Мушкилоти рушди сайёхи. МУШКИЛОТИ РУШДИ ТИЉОРАТИ САНОАТИ САЙЁЊЇ ДАР ЉУМЊУРИИ ТОҶИКИСТОН.. Мушкилоти рушди тиорати саноати сайёї дар УМурии тоикистон
Скачать 31.67 Kb.
|
МУШКИЛОТИ РУШДИ ТИЉОРАТИ САНОАТИ САЙЁЊЇ ДАР ЉУМЊУРИИ ТОҶИКИСТОН Бо шарофати Истиќлолият кишварамон Ҳукумати Љумњурии Тоҷикистон талош дорад, бо истифода аз имкониятҳои табииаш сайёҳони бештари хориҷро ба кишвар ҷалб кунад. Ба ин манзур соли гузашта як ниҳоди наве бо номи Кумитаи рушди сайёҳӣ таъсис дода шуд. Ҳамкорӣ ва саъю кӯшиши якҷояи сохторҳои давлатию хусусӣ барои рушди тиљорати саноати сайёҳӣ дар асоси қонунгузории дурусти соҳавӣ сабаби эҳёи босуръати ин соҳа гардида, он метавонад барои сарчашмаҳои нави даромади буҷет ва даромадҳои шахсӣ, таъмини шаҳрвандон бо ҷойҳои нави корӣ ва паст гардидани сатҳи камбизоатӣ мусоидат намояд. Инчунин такмили қонунгузории дурусти соҳа омили мусоидаткунанда барои ба раванди ҷаҳонии сайёҳӣ шомил шудани Тоҷикистон хоҳад гашт. Маълум аст, ки сайёњї яке аз соњањои љолиб дар соњаи соњибкорї ба шумор меравад. Тиљорати саноати сайёњї дар кишвари мо дар марњилаи бозсозии сохторї ташкилёбии нињодї, ташаккулёбии робитањои дохилисоњавї, байни соњавї ва робитањои иќтисодии хориљї ќарор дорад. Боиси таасуф аст, ки дар давоми солҳои љанги шаҳрвандї 1990-1997 дар кишварамон тамоми зерсохторҳои хољагии халқ, аз он љумла зербунёди соҳаи сайёњї харобу валангор шуда, то ба сатҳи нестї расида буд. Танҳо баъд аз ба итмом расидини чанги шаҳрвандї тадриљан зербунёди ин соҳа боз рў ба тараққї ниҳода, таваљљўњи соњибкорон ба тиљорати саноати сайёњї рўз аз рўз зиёдтар гардида истодааст. Боиси тазаккур аст, ки дар баробари эълон намудани соли 2018-Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї, Пешвои муаззами миллат боз як ќатор имтиёзњо ва сабукињои дигари андозиву гумрукиро барои рушд додани тиљорати саноати сайёњї пешнињод намуданд [1]. Ин тадбир боиси осон шудани фаъолияти соњибкорони соњаи сайёњї, афзоиши шумораи сайёњон, зиёд шудани даромади давлат, некуањволии мардум ва рушди иќтисодиёт хоњад гардид. Рушди мунтазами тиљорати саноати сайёњї зарурати танзими фаъоли давлатї ва ташаккулдињии сиёсати фаъоли давлатиро дар соњаи сайёњї талаб менамояд. Сайёњї ба номгўи самтњои асосии бозсозии сохтори иќтисодиёти Тољикистон дохил аст, ки яке аз бахшњои муњим ва таркибии сиёсати давлати муосири Тољикистон ба шумор меравад. Дар замони истиќлол ватани азизу мањбубамон чї ќадар рўз то рўз дар соњањои гуногун ба мисли маориф, техника, энергетика, иќтисодиёт, сиёсат ва инчунин соњаи сайёњї маќоми волотареро касб намудааст. Ѓайр аз ин дастовардњои дигаре, ки диќќати њар яки сайёњро ба худ љалб мекунад ва њар сайёњ аз дидан бањравард гардида, хушњолу болидарў мегардад, ин ана, њамон сохтмони биноњои боњашамати пойтахтамон-шањри Душанбе мебошад. Ба мисли «Ќасри миллат», «Парчами давлатї», «Нишон», «Китобхонаи миллии Тољикистон», «Кохи Наврўз», «Боѓи Пойтахт» ва инчунин якчанд мењмонхонањои зебою баландошёна ва ѓайрањо бо зебогии худ ба шањр њусни дигареро зам намуда барои рушди соњибкории хурду миёнаи саноати сайёњии давлатамон мусоидат мекунад. Бо ба эътидол омадани вазъият дар дохили кишвар шумораи ширкатҳои сайёҳї, яъне соњибкорони тиљорати сайёњї ба якборагї зиёд шуд ва имрўз дар кишварамон шумораи онҳо 105 ададро ташкил медињад. Давлату ҳукумати љумҳурї низ афзалияти соҳаи сайёњиро ба инобат гирифта дар ин самт пайваста талош варзида як ќатор ќарорњои махсус ќабул намуданд. Масалан, ќарор аз 11августи соли 1999 «Дар бораи минтаќаи истироњат ва сайёњї эълон гардидани дараи Варзоб», аз 3 сентябри