Билет бо чавобхо 30 билет-1828155221. Билети 1 Итисодиёт хусусиятои асосї ва функсияо
Скачать 235 Kb.
|
Билети 1 1.Иќтисодиёт: хусусиятњои асосї ва функсияњо Иќтисодиёт ё ин ки хољагии миллї гуфта маљмўи соњањоеро меноманд, ки тавассуташон боигарињои моддї ва маънавї истењсол карда мешаванд. Функсияи асосии иќтисодиёт - истењсол ва эљодкунии боигарии миллї ба манфиати љомеа мебошад. Се навъи ташкили иќтисодиётро људо менамоянд: а) хољагии содда ё ин ки анъанавии марбут ба кишварњои таназулёфта; б) иќтисодиёти бозоргонї; в) низоми маъмурї-фармонфармої иќтисодиёт, ки асоси онро моликияти давлатї ташкил медињад. 2.Номи фирмавї Номи фирмавї гуфта, номи шахси њуќуќиеро меноманд, ки фаъолияти тиљоратиро ба амал мебарорад. Он нишондодро дар бораи шакли ташкилї-њуќуќии ташкилоти тиљоратї дар бар гирифта онро нисбати навъи алоњидаи шахси њуќуќї мушаххас мегардонад. Номи фирмавии ташкилотњои тиљоратї ва номи ташкилотњои ѓайритиљоратї агар ба ќайди давлатї гирфта шуда бошанд, пас танњо аз љониби худи онњо истифода бурда мешаванд ва нисбати он њуќуќи истисної доранд. 3.Хусусияти бањисобгирии соддакардашудаи муњосибї барои субъектони соњибкории хурд. Субъектњои соњибкории хурд метавонанд, ки низоми соддаибањисобгирии муњосибиро низ истифода намоянд. Њуќуќи интихоби низоми бањисобгирї аз љумла, низоми соддакардашуда ё ин ки бозгашт ба низоми аввала ба субъектони соњибкории хурд дода шудааст. Албатта интихоб бечуну чаро бо низоми имтиёзњо, инкишофи ояндаи ташкилот, набзи фаъолият, миќдори муомилоти ташкилот, навъи фаъолият, микдори муомилоти хољагї ва дигар омилњои хољагидорї алокдманд карда мешавад. Њуќуќи гузариш ба низоми соддакардашудаи бањисобгирии муњосибї пеш аз њама бо субъектони соњибкории хурд дода шудааст. Аломатњои дохил намудани корхона ба субъекти сохибкории хурд бо Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 26 июли соли 2014 «Дар бораи њимоя ва дастгирии давлатии сохибкорї» муќаррар карда шудаанд. Билети 2 1.Таносуби иќтисодиёт ва њуќуќ Иќтисодиёт ва њуќуќ таносуби бевосита доранд, чунки фаъолияти мўътадили иќтисодиётро бидуни њуќуќи мутамаддин тасавур кардан ѓайриимкон аст. Таносуби иќтисодиёт ва њуќуќ атрофии як масъалаи муњим – моликият сурат мегирад. Интихоби ин ва ё он шакли моликият, рељаи њуќуќии шаклњои гуногуни моликият, бартарии намудњои алоњидаи моликият таносуби иќтисодиёт ва њуќуќро муайян мекунад. Наќши њуќуќ дар танзими муносибатњои бозоргонї дар шаклњои зерин ифода меёбад. Якум, њуќуќ асосњои меъёрии муносибатњои бозоргониро муайян мекунад. Дуюм, танзими њуќуќии муносибатњои бозоргонї дар асоси воситањои гуногуни иќтисодї ва њуќуќї ба амал бароварда мешаванд. Сеюм, њуќуќ доираи иштирокчиёни муносибатњои бозоргониро муайян мекунад. Чорум, њуќуќ тартиби баррасї намудани бањсњои байни иштирокчиёни муносибатњои бозоргониро пешбинї менамояд. Панљум, дар меъёрњои њуќуќї, инчунин љавобгарии иштирокчиёни муносибатњои бозоргонї муќаррар карда шудааст. 2.