тести_Назарияи_иктисоди 2 кредит 2021. 125. 01. 0403тА, тб андоз ва андозбанд 125. 01. 11та, тбАудит ва ревизия
Скачать 102.87 Kb.
|
A) | хароҷоте, ки бо амалигардонии варианти интихоб гашта алоқаманд буда бо арзиши беҳтарини алтернативаи инъикоршуда муқоиса карда мешавад, чунки аз ин арзиш даст кашида шудааст |
B) | истифодабарии ҳамаи вариантҳои имконпазир мебошад |
C) | харочот барои мубодила |
D) | харочоти умумӣ |
79. | Алтернатива чист? |
A) | ин зарурияти интихоби як вариант аз ду ва ё зиёда вариантхои имконпазир мебошад |
B) | истифодабарии ҳамаи вариантҳои имконпазир |
C) | истеҳсоли молҳои барои истеъмолот зарур |
D) | ҷавоби дуруст нест |
80. | Шаклҳои музди меҳнат |
A) | Вақтбай ва корбай |
B) | Дифференсиалӣ |
C) | Оддӣ ва мураккаб |
D) | Мутлақ |
81. | Ақидаи тарафдорони консепсияи хароҷотӣ- |
A) | онҳо арзишро бо хароҷоти истеҳсолот алоқаманд мекунанд, яъне бо хароҷот барои воситаҳои истеҳсолот ва пардохти меҳнат |
B) | дар асоси мубодила фоиданокӣ хобидааст |
C) | молҳои мубодилашаванда асоси ягонаро дар намуди хароҷоти меҳнат доранд, ки арзишро муайян менамоянд |
D) | Дар асоси мубодила тақсимот хобидааст |
82. | Захираҳои табиӣ ин- |
A) | қисми маҷмӯи шароитҳои табиии мавҷудияти инсон, нишондоди асосии муҳити атроф, ки дар ҷараёни истеҳсолот истифода мешаванд |
B) | воситаҳои пулие, ки инсон бо воситаи онхо молҳои заруриашро дастрас мекунад |
C) | бо ҳамаи воситаҳои истеҳсолот ифода карда мешавад, ки худи онҳо натиҷаи истеҳсолот мебошанд |
D) | ин маълумотҳое, ки барои фаъолияти истеҳсолоти автоматикунонидашуда ва идора кардани он бо воситаи компютер зарур мебошанд |
83. | Ба муаммоҳои фундаменталии иқтисодиёт дохил намешавад- |
A) | Дар куҷо истеҳсол кардан? |
B) | чӣ истеҳсол кардан? |
C) | чӣ тавр истеҳсол кардан? |
D) | барои кӣ истеҳсол кардан? |
84. | Кадоме аз гуфтаҳо дуруст аст? |
A) | эхтиёҷоти инсон бемаҳдуд, вале захираҳо барои қонеъгардонии онҳо маҳдуданд |
B) | эҳтиёҷоти инсон ва захираҳо маҳдуданд |
C) | эхтиёчоти инсон махдуд, вале захираҳо барои қонеъгардонии онхо бемахдуданд |
D) | эҳтиёҷоти инсон махдуд вале эҳтиёҷотҳои ҷамъият бемаҳдуд |
85. | Муаммои интихоб дар иқтисодиёт аз чӣ сабаб ба миён меояд? |
A) | аз сабаби маҳдудияти захираҳои иқтисодӣ |
B) | аз сабаби номахдудияти захираҳои иқтисодӣ |
C) | аз сабаби норасогии масштабҳои истеҳсолӣ |
D) | Аз сабаби маҳдуд будани эҳтиёҷоти инсон |
86. | Қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷамъият ин: |
A) | маҷмӯи кувваи корӣ ва воситаҳои истеҳсолот |
B) | Меҳнат |
C) | предмети меҳнат |
D) | Замин |
87. | Захираҳои меҳнатӣ гуфта чиро мефаҳманд? |
A) | бо қувваи корӣ ифода карда мешаванд, яъне аҳолии дар синни коршоямӣ қарор дошта |
B) | ҳаммаънои захираҳои табиат |
C) | воситаҳои пулие, ки инсон бо воситаи онхо молҳои заруриашро дастрас мекунад |
