Главная страница
Навигация по странице:

  • . Таъсироти нохуши антибиотикҳо Таъсири нохуши доруҳо - реаксияхои аллергӣ

  • Таъсироти иохуши пенитсиллинҳо

  • Сефалоспор

  • Таъсири нохуши Карбапенем - имепенем

  • Таъсироти нохуши левомитсетин

  • Д и с б а к т е р и о з

  • Таъсири нохуши. Таъсири нохуши антибиотико ба организм


    Скачать 93.5 Kb.
    НазваниеТаъсири нохуши антибиотико ба организм
    Дата24.12.2018
    Размер93.5 Kb.
    Формат файлаdoc
    Имя файлаТаъсири нохуши.doc
    ТипДокументы
    #61614


    Таъсири нохуши антибиотикҳо ба организм

    Антибиотик доруҳои босамар бошад ҳам, ба организми бемор метавонанд таъсири манфи расонанд. Масалан стрептомитсин, канамитсин ва неомитсин шунавоиро паст ва фаолияти ҷиҳози мувозинатро халалдор месозанд; левомитсетин ба хун, тетрасиклин бошад ба кори ҷигар таъсири нохуш мерасонанд. Дар баъзе ашхос истеъмоли антибиотик хусусан пенитсилин (ҳатто миқдори хеле ками он), боиси хориши пӯст, саглес, обварам,экзема ва ғайра мешавад.Ҳангоми худмуолиҷаи бенизом ва бардавом алергияи доруи шакли музминро мегирад. Дар баъзе ҳолатҳо мумкин аст, ки миқдори ночизи пенитсиллин ё ягон антибиотики дигар (хусусан ҳангоми бо як дору такроран муолиҷа намудан) боиси садмаи анафилакси гардад. Дар ҳар ҳолати мушаххас раво ё нораво будани ин ё он антибиотикро донистан лозим аст.

    Масалан, мавриди ҳомилаги,экзема, бемориҳои занбӯруғи ва дигар амрози пӯст истифодаи левомитсетин, ҳангоми баъзе бемориҳои гурдаю ҷигар истифодаи мономитсин манъ аст, чунки онҳо раванди бемориҳои мазкурро бадтар мекунанд. Нодуруст ва беназорат истифода бурдани антибиотик боиси рӯй додани дигар ҳодисаҳои хатарнок низ мегардад. Дар натиҷаи истифодаи миқдори ниҳоят ками антибиотик ё пеш аз мӯҳлат қатъ кардани корбасти онҳо, микроби бемориҳо, ки дар организми одам вуҷуд дорад, ба ин дору одат карда, устувор мегардад. Аз ин сабаб бемори ба шакли музмин гузашта, муолиҷааш душвор хоҳад шуд. Дурудароз қабул кардани дору бемории нав-кандидозро ба вуҷуд меорад. Ҳангоми он пӯст, пардаҳои луобии даҳон, рӯда, шуш ва дигар узвҳо иллат меёбанд. Кандидоз асосан дар одамони солхӯрда ва кӯдакон ба мушоҳида мерасад ва муолиҷааш душвор аст. Танҳо назорати доимии духтур имкон медиҳад, ки табобат бо антибиотик босамар гузаронида хатари инкишофи микроорганизмҳои устувор кам гардад оқибати номатлуби таъсири антибиотик бартараф карда шавад.

    Антибиотикҳо - инҳо паӣвастагиҳои кимиёии табиаташон биологӣ, ки ба микромавҷудотҳо таъсироти интиҳобӣ, иллатноксозанда ва нобудсозанда мерасонанд.

    Антибиотикҳое, ки дар амалияи тиб истифода бурда мешаванд, аз ҷониби актиномитсетҳо (занбурӯғҳои дурахшон), занбурӯғҳои мағорӣ, ҳамчунин аз ҷониби баъзе бактерияҳо ҳосил карда мешаванд.

    Ба ин гурӯҳ ҳамчунин амсолони (аналогҳои) сунъӣ ва маҳсулини антибиотикҳои табиӣ мансуб мебошанд.

    Антибиотикҳои таъсироти антибактериявӣ, зиддиомосӣ ва зиддизанбӯруғи дошта мавҷуданд.

    . Таъсироти нохуши антибиотикҳо

    Таъсири нохуши доруҳо - реаксияхои аллергӣ, лейкопения, озурдакунии ноҳияви (дар натиҷа флебит дар ҷои вориднамудаи дору), ҳолатҳои диспепсия ва ғайра. Таъсири нохуш - реаксияи аллергия, ҳолати диспепсия, дона задани пӯст ва ғайра.

    Таъсироти иохуши пенитсиллинҳо.

    Заҳрнокии пенитсиллинҳо паст буда, васегии таъсири терапевтиашон калон мебошад.

    1) Реаксияҳои аллергиро ба вуҷуд меоранд, садмаи анафилактики, ки аз ин сабаб ҳатто марг бавуҷуд омаданаш мумкин аст.

    2) Ҳассоснокии микробҳо тез ба антибиотик бавуҷуд меояд.

    3) Дисбактериоз - афсурдашавии микробҳои рӯда ба вуҷуд меояд ва сапрофитҳо зиёд мешавад ба протеи табдил меёбанд.

    5) Микоз, кандидамикоз, кандидоз ба вуҷуд меояд - дар пӯст ва узвҳои даруни замбуруғҳо пайдо мешавад.

