шайбониён. Шайбониён. Давлати Шайбониён солои 15011599
Скачать 19.29 Kb.
|
Давлати Шайбониён солҳои 1501-1599 Воқеаҳои авали асри XVI дар ҳаёти халқҳои Мовароуннаҳр ва Хуросон аз бисёр ҷиҳатҳо ба дигаргуниҳои ҳаёти халқҳои бодиянишини Дашти Кинҷақ ва бастаги доштанд. Дашти Кипчоқ гуфта, замини васеи байни дарёҳои Урал ва Иртиш дар назар дошта шудааст. Дар байни солҳои 1499-1510 Мовароуннаҳру Хуросон аз нав дучори ҳамлаву тохтутозҳои қӯшунҳои ӯзбекҳои бадави аз тарафи Дашти Қипчоқ бо сарварии Муҳаммад Шайбонихон (1451-1510) ва лашкари сурхкулоҳои (қизилбошиҳо) таҳти роҳбарии шоҳ Исмоили Сафави (1487-1524) аз тарафи Эрони Ғарби гардиданд. Шайбониён – сулолаест дар Мовароуннаҳр ва Хуросон, ки солҳои 1500-1599 ҳукмрони карда, давлати Шайбониёнро ташкил намудааст. Шайбониён аз авлоди Шибон (Шайбек) – набераи Чингизхон, бародари Ботухон будааст. Давлати таъсисдодаи Ботухон – Олтии Ӯрда дар нимаи дуюми асри XVI рӯ ба таноззул ниҳод. Ин давлат ба якчанд хонигарии мустақил аз қабили хонигарии Қрим, Қазон, Астрахон тақсим мешавад. Дар натиҷаи зиддиятҳои дохилӣ як гурӯҳи ин қабилаҳо ҷойҳои худро тарк намуда ба тарафи шарқ, яъне то ба Шарқии Баҳри Арал ва гирду атрофи ҳафтрӯд ҷой мегиранд. Аз миёнаи асри ҶV сар карда иттиҳоди сиёсии ин қабилаҳо ба вуҷуд омад. Абдулхайрхони Шайбони (1440-1468) намояндаи ин хонадон дар Ҳафтрӯд давлати кӯчиёнро таъсис медиҳад, ки асоси лашкари он аз қабилаи узбекхониҳо ташкил шуда буд. Дар манбаъҳои хаттии асри ҶV ин иттиҳоди қабилаҳоро ба маънои сад авлод ё ин, ки юз бек мебошад. Ва эҳтимолан узбек аз мафҳуми таъғирёфтаи юзбекҳо пайдо шуда бошад. Тадқиқотчии таърихи Осиёи Миёна, олими рус А.А. Семенов фаъолияти Муҳаммад Шайбонихонро ба ду давра тақсим кардааст: 1. Солҳои 1480 – 1498 ва 2. солҳои 1498-1510 Муҳаммад Шайбонихон шахси таълимдида ва сиёсатмадор буд. Дар ҷовонӣ якчанд маротиба ба Бухоро омадааст. Бори аввал ӯ ду сол дар Бухоро дар мадраса аз шайх ва олим Ҳусайн Босури, Халифа Хоҷа Маҳмуд аз фанни илоҳиёт таълим гирифта аст. Шайбонихон шоири хуб буд. Вале ӯ бештар ҳамчун лашкаркаш, сиёсатмадори маккор, даъвогари тоҷу тахт ва мулки темуриён маъруф гаштааст. Ӯ монанди Чингизхон ва Темур ҷаҳонгир шудан мехост. Аммо ӯ бо унвони «Имом – уз – замон» ва «Халифат – ур – раҳмон» худро бештар талқингари имон ва маҳвкунандаи бадӣ вонамуд кард. Барои забткориҳои Шайбонихон дар Мовароуннаҳр шароити он давраи сиёсии давлати Темуриён мусоидат менамояд. Муборизаи шоҳзодаҳои Темурӣ барои тоҷу тахт. Задухӯрдҳои феодалӣ чунон пурқувват гардида буданд, ки пояи сиёсии давлатро суст гардиданд. Муқобилияти синфи чунон тезу тунд буд, ки барои оммаи халқ вазшавии ҳокимон фарқ надошт. Шайбонихон забони тоҷикӣ – форсӣ ва туркиро медонист ва пешаки қисми зиёди рӯҳониёнро ба тарафи худ кашида буд. Муҳаммад Шайбонӣ бо қувваи ҳарбии худ соли 