КМРО-1. Кори мустаилонаи Мафуми химияи органикї. Назарияи сохти пайвасторганикии А. М. Бутлеров. Изомерия. Химияи органикї
Скачать 99.31 Kb.
|
КОРИ МУСТАЌИЛОНАИ № 1. Мавзўъ: Мафњуми химияи органикї. Назарияи сохти пайвасторганикии А.М. Бутлеров. Изомерия Кори мустаќилонаи № 1. Мафњуми химияи органикї. Назарияи сохти пайвасторганикии А.М. Бутлеров. Изомерия. Химияи органикї пайвастњои карбонро, ки моддањои органикї ном доранд ва ќонунњои табаддулоти онњоро меомўзад. Тавассути ин химияи органикиро химияи пайвастњои карбон меноманд. Пайвастњои органикї аз рўи баъзе хосиятњои худ аз пайвастњои ѓайриорганикї фарќ мекунанд. Аксари пайвастњои ѓайриорганикї сохти ѓайримолекулавї доранд, тавассути ин њарорати гудозиш ва љўшиши онњо баланд аст. Пайвастњои органикї бошанд, сохти молекулавї доранд. Аз ин сабаб њарорати гудозиши онњо паст мебошад. Ќабл аз ин, ќариб њамаи моддањои органикї месўзанд ва њангоми гарм кардан бо осонї вайрон мешаванд.Истилоњи «химияи органикї» аввалин маротиба соли 1808 дар китоби дарсии олими швед Бертселиус «Химия» баён карда шуд. Аммо Бертселиус ва дигар химикони он давра чунин аќида доштанд, ки моддањои органикиро аз моддањои ѓайриорганикї њосил намудан ѓайри имкон аст, зеро онњоро организмњои зинда тањти таъсири ќувваи њаётбахш, ки хоси организмњои зинда аст, њосил мекунанд. Ин аќидаи виталистї буд. Соли 1828 олими олмонї Вёлер бо роњи гарм кардани моддаи ѓайриорганикї– сианати аммоний моддаи органикї–карбамидро њосил кард, ки он мањсули дурдаи пешоби олами зинда ба шумор меравад. Соли 1842 Зинин анилинро бо роњи синтез њосил кард. Колбе соли 1848 кислотаи атсетат, олими франсавї Бертло соли 1854 чарб ва олими рус Бутлеров А.М соли 1861 бо таври сунъї моддаи ќандмонандро њосил карданд. Пайвастњои органикї асоси маводњои химиявї (пластмассањо, каучуки синтезї, ва резина, сузишвории моторї, равѓанњои молиданї, њалкунандањо, лок ва рангњо, нахњои синтезї, моддањои доруворї ва тарканда, чарм, хўрокворї ва ѓайра) мебошанд. Аз нафт моддањои зиёде, аз љумла, бензин, лигроин, карасин, равѓанњои молиданї ва ѓайра мегиранд. Химияи органикї њазорњо пайвастњоеро меомўзад, ки дар соњањои гуногуни саноат, кишоварзї, илму техника ва ѓайра мавриди истифода ќарор гирифтаанд. Химияи ораникї фанни хеле љавон аст. Он аввали асри ХIХ бунёд гардидааст ва муваффаќиятњои он ба тараќќиёти саноат ва муносибати капиталистї ба он алоќаи зич дорад. Дастовардњои охири асри ХVIII дар тадќиќи пайвастњои органикї, аз наботот људо карда шудани як ќатор пайвастњои органикї, ба мисли кислотањои оксалат, шир, себ, лиму ва ѓайра дар ин давра, инчунин тадќиќотњои олимон Вёлер, Колбе, Бертло, Бутлеров оиди синтези як ќатор моддањои муњими органикї, ба витализм-таълимоти идеалистї, ки гўё моддањои органикї танњо дар организмњои зинда њосил мешуда бошанд, зарбаи сахт зад ва барои бунёди сохти пайвастњои органикї замина тайёр