Главная страница

тести_Назарияи_иктисоди 2 кредит 2021. 125. 01. 0403тА, тб андоз ва андозбанд 125. 01. 11та, тбАудит ва ревизия


Скачать 102.87 Kb.
Название125. 01. 0403тА, тб андоз ва андозбанд 125. 01. 11та, тбАудит ва ревизия
Дата25.10.2022
Размер102.87 Kb.
Формат файлаdocx
Имя файлатести_Назарияи_иктисоди 2 кредит 2021.docx
ТипДокументы
#753579
страница1 из 18
  1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   18

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ҲУҚУҚ, БИЗНЕС ВА СИЁСАТИ ТОҶИКИСТОН


Кафедраи назарияи иқтисодӣ

Саволномаи тестии

имтиҳони ниҳоии нимсолаи якуми соли хониши 2021-2022

аз фанни назарияи иқтисодӣ

барои донишҷӯёни курси 1 шӯъбаи рӯзонаи ихтисосҳои
1-25.01.04-03тА, тБ -Андоз ва андозбандӣ

1-25.01.11та, тб-Аудит ва ревизия

1-25.01.08 тА,тБ

1-26.02.02- менеҷмент

1-25.01.04 тВ, -молия ва қарз

1-25.01.07т-иқтисодиёт ва идоракунии корхонаҳо

1-26.02.03т- маркетинг

1-25.01.05т- омор

1-25.01.02т-иқтисодиёт

1-40.01.02.02.01т- технологияи иттилоотию ҳисоби бухгалтерӣ

1-26.01.02т- идораи давлат ва ҳуқуқ

1-25.01.03- иктисоди чахон

1-23.01.06.01т

1-23.01.06.03т

1-31.03.04т

1-45.01.01.03т

1-40.01.01.02т

1-26.01.01тА, Б-идораи давлатӣ
барои донишҷӯёни курси 2 шӯъбаи рӯзонаи ихтисосҳои

1-23.01.06.03т

1-31.03.04т


Хуҷанд – 2021

Дар Шӯрои илмӣ-методии факултети Молия, суратҷаласаи №___ аз _______ 2021 с. баррасӣ ва тасдиқ шудааст.

Ба талаботи дар бандҳои мактуби Раёсати таълим аз санаи 22-юми октябри с.2021, таҳти №246 ҷавобгӯ аст.

Декани факултет,

н.и.и., дотсент Хоҷаева Д.А.
Дар ҷаласаи кафедра, суратҷаласаи №___ аз _________ 2021с. баррасӣ ва тасдиқ шудааст.

мудири кафедра,

д.и.и., профессор Раҳимов А.М.
Тартибдиҳандагон,

дотсентон Алиҷонова С.А.

Носирова У.Н.

Насимова М.А.

ассистент Осимова М.М.
Мудири бахши

идоракунии сифати таҳсилот

н.и.и. дотсент: Абдуллоева А.Т.
Сардори маркази

тестӣ, н.и.ф., дотсент Майнусов Д.Ф.

Тест бо як ҷавоби дуруст

1.

Тақсимот ин-

A)

муайян намудани ҳиссаи ҳар як аъзои ҷамъият дар маҳсулоти офаридашуда мебошад

B)

зиннаи ҳаракати маҳсулоти ҷамъиятӣ, ки неъматҳои офаридашуда ба дигар неъматҳо иваз карда мешаванд

C)

зиннаи истифодабарии неъматҳои офаридашуда

D)

ҷараёни таъсиррасонии инсон ба табиат

2.

Истеъмолоти вопасин ин

A)

истифодаи нихоии неъматҳоро дар назар дорад

B)

истеъмоли неъматҳо барои коркарди минбаъда

C)

истифодабарии неъматҳои табиӣ мебошад

D)

ҷавоби дуруст нест

3.

Мувофиқи ақидаи тарафдорони назарияи фоиданокии интиҳоӣ

A)

дар асоси мубодила фоиданокӣ хобидааст

B)

молҳои мубодилашаванда асоси ягонаро дар намуди хароҷоти меҳнат доранд, ки арзишро муайян менамоянд

C)

онҳо арзишро бо хароҷоти истеҳсолот алоқаманд мекунанд, яъне бо хароҷот барои воситаҳои истеҳсолот ва пардохти меҳнат

D)

Дар асоси мубодила истеъмолот хобидааст

4.

Ҷараёни ҳаракати неъматҳои моддӣ ва хизматҳо аз як субъект ба субъекти дигар ин:

A)

Мубодила

B)

Истеҳсолот

C)

Тақсимот

D)

Истеъмолот

5.

Даромад аз сармоя ин-

A)

Фоиз

B)

Рента

C)

музди меҳнат

D)

рентаи мутлак

6.

Воситаи меҳнат ин:

A)

маҷмӯъи олотҳои меҳнат

B)

захираҳои табиӣ, ки барои дигаргунсозии онхо меҳнати инсон равона карда мешавад

C)

фаъолияти бошуурона ва мақсадноки инсон аст

D)

Ашёи меҳнат

7.

Нарх чист?

A)

ифодаёбии пулии арзиши мол аст

B)

эквиваленти умумӣ аст

C)

ягон эҳтиёҷоти инсонро қонеъ мегардонад

D)

сарчашмаи боигарӣ аст

8.

Фаъолияти мақсаднок ва бошууронаи инсон ин

A)

Меҳнат

B)

предмети мехнат

C)

воситаи мехнат

D)

кувваҳои истеҳсолкунандаи ҷамъият

9.

Захирахои табиӣ, ки барои дигаргунсозии онхо меҳнати инсон равона карда мешавад:

A)

ашёи меҳнат

B)

Мехнат

C)

воситаи мехнат

D)

қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷамъият

10.

