|
Шеъру таронао Забони тоик
Navigate Here
Оғоз Мерос
Мероси гузаштагон Канзи шифо Шеъру таронаҳо Забони тоҷикӣ Шашмақом Шашмақом. Матн Классика. Матн Аҳмад Зоҳир. Матн
Сарнавишт
Сарнавишти тоҷик Кӯҳистон Меҳан Б. Ғафуров. Тоҷикон Э. Раҳмон. Нигоҳе ба… Э. Раҳмон. Чеҳраҳои м… Акбар Турсон. Самандар… Н. Ҳотамов. Таърих
Download
Скачать бесплатно Китобхона Китобҳои дарсӣ Appandroid Реферат, тест MP3 Файлообменники
Web
Компутар (Роёна) Вебмастеру
Sat-TV
ТВ-моҳвораҳо дар т.ш. ТВ-моҳвораҳо дар т.ғ. Транспондерҳо
Хондан
Умари Хайём Саъдӣ. Гулистон Ҳофиз. Куллиёт Чор дарвеш Айнӣ. Ёддоштҳо Паёми Машриқ Улуғзода. Субҳи… Канзи шифо Лоиқ. Модарнома
Зерсомона
zarowadk.ru Н. Ҳотамов. Таърихи халқи тоҷик. Боби 9.2 Диданд: 1487 Нашр: 10.07.2018 Абдуҳамид Тағоев 0 гузориш
Боби IX. Сарнагун намудани тартиботи амирии Бухоро (августи соли 1920 — апрели соли 1921) § 2. Барпо намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Бухорои Шарқӣ Вазъи Бухорои Шарқӣ баъди сарнагун намудани тартиботи амири дар Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ) Чуноне аллакай қайд гардид, аз қувваҳои амирии Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ) танҳо беки Чорҷӯй бо қисме аз дастаҳояш маҳв ва худ асир гардиду, бекҳои (ҳокимони) боқимондаи ин сарзамин, бо сарбозони содиқи худ, ба ҳар сӯ, аксаран ба сӯйи Бухорои Шарқӣ фирор кардаанд. Худи амир Олимхон ҳам аз Бухорои Куҳна роҳи сӯйи Ғиждувонро пеш гирифта, саҳарии рӯзи дигар, яъне 2 сентябри соли 1920 аз он ҷо ба сӯйи Бухорои Шарқӣ гурехт. Дар ин ҷода воқеаро худи амир дар хотираҳояш чунин шарҳ додааст: аз Ғиждувон дар муддати 8 рӯз то ба «вилояти Қӯрғонтеппа, тобеи Бухоро расида як даҳ рӯз дар он ҷо истодам. Ҳангоми убур аз Ғиждувон ногаҳон аробавагони оҳанпӯш (поезди зиреҳпӯш — Н.Ҳ.) пайдо шуда роҳро ба бенавоён баст. Дар он мавқеъ чанд нафар аз бузургон ва атрофи ман аз қабили Усмон қушбегӣ, қозӣ-ул-қуззот (яъне қозикалон — Н.Ҳ.) Бурҳониддин, раис Абдурауф корвонбошӣ, Юсуфбий, Муқимбий дастгир шуданд. Аз вилояти мазкур дар тараддуди истеҳкоми роҳи душман гардида асокиру фуқароёнро ҷамъ оварда аз бандари мавзеи Дарбанд, тобеи вилояти Бойсун, пеши душманро истеҳком намуда шурӯи муҳорибаро эҷод намуда, вопас дар вилояти Ҳисори Шарқии Бухоро омада истодам».105 Фармондеҳи фронти Туркистон М. В. Фрунзе ҳанӯз 4 сентябри соли 1920 дар назди аскарони сурхи гурӯҳи Бухорию Самарқандӣ вазифаи нав гузошта буд, ки мувофиқи он дар тамоми сарзамини Бухорои Шарқӣ барҳам додани тартиботи амирӣ ва барпо намудани Ҳукумати Шӯравӣ дар назар дошта мешуд. Барои иҷрои ин вазифа гурӯҳи номбурда, пеш аз ҳама Шеробод ва Бойсунро гирифта, бояд бо гарнизони Тирмиз алоқа ҷорӣ менамуд. Инчунин ҳамин гурӯҳ иттифоқан бо Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ, барои бо қувваҳои якҷоя ба даст даровардани ноҳияи Ҳисор, мебоист отряди мусулмонӣ ташкил менамуд.106 Аммо М.В. Фрунзе худ ин нақшаро амалӣ карда натавонист. Мувофиқи қарори Шӯрои ҳарбии инқилобии Федератсияи Русия ӯ аз кишвари Туркистон даъват карда шуд ва фармондеҳи фронти Ҷануб гардид. Бинобар ин вай 10 сентябр аз кишвар рафт. Қисмҳои аскарони сурх ҳамоно аз дунболи амири гуреза мерафтанд. Онҳо 11 сентябр бе ҷанг Дарбанд ва баъди он, дар натиҷаи муҳорибаи хурд Бойсунро низ забт намуданд. Сарварони нави қисмҳои дар Бухоро будаи аскарони сурх вазъияти навро муҳокима намуда, набудани захира ва қисмҳои эҳтиётӣ, дар пеш будани тирамоҳу зимистон, набудани роҳи мувофиқ барои кашондани тӯпҳои ҷангӣ, мондагии аскарону аспҳо ва ғайраҳоро ба инобат гирифта, ба пеш ҳаракат кардани қисмҳоро лозим надонистанд. Бо сабабҳои номбурда дар мавзеъҳои номбурда, яъне Дарбанду Бойсун мавқеъ гирифта истодани онҳо низ ғайриимкон буд. Бинобар ин 13 сентябри ҳамон сол қисмҳои аскарони сурх ба сӯйи Ғузор ақиб гаштанд ва худи ҳамон рӯз роҳи Қарширо пеш гирифтанд. Бо ҳамин ҳаракати қисмҳои аскарони сурх аз қафои амири гуреза як муддат қатъ гардид. Дар ин муддат ҳар ду тараф ба муқобили якдигар омодагӣ медиданд. Аз Дарбанду Бойсун ба Қаршӣ, ба қафо баргаштани қисмҳои аскарони сурх амир Олимхон ва тарафдорони ӯро рӯҳбаланд намуд. Онҳо бо роҳҳои гуногун, яъне чӣ аз ҳисоби сарбозони аз Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ) ба ин сӯ омада ва чӣ аз ҳисоби мардум ҷамъ намудани қувваи нав, инчунин ҷалб