свасвас. амин тест физ. А 18 км в 35 км с
Скачать 20.14 Kb.
|
Эгзамен 1. Автобуси мусофиркаш аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Ваҳдат дар t = 20 дақиқа бо суръати миёнаи 𝝑 =15 м/с рафта расид. Масофаи миёнаи байни ин шаҳрҳо чӣ қадар аст? А) 18 км В) 35 км С) 9 км D) 17,5 км 2. Мошин (нигаред ба расм) мунтазам ҳаракат карда, ними давраро гузашт. Бо рақамҳои 1 ва 2 чӣ ишора шудааст? А) 1 – роҳи тайкарда 2 – кӯчиш С) 1 – кӯчиш 2 – кӯчиш В) 1 – кӯчиш 2 – роҳи тайкарда D) 1 – роҳи тайкарда 2 – роҳи тайкарда 3. Мошин (нигаред ба расм) қитъаи ВС‐ро мунтазам дар 10 сония тай мекунад. Суръати ҳаракати мошинро муайян кунед. А) 0,05 м/с В) 20 м/с С) 190 м/с D) 210 м/с 4.Масофаи байни ду истгоҳ ба 500 м баробар аст. Троллейбус, ки бо суръати 36 км/ст мунтазам ҳаракат мекунад, ин масофаро дар чанд вақт тай менамояд? А) 13,8 с В) 50 с С) 490 с D) 510 с 5.Агар автобуси мусофирбар бо суръати миёнаи 𝝑 = 54 км ст ҳаракат кунад, он аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Ваҳдат дар чанд вақт рафта мерасад? Масофаи миёнаи байни ин шаҳрҳо S = 18 км мебошад. А) 33 дақ В) 20 дақ С) 36 дақ D) 27 дақ Хатти бо тарзи ҳалаш 6. Масоҳати девори хонаеро ебед ки дарозии девор 6 м ва бараш ба 4м баробар аст. 7. Ҳаракати мунтазам чист? 8. Воҳидҳои асосии системаи СИ-ро бо бузургиҳояшон нависед. 1) 2) 3) 4) 5) 6) 7) 9. Графики вобастагии суръатро аз вакт кашед хангоми доими будани суръат. 10. Бо м/с гардонед 1) 9км/ст м/с 2) 18км/ст м/с 3) 54км/ст м/с 4)288км/ст м/с 5) 108км/ст м/с 6)150км/ст м/с 7)120км/ст м/с 8) 45км/ст м/с 11.Физика аз чан қисм иборат аст номбар кунед онҳоро 12. Ҳодисаи физики чист? |