ОРАНЕАНГ. исми клиникии таърихи бемор. Шикоято
Скачать 31.9 Kb.
|
. Қисми клиникии таърихи беморӣ. Шикоятҳо: Бемор бо шикоятҳои дарди камару чорбанди сутунмуҳра, бо паҳншавии дард ба пойҳо, бисёртар ба пои рост, бетоқати аз дард, карахти дар мавқеи попанҷаи пои рост, каме лангидан дар пои рост муроҷиат кард. Anamnesis morbi Аз суханони бемор муддати 6-моҳ гирифтори ин дард мебошад. Саршавии бемориро ба чизе вобаста намекунад. Оиди бемориаш табобат нагирифтааст. Як моҳи охир дар бемор шикоятҳои дар боло зикршуда зиёд гашта, бо ТМР қисми камару чорбанди сутунмуҳра, ки остеоходрози қисми камару чорбанд ва чурраи байни муҳраҳо L3-L4 бо андозаи 6,2мм ва L3 –L4 бо андозаи 7,8мм тасдиқ гашт, Баъди муоинаи духтури ҷарроҳи асаб бо хоҳиши худи бемор барои табобати консервативӣ дар 4 Гор Б бистари карда шуд. Anamnesis vitea Дар шароити нисбатан қаноатбахш зиндаги мекунад. Оиладор соҳиби - фарзанд. Аз бемориҳои гузаронида: зуком. Бемориҳои сил ва венерикиро дар худ ва аҳли оила инкор мекунад. Таҳамулнопазириро дар дорувориҳо ва хуроквориҳо инкор мекунад. Бе кор Status presens Ҳолати умумии бемор бо вазъи бемориаш вазнини миёна. Пуст ва пардаҳои луоби тоза. Нафаскаши бо бини озод. Нафас 18 маротиба дар 1 дақиқа. Дар шушҳо нафаси визикуларӣ. Кори дил муътадил Ф/Х – 120/80 мм. сут. сим. Набз 78 зарба дар 1 дақиқа. Т-бадан 36,7оС. Шикам мулоим, бе дамиш. Ҳангоми палмосидан бе дард. Ҷигар, испурч ва гурдаҳо ламс намешаванд. Аломати Пастернадский аз ду тараф шубҳанок. Исҳол ва пешоб озод. Status nevrologicus Ҳуши бемор равшан. Аз тарафи XII ҷуфти асабҳои косахонаю-майнаисари бе таъғир. Ҳолати анталгӣ. Бо маҷбури роҳ мегардад. Аломати Лассега аз тарафи рост таҳти кунҷи 40мусби ва аз тарафи чап таҳти кунҷи 45о мусбӣ. Гипостезия аз рости минтақаи асабтаъминкунии решачаи L3-L4 аз тарафи рост мушоҳида мешавад. Пастшавии тонуси мушакҳои соқи пои рост мушоҳида мешавад. Рефлексҳои сухожилии зону D=S каме баланд. Рефлекси Ахили D>S аз пои рост паст мебошад. Вайроншавии кори узвҳои кос дида намешавад. Дар акси ТМР Нишонаҳои остеохондрози қисми камару чорбанди сутунмуҳра, бо чурраи ақибу паҳлугии байни муҳраҳои L3-L4 бо андозаи 6,2мм ва L4-L5 бо андозаи 7,8мм дида мешавад. Ташхис: Остеохондрози қисми камару чорбанди сутунмуҳра. Чурраи ақибу паҳлугии байни муҳраҳои L3-L4 ва L4-L5 аз рост бо дардҳои шадиди решачагӣ. |