намудани гурезагон — аксулинқилобчиёни кишвари Туркистон қувваи азимеро омода намуданд. Амир дар ин мулк ҳукумати муваққатии худро ташкил дод, ки вазифаи асосии он омода намудани амалиёти ҷангӣ барои аз аскарони сурх баргардонидани Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ) ба ҳисоб мерафт. Дар ҳукумати нав тағои амир Муҳаммадсаидбек парвоначӣ вазифаи вазири ҳарбиро ба ӯҳда дошт. Абдулҳафиз парвоначӣ ва Иброҳимбекбий сараскарони низомӣ ба ҳисоб мерафтанд. Амир, бо мақсади аз ҷиҳати маънавӣ рӯҳбаланд намудан, ба Иброҳимбек унвони мирохуриро дод. Ҳамон лаҳза дар атрофи амир, дар қатори Иброҳимбек боз Олимбой, Давлатмандбий, эшони Султон, Фузайл Махсум, Раҳмонқул додхоҳ ва дигарон аллакаӣ аз ҷумлаи симоҳои номии «ҳарбӣ» буданд. Амир Олимхон дар Бухорои Шарқӣ ҳам таъқиби мухолифони режими худро давом дод. Ҳарчанд дар Бухорои Шарқӣ ташкилотҳои ҳизбӣ ва ҷамъиятҳои нисбат ба режими ӯ мухолиф вуҷуд надоштанд, вале бо мақсади тарсонидани чашми мардум чанд нафарро бо туҳмати ҷадидӣ қатл намуд. Аз ҷумла дар майдони Душанбе 26 нафар камбағалонро бо туҳмати «хайрхоҳӣ нисбат ба аскарони сурх ва Ҳукумати Шӯравӣ» қатл намуданд. Дар нимаи дуюми моҳи сентябри соли 1920 амир дар Душанбе тамоми сарварони қувваҳои зиддишӯравии дар Бухорои Шарқӣ бударо, аз ҷумла намояндагони қувваҳои аксулинқилобӣ аз кишвари Туркистон ва аз Хева омадаро низ ба қурултойи махсус даъват намуд. Дар он намояндагони аксулинқилобии гвардиячиёни сафеди рус, намояндагони афғон ва ғайра низ ҳузур доштаанд. Қурултой қарор кард, ки бо тамоми қувваҳои зиддишӯравии Осиёи Миёна якҷоя амал кунанд.107 Дар Бухорои Шарқӣ амир Олимхон ба ҳайати қӯшунҳои худ каси бисёрро сафарбар намуда, аз рӯзҳои аввал нокифоягии лавозимоти ҳарбиро ҳис намуд. Оҳангарони маҳаллӣ вазифадор карда шуда буданд, ки танҳо барои сарбозони амир лавозимоти зарурӣ, пеш аз ҳама шамшер тайёр намоянд. Вале ин ҳама нокифоягӣ мекарданд. Бинобар ин умеди ягонаи вай ба кӯмаки ҳукумати Англия буд. Ҳанӯз 12 октябри соли 1920 амир Олимхон ба номи кароли (? – Т.А.) Британияи Кабир муроҷиат карда, хоҳиш намудааст, ки ҳар чӣ зудтар, чун дастгирии дӯстона, бо ҳамроҳии қосидони фиристодааш 100 ҳазор фунт стерлинг чун қарзи давлатӣ, 20 ҳазор адад туфанг бо миқдори тирҳои лозимӣ, 30 адад тӯп бо тирҳояш ва 10 адад аэроплан бо лавозимотҳои заруриаш фиристад. Боз ӯ хоҳиш намудааст, ки 2 ҳазор нафар аскарони мусаллаҳи англо-ҳиндии дар Ҳиндустон доштаашро ба воситаи Қаротегин, барои мубориза бо болшевикон фиристад. Вале ҳукумати англис, агарчанде ҳанӯз ҳам аз мавқеи зиддишӯравӣ даст накашида буд, бо сабабҳои гуногун хоҳиши амирро ба ҷо наовард. Пеш аз ҳама шикаст хӯрдани он дар интервенсияи зиддишӯравии солҳои 1918-1920 ва шикастхӯриаш дар ҷанг бо озодихоҳони Афғонистон имконият надод, ки аз Қаротегин фронти нави муқобили шӯравиро оғоз намояд. Инчунин ҳукумати Британияи Кабир аз фиристодани лавозимоти ҳарбӣ ба ихтиёри амир ҳам худдорӣ кард. Зеро, метарсид, ки аслиҳаи фиристодашуда, дар роҳ, ба дасти озодихоҳони афғон меафтаду, он аслиҳаҳо баръакс, ба муқобили худи англисҳо нигаронида мешавад. Бинобар ин ҳукумати англисҳо ба воситаи миссияҳои дар Қошғар ва Машҳад доштаи худ вазъи Осиёи Миёна, аз он ҷумла Бухороро танҳо мушоҳида намуда, аз оғози корҳои амалӣ, аз он ҷумла аз фиристодани аслиҳа барои амири гурезаи Бухоро, худдорӣ намуд. Бо сабабҳои боло, ба амир Олимхон лозим омад, ки баҳри ба даст даровардани мақсадаш, яъне на танҳо нигоҳ доштани Бухорои Шарқӣ, балки баргардонидани Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ), танҳо ба иқтидори ҷамънамудаи худ такя намояд. Аз ин рӯ, дар Бухорои Шарқӣ, амир Олимхон аз як тараф сафи сарбозони худро пайдарҳам зиёд намуд, аз тарафи дигар, баҳри пӯшонидани хароҷотҳои афзудаистода, ба дӯши мардуми дар зери даст доштааш андозҳои бисёрро гузошт. Албатта, мисли пештара ба Бухорои Шарқӣ дастаҳои аксулинқилобии дар ноҳияҳои гуногун аз тарафи аскарони сурх пароканда кардашуда паноҳӣ меёфтанд. Ҳатто бекигарии Мастчоҳ ҳам аҳамиятнокии масъалаи Бухорои Шарқиро ба эътибор гирифта, декабри соли 1920 ба кӯмаки амир 400 нафар ҷангиёни мусаллаҳи худро фиристод. Ин ҳама албатта ба амир илҳоми тоза мебахшид. Вале сиёсати нави нисбат ба мардуми сарсахти Бухорои Шарқӣ пешгирифтаи амир ба худ характери фоҷиавиро мегирифт.
