микро. о аз фанни
Скачать 64.49 Kb.
|
Тестҳо аз фанни микроиқтисод Микроиқтисод чист? А). микроиқтисод ҷараёни қабули қарорҳои иқтисодиро аз тарафи субъектони алоҳидаи хоҷагидорӣ - фирмаҳо, истеъмолкунандагон меомӯзад; Б). микроиқтисод қисми назария иқтисодӣ, ки фаъолияти одамонро дар дохили хоҷагиҳои хонавода таҳлил менамояд; В). Микроиқтисод ҳамчун илм фаъолияти иқтисодии одамонро дар асоси модели гирдгардиши истеҳсолот ба танзим медарорад; Г). Микроиқтисод илме мебошад, ки ҷараёни истеҳсоли молу маҳсулотро аз тарафи роҳбарони фирмаю корхонаҳо ба танзим медарорад. 2. Объекти омӯзиши илми микроиқтисодро чӣ ташкил медиҳад? А). Фаъолияти иқтисодии одамон оиди азхудкунии неъматҳо; Б). Бозори замин ва захираҳои иқтисодӣ; В). Фирма (корхона); Г). бозори меҳнат ва сармоя. 3. Предмети иқтисоди хурдро чӣ ташкил медиҳад? А). ашхоси ииқтисодӣ, амалиётҳои иқтисодӣ, ҷараёнҳои иқтисодӣ; Б). Фирма, бозори сармоя; В). Бозори омилҳои истеҳсолот; Г). ашхоси иқтисодӣ, фирма, сармояи асосӣ. 4. Вазифаи асосии микроиқтисодӣ аз чӣ иборат аст? А). Таҳлил ва омӯзиши ҷараёни истеҳсолот; Б). Таҳлили таъсири байниҳамдигарии омилҳои истеҳсолт; В). Таҳлили таъсири байниҳамдигарии субъектони иқтисодӣ дар бозорҳои алоҳида; Г). Таҳлили бозори омилҳои истеҳсолот. 5. Ашхоси иқтисодиро кӣ ташкил медиҳад? А). Фирма, корхона, бозори замин; Б). Соҳибкорон ва шахсони дорои маълумоти иқтисодӣ дошта; В). Субъектони иқтисодӣ; Г). хоҷагиҳои хонавода, фирма, бозори захираҳои иқтисодӣ, сектори хориҷӣ. 6. Масъалаҳои асосии омӯзиши илми микроиқтисодро чӣ ташкил медиҳад? А). Омӯзиши омилҳои истеҳсолот ва камчинии онҳо; Б). Омилҳои истеҳсолот, корхона, рушди савдо, рақобат; В). Омилҳои истеҳсолт, хароҷот, арзиши аслии маҳсулот, фоида; Г). фоида, рақобат, арзиши аслии маҳсулот, омилҳои иқтисодӣ. 7. Неъматҳои иқтисодӣ чист? А). Неъматҳои иқтисодӣ мол ва маҳсулотҳое мебошанд, ки дар фирмаҳо истеҳсол мешаванд; Б). Мол ва маҳсулотҳое меошанд, ки аз тарафи субъектони иқтисодӣ истеҳсол карда мешаванд; В). Мол ва хизматрасониҳое мебошанд, ки қобилияти қонеъ гардонии талаботи одамонро доранд; Г). мол ва хизматрасониҳое мебошанд, ки дар ҷамъият вуҷуд доранд ва барои талаботи инсоният истифода урда мешаванд. 8.Асоси иқтисодиёти хурдро чӣ ташкил медиҳад? А). Молу маҳсулот, фирма, корхона, омилҳои иқтисодиёт; Б). Молу маҳсулот ва талаботи номаҳдуд; В). Талаботи номаҳдуд ва манобеъҳои маҳдуд; Г). манобеъҳои маҳдуд, талаботи номаҳдуд, хоҷагии хонавода. 9.Таҳлили дастурӣ чӣ гуна таҳлил аст? А). Таҳлиле мебошад, ки барои баҳодиҳии захираҳои иқтисоди истифода бурда мешавад; Б). Барои баҳодиҳии ҷараёнҳои иқтисодӣ дар хҳолати мавҷуд будани рақобати нокомил; В). Барои баҳодиҳии ҷараёнҳои иқтсиодӣ; Г). барои баҳодиҳии фаъолити омилҳои истеҳсолот. 10. Таҳлили мусбӣ чӣ гуна таҳлил аст? А). Барои баҳодиҳии амалиётҳои иқтисодӣ истифода бурда мешавад; Б). барои муайян намудани сабаб ва натиҷаҳои фаъолияти иқтисодӣ истифода бурда мешавад; В). Барои муайян намудани истифодаи омилҳои истеҳсолот дар мавриди мавҷуд будани бӯҳрон иқтисодӣ; Г). барои муайян намудани амалиётҳои иқтисодӣ истифода бурда мешавад. 11. Таҳлили дастурӣ бо кадом тарз дар иқтисодиёт амалӣ карда мешавад? А). санҷиш; Б). Мушоҳида; В). Пурсиш; Г). таҳлил. 12. Масъалаҳои асосии иқтисодӣ чӣ бояд истеҳсол кард, чӣ тарз ва барои кӣ аз рӯи кадом таҳлил иқтисодӣ муайян карда мешванд? А). мусбӣ; Б). Мушоҳида; В). Аналитикӣ; Г). даструӣ. 13. Модели гирдгардиш иқтисодӣ хурд чӣ гуна модел аст? А). иқтисоди хурдро меомӯзад; Б). Иқтисоди хурдро ба се гуруҳ ҷудо менад; В). Муносибати иқтисодии байни субъектони иқтисодиро дар маҷмӯъ меомӯзад; Г). Муносибати иқтисодии байни субъектони иқтисодиро меноманд, ки иқтиодиётро ба ду гурӯҳ тақсим мекунад. 14. Муносибати байни хоҷагии хонавода ва фирма тавассути кадом бозорҳо амалӣ карда мешавад? А). бозори замин ва бозори молу хадамот; Б). Бозори сармоя ва бозори омилҳои истеҳсолот; В). Бозори замин ва бозори меҳнат; Г). бозори молу хадамот ва бозори омилҳои истеҳсолот. 15. Дар модели гирдгардиши ду сектора кадом бозорҳо вуҷуд доранд? А). бозори замин ва сармоя; Б). Бозори захираҳои иқтсиодӣ ва меҳнат; В). бозори молу хизматҳо ва бозори омилҳои истеҳсолот; Г). бозори омилҳои истеҳсолот ва бозори технология. 16. Ба ғайр аз модели гирдгардиш кадом моделҳои иқтисодӣ дар омӯзиши илми иқтисоди хурд истифода бурда мешаванд? А). модели оптимистӣ ва реалӣ; Б). Мувозинатӣ ва чандирӣ; В). Чандирӣ ва мавзунӣ; Г). мувозинатӣ ва мавзунӣ. |