Бахши лаҳистонии Шабакаи муҳоҷирати Аврупо. Бо такя ба ин манбаъ менависад, шумори шарвандони тоике, ки дар Лаистон соиби паноандаг шудаанд, дар соли 2015 назар ба 103 нафари як соли абл якбора 5 маротиба афзудааст
Скачать 41.19 Kb.
|
Бахши лаҳистонии Шабакаи муҳоҷирати Аврупо (Europejska Sieć Migracyjna (ESM), як созмони вобаста ба Иттиҳодияи Аврупо, дар гузоришаш таҳти унвони “Муҳоҷират ба Полша (Лаҳистон) дар соли 2015 – тамоюлҳои асосӣ” навиштааст, ки Полша дар соли гузашта ба 12 211 хориҷӣ, аз ҷумла ба 539 шаҳрванди Тоҷикистон паноҳгоҳ додааст. Радиои Озодӣ бо такя ба ин манбаъ менависад, шумори шаҳрвандони тоҷике, ки дар Лаҳистон соҳиби паноҳандагӣ шудаанд, дар соли 2015 назар ба 103 нафари як соли қабл якбора 5 маротиба афзудааст. Ба ҳисоби Шабакаи муҳоҷирати Аврупо, ҷамъи он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар тӯли соли 2015 аз Лаҳистон дархости паноҳандагӣ карданд, ду маротиба бештар аз ҷамъи тамоми он шаҳрвандони тоҷикест, ки дар тӯли солҳои 1992-2014 барои паноҳгоҳ ба ин кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо муроҷиат кардаанд. Шабакаи муҳоҷирати Аврупо дар гузоришаш мегӯяд, ҳоло Тоҷикистон аз нигоҳи шумори онҳое, ки дар Лаҳистон соҳиби ҳаққи паноҳандагӣ шудаанд, танҳо аз Украинаву Русия ақиб мемонад, вале аз нигоҳи суръати афзоиши шумори паноҳҷӯёнаш дар ҷои аввал меистад. Соли гузашта 2300 нафар аз Украина ва 7900 нафар аз Русия дар Лаҳистон ҳаққи паноҳандагӣ ба даст овардаанд. Барои муқоиса, аз Ироқу Сурияи ҷангзада, ки ҳоло сели азими ҷӯяндагони паноҳандагӣ дар қораи Аврупоро ба вуҷуд овардаанд, мутаносибан ҳамагӣ 62 ироқӣ ва 295 сурягӣ тавонистаанд, ки ба Лаҳистон паноҳ биоранд. Кишварҳои паноҳандапазир маъмулан ба далелҳои амниятӣ исми афродеро, ки ҳаққи паноҳандагӣ ба даст овардаанд, ва далели ироаи ин мақомро шарҳ намедиҳанд. Аммо дар як соли охир даҳҳо нафар аз тарафдорони мухолифини ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва фаъолони созмони оппозитсиюнии "Гурӯҳи 24" ба кишварҳои Аврупо паноҳ оварданд. Ҳамзамон бо нашри ин омори ахир аз сӯи Шабакаи муҳоҷирати Аврупо, Хадамоти марзбонии Лаҳистон (Straz Graniczna) хабар дод, ки дар тӯли соли гузашта аз вуруди 51 146 хориҷӣ ба қаламрави ин кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо ҷилавгирӣ кардааст. Яна Роситска, намояндаи дафтари матбуоти Хадамоти марзбонии Лаҳистон рӯзи 7 апрел ба Радиои Озодӣ гуфтааст, дар байни онҳое, ки ба марзи Лаҳистон роҳ дода нашуданд, беш аз 3000 нафараш шаҳрвандони Тоҷикистонанд. Ӯ афзуд, дар тӯли як соли охир марзбонони Лаҳистон аз вуруди 22 ҳазор шаҳрванди Украина, 18 ҳазор шаҳрванди Русия, беш аз 3000 шаҳрванди Беларус ва беш аз 2000 шаҳрванди Гурҷистон пешгирӣ кардаанд. Аксари онҳое, ки вурудашон ба қаламрави Лаҳистонро иҷозат надодаанд, визаи ин кишвар ваё визаи Шенгенро доштаанд. Вале дар шарҳи Хадамоти марзбонии Лаҳистон гуфта мешавад, ки агар марзбонон ба мақсади сафари довталаби вуруд ба ин кишвар шакку шубҳае пайдо кунанд, метавонанд монеи даромадани ӯ ба хоки Лаҳистон шаванд. Дар бисёри ҳолатҳо далели чунин тасмим эҳтимоли дар қаламрави Иттиҳодияи Аврупо мондану дархости паноҳандагӣ кардани чунин афроди машкук аст. Гуфта мешавад, нафарони зиёде бо визаҳои сайёҳӣ вориди қаламрави кишварҳои қораи Аврупо мешаванд ва сипас худро ба пулис ваё ниҳодҳои муҳоҷират таслим карда, аз ин кишварҳо паноҳандагӣ мепурсанд. Лаҳистон ё Полша, ки бо 4 кишвари пасошӯравӣ - Украина, Беларус, Литва ва вилояти ҷазирақаламрави Калинингради Русия дар маҷмӯъ қариб 1300 километр марзи мустақими заминӣ дорад, дар солҳои охир ба як кишвари транзитӣ дар масири шимолии қочоқи паноҳҷӯён аз Шарқ ба Аврупо табдил ёфтааст. Бурузи бӯҳрони муҳоҷирон, ки аз замони ҷанги дувуми ҷаҳон дар Аврупо собиқа надорад, мақомоти кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо, аз ҷумла Лаҳистонро маҷбур ба андешидани чораҳои изофӣ дар масирҳои умдаи қочоқи муҳоҷирони ғайриқонунӣ, бахусус дар марзҳояш бо кишварҳои пасошӯравӣ кардааст. Як бахши аъзами ин муҳоҷирони ғайриқонуниеро, ки аз масири шимол ва аз ҷумла тавассути Лаҳистон худро ба Аврупо мезананд, зодагони Ветнам, Афғонистон, Бангладеш ва амсоли ин ташкил медиҳанд. Вале оморҳои ахири Шабакаи муҳоҷирати Аврупо ва Хадамоти марзбонии Лаҳистон ҳокист, ки шумори талабгорони зиндагии хубтар дар Аврупо аз Тоҷикистон низ дар як соли охир босуръат боло рафтааст. Дар ҳамин ҳол, рӯзи 6 апрел дар минтақаи Алукснени Литва 10 шаҳрванди Ветнам ва 1 шаҳрванди Русияро бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз дастгир кардаанд. Ҳамроҳ бо ин гурӯҳ ду раҳбалади онҳо – як шаҳрванди Литва ва як шаҳрванди Тоҷикистон – низ боздошт шудаанд. Ин шаҳрванди тоҷик ҳоло дар Литва ба ташкили шабакаи қочоқи муҳоҷирони ғайриқонунӣ айбдор мешавад. Read more: https://news.tj/tj/news/31/20160408/davomi-sol-polsha-ba-539-ikiston-pano-go-dod |