Шӯриши Усмон Чуноне дар боло ишора рафт, амир Олимхон ҳангоми аз Бухорои Куҳна гурехтан, баҳри халосии ҷони худ, ба хазинаи пурбораш хайрбод гуфт ва ҳар чизе, ки бо худ гирифта буд, онро ҳам дар роҳ, махсусан ҳангоми гузаштан аз дарёи Зарафшон талаф дод.2 Бинобар ин ӯ худро дар Бухорои Шарқӣ бечоратарин меҳисобид. Вале бо чунин аҳвол қаноат накарда, ба гардани ҳокимон ва заминдорони ин диёр андозҳои зиёдро бор кард. Ҳокимон ва феодалон бошанд дар навбати худ андози ба амир супоридаашонро аз мардуми бечора ба миқдори дучанд ва ҳатто аз он ҳам зиёд меситониданд. Аз ҷумла, чуноне маълум мешавад, охири соли 1920 танҳо аз бекигарии Қаротегин барои амир 800 асп ва 300 буғча «туҳфаҳои» қиматбаҳо фиристодаанд3. Чунин аҳвол, албатта нисбати дигар бекигариҳои Бухорои Шарқӣ низ хос буд. Ҷойи тааҷҷуб нест, ки аз тарафи ҳокимони ин гӯша барои кайфияти амир, дар қатори туҳфаҳои гуногун инчунин духтар ва писарони ноболиғ пешкаш мешуд. Аммо аз сиёсати дар Бухорои Шарқӣ пешгирифтаи амир, махсусан сиёсати сафарбарии ҳарбии ӯ фоҷианоктар менамуд. Зеро, чун ҳарвақта, ба чунин рӯйхат боз бечорагон, ки имконияти пора додан надоштанд, дохил карда мешуданд. Ҳамин сиёсат, дар водии Қаротегин сабабгори сар задани шӯриши калонтарин бо сарварии Усмон гардид. Сарвари шӯриш — Усмон Муҳаммадаминови 35-сола, ки худ зодаи деҳаи Янғолики Қаротегин буд, сахтиҳои замонаро аз сар гузаронидааст. Ӯ мисли дигар ҳамватанонаш — деҳқонон ба фоидаи хазинаи амир хироҷ месупорид. Аз бойи маҳаллӣ Муҳаммад Саид қарздор буд. Бо шарофат ва кӯмаки бародараш Худойдод ва язнааш Хоркаш тамоми қарзашро супорида, соли 1916 барои кор ба водии Фарғона рафта, дар заводҳои пахтатозакунии Андиҷон, Фарғона ва Асакӣ кор кард. Дар ҳамон вақт дӯстони қарини ҳамватанаш Одина ва Мулло Тош ҳамроҳи вай буданд. Онҳо якҷоя воқеаҳои сиёсии охири соли 1917 ва аввали соли 1918—и водии Фарғонаро аз сар гузарондаанд. Баъди ба Қаротегин баргаштан, яъне аввали соли 1918 қисме аз чизу чора ва пули онҳоро амалдорони ҳоким, «барои ҳоким» гӯён ғасб намудаанд. Усмон ба чунин ғоратгарӣ тоб наоварда, яке аз нукарони ҳокимро зада, худ ба кӯҳ мегурезад ва якчанд вақт пинҳон мешавад. Моҳи декабри соли 1920, ҳокими (беки) Қаротегин Мир Абдулҳафиз, ҳангоми гузаронидани маъракаи сафарбаркунии ҳарбӣ, хост, ки аз деҳқонони «гарданшах», ба монанди Усмон халос шавад. Бо ҳамин мақсад бек Усмонро бо ҳамроҳии Мулло Тош, инчунин дигар ҳамфикронаш, ба сифати навкар ба Душанбе, ба хизмати амир фиристод. Вале онҳо дар роҳ, аз Файзобод ба қафо, ба Қаротегин гурехтанд. Ҳокими Қаротегин аз хоҷагиҳои онҳое, ки намояндагонашон аз хизмати навкарии амир гурехтаанд (аз он ҷумла аз хоҷагии Усмон ва Мулло Тош), талаб кард, ки андоз — хироҷи 7- соларо пешакӣ супоранд. Чунин чорабинии ҳоким мувофиқи баъзе андешаҳо, барои саршавии шӯриш баҳона гардидааст. Зеро, маҳз баъди ин воқеа Усмон вазъияти баамаломадаро ба инобат гирифта, роҳи ягонаи халосиро дар шӯриш дида, ҳатто ба дӯсти худ — Одина, ки дар Ҳоит мезист, барои кӯмак, бо мактуб муроҷиат кардааст. Одина низ ҷавобан ба ин мактуб, деҳқонони Ҳоит ва Қалъаи Лаби обро ҳамроҳии худ гирифта, ба кӯмаки Усмон, ба деҳаи Янғолик, ки маркази шӯриш буд, шитофтааст. Мувофиқи андешаи дигар дар Ҳоит яке аз рӯзҳои бозор, ҳангоми ба Душанбе, барои амир фиристодани аспҳои пурбор, тарафдорони Усмон ба Қӯрғон, ки он ҷо амлокдор менишаст, якбора ҳуҷум карда, онро гирифтаанд. Бо ҳамин гӯё шӯриш ба дигар деҳаҳои Қаротегин паҳн гардидааст. Дар ҳақиқат ҳам шӯришгарон дар деҳаи Янғолик ҷамъ омадаанд. Онҳо дар ҷамъомади худ сарварии шӯришро ба уҳдаи Усмон гузошта Одинаро ҷонишини аввал ва Мулло Тошро ҷонишини дуюм таъин намудаанд. Он лаҳза миқдори шӯришгарон аз 2500 нафар пиёдаҳо ва 650 нафар савораҳо иборат буд. Вале онҳо дар ихтиёри худ ҳамагӣ 400 дона камонҳои фитилии худсоз ва тақрибан ҳазор дона шамшер доштаанд. Боқимонда бо корду табар мусаллаҳ буданд. Ҳокими Қаротегин бошад дар ихтиёри худ ҳамагӣ 15-20 нафар навкарони мусаллаҳ дошту халос. Шӯришгарон аз деҳаи Янғолик ба маркази бекигарии Қаротегин — Ғарм ҳаракат карданд. Онҳо ба деҳаи Навда омада якчанд рӯз он ҷо истоданд. Ба ин ҷо намояндагони ҳоким барои музокира ва имзои сулҳ омадаанд. Вале Усмон он таклифҳоро рад намуда, ба сӯйи Ғарм ҳаракатро давом дод. Вақте, ки шӯришгарон ба Ғарм наздик омаданд, ҳоким аз муқобилият даст кашида, ба Усмон ваъда дод, ки гуноҳи ҳамаи шахсони аз хизмати навкарӣ гурехтаро афв мекунад, онҳоро аз андоз озод менамояд, ба худи Усмон унвони «бий»-ро медиҳад ва ғайраҳо. Аммо Усмон ба ин ваъдаҳои ҳоким бовар накард. Ҳокими Қаротегин Абдулҳафиз аз тарс гурехтанӣ шуд, вале дастгир ва ҳабс карда шуд. Ғарм бе ҷанг ба дасти шӯришгарон гузашт. Онҳо