соли 1999 «Ќонун дар бораи туризм», аз 21 сентябри соли 2000 «Дар бораи минтаќаи истироњат ва сайёњї эълон кардани дараи Ромити ноњияи Кофарнињон», 3 ноябри соли 2001 «Дар бораи минтаќаи сайёњї байналхалќї эълон намудани ноњияи Балљувон» ҳамчун минтақаи сайёњии истироҳат далели ин гуфтаҳост. Ба ғайр аз ин дар љумҳурї як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқї, аз љумла Ќонуни Љумҳурии Тољикистон «Дар бораи туризм», қарори ҳукумати Љумҳурии Тољикистон «Дар бораи иљозатномадиҳї ба баъзе намудҳои фаъолият» ва дигар санадҳои зарурї қабул шуданд, ки минбаъд барои рушду нумўъи ин соҳа мусоидат мекунанд [2]. Бо дарназардошти афзалиятнок ба њисоб рафтани рушди тиљорати саноати сайёњї дар иќтисодиёти Тољикистон ва бо маќсади таъмини рушди он дар кишвар ќабули Барномањои давлатии рушди соњаи сайёњї дар Ҷумњурии Тољикистон барои солњои 2010-2014, 2015-2017 ва 2018-2020 ва инчунин Консепсияи рушди туризм дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2009-2019 мувофиќи маќсад аст. Чунки ин барномањову Консепсия стратегия, самтњои асосї, афзалиятњо, вазифањо ва механизмњои татбиќи сиёсати давлатиро дар рушди тиљорати саноати сайёњї дар давраи миёнамуњлат муайян менамояд [1]. Инчунин, бо супоришњои дурбинонаи Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон, бо иштироки кулли соњибкорони ширкатњои сайёњї аз манотиќи мухталифи љумњурї, љаласаи ғайринавбатии роњбарияти соња дар мавзўи рушди сайёњии воридотї баргузор гардид. Роњбарони ширкатњои сайёњї њидоятњои сариваќтї ва бомавриди Роњбарияти олии сиёсии кишварро чун њамеша дастгирї намуда, бо дарки масъулияти баланди хеш тасмим гирифтанд, ки бобати омодасозии барномањои мухталифи љолиб дар риштаи сайёњии воридотї ва љалби њарчї бештари шањрвандони хориљї ба кишвар, тамоми кўшишњои хешро ба харљ медињанд. Бинобар он ташкилу тараќќї додани тиљорати саноати сайёњї, истифода бурдани минтаќањои сайёњї ва бунёд намудани иншоотњои табобатию истироњатї дар ќаламрави кишвар ањамияти сиёсї, иќтисодї, иљтимої ва маънавї дорад. Марбут ба ин масъала Њукумати Љумњурии Тољикистон зери роњбарии Садри аъзами миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон эътибори махсус дода, барои рушди тиљорати саноати сайёњї ва дуруст истифода бурдани минтаќањои сайёњї як ќатор имтиёзњоро пешнињод намудаанд [1]: љорї кардани низоми соддакардашудаи раводид барои шарњвандони зиёда аз 80 кишвар; озод кардан аз пардохтњои андозию гумрукї, воридоти таљњизоту маводи сохтмонии иншооти сайёњї; дар муддати панљ соли аввали фаъолият аз пардохти андоз аз фоида озод кардани ширкатњои сайёњї; Умуман, дар Љумњурии Тољикистон ќадамњои љиддї ва кўшишњое бањри рушди равнаќи бозори хизматрасонињои сайёњї ба назар мерасад. Дар муќоиса бо солњои 1991-2000, ки соњибкории соњаи сайёњї он ќадар хуб рушд наефта буд. Солњои 2001-2010 баъзе таѓйироту дигаргунињо ва навсозию бунёдкорињо дар тиљорати саноати сайёњї ва мењмоннавозї ба назар мерасад. Масалан аз солњои 2005 то 2017 дар шањри Душанбе бо дастгирии Њукумати Љумњурии Тољикистон ва як ќатор соњибкорони дохиливу хориља якчанд мењмонхонањои њозиразамон бунёд гашта, мењмонхонањои мављуда аз нав таъмир гардиданд. Ба мисли мењмонхонањои «Авесто», «Вахш», «Пойтахт», «Кайон», «Кайон-II», «Тољикистон», «Меркурий», «Атлас», «Taj Palace», «SAAF», «Marian’s, Guesthouse», «Фарњанг", «Серена», «Њайят», «Шератон», «Тољикистон», дар вилояти Суѓд мењмонхонањои «Истаравшан», «Исфара», «Сино», «Панљакент», «Согдиана», «Ленинобод», «Хўљанд», дар вилояти Хатлон, мењмонхонањои «Ќурѓон-Теппа», «Рамз», «Азия+ресторан