Главная страница

Крайслер ширкат. Крайслер. Крайслер, (анг., Chrysler)


Скачать 18.11 Kb.
НазваниеКрайслер, (анг., Chrysler)
АнкорКрайслер ширкат
Дата29.04.2021
Размер18.11 Kb.
Формат файлаdocx
Имя файлаКрайслер.docx
ТипДокументы
#200129

КРАЙСЛЕР, (анг., Chrysler)ширкати автомобилсозии амрикоӣ. Ширкат дар соли 1924 аз ҷониби муҳандис Уолтер (Волтер) Перси Крайслер дар натиҷаи азнавташкилкунии ширкатҳои «Максвелл Мотор» ва «Виллис-Оверленд» таъсис ёфтааст. Автомобилҳои сабукрави тамғањои К., СРТ (SRT), РАМ (RAM), Доҷ (Dodge), Ҷип (Jeep), Плимут (Plymouth), ДеСото (DeSoto), Империал (Imperial) ва Игл (Eagle)- ро мебарорад. Шӯъбаҳои молиявӣ ва технологии корпоратсия вуљуд доранд. Қароргоҳаш дар ш. Оберн-Хиллс (иёлати Мичиган). Дар соли 1924 якумин тамғаи 6-силиндраи онњо «Крайслер» бароварда шуд. Хариди ширкати «Доҷ» дар соли 1928 хеле бомуваффаќият буд, пас аз он ширкати К. дарҳол дар қаторҳои ширкатҳои пешқадами автомобилии Амрико ба ҳисоб рафта, худи ҳамон сол тамғаҳои Плимут ва ДеСото бароварда шуд.

Дар соли 1955 як қатор тамсила(модел)-и автомобилҳои К. Империал дар хатти алоҳидаи «Империал» ҷудо мешавад. Ширкат фаъолона ба хариди ташкилоти автомобилии аврупоӣ шурӯъ мекунад: дар соли 1963 – 40% саҳмияҳои ширкати испаниягии Баррейрос Дизел «Barreiros Diesel», дар соли 1964 – 30% саҳмияҳои консорсиуми автомобилии британиягии Рутс Груп «Rootes Group» ва дар солҳои 1966-67 – тақр. 80% саҳмияҳои фирмаи фаронсавии «Симка»-ро харидорї мекунад. Ин ширкатҳо ба таври мувофиқ «Крайслер Эспаня», «Крайслер Юнайтед Кингдом» ва «Крайслер Франс» номгузорӣ ва баъдан ба маркази ягонаи автомобилии «К.» дар Аврупо муттаҳид шуданд.

Дар соли 1970 «Митсубиси Моторс» зери тамғаи К. автомобилҳои камҳаҷмро барои фурӯш дар ИМА баровард, аммо солҳои 1970 барои ширкат зараровар буданд: буҳрони энергетикӣ, сиёсати беандешакоронаи истеҳсолӣ ва як қатор тамсилаҳои нобоб, инчунин мушкилот бо сифат таъсир расонданд.

Дар соли 1998 корпоратсия бо консерни «Даймлер-Бентс» муттаҳид шуд, ки номи ДаймлерКрайслерро гирифт. Аз аввал шарикии баробарҳуқуқӣ ба нақша гирифта буд, вале Даймлер ширкати К.-ро пурра фурӯ бурд. Соҳибони нави ширкат оид ба истеҳсолот ақида(дид)-и худро доштанд, ки ба онњо аксар роҳбарони К. розӣ набуданд. Дар ширкати Даймлер қарор доданд, ки роҳбарони нави истеҳсолотӣ таъйин шаванд. Аз он лаҳза муносибатҳои дуруст ба роҳ мондашуда бо таъминкунандагон ва самаранокии истеҳсолот бадтар гардид.

Дар соли 2007 ширкати ДаймлерКрайслер бахши К.-ро бо нархи 7,4 млрд доллар ба фонди Серберус «Cerberus» фурӯхтааст. 30-уми апрели 2009 ширкати К. муфлисшавии техникиро эълон кард. Пас аз пардохти қарзҳо, як қисми саҳмияҳои ширкати К. ба консерни Фиат (Fiat) фурӯхта шуд. Аз аввали соли 2014 консерни Фиат аз болои ширкати К. назорати пурра ба даст овард.

Ад.: Сомонаи www.chrysler.com.


написать администратору сайта