ҳамаи ҳабсбудагонро озод намуданд, тамоми ҳуҷҷатҳои дар ихтиёри ҳоким бударо, аз ҷумла васиқаҳоро сӯзониданд. Ба муносибати ғалаба 7 рӯз шодиву хурсандӣ эълон карданд. Ҳамин тавр дар маркази Қаротегин — Ғарм ҳокимият пурра ба ихтиёри шӯришгарон гузашт, ки он дар таърих бо номҳои «ҳокимияти халқӣ» ва «ҳокимияти халқии Усмон» маълум аст. Дар он ҳокимият Усмон — раис, Одина ва Мулло Тош ҷонишинони ӯ гардиданд. Вале онҳо бо гирифтани ҳокимият ором гардида, дигар аз чӣ сар кардани корро намедонистанд. Бинобар ин шӯришгарон маҷбур шуданд, ки қисме аз амалдорони ҳокими собиқро аз ҳабс озод намоянд ва ба онҳо амалҳои гуногунро доданд. Яъне бо ном «ҳокимияти коалитсионӣ» барпо намуданд. Аз ҷумла, аз амалдорони собиқа Давлатбекбий — сарвари таъминот, Мулло Абдураҳим судур — қозӣ, Мулло Мирзо Умед — муфтӣ таъин гардиданд. Дар «ҳукумати халқии Усмон» ягонагӣ вуҷуд надошт. Амалдорони собиқ ба ҳукумати нав содиқ набуданд. Баръакс онҳо камтаҷрибагии Усмонро ба инобат гирифта, ӯро бо фиреб, гӯё «барои пешвозгирии ихтиёриёни қисми поёни Қаротегин» фиристоданд. Ҳангоми дар Ғарм набудани Усмон Давлатбекбий Одинаро ба хонаи худ, гӯё ба зиёфат даъват намуда, ӯро кушт ва ҳокимро бо дигар тарафдоронаш аз ҳабс озод намуд. Бо шунидани ин фоҷиа тарафдорони Одина, ки аз Ҳоит ва Қалъаи Лаби об омада буданд, ба деҳаҳои худ баргаштанд. Бо ҳамин «ҳукумати халқии Усмон» баъди 10-15 рӯзи мавҷудияташ амалан барҳам хӯрд. Усмон аз фоҷиаи Ғарм баъди ду рӯз огоҳ гардида, ба Ғарм баргашт. Дар наздикии Ғарм вай аз тарафи тарафдорони ҳокими собиқа шикаст хӯрд. Баъди ин бо ҳамроҳии Усмон ҳамагӣ 12 нафар шӯришгар монду халос. Вале Усмон аз мақсади худ даст накашид. Вай барои гирифтани Ғарм боз қувва ҷамъ кард. Миқдори қувваҳои ӯ ин дафъа ба 150 нафар расиданд. Баъди 20 — рӯзи фоҷиаи Ғарм Усмон бори дигар ба он ҳуҷум кард, вале шикаст хӯрд ва дастгир гардид. Дар муддати як моҳ тақрибан 50 нафар иштирокчиёни шӯриш ҳабс карда шуданд. Сарварони он — Усмон, Мулло Тош ва дигаронро қатл намуда, ҷасадашонро ба дарёи Сурхоб партофтанд. Дӯстон ва авлодони Усмон ҷасади ӯро аз дарё бароварда, пинҳонӣ гӯрониданд. Аз ин кор яке аз сипоҳиёни бонуфузи маҳаллӣ — Муҳаммад Саид бий огоҳ гардида, бо мақсади ибрати дигарон, ба гардани онҳое, ки ҷасади Усмонро гӯронидаанд, 1500 танга ҷарима бор карда, молу мулкашонро тарака эълон намудааст. Ҳамин тарз шӯриши Усмон шикаст хӯрд. Вай агарчанде, дар сарзамини Қаротегин нисбат ба шӯриши Қаландаршо аз ҷиҳати ташкилӣ ва фаъол будани мардум қадаме ба пеш буд, вале бетаҷрибагӣ имконият надод, ки муваффақиятҳои ба даст даровардаро мустаҳкам намоянд. мардуми атрофро ҳарчи зудтар ба тартиботи нав ҷалб намоянд, аз болои амалдорони собиқаи амирӣ, ки ба ҳукумат ҷалб намудаанд, назорати қатъӣ ҷорӣ намоянд ва ғайра.
Ташкил намудани Отряди эъзомии ҳарбии Ҳисор ва амалиётҳои ҷангии он барои барпо кардани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Бухорои Шарқӣ Инак, баъди дар сарзамини Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ) барпо намудани тартиботи шӯравӣ сарзамини собиқ аморат ба ду тартиботи ба ҳам муқобил тақсим шуд. Яъне дар қисми Марказӣ (Ғарбӣ) тартиботи шӯравӣ ва дар қисми Шарқӣ тартиботи амирӣ ҳукмфармойӣ мекарданд. Ҳукумати Шӯравии Бухоро низ дар сарзамини Бухорои Шарқӣ барпо намудани тартиботи шӯравиро вазифаи аввалиндараҷаи худ мешуморид. Ин ҳукумат бо мақсади пойдор намудани тартиботи нав дар Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ) ва сарнагун намудани тартиботи амирӣ дар Бухорои Шарқӣ қувваҳои инқилобии худро ташкил карданӣ шуд. Чунин иқдом аз тарафи сарварони фронти Туркистон дастгирӣ дид. 5 сентябри соли 1920 сарвари фронт ба ихтиёри нозири корҳои ҳарбии ҶХШ Бухоро ду полки савора, баталиони пиёда ва батареяи тӯпчиёнро бо мақсаде супорид, ки минбаъд, бо роҳи ба хизмати ҳарбӣ ҷалб намудани ихтиёриён, шумораи умумии қӯшунҳои худро то ба миқдори зарурии бригада расонад. Вале чорабиниҳои ҳукумати шӯравии Бухоро оиди ташкил намудани қувваҳои инқилобӣ-ҳарбии худ натиҷаҳои назарбахш надоданд. Зеро, аз ҷумлаи бухороиён ихтиёриён, ки ба сафи қӯшунҳои нав дохил шаванд, қариб набуданд. Бинобар ҳамин ҳам ҳанӯз 6 октябри соли 1920 нозири ҳарбии ҷумҳурии Бухоро ба маълумоти сарварони фронти Туркистон расонид, ки «барои ташкил додани армия (яъне бригада — Н.Ҳ.) ихтиёриён нокифояанд». Сарварони ҳукумати нави Бухоро вазъиятро ба инобат гирифта, барои кӯмаки ҳарбӣ ба Комиссияи Туркистонӣ (Турккомиссия) муроҷиат карданд. В. В. Куйбышев, ки намояндаи доимии Ҷумҳурии Федератсияи Русия дар ҷумҳурии Бухоро буд, миёнаи моҳи октябри соли 1920 аз сарварони фронти Туркистон талаб кард, ки чораҳои ҳар чӣ зудтар дар Бухорои Шарқӣ низ сарнагун намудани тартиботи амириро бинанд. Барои ин ташкил намудани эъзомияи ҳарбӣ зарур шуморида шуд. Бо сабаби мураккабии вазъи иқтисодии Давлати Шӯравӣ таъминоти иқтисодии ин эъзомияро ба уҳдаи ҷумҳурии Бухоро гузоштанд. 