Главная страница
Навигация по странице:

  • Источник: https://tj.allinweb.ru/tarikh_tj/5958/ Внимание! Права на публикацию материалов сайта находятся под охраной © allinweb.ru/

  • азиздон. Пайдоиш ва интишори дини ислом. Пайдоиш ва интишори дини ислом. Таъсиси хилофати ислом


    Скачать 20.64 Kb.
    НазваниеПайдоиш ва интишори дини ислом. Таъсиси хилофати ислом
    Анкоразиздон
    Дата15.11.2020
    Размер20.64 Kb.
    Формат файлаdocx
    Имя файлаПайдоиш ва интишори дини ислом.docx
    ТипДокументы
    #150669

    Пайдоиш ва интишори дини ислом.

    Таъсиси хилофати исломӣ.

    Шикасти шоҳаншоҳии Сосонӣ.

    Пайдоиш ва интишори дини ислом. Дини ислом дар нимҷазираи Арабистон ба вуҷуд омадааст ва дар ҷаҳони муосир яке аз динҳои бонуфуз ба ҳисоб меравад.То нимаи дуюми асри VII арабҳо ҳаёти кӯчманчигӣ ва нимкӯчманчигиро аз сар мегузарониданд. Пайдоиши ислом пеши роҳи кӯчманчигӣ ва бодиянишинии арабҳоро гирифт. Он дар муттаҳидшавии қабилаҳои араб саҳми босазо гузошт. То қабули ислом тоифаҳои араб ба динҳои мухталиф, аз ҷумла бутпарастӣ, насронӣ ва ғайра эътиқод доштанд. Сарзамини араб маркази асосии савдои Шарқу Ғарб ба шумор мерафт. Асосгузори дини ислом ҳазрати Муҳаммад (с) пайғамбари ислом буда, дар шаҳри Макка (с. 570 – 632) таваллуд шудааст. Вай аз қабилаи Қурайш буд. Овони кӯдакии ӯ хушбахтона нагузаштааст. Вай падараш Абдуллоро тамоман надидааст. Дар синни шашсолагиаш аз модараш Омина маҳрум мегардад. Пас аз модар дар синни 9 – 10 солагиаш бобояш Абдулмуталиб аз олам мегузарад. Парастории ӯро амакаш Абӯтолиб ба зимма мегирад. Азбаски зодгоҳи Муҳаммад (с) шаҳри Макка маркази асосии тиҷорат буд аз ин рӯ, дар инкишофи ҷаҳонбинии минбаъдаи ӯ ҳиссаи муносиб гузошт. Дар Макка Муҳаммад (с) ба камол мерасад ва бо кӯмаки ҳамсари аввалааш Хадича ба обрӯ ва нуфузи зиёд соҳиб мегардад. Сипас ӯ барои муттаҳидии қабилаҳои парокандаю бодиянишини араб камар мебандад. Роҳи асосии муттаҳидшавии кӯчманчиёнро ҳазрати Муҳаммад (с) дар барҳам додани бисёрхудоӣ мебинад. Ӯ ҳамчун расули худо яккаву ягонагии онро талқин мекунад. Ҳамин тавр, ҳазрати Муҳаммад (с) дар чоряки якуми асри VII ба мақсади олии хеш мерасад. Соли 610 китоби муқаддаси «Қуръон» нозил мегардад ва ҳазрати Муҳаммад (с) то соли 622 мардумро дар Макка ба дини Ислом даъват менамояд. Аммо аҳли Макка ӯро хуш намепазиранд. Ниҳоят 26 июли соли 622 ба Мадина ҳиҷрат, яъне сафар кард. Дертар санаи мазкур оғози солшумории ҳиҷрии мусулмонон гардид. Бо ҳамин роҳ ҳазрати Муҳаммад (с) имконият пайдо кард, ки қавму қабилаҳои парокандаи арабро муттаҳид намуда, муқобилият ва зиддияти онҳоро аз байн барад. Маккаю Мадина маркази ягонаи ислом гаштанд. Таъсиси