хамбастаги. Хамбастаги. урбонов . Ш
Скачать 42.99 Kb.
|
Фарҳанги сиёсӣ ва одоби тоҷикии Пешвои миллат буд, ки дар раванди сулҳи тоҷикон борҳо шоҳид будем: он вақт гарчӣ дар Тавилдараву Рашт ҷанг мерафт, Пешвои миллат бо табассуму рӯӣ кушод аз мавқеи ватандорона истода, мухолифонро ба бозгашт ба меҳвари арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ даъват менамуданд: «Домулло, бас будагист акнун, баргардед ба Тоҷикистон, ватанро обод кардан даркор…». (Абдулло Раҳнамо, Ҳамбастагии миллӣ дар баробари таҳдидҳои ифротгароӣ, сомонаи интернетии hgu.tj, 23.09.2019) Агар ба таърихи дини мубини ислом нигоҳе андозем мебинем, ки ҳануз дар рӯзҳои аввали зуҳураш қабоили гуногун ва ҷангҷӯю номуттаҳидро дар доираи арзишҳои маънавию фитрии худ зери як шиору парчам ва давлати баробару бародарӣ, ки марзу ҳудуд надорад ҷамъовард. (Қурбонов Ҳ.Ш., Арзишҳои динӣ ва ҳуввияти миллӣ, tsulbp.tj, 13.12.2019)бо вуҷуди ин фарҳанги ҳазорсола, заковату шуҷоати халқ ва хиради сиёсии Сарвари давлат аз муҳимтарин омилҳое буданд, ки моро ба сулҳу Ваҳдат расониданд, ки баъдан он ба бузургтарин нерӯи созанда ва ормони мардумӣ табдил гардид. Имрӯз кишвари мо ба ваҳдатистони ҳақиқӣ табдил шудааст. Мардум аҳамият ва зарурияти Ваҳдатро бештару хубтар дарк намуда, барои таҳкими пояҳои он содиқона заҳмат мекашанд.(Мирзоқосим Каримзода, Сулҳ асоси ҳамбастагии миллат, hi-in.facebook.com)Тоҷикон дар тӯли таърихи тӯлонии аз сиёсат канор рафтани худ ҳисси боварӣ ба худ, ба имкониятҳои зеҳнӣ ва сиёсию иҷтимоии мардуми худ барои тағйири вазъро аз даст додаанд.(Бобоёров Ҳафиз, Ҳамбастагӣ барои интихоби ояндае шоитса, ozodi.org)Ифротгароӣ. Аллайҳи он чӣ бояд кард?Киҳо ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ шомил мешаванд?Онҳое, ки саводу маърифати дурусти динӣ надоранд, фаҳмиши радикалию хушунатомези меъёрҳои дин, таълимоти сирф сиёсишудаи исломиро ба эътиқоди худ табдил додаанд. Омилҳои дигаре, мисли ҳомиёни ҳимоятгару созмондеҳи ин гурӯҳҳо, манфиатҳои мушаххаси қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, истифода аз мушкилот ва ихтилофи иҷтимоӣ боиси ташкили ин гурӯҳҳо мегарданд. http://sangvor.tj/tj/khabarho/ifrodgaroi |