Маҷмӯъи олотҳои меҳнат ин:

A)

воситаи меҳнат

B)

Меҳнат

C)

предмети меҳнат

D)

қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷамъият

11.

Агар иқтисодиёт дар дохили качхаттаи имкониятхои истеҳсолӣ ҷойгир шавад, он гох:

A)

захираҳои иқтисодии дар истеҳсоли неъматхо истифодашаванда нопурра истифодабурда мешавад

B)

захираҳои иқтисодии дар истеҳсоли ду неъмат истифодашаванда аз рӯи шумора маҳдуданд

C)

захираҳои иқтисодии дар истеҳсоли ду неъмат истифодашаванда аз рӯи шумора номахдуд аст

D)

захираҳои иқтисодии дар истеҳсоли неъматхо истифодашаванда пурра истифодабурда мешавад

12.

Омилҳои истеҳсолот ин-

A)

захираҳое, ки дар ҷараёни истеҳсоли неъматҳо иштирок мекунанд

B)

воситаҳои пулие, ки инсон бо воситаи онхо молҳои заруриашро дастрас мекунад

C)

фаъолияти бошуурона ва мақсадноки инсон аст

D)

зиннаи истифодабарии неъматҳои офаридашуда мебошад

13.

Дар зери мафҳуми «дасти ноаён» чиро мефахманд?

A)

механизмҳои талабот, пешниҳод, нарх, рақобатро мефаҳманд

B)

меҳнат, заминро мефахманд

C)

капитал, предмети меҳнатро мефаҳманд

D)

ҷавоби дуруст нест

14.

Мезоиқтисод чиро меомӯзад?

A)

қонунҳо ва рафтори зерсистемаҳои муайяни иқтисодиёти миллиро, яъне асоси инкишофи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқро меомӯзад

B)

ҷараёни таъсиррасонии инсонро ба предметҳои табиат, бо мақсади офаридани неъматҳои моддӣ ва маънавӣ меомӯзад

C)

қисми назарияи иқтисодии умумӣ, ки фаъолияти субъектони алоҳидаи иқтисодиро тадқиқ мекунад.

D)

қисми назарияи иқтисодии умумӣ, ки иқтисодиётро ҳамчун чизи яклухт бо маҷмӯи муаммоҳои он, дар сатҳи иқтисодиёти миллӣ меомӯзад

15.

Моҳияти ақидаи мактаби марксистӣ кадом аст?

A)

сарчашмаи боигарӣ - арзиши изофа

B)

сарчашмаи боигарӣ- хоҷагии қишлоқ

C)

сарчашмаи боигарӣ - соҳаи муомилот

D)

сарчашмаи боигарӣ - истеҳсолоти моддӣ

16.

Моҳияти усули таҳлил ва синтез дар чист?

A)

ҳар як ҳодисаи иқтисодӣ дар алоҳидагӣ таҳлил карда шуда, натиҷаи таҳлил омехта карда мешавад

B)

фикран истисно намудани ҳодисаҳои дуюминдараҷаро дар назар дорад, ки дар айни ҳол тадқиқ карда намешаванд

C)

муқоиса намудани нишондиҳандаҳои оморӣ дар давоми моҳ, семоҳа, сол ва ғайра

D)

имконият медиҳад, ки қонуну категорияҳои иқтисодӣ ба таври содда дарк карда шаванд, зеро ин усул ҳолатҳои ҳаётиро истифодабурда, қонуну категорияҳои иктисодиро бо чизҳои дигар муқоиса менамояд

17.

Конунҳои иқтисодӣ чист?

A)

қонунҳои идора намудани истеҳсолот, тақсимот, мубодила ва истеъмолотро меноманд, ки дар зиннаҳои гуногуни тараққиёти ҷамъияти инсонӣ амал намуда, робита ва муносибатҳои муҳимтарини ҳаёти иқтисодии ҷамъиятро ифода менамояд

B)

конунҳои инкишоф ва фаъолияти хоҷагии ҷаҳониро ҳамчун як чизи яклухт меомӯзад

C)

қонунҳо ва рафтори зерсистемаҳои муайяни иқтисодиёти миллиро меноманд

D)

қонунҳои табиат аст

18.

Мегаиқтисод чиро меомӯзад?

A)

конунҳои инкишоф ва фаъолияти хоҷагии ҷаҳониро ҳамчун як чизи яклухт меомӯзад

B)

қонунҳо ва рафтори зерсистемаҳои муайяни иқтисодиёти миллиро, яъне асоси инкишофи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқро меомӯзад

C)

қисми назарияи иқтисодии умумӣ, ки фаъолияти субъектони алоҳидаи иқтисодиро тадқиқ мекунад

D)

қисми назарияи иқтисодии умумӣ , ки иқтисодиётро ҳамчун чизи яклухт бо маҷмӯи муаммоҳои он, дар сатҳи иқтисодиёти миллӣ меомӯзад

19.

Усули аналогия чӣ хел усул аст?

A)

Имконият медиҳад, ки қонуну категорияҳои иқтисодӣ ба таври содда дарк карда шаванд, зеро ин усул ҳолатҳои ҳаётиро истифодабурда, қонуну категорияҳои иктисодиро бо чизҳои дигар муқоиса менамояд

B)

фикран истисно намудани ҳодисаҳои дуюминдараҷаро дар назар дорад, ки дар айни ҳол тадқиқ карда намешаванд.

C)

алоқамандии ҷараёнҳо ва ҳодисаҳои иқтисоди ва пай дар пай вобаста будани онҳо мебошад

D)

ҳаракати тафаккур аз амалия ба назария

20.

Кадоме аз иқтисодчиён намояндаи мактаби меркантелистон ба шумор меравад?
  1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   18


написать администратору сайта