хилофати исломӣ. Ҳазрати Муҳаммад (с) ва пайравонаш барои аз мулки араб тоза намудани ғайриисломиён мубориза оғоз намуданд. Аммо дере нагузашта пайғамбар вафот кард. Аз сабаби он ки ҳазрати Муҳаммад (с) писар надошт, таълимоташро амакбача ва домодаш (шавҳари Фотима) Алӣ давом додани мешавад, вале ба монеъаҳои зиёде рӯ ба рӯ мешавад. Баробари Алӣ кори оғозкардаи Муҳаммад (с) – ро наздиконаш Абӯбакр, Умар ва Усмон давом доданд. Баъди марги пайғамбар норозигии омма нисбат ба сиёсати пешгирифтаи ворисони ӯ зиёд мегардад. Баъди устуворшавии хилофати араб ҷангҳои забткоронаи онҳо ба дигар мамлакатҳо оғоз ёфт. Ворисони ҳазрати Муҳаммад (С) барои амалӣ гардонидани нақшаҳои ӯ камар бастанд. Ёрони пайғамбар – Абӯбакр, Умар ва Усмон бо навбат мансаби хилофатро соҳиб гаштанд. Дар давраи халифагии Абӯбакр (632 – 634) арабҳо бо зӯрӣ Байнаннаҳрайнро гирифта, акнун дар маҳалли Фурот бо эрониҳо бевосита ҳамҳудуд гаштанд. Сипас онҳо ба фатҳи Сурия ва Ироқ шурӯъ намуданд. Пас аз сари Абӯбакр, Умар (634 – 644) ба тахти хилофат нишаст. Давраи ҳукмронии ӯ замони нисбатан осуда ва устуворшавии ислом буд. Дар давраи халифагии Умар ҷанги дусола (634- 636) идома ёфт. Ғалабаи арабҳо дар муҳорибаи Ярмук тақдири минбаъдаи Эронро ҳал кард. Акнун арабҳо барои забти давлати Сосониён пурра омода гаштанд. Шикасти шоҳаншоҳии Сосонӣ. Давлати Сосониён, ки бештар аз 400 сол арзи вуҷуд дошт, дар натиҷаи задухӯрдҳои дохилӣ ва кашмакашиҳои феодалӣ рӯ ба таназзул ниҳода буд. Аз ин беқудратии давлати овозадори Сосонӣ арабҳо истифода бурда, дар замони ҳукмронии халифа Умар ибни Хаттоб ба истилои он шурӯъ намуданд. Арабҳо дар зери ливои ислом амал карда, яғмогариҳои худро ба ҷангҳои кишваркушоӣ нисбат медоданд. Онҳо молу мулки мардумро таллаву тороҷ намуда, шаҳру деҳотро оташ мезаданд. Намояндаи охирини хонадони Сосониён Яздигурди III (632 – 651) даҳ сол бар зидди арабҳо мубориза бурда, натиҷае ба даст наовард ва соли 651 дар шаҳри Марв кушта шуд. Ғалабаи назди Қуддусия (Қадисия) ва пирӯзии соли 642 дар Наҳованд лашкари форсҳоро заиф сохт. Сабаби бо осонӣ ғалаба ба даст овардани арабҳо дар он буд, ки шоҳони Сосонӣ дар натиҷаи ҷангҳои тӯлонӣ бо Ҳайтолиён, туркҳо ва румиҳо оҷиз шуда, давлати Сосониёнро аз байн бурд ва мардум мубталои зулми хилофати араб гашт. Арабҳо дар зарфи даҳ сол Эронро забт намуданд. Акнун мақсади ягонаи онҳо истило намудани Осиёи Миёна буд. Аз ин рӯ, соли 651 шаҳри Марвро истило карда, онро ҳамчун маркази ҷаҳиш барои ворид гаштан ба Осиёи Миёна истифода бурданд.
    Источник:https://tj.allinweb.ru/tarikh_tj/5958/Внимание! Права на публикацию материалов сайта находятся под охраной © allinweb.ru/




    написать администратору сайта