    Сефалоспоринҳо

    Аз замбуруғи Cephalosporinum acremonium яккатор антибиотикҳо ҳосил шудаанд. Доруҳои сефалотин, сефалоридин, сефалексин, сефаклор, сефотаксим, сефуроксим, сефоперазон, сефепим,сефтриаксон ва ғайраҳо. Таъсири ин доруҳо бактериотсиди мебошанд - яъне таъсири афсурдакунии ба ҳосилшавии девораи ҳуҷайра мебошад. Сохташон ҳалқаи В—лактами доранд. Ба монанди пенитсиллинҳо ферменти транспептидазаро афсурда мекунад, ки он барои синтези сохти девораи ҳуҷчайраи микроб иштирок мекунад.

    Доруҳо ба таъсири В-лактамаза ҳасос мебошанд. Ба микробҳои грамм манфи, грамм мусбат, клебсиелла, салмонелла, псевдомонас, клостридий, протей, чӯбчамикроби рӯда, энтеробактер, "бактероид, ба штаммҳои гемофилия, нейсерия ва ғайра таъсир мерасонанд. Доруҳоро парентерали ва ба дарун (энтералй) ворид кардан мумкин аст. Ин доруҳоро ҳамчун антибиотикҳои захирави истифода мебаранд.
    Таъсири нохуши стрептомитсин- ба узви шунавоӣ - ба чуфти VIII-ми асабҳои майна (гуш кар мешавад). Барои пешгирии он калсий пантотенатро истифода бурдан лозим аст: ба синапсҳои асабу-мушаки таъсири афсурдакунанда мерасонад- реаксияхои аллергия ба вуҷуд меорад, стрептомитсин ба гурҳдахо заҳрнок аст.

    Таъсири нохуши Карбапенем - имепенем - доруи нимсинтетикии фаъолнокиаш баланд аст. Спектри васеъ дорад. Он бар зидди бактерияҳои аэроби ва анаэроби таъсирнок аст. Синтези девораи ҳуҷайраи микробро вайрон мекунад, хосияти бактериосиди дорад. Ба В-лактамаза устувор аст. Доруро дохили вена пас аз ҳар 6 соат таъин мекунанд. Аз узви ҳозима нағз ҷаббида намешавад.Таъсири нохуши дору - дилбеҳузури, қайкуни, реаксияҳои аллергия ва ғайра.

    Доруи меропенем (меронем) - фарқияташ дар он аст, ки устуворнокии микроб кам ба вуҷуд меояд. Дар таъсири В-лактамаза устувор аст. Аз руи механизм ва спектри зидди микроби ба именипенем монанд аст. Аз монеахои ҳуҷайрави нағз мегузарад. Асосан доруҳо бо гурдаҳо хориҷ мешаванд. Доруҳоро ҳангоми пневмония, перитонит, менингит, сепсис, авҷгирии бронхити музмин, уфунати роҳҳои пешоббарор ва ғайра истифода мебаранд.

    Таъсироти нохуши левомитсетин:

    1) Ба системаи хунофар таъсири афсурдакуни дорад ҳолатҳои агранулоситоз, камхунии апласти,гранулоситопения ба амал меояд. Барои ин баъди таъини дору анализи хунро назорат кардан лозим аст.

    2) Реаксияҳои аллергия ба вуҷуд меоянд.

    3) Ба ҷигар таъсири заҳрнок дорад, аломатҳои қайкуни, исҳол аз сабаби озурдакунии луобпардаҳо ба амал меоянд.

    4) Суперинфексия -кандидамикоз, уфунат бо стафилококкҳо, протей.

    Д и с б а к т е р и о з -яке аз таъсироти нохуши антибиотикҳо ин Дисбактериоз мебошад.- Дисбактериоз- афсурдашавии микробхои рӯда ба вучуд меояд ва сапрофитхо зиёд мешавад ба протеи табдил меёбанд.

    Дисбактериоз (Dysbacteriosis), тағйир ёфтани таркиб ва таносуби миқдории микрофлораи зарурии узвҳои тиҳӣ (холӣ), ки ба муҳит (мас., роҳи болои нафас, рӯда) ва пӯсти одам тамос доранд.

    Фаъолияти физиологии организм ва неруи муҳофизии он ба ҳаёти микрофлораҳо сахт марбут аст. Микрофлораи зарурие, ки дар рӯда, роҳи болои нафас ва пӯсти одам зиндагӣ мекунанд, одатан, ин узвҳоро аз таъсири микроорганизмҳои бемориовар ҳифз менамоянд. Қонунияти мазкур хусусан дар микрофлораи рӯда хуб омӯхта шудааст.

    Яке аз сабабҳои асосии дисбактериоз, худсарона ва беназорат истеъмол кардани доруҳои зиддибактериявӣ мебошад. Дар ин маврид микрофлораи зарурии организм зери таъсири дору маҳв гашта, микрофлораи нисбати доруҳо пурбардошт зиёд мешавад. Дар ҳама гуна маврид ба инкишофи дисбактериоз ихтилоли масуният (иммунитет)-и организм мусоидат мекунад. Дисбактериоз сабабҳои гуногун дорад, масалан, тағйир ёфтани муҳит, тарзи ғизогирӣ, истеъмоли машруботи спиртӣ, бемориҳо ва


    написать администратору сайта