намуд. Њанўз дар миёнањои асри ХIХ баъзе нуќтањои асосии назарияи сохт муайян гардида буданд: Чорвалента будани карбон дар пайвастњои органикї. Дар пайвастњои органикї на танњо ба элементњои дигар (Н,О,S, N) пайваст шудани атоми карбон, балки байни њамдигар пайвастшавии он. Ќабл аз пайвастњои ѓайриорганикї, ки дар онњо банди байни элементњои якхела ноустувор буда, ба осонї канда мешавад, дар пайвастњои органикї устувор будани банди байни атомњои карбон ва силсилаи бешоха, шоханок ва сарбаста (сиклї) њосил кардани он. Назарияи сохти пайвастњои органикї Аввалин назария оиди сохти пайвастњои органикї назарияи радикалњо (Гей-Люссак 1815, дертар Вёлер, Либих 1832) буд. Гурўњи атомњое, ки њангоми реаксияњои химиявї бетаѓйир аз як пайваст ба пайвасти дигар мегузаранд, радикал номида мешуданд. Масалан, радикали сианид–CN, радикали бензоил– С7Н9О. Минбаъд назарияи типњо (Жерар) ба миён омад. Мувофиќи ин назария моддањо аз рўи монандиашон ба типњо људо карда мешуданд. Масалан: Назарияи мукаммал ва бо њамаи талабот љавобгўи сохти пайвастњои органикї дар Россия аз тарафи А.М.Бутлеров бунёд карда шуд. Аввалин маротиба А.М. Бутлеров аќидањояшро «Оиди назарияи сохти моддањо» (19-сентябри соли 1861) дар маърўзааш дар анљумани духтурон ва табиатшиносони немис дар шањри Шпейер баён намуд. Нуќтањои асосии назарияи сохти пайвастњои органикии А.М.Бутлеров инњоянд: Атомњо дар пайвастњои органикї бо тартиби муайян мувофиќи валентнокиашон пайваст мешаванд. Тартиби пайвастшавии атомњо дар молекула ва характери банди онњоро А.М. Бутлеров сохти химиявї номид. Хосияти моддањо аз сохти молекула ва тартиби бо њамдигар пайваст шудани атомњо вобаста аст. Ин њолати назарияи сохт њодисаи изомерияро шарњ медињад. Хосияти моддарро омўхта онро муайян кардан, яъне дар намуди формула тасвир кардан мумкин аст. Хосияти химиявии њар як атом ё гурўњи атомњо таѓйирнопазир набуда, он аз таъсири атом ё гурўњи атомњои дигар таѓйир меёбад. Назарияи сохти пайвастњои органикии А.М. Бутлеров ањамияти басо муњим дорад. Аз рўи ањамияташ онро бо системаи даврии элементњои Д.И. Менделеев дар як ќатор гузоштан мумкин аст, зеро агар Менделеев дар асоси системаи даврии элементњои худ элементњои он ваќт номаълумро пешгўї карда бошад, А.М. Бутлеров дар асоси назарияи сохти пайвастњои органикии худ мављуд будани моддањои навро пешгўи кард. Худи ў ва шогирдонаш, сипас химикњои дигар њамаи изомерњои пайвастњои органикиро, ки дар асоси назарияи сохти пайвастњои органикї пешгўї карда шуда буданд, њосил намуданд.А.М.Бутлеров , инчунин бо таври умумї оиди сохти фазогии пайвастњои органикї низ аќида баён намуд. Њамин тавр, назарияи сохти пайвастњои органикї имконият дод, ки маълумотњои сершумори амалиро ба системаи муайян дароварда, оид ба мављудияти пайвастњои нав пешгўї карда ва роњњои синтези онњо ба роњ монда шаванд. Изомерия ва навъњои он Яке аз муваффаќиятњои назарияи сохти пайвастњои органикї–ин маънидод кардани њодисаи изомерия мебошад. Дар химияи органикї бисёр моддањое дучор мешаванд,ки таркиб ва массаи молекулавиашон як хел буда, сохт ва хосияташон аз њамдигар фарќ мекунанд.