Вероника», «Мафтуна», мењмонхонаи «Save the children», «Норак», дар ВМКБ мењмонхонаи «Сирена Инн», «Паринен Инн» ва ғайраҳо аз љумлаи чунин меҳмонхонаҳо ба ҳисоб мераванд. Умед аст, ки дар ояндаи наздик шумораи чунин воситаҳои љойгиркунонї боз њам зиёдтар мегардад [3]. Њамзамон бо бењтар шудани инфрасохторњои муњими соња, аз ќабили роњњо ва мењмонхонањои панљситорадору тарабхонањои замонавї, маљмаањои бузурги савдо, боѓњои миллї ва объектњо барои истироњату фароѓати мењмонону сокинони кишвар низ ба рушди тиљорати саноати сайёњї бетаъсир намемонанд. Дар робита барои рушди тиљорати саноати сайёњї ва фаъолияти хизматрасонї дар мењмонхонањо ва минтаќањои сайёњї дар давраи истиќлолият дар Тољикистон њаминро гуфтан лозим аст, ки мењмон, сайёњ дар ваќти сайру сайёњат чи аз шањрвандони Тољикистон ва чи аз љумлаи шањрвандони хориљї ба љойњои хуби истироњат, шароити корї, сайругашт, анвои хўрокворї, ба бози ё тамошо, маъракањои шавќовар, љойњои таърихї ва ѓайра бояд таъмин гардад. Њалли ин масъалањо маълум аст, ки дар зима маъмурияту кормандони ширкатњои сайёњї, минтаќањои сайёњї ва мењмонхонањо мебошад. Ѓайр аз ин, баъзе мизољон таасуроти хешро дар сањифањои интернет оид ба истиќоматашон дар ин ё он мењмонхонањо ва ё минтаќањои сайёњї мегузоранд, ки ин дар маљмўъ ба шуњрату эътибори он муассисањо ва ба он кишвар таъсир мерасонад. Новобаста аз тадбирњои андешида, дар рушди тиљорати саноати сайёњї камбудињо ва мушкилоти љиддї ки инвобаста ба масъалаи такмили низоми раводид ва баќайдгирӣ дар кишвар, нокифоя будани корњои таблиғотӣ, аз љумла иштирок дар намоишгоњњои соњавӣ ва чорабинињои байналмилалӣ ва њамоњангсозии байни идоравӣ дар самти рушди соњаи сайёњї то њанўз љой доранд. Барои дар оянда бартараф кардани камбудињо ва мушкилотњои рушди тиљорати саноати сайёњї чунин масъалањо ба назар гирифта шаванд: дастгирии мақсадноки соњибкорони сањаи сайёњї дар самтҳои ояндадори фаъолияти иқтисодии минтақаи мушаххас; ҳавасамандгардонии тараққиёти ташабуссҳои соҳибкорӣ, ба воситаи сиёсати самараноки андозӣ ва гумрукӣ, бардоштани монеаҳо ва маҳдудиятҳои маъмурӣ; барқароркунӣ ва тараққӣ додани тиљорати саноати сайёњї бо дарназардошти шароитҳои воқеии иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ; асосноккунӣ, ташаккулдиҳӣ ва тараққӣ додани инфрасохторҳои дастгирии соҳибкорони соњаи сайёњї; ташаккулдиҳӣ ва тараққӣ додани системаҳои таълимии касбӣ, тайёр намудани мутахассисон барои ташкили тиљорати саноати сайёњї. омўхтани таљрибаи кишварњои пешрафта дар ин соња; ташкили бозомўзии мутахассисони љавон дар ширкатњои бонуфузи сайёњї ва ѓ. Ќайд кардан зарур аст, ки ин њама созандагиву ободкорї, пешравию тараќќиёти соњањои гуногун аз љумла соњаи сайёњї ва суботи вањдати миллї сараввал хизматњои софдилонаи Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон ва дигар фарзандони бонангу ори миллат сањми арзандае гузоштаанд. Хуллас Истиќлолияти давлатї ин якпорчагии Ватан, Вањдати миллї, тањкими демократия, пойдории љумњурї, таъмини рушди иќтисодї, рушди тиљорати саноати сайёњї, рушди соњибкории хурду миёна, иљтимої ва фароњам сохтани шароити зиндагии дурахшон барои њар фарди худшинос хизмат менамояд. Адабиёт Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе - 26.12.2018 Консепсияи рушди туризм дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2009-2019, 02.04.2009с., №202. Абдуалимов А., Ќодирова М.И. Иќтисодиёти туризм, дастури таълимию методї барои донишљўёни донишкадаю донишгоњњои олї.Душанбе - 2012 . 174 сањ Диловаров Р.Д., Ёров Љ.Н., Сайфуллоев Н.Н. Асосњои туризм. Душанбе-2013. |