9 ноябри соли 1920 дар маҷлиси Турккомиссия масъалаи барои озод намудани Бухорои Шарқӣ ташкил намудани отряди эъзомии ҳарбӣ дида шуд. Дар он шароити Бухорои Шарқӣ, пеш аз ҳама шароити кӯҳистон, аз роҳи оҳан хело дур будан ва бероҳии худи ин гӯшаро ба инобат гирифта, Турккомисия Шӯрои ҳарбии инқилобии фронти Туркистонро вазифадор намуд, ки аз ҳисоби қисмҳои аскарони сурх, «Отряди ҳарбии эъзомии Ҳисор»- ро ташкил диҳанд. Вазифаи асосии отряд аз он иборат буд, ки он бояд бо амалиёти ҳарбию ҷангӣ дар сарзамини Бухорои Шарқӣ тартиботи амириро тамоман барҳам дода, дар ин ҷо низ Ҳокимияти Шӯравиро барқарор намояд. Ташкил намудани отряди номбурда дар худи моҳи ноябри соли 1920 дар Қаршӣ оғоз гардид. Ба ҳайати он дивизияи якуми савораи Туркистонӣ, ки аз се полкҳои савора, ва дивизиони савораи бо тӯпҳои кӯҳгард мусаллаҳ иборат буд ва қисмҳои аскарони сурхи ҶХШ Бухоро дохил мешуданд. Қисмҳои аскарони сурхи бухороӣ дар ҳайати отряд ба тарзи расмӣ ном бурда мешуданд. Яъне, чунин қисмҳо хеле камшумор ва бештар бо ном вуҷуд доштанду дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок намекарданд. Онҳо амалан ҳамчун роҳбалад ва тарҷумон ҳисоб шаванд ҳам, аммо ин вазифаро ҳам ба дараҷаи зарурӣ иҷро карда натавонистаанд. Аниқтараш сарварони қисмҳои аскарони сурх ба роҳбаладии онҳо чандон боварӣ надоштанд. Бинобар ин қисмҳои аскарони сурх асосан ба воситаи харитаҳои дар даст доштаашон ҳаракат мекарданд. Дивизияи якуми савора бошад аз ҷумлаи таҷрибаноктарин қисмҳои аскарони сурх ба ҳисоб мерафт. Ин дивизия аз ҳисоби казакҳои Оренбург ва Ҳафтрӯд таркиб ёфта, аксари онҳо ҳанӯз дар замони подшоҳӣ дар хизмати ҳарбӣ буданд. Аз ин рӯ ин дивизия ҳанӯз дар охири соли 1920 барои оғоз намудани амалиёти ҷангӣ омада меистод. 8 декабри соли 1920 кумитаи марказии ҳизби коммунистии Бухоро ба ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳурии Бухоро муроҷиат намуда, онҳоро барои мустаҳкам намудани тартиботи шӯравӣ дар сарзамини ҷумҳурӣ ва сарнагун намудани тартиботи амирӣ дар Бухорои Шарқӣ даъват кард. 17 декабри соли 1920 дар Қаршӣ корҳои ташкилии Отряди ҳарбии эъзомии Ҳисор асосан анҷом ёфт. Ҳангоми оғози амалиёти ҳарбии отряд дар ҳайати он: ҷанговарон — 1087 нафар, хӯрандагон (едоков) — 1928 нафар, отряди шуъбаи махсус- 35 нафар, аспҳо — 1830 адад ва пулемёт — 22 адад буданд. Ҳайати отряд ва аслиҳаи ҷангии он дар рафти амалиётҳои ҷангӣ тағйир меёфт. Амир Олимхон низ барои муқобилият бар зидди қисмҳои аскарони сурх омадагӣ медид. Вай дар баробари қувваҳои ҷамънамудааш, ҳанӯз ҳам аз ҳукумати Афғонистон ва Англия умеди имдод гирифтанро дошт. Бинобар ин амир ба ҳукумати онҳо борҳо муроҷиат кард. Вале минбаъд ҳам ӯ дар амал аз онҳо ба ғайр аз ваъдаҳои зиёд, ба тарзи расмӣ, ягон чиз гирифта натавонист. Отряди эъзомии ҳарбии Ҳисор 17 декабри соли 1920 амалиёти ҷангии худро бо сарварии Марсов аз Қаршӣ сар кард. Он дар аввал ба сӯйи Бойсун, ки дарвозаи Бухорои Шарқӣ ҳисоб мешуд, ҳаракат кард. 20 декабр дар ағбаи Оқкӯтал аввалин задухӯрди қисмҳои аскарони сурхи отряд бо аскарони амир ба амал омад. Дар ин муҳориба бригадаи сеюми дивизияи якуми савораи туркистонӣ иштирок намуд. Ин бригада махсусан дар дараи кӯҳии Бузғолахона ба муқобилияти сахти аскарони амир дучор шуд. Ҷанг агарчанде кӯтоҳмуддат буд, вале қурбониҳои зиёдро ба вуҷуд овард. Аз ҷумла сарвари отряд Марсов дар ҳамин муҳориба ҳалок гардид ва ӯро командири полки 16-уми савора Роганов иваз намуд. Муҳориба бо ғалабаи қисмҳои аскарони сурх анҷом ёфт ва онҳо Бойсунро ба даст дароварда, дар он ҷо лагери худро гузоштанд. Баробари ба даст даровардани Бойсун қисмҳои аскарони сурх дар ҳолати боз ҳам вазнинтар монданд. Зеро, 24 декабр дар Шеробод, Шаҳрисабз, Китоб, Яккабоғ ва Чироғчӣ ба муқобили тартиботи шӯравӣ шӯриши халқӣ сар шуда буд, ки дар онҳо, мувофиқи баъзе маълумотҳо то 15 ҳазор нафар аҳолӣ иштирок намудаанд. Аз ин пештар, чунин шӯриш дар Каркӣ ба амал омада буд. Бинобар ин полки якуми савораи бригадаи якум, ки бояд ба кӯмаки бригадаи сеюми дивизияи якуми савораи туркистонӣ мешитофт, бо пахш намудани он шӯришҳо банд буд. 26 декабри ҳамон сол Зиновев, дар маҷлиси фаъолонаи ҲК Бухоро дар шаҳри Бухорои Куҳна баромад карда, иқрор шуд, ки «ҳоло тамоми ноҳияи Шерободро шӯриш фаро гирифтааст. Мардум, ки қисман бо камонҳои сохти англисӣ ва семилаи русӣ мусаллаҳ буданд, ба тарзи оммавӣ ба гарнизонҳои мо ҳуҷум мекунанд. Онҳоро бо пулемёт қир намудем». Мувофиқи маълумоти сарвари гурӯҳ, миқдори қурбониён аз ҷумлаи бухороиён беҳисоб. Муқобили мардуми шӯришбардошта «аз тӯпҳо оташ кушоданд ва дар натиҷа ғарами мурдаҳо ба вуҷуд омадааст». Ҳокими Бойсун аз фурсат истифода бурда, маркази ҳукуматдории аз даст додаи худро аз сари нав муҳосира намуд ва он 12 рӯз давом кард. Ба кӯмаки аскарони сурхи дар муҳосира монда аз Самарқанд имдод фиристода шуд. Ин қувваи нав дар роҳ шӯришҳои Шаҳрисабз, Китоб, Яккабоғ ва Чироғчиро пахш намуда, аввали январи соли 1921 ба Бойсун омада расид ва муҳосираро рахна намуд. Баъди дар Бойсун муттаҳид намудани тамоми қисмҳои Отряди эъзомии ҳарбии Ҳисор сарвари он В.