Главная страница

Презентация .1. Маълумот дар бораи бодом


Скачать 1.45 Mb.
НазваниеМаълумот дар бораи бодом
Дата27.12.2022
Размер1.45 Mb.
Формат файлаpptx
Имя файлаПрезентация .1.pptx
ТипДокументы
#867115

Маълумот дар бораи бодом.

  • Бодом дарахти рӯшноипарвар ва хушкитобовар буда, дар Кабуддоғ, Тиёншони Ғарбӣ, қисми ғарбии қаторкӯҳи Ҳисор, ҳавзаи дарёи Варзоб, шохаҳои қаторкӯҳи Дарвоз, ҳавзаи д-ҳои Сурхобу Яхсу (дар баландии 800—1600 м аз с. Б.) мерӯяд. Ҳамчунин дар Афғонистон, Эрон, давлатҳои Осиёи Хурд паҳн шудааст.

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ

  • Дарахташ сершохи аҳромшакл, то 6-10 м қад мекашад. Шохаҳояш бехор, пӯстлохаш дорчинии сурхтоб ё бӯри хокистарранг. Решааш дароз (5-6 м) ва мустаҳкам. Баргаш дарозрӯяи нештаршакл, ғафс, бедандона ё дандонадор; гулаш дуҷинсаи калон, сафеди гулобӣ.
  • Мевааш (дарозиаш 10-60 мм) донакдори гирда, устувонашакл, каҷак; пӯсташ хокистарранг, дорчинии сиёҳтоб, баъди пухтан сахт ва дукафон мешавад.
  • Мағзаш дорчинии зардтоб, таъмаш ширин ё талх; дар таркибаш 50,3-58,3 % равған, 6 % қанд, 20-25 % сафеда, 3 % шилм ва 8 % об дорад. Дар мағзи бодоми талх то 2,05-2,5 % алкалоиди заҳрнок — амигдалин низ мавҷуд аст, ки метавонад боиси заҳролудии одам шавад.
  • Тирамоҳу баҳор ба умқи 25 см шудгор мекунанд, нурӣ андохта, 2-3 маротиба об мемонанд. Ниҳоли бодом баъди 2-3 сол самар медиҳад (он 60-100 сол умр мебинад


написать администратору сайта