯи замин муайян месозад ин омили ҳарорат аст. Организмҳое мавҷуданд, ки ҳаётгузаронии онҳо то андозае аз ҳарорати муҳит вобастаанд. Яке аз ин организмҳо растаниҳо ба шумор меравад.

    Барои тавсиф кардани шароити ҳаратқабулкунии растаниҳо, ба назар гирифтани миқдори умумии ҳарорат дар маҳалли зисти растанӣ ва чигунагии тақсимоти он бо мурури замон, имконоти мавсими нашъунамо аз онҳо вобаста аст, муҳим аст. Динамикаи солонаи гармиро тавассути ҳарорати миёнаи моҳона (миёнаи ҳаррӯза) ва тағйирёбии ҳарорати ҳадди ақал ва ҳадди аксар мушоҳида кардан мумкин аст. Ҳудуди мавсими кишт аз рӯи давомнокии давраи бидуни шабнам ва дараҷаи эҳтимолияти сардиҳои тирамоҳу зимистон муайян карда мешавад. Ҳадди растаниҳо ва муносибати гуногуни онҳо ба ҳарорат якхела буда наметавонад: дар намудҳои растаниҳои ба хунуки тобовар ба таври муқаррарӣ 5°C, растаниҳои минтақаҳои мӯътадил 10°C, дар термофилҳо - 15°C гирифта мешавад.

    Таъсири ҳарорати баланд. Ҳароратқабулкунии растаниҳо тағйирёбанда аст. Сабабҳои ин ҷараёнҳои ноором, тағйирёбии ҳарорати ҳаво ва ғайра мебошанд. Ҳарорати растаниҳо миқдорест, ки дараҷаи умумии гармиро тавсиф мекунад. Азбаски растаниҳо поикилотермикӣ мебошанд, ҳарорати онҳо аз рӯи тавозуни гармӣ, яъне таносуби азхудкунӣ ва озодшавии энергия муайян карда мешавад. Ин арзишҳо ба хусусиятҳои муҳити зист ва худи растаниҳо вобастаанд. Нақши асосиро эффекти хунуккунандаи транспиратсия мебозад, ки аз ҳад зиёд гармшавиро дар шароити гарм пешгирӣ мекунад.

    Растаниҳоро вобаста ба ҳарорати оптималиашон ба якчанд гурӯҳ тақсим мекунанд:

    • термофилӣ (зиёда аз 50°C),

    • термодустдор (25-50°C),

    • термофилҳои мӯътадил (15-25°C),

    • хунукпараст (5-15°C).

    Ҳангоми рушди инфиродӣ ба гармитобоварӣ тағйир меёбад, яъне муқовимати растаниҳои ҷавон ва афзоянда нисбат ба растаниҳои кӯҳна камтар аст. Инчунин, ин тағйиротро дар сохти морфологии растанҳо мушоҳида кардан мумкин аст. Навдаҳо, шохчаи наврас, камбий (ҳосилкунандаи бофта), ки ҳарорати ҳуҷайраи онҳо то +55°C мерасад, хеле тобоваранд.

    Фотосинтез ва нафаскашӣ суръати худро дар ҳарорати баланд тағйир медиҳанд. Аммо байни онҳо фарқият вуҷуд дорад, зеро ҳарорати оптималии фотосинтез камтар аз ҳарорати оптималии нафаскашӣ аст. Яъне, вақте ки аз ҳад зиёд гарм мешавад, суръати нафаскашӣ меафзояд, дар ин ҳолат фотосинтез коҳиш меёбад. Дар ин шароит, нафаскашӣ метавонад энергияро барои барқарор кардани органеллҳои вайроншудаи ҳуҷайра таъмин намояд. Афзоиши минбаъдаи ҳарорат то ба 50-52°C, хусусан ҳангоми таъсири дарозмуддат, боиси камшавии ташаккули молекулаҳои кислотаи аденозинтрифосфат мешавад. Дар чунин ҳароратҳо, ҳуҷайра дигар нерӯи синтез кардани макромолекулаҳо ва нигоҳ доштани устувории мембранаҳо ва органеллҳои ҳуҷайраҳоро надорад. Аммо бояд гуфт, ки талаботи растани ба энергия низ коҳиш меёбад, зеро афзоиш ва гардиши моддаҳо суст мешавад ё ҳатто тамоман қатъ мешавад. Аз сабаби таъсири ҳарорати баланд часпакии ситоплазма тағйир меёбад (аксар вақт зиёд мешавад). Тағйирот дар часпакии ситоплазма ба тағйирёбии скелети ҳуҷайра асос ёфааст.

    Илова ба баландшавии гармитобоварӣ, растаниҳои обутобёфта феномени дигар - таъсири стимулиатсиони (тамоюли афзоиши қад) -ро нишон медиҳанд. Эфффекти стимулиатсионӣ аз обутобёфта бо фаъолияти бештари хроматин алоқаманд аст.

    Адабиёт

    1. Альтергот В.Ф. Общность механизмов повреждения и адаптации и формирования устойчивости растений к экстремальным температурам. - Новосибирск: Наука, СО, 1977. - 119с.

    2. Альтергот В.Ф. Действие повышенной температуры на растение в эксперименте и природе: доложено на сороковом ежегод. чтении 4 июня 1979 г. - М.: Наука, 1981. - 57с.

    3. Генкель П.А. Физиология жаро- и засухоустойчивости растений. Наука, М., 1982. - 280с.

    4. Генкель П.А. Физиология растений. 1975 г. - М.: Просвещение., Издание 2-е.-191с.


    написать администратору сайта