М. Ионов гардид. Амалиётҳои минбаъдаи ҷангӣ дар водии Ҳисор мегузашт. Вазъи мураккаби Бухорои Шарқиро ба инобат гирифта, дар қатори Отряди эъзомии ҳарбии Ҳисор боз эъзомияи мустақили сиёсии ҶХШ Бухоро ва КМ ҲК Бухоро оид ба корҳои Бухорои Шарқӣ ташкил карда шуд. Сарварии он ба уҳдаи Саъдулло Турсунхоҷаев гузошта шуд, ки ӯ 7 январи соли 1921 мувофиқи қарори бюрои туркистонии КМ ҲК(б) Русия, барои расонидани кӯмак ба сарварони ҳизбию давлатии Бухоро фиристода шуда буд. То ин лаҳза вай вазифаи котиби КМ ҲК Туркистонро ба уҳда дошт. Аз ин рӯ С. Турсунхоҷаев, баробари ба Бухоро омадан, котиби масъули КМ ҲК Бухоро интихоб гардид ва сарвари эъзомияи номбурда таъин шуд. Ҳайати эъзомия аз намояндагони ҳизбӣ, шӯравӣ, иттифоқи касаба, иттифоқи ҷавонон, нозиратҳои (вазоратҳои) гуногун ва ғайраҳо иборат буд. Вазифаи асосии эъзомияи нав ин дар маҳалҳои ҷудогонаи аз тарафи Отряди эъзомии ҳарбии Ҳисор ишғолгардида ташкил намудани кумитаҳои инқилобӣ ва барои иҷрои вазифаҳо ба онҳо расонидани кӯмак ва ғайраҳо ба ҳисоб мерафт. Ба комиссияи сиёсӣ ҳуқуқи органҳои олиро дода буданд. Он фаъолияти органҳои ҳокимияти маҳаллиро ташкил ва назорат мекард. Амалиётҳои ҷангӣ дар Бухорои Шарқӣ қувваҳои зиёдро талаб мекард. Аз ин рӯ ҳукумати ҷумҳурии Бухоро минбаъд ҳам борҳо кӯшиш намуд, ки аз ҳисоби хоҳишмандон аскарони сурхи Бухороро ташкил диҳад. Вале мисли пештара хоҳишмандон набуданд. Шахсони хоҳишпайдокарда ҳам тасаввуроти ҳарбӣ надоштанд. Бинобар ин ҳукумати Бухоро сиёсати зӯран ба сафҳои қӯшунҳои худ ҷалб намудани ҷавононро пеш гирифт. Чунин сиёсат бошад аз сафи қӯшунҳо гурехтани аскарон сабаб шуд. Хавфи гурехтан боз дар он буд, ки аскарони гуреза бисёр вақт аслиҳаи худро ҳамроҳ мегирифтанд. Дар натиҷа дар баъзе қисмҳои бухороӣ на аскар монду на аслиҳа. Барои пешгирӣ намудани чунин ҳолат 1 феврали соли 1921 ҳукумати Бухоро Комиссияи махсуси марказии мубориза ба муқобили аскарони гурезаро ташкил дод. Инчунин бо мақсади зиёд намудани миқдори аскарон, аввали ҳамон моҳ нозири ҳарбӣ фармон баровард, ки мувофиқи он дар ҷумҳурӣ мардон аз синни 20 то 50 сола бояд ба хизмати ҳарбӣ ҷалб карда мешуданд. Бо мақсади баланд бардоштани аҳамияти хизмати ҳарбӣ ва барои бештар дар байни мардум ташвиқ намудани аҳамияти он, 5 феврал рӯзи тавлиди қӯшунҳои сурхи Бухоро эълон гардид. Вале ҳамоно натиҷаҳои мусбати ин чорабиниҳо назаррас набуданд. Қӯшунҳои сурхи миллии ҷумҳурии Бухоро ҳанӯз амалан вуҷуд надошт. Аз ин рӯ, дар сарзамини Бухорои Шарқӣ, амалиётҳои ҷангӣ барои бунёди тартиботи Шӯравӣ танҳо аз тарафи аскарони сурхи Русия гузаронида мешуд. 14 феврали соли 1921 аскарони Отряди эъзомии ҳарбии Ҳисор аз Бойсун баромада ва худи ҳамон рӯз ба дараи Бандихона расиданд. Ба водии Сурхон роҳи асосӣ аз ҳамин дара мегузашт. Ҳамон лаҳза қисмҳои ба амир содиқ дар Деҳнав ҷойгир буданд. 15 феврал дар Деҳнав ҷанги сахттарин ба амал омад ва он бо ғалабаи қисмҳои аскарони сурх анҷом ёфт. Ин ғалаба ҳаракати минбаъдаи отрядро ба водии Ҳисор осон намуд. Дар натиҷа 16 феврал аз тарафи онҳо бо осонӣ Юрчӣ, Сариосиё ва Сариҷӯй ишғол карда шуд. Баъди он қисмҳои аскарони сурхи Отряд боз ба Деҳнав баргаштанд. Зеро дар ин самт қӯшунҳои амирӣ дар ноҳияи Ҳисору Қаротоғ мавқеъ гирифта буданд. Амир Олимхон бо мақсади гирифтани пеши роҳи аскарони сурх, ба ин самт, қувваҳои иловагӣ, аз ҷумла отряди аксулинқилобчиёни Фарғонаро бо сарварии Кӯри Шермат, ки баъди шикастхӯрӣ дар Фарғона ба ин мулк омадаанд ва отряди дуҳазорнафараи лақайҳоро бо сарварии Иброҳимбек фиристод. Дар байни ин қӯшунҳо қӯшунҳои беки Ҳисор низ вуҷуд доштанд. 19 феврали соли 1921 аскарони сурх, баъди омодагии серӯза, аз Деҳнав баромада, ба сӯйи Регар ҳаракат карданд ва дар қисми аввали ҳамон рӯз ин мулкро ҳам ба даст дароварданд. Қисмҳои амирӣ, ки дар Регар буданд, чандон муқобилият нишон надода, 28 нафарро талаф дода, як қисмашон ба сӯйи Ҳисор ва қисми дигарашон ба кӯҳҳои Боботоғ ақиб гаштаанд. 