1499 ба Мовароҳуннаҳр лашкар кашид. Ӯ дар амалӣ гаштани нақшаҳои худ ҳар гуна макру фиребро моҳирона истифода мебурд. Соли 1500 Тошканд, 1501 Самарқандро забт намуда ба пойтахти худ табдил медиҳад. Пеш аз Самарқандро соҳиб шудан ваъда медиҳад, ки ба модари ҳокими Самарқанд султон Алӣ хонадор мешавад, аммо модар ва писарро ба коргоҳи худ таклиф намуда ба қатл мерасонад. Хоҷа Яҳё, ки дар дарбори Султон Алӣ дорои мақоми баланд буд, аз тарафи Шайбони иҷозат дода мешавад, ки бо тамоми молу сарваташ аз Самарқанд барояд, вале дар роҳ бо фармони Шайбонӣ кушта мешавад. Дар байни атрофони Темурӣ гурӯҳе буд, ки барои аз нав барқарор кардани ҳокимияти Темуриён дар Бухоро ва Самарқанд кӯшиш карданд. Дар ин мубориза ашрофони темурӣ дар атрофи шоҳзода, ҳокими фарғона Зоҳириддин Бобури муттаҳид шуданд. Ӯро пинҳонӣ бар шаҳр дароварда подшоҳ эълон мекунанд. Аммо ин тантана дер давом накард. Моҳи апрели соли 1501 Бобури шикаст мехӯрад ва баъди чанд моҳи муҳосира ба гуруснагӣ тоб нооварда Самарқандро ба Шайбониён месупорад. Солҳои 1501-1506 Меҳдӣ султон водиҳои Сурхон ва Ҳисорро забт намуд. Ҳокими Ҳисор Хусравшоҳи Темурӣ буд. Шайбониён барои Урганҷу Бухоро ва Марв бо Исмоили Сафавӣ кашмакашиҳои зиёд намуданд. Шоҳ Исмоили I Сафавӣ (1487-1524) аз хонадони Суфиёни бонуфузи туркҳои Ардабили Озорбойҷон буд. Соли 1504 мулкҳои ӯ дар Шарқ бо темуриён ҳамҳудуд гаштанд. Аз ин рӯ ҷанг байни ду давлат ногузир шуда монд. Он гоҳ Муҳаммад Шайбонӣ пешакӣ ба Исмоили I мактуб навишта талаб мекунад, ки аз «бидъати манфури шиа» даст кашида ба мазҳаби сунъии ислом баргардад. Исмоили I дар номаи ҷавобии худ аз Шайбонихон бас кардани тохтутози узбекҳоро дар Кирмон талаб намуд. Шайбонихон дар ҷавоб асо ва кашкӯли дарвешонаи қаландариро фиристод ва бо ин насаби Исмоилро хотирррасон кард. Дар ду задухӯрдҳо – соли 1507 дар Урганҷ ва 1510 дар Марв тақдири мулкҳои Темуриён ҳал шуд. Байни Эрони Сафавӣ ва Шайбониён дар ҳудуди Хуросон сарҳад ба миён омад Соли 1510 Муҳаммад Шайбонӣ дар задухӯрди назди Марв кушта шуд ва бо фармони шоҳ Исмоил аз косахонаи сари Шайбонихон ҷом барои шароб тайёр кард, ки ӯ аз он дар базмҳои худ истифода мебурд. Кушта шудани Муҳаммад Шайбониҳои аз як тараф боиси он гардид, ки дар байни ворисони Муҳаммад Шайбонихон барои тоҷу тахт мубориза сар шавад ва аз тарафи дигар шоҳ Исмоили I намаяндаҳои хонадони Темуриҳоро ҳоким таъин менамуд. Бо дастгирии Исмоили Сафовӣ Бобур аз Кобул ба воситаи дарёи Аму гузашта ба тарафи Ҳисор ҳаракат намуд. Муҳорибаи ҳалкунанда дар назди Пули Сангии дарёи Вахш (дар ҷои имрӯзаи ГЭС-и ,Норак) ба вуҷуд омад. Султонҳои Шайбонӣ аз муқовимат даст кашида бе мубориза шаҳрҳои Самарқанд, Бухороро ба ихтиёри Бобур гузоштанд. Аз баски Бобур бо осонӣ ғалаба ба даст оварда буд, барои мустаҳкам намудани ҳокимияти худ чорабинии зарурӣ наадешида, ба айшу