Главная страница
Навигация по странице:

  • ДАВЛАТОВА МО Ҳ РУ Ҷ ОН ДИЛОВАРОВНА

  • 23 Феврал. 23 Феврал Рузи Артиши милли умурии Тоикистон


    Скачать 0.65 Mb.
    Название23 Феврал Рузи Артиши милли умурии Тоикистон
    Дата09.05.2021
    Размер0.65 Mb.
    Формат файлаdocx
    Имя файла23 Феврал.docx
    ТипДокументы
    #202876



    23 Феврал — Рузи Артиши милли Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Ватан ноёбтарин сарват ва беҳтарин неъматест, ки Худованд барои мо ато кардааст. Ватан модар аст. Ин ду мафҳум барои шахси бонангу номус азиз ва муқаддас аст. Вақте, ки кӯдак чашм ба дунёи ҳастӣ мекушояд, дар машомаш бӯи шири модару дар рӯйи хоки зодгоҳаш ба воя мерасад. Пайғамбари Худо (с) ватандӯстию ватандориро яке аз нишонаҳои имондорӣ номидааст: “Алоқа ва муҳаббат ба Ватан аз нишонаҳои имон аст”.

    Гузаштагони бузурги мо тавонистаанд бо нӯги қалами худ ватандӯстию ватанхоҳиро иброз намоянд. Шоири ватандӯст Ҳабиб Юсуфи умри худро то дами марг барои ватан дареғ надошт, чуноне ки гуфтааст:

    Қалам ба даст бигирам, ки шеър бинависам,
    Забони ман зи ҳама пештар Ватан гӯяд.

    Ҳадаф аз ифшои чунин мисраъҳо дар дили ҷваонон бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ мебошад. Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки фарзандон ва насли ояндаро дар рӯҳияи ватандӯстию ватанхоҳӣ, ҷавонмардию далерӣ, одобу ахлоқ ва маърифатнокӣ тарбия намуда, онҳоро аз фиребу найранги душманони хунхор муҳофизат намоем.



    ДАВЛАТОВА МОҲРУҶОН ДИЛОВАРОВНА





    написать администратору сайта