20 феврал дар наздикии Ҳисор ҷанги сесоатаи сахттарини байни аскарони сурх ва аскарони амирӣ ба амал омад. Ин ҷанг ҳам ба фоидаи аскарони сурх анҷом ёфт. Талафоти аскарони амирӣ хеле зиёд буд. Аскарони сурх худи ҳамон рӯз Ҳисор ва Қаротоғро ба даст дароварданд. Амир Олимхон 20 феврал баробари шунидани хабари мағлубияти назди Ҳисор, бо наздикони худ ва 300 шутури пурбор ба сӯйи Кӯлоб, гӯё «барои зиёрати мақбараи Мир Алии Ҳамадонӣ», гурехт. Ӯ ҳангоми гурехтан аз содиқони худ Иброҳимбек ва Давлатмандбийро (ҳар ду ҳам ба рутбаи девонбегӣ сарфароз гардидаанд) вазифадор намуд, ки пеши роҳи душманро гиранд. Вале гурехтани амир аскарони дар Душанбе гузоштаашро хотирпарешон намуд. Онҳо, аз муқобилияти минбаъда сар кашида, ба ҳар сӯ гурехтанд. Ин имконият дод, ки бригадаи якуми савора бо сарварии Я. А. Мелкумов 21 феврал, соати 10-и пагоҳӣ Душанберо бе муқобилият ба даст дарорад. Дар тамоми маҳалҳое, ки аз тарафи аскарони сурх забт гардиданд, аз он ҷумла дар Регар, Ҳисор, Қаротоғ ва Душанбе кумитаҳои инқилобӣ ташкил карда шуданд ва ҳокимият ба ихтиёри онҳо гузашт. Рӯзи дигар, яъне 22 феврал ба Душанбе Эъзомияи фавқулодаи сиёсии ҶХШ Бухоро ва КМ ҳизби коммунистии Бухоро бо сарварии С. Турсунхоҷаев, штаби Отряди эъзомии ҳарбии Ҳисор омада расиданд. Ҳамин эъзомияи сиёсӣ, ба Душанбе, чун маводҳои ташвиқотӣ, бо худ аввалин рӯзнома ва адабиёти мансуб ба сохти навро овард. Муқобилияти аскарони амирӣ баъди аз даст рафтани Душанбе ҳам идома ёфт. Онҳо баъди шикастхӯрии назди Ҳисор, ба муқобили аскарони сурх ба муҳорибаи муттаҳидаи ҷиддӣ ҷуръат накарда, ба маҳалҳои гуногуни Бухорои Шарқӣ пароканда шуда, муборизаро идома доданд. Аскарони сурх баъди ишғол намудани Душанбе ба ду самт: яке ба самти водии Вахш ва дигаре ба самти Кӯлоб ҳаракат карданд. Қисмҳое, ки ба самти водии Вахш ҳаракат мекарданд, яъне бригадаи савораи 3-юм дар ҳайати полкҳои савораи 5 ва 6-ум, саҳарии 22 феврал аз Ҳисор баромада, аз болои деҳаҳои Лақай, Даҳанакиик, Обикиик гузашта, аз наздикии деҳаи Қизил Қалъа дарёи Вахшро убур намуда, 24 феврал Қӯрғонтеппа, 6 март Қубодиён ва 9 март Саройи Камарро забт намуданд. Дар ин самт қисмҳои аскарони амирӣ ба аскарони сурх муқобилияти сахт нишон дода натавонистанд. Аз ҳамин сабаб ҳам дар муддати кӯтоҳ, яъне аз 24 феврал то 9 март дар тамоми водии Вахш тартиботи Шӯравӣ барпо карда шуд ва ҳокимият дар ин мулкҳо низ ба ихтиёри кумитаҳои инқилобӣ гузашт. Минбаъд ин қисмҳо амалиёти худро ба сӯйи Кӯлоб давом дода Фархор, Сайёд, Чубекро забт намуда, ба Кӯлоб расиданд. Қисми дигари аскарони сурх, ки ба самти Кӯлоб ҳаракат мекарданд, аниқтараш барои дастгирии амири гуреза мешитофтанд, 23 феврал Кофарниҳон ва 24 феврал Файзободро ба даст дароварданд. Ин маҳалҳо, дар навбати худ барои ҳаракат кардан ба сӯйи Кӯлоб ва Қаротегин нуқтаҳои муҳимтарин ба ҳисоб мерафт. Амир ҳам ҳангоми гурехтан аз болои ҳамин маҳалҳо гузашта, ба воситаи кӯпруки Пули Сангин (ҳозира ҷойи истгоҳи барқии Норак) дарёи Вахшро убур намуда, ба сӯйи Кӯлоб гурехт. Амир Олимхон ҳангоми гурехтан, аз қафои худ тамоми кӯпрукҳо, аз он ҷумла кӯпруки Пули Сангинро вайрон кард, Чунин ҳолат ҳаракати қисмҳои аскарони сурхро душвор гардонид. Барои аз нав барқарор намудани Пули Сангин 9 март аз Душанбе мутахассисон фиристода шуданд. Барқарор намудани кӯпрук дар ҳолати мураккаби ҷангӣ, идомаи тирпарронии тарафайн мегузашт. Аз Файзобод қисмҳои аскарони сурх боз ба ду самт: самти Қаротегин ва самти Кӯлоб тақсим шуданд. Қисмҳое, ки бояд ба сӯйи Кӯлоб ҳаракат мекарданд, дар назди Пули Сангин камин гирифта, ҳар лаҳза ба ҳуҷум гузашта, интизори аз нав барқарор намудани кӯпрук буданд. Қисмҳое, ки ба самти Қаротегин ҳаракат мекарданд, 13 март ба роҳ баромаданд. Онҳо дар роҳи Файзобод — Оби Гарм муқобилияти отряди Нурулло туқсаборо бартараф намуда, 16 март Оби Гармро забт намуданд. 18 марти соли 1921 қисмҳои аскарони сурх, баъди каме истироҳат, аз Оби Гарм ба сӯйи Ғарм ҳаракат карданд. Роҳ хело сербарф ва бо дараҳои танги кӯҳӣ мегузашт. Аскарони сурх бо чунин душвориҳо то ба деҳаи Муҷихарф, ки каме дуртар аз Ғарм воқеъ аст, омада расиданд. Дар наздикии Ғарм муҳорибаи сахттарин ба амал омад, ки дар он ҷо ба муқобили қисмҳои аскарони сурх отряди Кӯри Шермат ва қӯрбошиҳои ӯ Нурмат мингбошӣ, Аскарполвон ва қӯшунҳои Фузайл Махсум меҷангиданд. Ин муҳориба низ ба фоидаи аскарони сурх анҷом ёфт. Кӯри Шермат бо дастаҳои боқимондаи худ ба сӯйи водии Олой гурехта, аз он ҷо боз ба Фарғона гузашт. Аскарони сурх 23 март бе муқобилияти ҷиддӣ дохили Ғарм шуданд. Онҳо дар Ғарм кумитаи инқилобиро бо сарварии Умаров ташкил доданд. Сарвари комиссияи озуқа Нусратулло Махсум таъин гардид. Охири моҳи март маркази бекигарии Дарвоз — Қалъаи Хумб ҳам аз тарафи аскарони сурх ишғол гардид. Дар ин ҷо ҳам кумитаи инқилобӣ ташкил ёфт. То 9 апрели ҳамон сол қисмҳои аскарони сурх, бо сардории Я. А. Мелкумов тамоми сарзамини бекигариҳои Қаротегин ва Дарвозро ба даст дароварданд. 14 марти соли 1921 баробари аз нав барқарор намудани кӯпруки Пули Сангин, қисмҳои аскарони сурх амалиётро ба сӯйи Кӯлоб давом доданд. Вақти аз дарёи Вахш гузаштани онҳо, аскарони амирӣ, ки дар он тарафи дарё буданд, аз ҷангҳои ҷиддии минбаъда даст кашида, ба ҳар сӯ пароканда шуда рафтанд. Ин имконият дод, ки аскарони сурх, аллакаӣ дар рӯзи дигар, яъне 15 март, соати 14-у 30 дақиқа Кӯлобро бе ҷанг ба даст дароранд. Вале амир Олимхон аллакаӣ дар Кӯлоб набуд. Вай ҳанӯз рӯзи чаҳоршанбе, 22 ҷумодӣ-ус-сонии соли 1339 ҳиҷрӣ (4 марти соли 1921 милодӣ), аз гузаргоҳи Дарқади назди Чубек дарёи Панҷ (ё худ дарёи Омуя)-ро гузашта, ба хоки Афғонистон дохил шуд.1 16 март дар Кӯлоб гирдиҳамойии серодам ба вуҷуд омад. Дар он ба ихтиёри кумитаи инқилобӣ гузаштани ҳокимият эълон гардид. Чунин кумитаҳо дар Муъминобод (бо сарварии Саидҷон Назаров), Ховалинг (бо сарварии Мирҷон Акобиров), Сари Хосор ва дигар ҷойҳо ташкил ёфт. Вале ташкил намудани кумитаи инқилобӣ дар Балҷувон нисбатан кашол ёфт. Зеро, беки Балҷувон Давлатмандбий аз мавқеи кӯҳии мулки худ истифода бурда, ба муқобили аскарони сурх муборизаро давом дод. Аммо вай ҳам дуру дароз истодагарӣ карда натавонист. 20 март қисмҳои аскарони сурх Балҷувонро ба даст дароварда дар ин ҷо ҳам кумитаи инқилобиро ташкил карданд. Дар Кӯлоб инчунин Кумитаи Инқилобии вилоятӣ ташкил дода шуд, ки ба он кумитаҳoи инқилобии Балҷувон, Ховалинг ва Саройи камар итоат мекарданд. Ҳамин тавр, аз моҳи декабри соли 1920 то апрели соли 1921, дар натиҷаи амалиётҳои ҷангии аскарони сурхи Отряди эъзомии ҳарбии Ҳисор дар тамоми сарзамини Бухорои Шарқӣ тартиботи амирӣ барҳам дода шуд ва ҳокимият ба ихтиёри кумитаҳои инқилобӣ гузашт. Бо ҳамин чорабиниҳои дар назди қисмҳои аскарони сурх, барои сарнагун намудани тартиботи амирӣ дар тамоми сарзамини собиқ аморати Бухоро гузошташуда, пурра иҷро гардид.
Бозгашт ба мундариҷаи китоб Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.
Бо дӯстонатон баҳам бинед: ВКонтакте Facebook Одноклассники Мой Мир Twitter Skype Telegram
Андешаатонро баён кунед Посухро бекор кардан 窗体顶端
E-mail-и Шумо нашр намешавад. Хоначаҳои ҳатмӣ бо * ишора карда шудаанд
Гузориш
Ном *
E-mail *
Сомона
Барои гузоришҳои оянда ном, email ва нишонии сомонаам дар ин мурургар нигоҳ дошта шавад.
Ёбед: × = 窗体底端
Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.
窗体顶端 窗体底端
Имрӯз Имрӯз ‒ Чоршанбе. Шумо дар сомонаи zarowadk.ru ҳастед. 17 марти соли 2021 исавӣ. 27 Исфанд (Ҳут)-и соли 1399 ҳ.х. 3 Шаъбони соли 1442 ҳ.м. Ҳоло бо Шумо дар сомона: 13 кас
Реклама
10 пурхонандатарин Абдураҳмони Ҷомӣ – чанд ғазал Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ Лоиқ Шералӣ. Модарнома – матн Маводҳои санҷишӣ барои хатмкунандагони мактабҳо Реферат ва иншоҳо Реферат ва иншоҳо Рубоиёти Умари Хайём – матн С. Айнӣ . Ёддоштҳо – матн Саъдӣ. Гулистон – матн Солатон чист СИПОСГУЗОРӢ СИПОСГУЗОРӢ
Барои раҳоии сомона аз нобудии ногузир аз ҷавонони бедори миллат Фаридун Маллаев ва Шаҳриёр Усмонов сипосгузорам.
Номнавис шудан Барои дарёфти маводҳои тозаи торнамо ройгон номнавис шавед!
窗体顶端
Номнавис шудан
窗体底端
Мавод писандатон омад? Он гоҳ RSS-ро аз назар гузаронед ё ин ки дар ҷадвали боло барои қуттии электрониатон номнавис шавед ва дарзамон маводҳои тозаро дарёфт кунед!
Диданд
ГУЗОРИШҲОИ ТОЗА Парвин ба навиштаи: Китобҳо. Забоншиносӣ "Ташаккури зиёд, барои дастрас намуд.." Мар 08, 2021 Ҳамаи гуз.: 16 Абдуҳамид Тағоев ба навиштаи: Китобҳо. Фолклор ва адабиёти бачагон "Зинда боошед!.." Мар 07, 2021 Ҳамаи гуз.: 4 Олимова Фаросат ба навиштаи: Китобҳо. Фолклор ва адабиёти бачагон "Сомонаи бисёр хуб ва барои аҳли ҷом.." Мар 04, 2021 Ҳамаи гуз.: 4 Ҳаким ба навиштаи: Мо "Бо салом ва эҳтироми зиёд ва ташакк.." Мар 03, 2021 Ҳамаи гуз.: 44 Абдуҳамид Тағоев ба навиштаи: Китобҳо. Донишномаҳо "Саломат бошед!.." Фев 27, 2021 Ҳамаи гуз.: 6
Мавзӯъҳо · Шеъру таронаҳо
· Забони тоҷикӣ
· Кӯҳистон
· Компутар (Роёна)
· Электрика
· Сарнавишти тоҷик
· Бобоҷон Ғафуров. Тоҷикон
· Шашмақом
· Мероси гузаштагон
· Вебмастеру
· Скачать бесплатно
· Канзи шифо
· MP3
· Реферат, тест ва иншоҳо
Реклама
Contact Sitearchives Sitemap
Маводи сомона моли интеллектуалии муаллиф аст. Ҳамаи файлҳо, ки барои хондану фарокашии ройгон гузошта шудаанд ва ба муаллифони дигар тааллуқ доранд, танҳо барои шиносшавӣ нашр гардидаанд, на ба мақсадҳои тиҷоратӣ ва судҷӯйӣ. Муаллифон ва соҳибҳуқуқон ҳар гоҳ метавонанд онҳоро бо дархости худ аз интишор боздоранд.
© 2013-2021 zarowadk.ru. Email: zarowadk@gmail.com Ҳама ҳуқуқҳо маҳфузанд. Даромадан
Ба боло
Хабарнома дар бораи хатогӣ Матни хато, ки барои ислоҳ кардан ба А. Тағоев фиристода мешавад: Фиристодан Отмена
|
|
|