ишрат дода шуд. Вазн ва меёри пулҳо вайрон шуданд. Қӯшуни Бобур, ки таъминоташ аз аҳолӣ буд ба ғоратгарӣ даст заданд. Инчунин алоқаи Бобур бо Исмоили Сафавӣ, ки шиа буд, муносибаташро аз ӯ дур кард. Баҳори соли 1512 бародарзодаи Муҳаммад Шайбонӣ Убайдулло-Султон аз вазъият истифода бурда бо лашкари на чандон калон ба Бухоро ҳуҷум карда ғалаба ба даст овард. Бобур маҷбур шуд, ки соли 1512 бо воситаи Ҳисор тамоман аз Мовароуннаҳр баромада равад. Ҳамин тавр Шайбониён тавонистан, ки аз нав ҳокимияти худро барқарор кунанд. Мувофиқи анъанаи Шайбониён сардори давлат шахси аз ҳама калонсоли хонавода, ки унвони хонӣ дашт, таъин карда мешуд. Тахти хонӣ ҳанӯз пурра меросӣ набуд. Аъзоёни ҷудогонаи қабилаҳои ҳукмрон унвони хониро ба воситаи интихоб ва ё табадуллоти ҳарбӣ ба даст меоварданд. Ҳар чанд Убайдуллохон шахси обрӯмандтарини Шайбониён бошад ҳам ба тахт Кучкунҷихон, ки обрӯю эътирофи кофӣ надошт ба тахт соҳиб шуд, фақат баъди Абӯсаидхон, Убайдуллохон (1539) ба тахти Шайбониён соҳиб шуд. Ин давраи нисбатан ороми давлатдории Шайбониён буд. Таърихи сиёсии давлати Шайбониёнро ба 3 давра тақсим кардан мумкин аст. Давраи якум- аз солҳои 50-уми асри ҶV-то солҳои 60-70 асри XVI-ро дар бар мегирад. Давраи дуюм– то солҳои авали 80-уми асри XVI-ро дар бар мегирад. Дар ин давра ҷангҳои байнифеодалӣ, ки харобиҳои зиёдро ба амал оварданд. Абдулло – султон ба арсаи сиёсат мебарояд, ки дар муддати 20 сол давлати ягона ба вуҷуд меорад. Ӯ солҳои 1573 – Балх, 1574 – Ҳисор, 1578 – Самарқанд, 1582 – Тошкандро ба зери тасарруфи худ медарорад. Давраи сеюм – аз соли 1583 вақте ки Абдуллохон қисмати зиёди мулкҳои Мовароҳуннаҳро ба даст дароварда худро ҳоқони мамлакат эълон кард, сар мешавад. Дар натиҷаи ҷангҳои нобаробар қаламрави давлат хеле васеъ шуданд. Соли 1584 Бадахшонро ба тасарруфи худ даровард. Соли 1585 сафорати Шайбониён ба Ҳиндустон фиристода шуд. Соли 1588 Ҳирот ва Балх тобеи Абдуллохон гардиданд. Соли 1595 мулки Хоразм ба ҳайати давлати Шайбониён ҳамроҳ карда шуд. Баъди вафоти Абуллохон соли 1598 зиддиятҳои дарборӣ авҷ мегиранд ва дар натиҷаи он сулолаи Шайбониён аз тахти салтанат дур шуда, ба сари қудрат сулолаи нав хонадони Аштархониён (Чониён) мебароянд. Давлати Шайбонихон дар натиҷаи истилогарӣ, ҷангҳо ва ғорату тороҷ барпо гардида буд. Шайбонихон аз рӯи одати кӯчманчиён сарзаминҳои тоҷиконро байни хешу таборони худ тақсим намуд. Лекин воҳаҳои зироатӣ ва марказҳои шаҳрҳои тасхиршуда ҳарчанд дар асорати ҳукмронҳои узбек бошанд ҳам мустақилияти худро каму беш нигоҳ доштанд. Султонҳои ӯзбек на ҳама вақт ба ҳокимияти марказӣ итоат мекарданд. Бинобар ин Муҳаммад Шайбонихон баъзе вилоятҳоро ба дасти худ мегирад. Шояд аз ин сабаб сари вақт ёрии ҳарбӣ ба Марв нарасид ва ба шикасту марги Шайбонихон анҷом ёфт. Сиёсати дохилии Шайбонихон ба манфиати синфи