D) | бо ҳамаи воситаҳои истеҳсолот ифода карда мешавад, ки худи онҳо натиҷаи истеҳсолот мебошанд |
88. | Омилҳои истеҳсолот кадоманд? |
A) | замин, меҳнат, сармоя,қобилияти соҳибкорӣ |
B) | пул, бозор |
C) | Мол |
D) | Моликият |
89. | Захираҳои иттилоотӣ гуфта чиро мефаҳманд? |
A) | ин маълумотҳое, ки барои фаъолияти истеҳсолоти автоматикунонидашуда ва идора кардани он бо воситаи компютер зарур мебошанд |
B) | ҳаммаънои захираҳои табиат |
C) | воситаҳои пулие, ки инсон бо воситаи онхо молҳои заруриашро дастрас мекунад |
D) | бо ҳамаи воситаҳои истеҳсолот ифода карда мешавад, ки худи онҳо натиҷаи истеҳсолот мебошанд |
90. | Низоми иқтисодӣ ин- |
A) | ин алоқаи батартибдаровардашудаи байни истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагони неъматҳои моддӣ, маънавӣ ва хизматҳо мебошад |
B) | Қонунҳои идора намудани истеҳсолот |
C) | Қонунҳои идора намудани тақсимот |
D) | Қонунҳои идора намудани истеъмолот |
91. | Каҷхаттаи имкониятҳои истеҳсолӣ бо назардошти кадом фарзияти номбурда сохта мешавад? |
A) | дар иқтисодиёт ду намуди неъмат истеҳсол карда мешавад |
B) | дар иқтисодиёт танхо як намуди неъмат истеҳсол карда мешавад |
C) | барои истеҳсоли неъматҳо ҳаҷми захираҳои мавҷудбуда пурра истифодабурда намешаванд |
D) | дар иқтисодиёт се намуди неъмат истеҳсол карда мешавад |
92. | Милликунонӣ чист? |
A) | гузаронидани моликияти хусусӣ ба моликияти давлатӣ |
B) | шахсе, ки имконият ва ҳуқуқи соҳибии объекти моликиятро дорад. |
C) | маҷмӯи чораҳо оид ба ислоҳоти моликияти давлатӣ мебошад, ки ба бартараф намудани нақши ниҳоят калони давлат дар иқтисодиёт равона карда шудааст |
D) | гузаронидани моликияти давлатӣ ба моликияти хусусии шахсони алоҳида ва ё шахсони ҳуқуқӣ |
93. | Кадом сатҳи назарияи иқтисодӣ қонунҳои хоҷагидории оқилонаи хоҷагии қишлоқро хамчун соҳа меомӯзад: |
A) | Мезоиктисод |
B) | Микроиктисод |
C) | Макроиктисод |
D) | Мегаиктисод |
94. | Асари А.Монкретен- |
A) | Рисолаи иқтисоди сиёсӣ |
B) | Капитал |
C) | Назарияи умумии шуғл, фоиз ва пул |
D) | Тадқиқот оиди табиат ва сабабҳои боигарии халқҳо |
95. | Мол чист? |
A) | маҳсули меҳнати инсон, неъмати иқтисодӣ мебошад, ки барои фурӯш ва қонеъгардонии ягон эҳтиёҷот истеҳсол карда мешавад |
B) | эквиваленти умумӣ |
C) | ифодаёбии пулии арзиш |
D) | маҳсули меҳнати инсон, ки ягон эҳтиёҷоти инсонро қонеъ мегардонад |
96. | Асари Ксенофонт - |
A) | Экономикс |
B) | Капитал |
C) | Тадқиқот оиди табиат ва сабабҳои боигарии халқҳо |
D) | Рисолаи иқтисоди сиёсӣ |
97. | Музди меҳнат ин- |
A) | даромад дар шакли пулиест, ки аз тарафи коргари кироя бар ивази хизматҳои муайяни меҳнатӣ ба даст оварда мешавад |
B) | фарқи байни даромади умумӣ ва хароҷот |
C) | даромаде, ки аз тарафи соҳиби замин дастрас карда мешавад |
D) | даромаде мебошад, ки дар натиҷаи истифодабарии омили «капитал» ба даст оварда мешавад |