Чунин њодиса изомерия ва худи ин моддањо изомерњо номида мешаванд. Изомерия ду хел мешавад: изомерияи сохт (структурї) ва изомерияи фазогї (стереоизомерия). Дар ин мавзўъ танњо дар бораи изомерияи сохт маълумот медињем. Изомерияи сохт (структурї). Ба ин навъи изомерия – изомерияи силсилаи атомњои карбон ва изомерияи мавќеъ (мавќеи бандњои каратї, мавќеи гурўњњои функсионалї ва ѓ.) мансубанд. Масалан: Изомерияи силсилаи атомњои карбон: Изомерияи мавќеи бандњои дучанда: Изомерияи мавќеи гурўњњои функсионалї Метамерия. Ин чунин навъи изомерияест,ки ба мавќеи гетероатомњо дар силсилаи пайвастњои алифатї вобаста аст.Ин навъи изомерия соли 1830 аз тарафи Бертселиус пешнињод карда шудааст. Алњол дар амал истифода намешавад. Масалан: Таутомерия. Ин њодисаест, ки баъзе пайвастњои химиявї дар намуди ду ё якчанд изомерњои сохти (таутомерњои) зуд ба якдигар табдилёбанда вуљуд доранд. Масалан: эфири атсетоатсетат, ки дар шакли кетонї ва енолї дучор мешавад. Ба ин навъи изомерия таутомерияњои кето-енолї, лактам—лактимї, сикло-окситаутомерия ва ѓайра мансубанд. Шакли кетонї Шакли енолї Саволњои санљишї Химияи органикї чиро меомўзад? Пайвастњои органикї аз пайвастњои ѓайриорганикї чї фарќ доранд? Аввалин маротиба бо роњи сунъї кадом моддањо кашф карда шуданд? Аз таркиби нафт кадом моддањои органикиро људо мекунанд? Химияи органикї чун фан кай бунёд гардид? Нуќтањои асосии назарияи сохти пайвастњои органикии А.М.Бутлеров кадомњоянд? Назарияи сохти пайвастњои органикї хосияти атоми кадом элементро ба назар мегирад? Изомерия чист ва чанд хел мешавад? Онњоро номбар кунед. Изомерњои карбогидридњоеро, ки дар таркибашон 5 ва 6 атоми карбон доранд, нависед ва онњоро номгузорї кунед. Атоми карбон њамагї чанд электрон дорад? A.1; B.2; C.3; D.5; E.6. Атоми карбони барнаангехта чанд электрони тоќа дорад? А.1; B.2; C.3; D.4; E.5. Атоми карбони барангехта чанд электрони тоќа дорад? А. 1; B.2; C.3; D.4; E.5. Атоми карбон њамагї чанд банди ковалентї њосил карда метавонад? А.1; B.2; C.3; D.4; E.5. Асосгузори назарияи радикалњо кадоме аз олимони зерин аст? А. Гей-Люссак; В.Берселиус; С. Колбе; D.Жерар; Е.Бутлеров. Асосгузори назарияи типњо кадоме аз олимони зерин аст? A.Гей-Люссак; В.Берселиус; С. Колбе; D. Жерар; Е.Бутлеров. Асосгузори назарияи сохти пайвастњои органикї кадоме аз олимони зерин аст? А.Гей-Люссак; В.Бертселиус; С. Колбе ; D.Жерар; Е.Бутлеров. Кадоме аз њолатњои зеринро Бутлеров назарияи сохт номид? Кадоме аз њолатњои зеринро Бутлеров ба њодисаи изомерия мансуб донист? Кадоме аз манбаъњои зерин манбаъи муњимтарини моддањои органикї ба шумор меравад? А.Нафт; В. Гази табиї; C. Моеъњои сўзанда; D.Чўб; E.Торф. |