ҳукмрон, феодалон, рӯҳониёни калон равона карда шуда буд. Шайбонихон ва сипоҳиёнаш аз ҳисоби мусодираи молу мулки темуриён сарвати зиёд ҷамъ карда буданд. Аз тарафи дигар Шайбонихон тамоми давлат ва мулкҳоро ба тариқи тӯҳфа тақсим карда буд. Барои мустаҳкам кардани мавқеи худ истилогарони ӯзбек ба хариди замин, иморатҳо, устохонаҳо сар мекунанд. Бо ин восита ба дасти Шайбониён боигарии зиёд ҷамъ мешавад. Давлати Шайбониён аз якчанд мулкҳои калон ё вилоятҳо бо сарварии амирон ва онҳо дар навбати худ ба тийулҳо – воҳидҳои маъмурӣ сиёсӣ тақсим шуданд, иборат буд. Ба фаъолияти тийулҳо – султонҳо бо супориши хон мансабдорони калон бо номи «атолиқ» (падарсолор) назорат мекарданд. Пойтахт Самарқанд ба ҳисоб мерафт, ки дар ин ҷо ҷолус яъне ба тахт нишастан ва машварат, ки «кӯктош» (санги кабуд) – и муқаддас гузаронида мешуд. Аммо хон на ҳама вақт дар Самарқанд буд. Ӯ асосан дар мулки худ ба қувваҳои ҳарбии боэътимодаш зиндагӣ мекард. Сиёсати дохилии Шайбонихонро ду тамоюл ташкил мекард: 1. Аз як тараф кӯшиши қонеъ гардонидани даъвоҳо ва ниятҳои хешутаборон ва аъёну ашрофи қабилаҳои кӯчманчии ӯзбек бошад. 2. Аз тарафи дигар ҳаракати васеъ намудани базаи иҷтимоии ҳокимият бо роҳи ба худ ҷалб намудани амалдорон, рӯҳониён ва тоҷирону ҳукуматдорон муайян мекард. Мусодиракунӣ ва тороҷгарии кушоду равшан ҳарчанд истилогаронро сарватманд кунад ҳам, сарчашмаи доимии даромади давлати узбекҳо шуда наметавонист. Шайбонихон бо Темуриён дар аввал муборизаи беамон бурда истода дар навбати худ мансабдорон ва хайрхоҳони узбекҳо, раияти хироҷдиҳанда ва аҳолии шаҳрро ба тарафи худ мекашад. Шайбонихон баъди забти Самарқанд соли 1501 муомилоти бемамониати сиккаҳои нуқрагӣ ва мисинро дар тамоми ҳудуди давлат ҷорӣ кард. Аммо ин ислоҳот кори зироатхонаҳо ва муомилоти тангаҳои нуқраро ба низом оварда натавонист. Баъди забти Ҳирот ӯ забр ва муомилоти пулиро комилан ислоҳ намуд. Мувофиқи ислоҳот аз соли 1507 сиккаҳои нави нуқрагини ба номи Шайбонихон зарб шуда асоси муомилоти пулӣ гардиданд. Тангаҳо дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Марв, Машҳад, Ҳирот, Нишопур зарб зада мешуданд, то ки бозор таъмин гардад. Вазни сиккаҳо дар ҳаҷми мисқол ва тангаи мисқол 5,2 грам дар тамоми мамлакат ба муомилот ворид шуданд. Бо ин тадбир муомилоти пулӣ устувор гардид. Соли 1502 аз болои рӯди Зарафшон пули сангин сохта шуд, ки аҳамияти стратегӣ дошта яке аз тадбирҳои мӯътадил гардонидани ҳаёти дохилии мамлакат ба ҳисоб меравад. Парокандагии давлат, ҷангҳои бетанаффус, зиддиятҳои дохилии феодалон дар асрҳои ҶV-XVI боиси пастравии иқтисодиёт, хонавайроншавии деҳқонон гардиданд. Ҷангҳои истилогаронаи хонҳои Шайбониён ба сабабҳои зӯран ҷамъ овардани ғала ва таъмин намудани лашкар бо озуқаворӣ ба мардум азобу кулфатҳои зиёд оварданд. Асоси хоҷагии қишлоқи ин давра зироатчигӣ, чорводорӣ ба ҳисоб мерафт. Аз обёрикунии сунъи истифода мебурданд. Ба ин хотир дар аҳди салтанати Шайбониён оббёри аз рӯди Зарафшон бо туфайли сохтани пули обтақсимкунак беҳтар гардид. Бо фармони Абдуллохон дар шарқи Нурато сарбанди обнигоҳдоранда бо номи «Банди Абдуллохон» ҳамчун иншооти муҳандисӣ барпо шуд. Сохтмони шоҳрудҳо дар минтақаи Вахш ба зиёдшавии заминҳои оби ва афзудани даромадҳои шайхҳои ҷӯйборӣ оварда расонд. Сабзавоткорӣ, боғдорӣ хусусан токпарварӣ шуғли асосии аксари мардуми Осиёи Миёна буд. Дар ҳаёти тоҷикони Мовароуннаҳр чорводорӣ низ мавқеи хос дошт. Асосан ба парвариши уштур, асп маркаб, ки воситаи боркашӣ буд диққат дода мешуд. Дар баробари ин тоҷикон бо зотҳои хушсифати гӯсфандони худ машҳур буданд. Замин аз рӯи ҳуқуқи моликият дар аҳди Шайбониён ба панҷ гурӯҳ (категория) тақсим мешуд: 1. Замини давлатӣ – аз калонтарин категория ба ҳисоб рафта даромади он ба хазинаи давлат ирсол мешуд. Давлат метавонист ин заминро фурӯшад ё ин ки инъом кунад. Инчунин даромади ин катогорияи замин аз тарафи давлат ба ихтиёри шахсони ҷудогона низ вогугошта мешавад. Мисол: андози аз замини давлатӣ ҷамъ шуда ба хизмати ягон амалдори давлатӣ ва фоидаи ӯ дода мешуд, аммо замин чун пештара моликияти давлати ба ҳисоб мерафт. 2. Замин – мулки ҳурри холис – ба шахсони ҷудогона мансуб буда рентаи (андози замин) феодалӣ ба манфиати онҳо дохил мешуд. Соҳибони мулк метавонистанд заминашро ба мерос гузоранд, фурӯшанд, ба ягон каси дигар инъом кунанд ё ба вақф диҳанд. 3. Академик Б. Ғафуров категорияи заминро аз рӯи ҳуқуқи моликияти мулки феодалӣ (замине, ки қисми даромад ба давлат ва қисми дигар ба нафъи шахси алоҳида) мегузашт номбар мекунад. (Б. Гафуров. Тоҷикон.15.2.с.23) . Миқдори ин гуна замин асосан аз ҳисоби мусодираи замини Темуриён зиёд мешавад. 4. Заминҳои мулкона ба феодал, амалдорон, таалуқ дошт. Ба ин гурӯҳ ҳунармандон ва рӯҳониёни камбағал дохил мешудаанд. Соҳибони ин замин ба давлат андоз дода бо қувваи худ дар замин кор мекарданд. 5. Заминҳои вақф – қитъаи замин, ки аз ҷониби шахсони алоҳида барои нигоҳ доштани мадрасаҳо, масҷидҳо ё мазорҳо бахшида мешавад. Ин заминро мерос ё фурухтан мумкин набуд. Аз баски қисми зиёди деҳқонон буданд, онҳо ба тариқи иҷора заминро мегирифтанд, ки шартҳои вазнин дошт. Дар асри XVI нисбати асри ҶV барои тараққиёти фарҳанг бештар шароит ба амал омад. Адабиёт чун пештара дар ду тамоми дарборӣ ва халқӣ тараққӣ медод. Ин чунин дар асри XVI дар Мовароуннаҳр мактаби миниатура ба вуҷуд омад, ки он ба санъати ороиши китоб ва хаттотӣ машғул буданд. Албата, дараҷаи маданияти сарварони қабилаҳои узбекҳо паст буд. Лекин Муҳаммад Шайбониҳои, Абдулазизхон хеле бомаърифат буданд. Онҳо ба қадри адабиёт, мусиқӣ, китоби хуб оро ёфта мерасиданд. Шоирони маъруфу ин давра К.Биноӣ, Ҳафиз, Мушфиқӣ, тазкиранавис Ҳасанхоҷаи Нисорӣ буданд. |