Тамѓаи молї ва тамѓаи хизматрасонї Мувофиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи тамѓањои молї ва тамѓањои хизматрасонї» аз 5 марти соли 2007, №234 -тамѓаи молї ва тамѓаи хизматрасонї гуфта, нишонањоеро меноманд, ки барои фардикунонии молњо, корњои иљрошаванда ё хизматрасонињои шахсони воќеї ё шахси њуќуќие, ки ба фаъолияти соњибкорї машѓуланд, истифода бурда мешаванд. 3.Мафњум ва асосњои њуќуќии њисоботдињии муњосибї Њисоботи муњосибї-системаи ягонаи нишондињанда-њои вазъи амволї ва молиявии корхона ва инчунин натиљањои фаъолияти хољагии он мебошад, ки дар асоси нишондињандањои њисоби муњосибї дар шаклњои муќарраршуда тартиб дода мешавад. Корхонањо бояд њисоботи муњосибиро барои моњ, семоња ва сол бо љамъбасти афзоиш (зиёдшавї) аз ибтидои давраи њисоботї тайёр намоянд, агар бо конунгузории Љумњурии Тољикистон чизи дигаре муќаррар карда нашуда бошад. Санади асоси меъёрии њуќуќие, ки асосњои њуќуќии ташаккулёбї ва пешнињод намудани њисоботи муњосибиро муайян намудааст, Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи бањисобгири муњосибї ва њисоботи молиявї» аз 25 марти соли 2011 мебошад. Ѓайр аз ин, таркиб, мазмун, асосњои методологии ташаккулёбии њисоботи муњосибии ташкилотро дар давраи њисоботе, ки шахси њуќуќї пешнињод мекунад, ба истиснои бонкњо ва ташкилотњои бонкї дар Низомнома дар бораи бањисобгирии муњосибї «Њисоботи муњосибии корхонањо», ки бо фармони Вазири молияи Љумњурии Тољикистон аз 16 июли соли 2001 тањти раќами 104 тасдиќ шудааст ба амал бароварда мешавад. Билети 3 1.Мазмун ва сохтори бозор Бозор шаклњои гуногун дорад. Масалан, нуќтаи фурўши сўзишворї барои наќлиёти автомобилї, маѓозаи фурўши молњои рўзѓор ва ѓайра ба сифати бозорњои оддї баромад мекунанд. Биржаи сармояии Ню-Йорк ё биржаи ѓаллаи Чикаго аллакай бозорњои инкишофёфтае мебошанд, ки харидорон ва фурўшандагони тамоми љањонро ба худ љалб намудаанд. Њамин тариќ, як намуди бозорњо хусусияти мањаллї ва намудњои дигарашон бошад, хусусияти миллї ё байналхалќиро доранд. Бозорњои мањсулот ва бозори захирањоро људо менамоянд. Ќонуни асосии фаъолияти бозор - ин ќонуни талабот ва пешнињодот мебошад. Талабот гуфта, миќдори мањсулотеро меноманд, ки истеъмолкунандагон тайёранд ва метавонанд бо нархи муайян ва дар давраи муайян онро харидорї намоянд. Пешнињодот гуфта, миќдори гуногуни мањсулотеро меноманд, ки истењсолкунанда мехоњад ва метавонад онро истењсол намуда, бо нархи мушаххас ва дар давраи муайян пешнињоди харидорон намояд. 2. Номгўи љойи баромади мол Номгўи љойи баромади мол ин номи кишвар, љойи ањолинишин, мањалл ё ин ки дигар объекти љуѓрофие мебошад, ки њамчун аломати мол истифода шуда, хусусиятњои махсуси мол ба тарзи истисної ё асосан бо шартњои табии ё омилњои инсонї ё бо њардуи онњо дар як ваќт алоќаманд мебошад. Њимояи њуќуќии номи љойи баромади мол аз лањзаи баќайдгирии он дар Идоари патентї ва гирифтани Шањодатнома ба вуљуд меояд. 3.Тартиби пешнињод намудани хисоботи муњосибї Мутобиќи ќисми 2 моддаи 17 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи бањисобгири муњосибї ва њисоботи молиявї» аз 25 марти соли 2011 њамаи корхонањо вазифадоранд дар асоси маълумотњои бањисобгирии муњосибї њисоботи муњосибиро тартиб дињанд. Њамаи ташкилотњо (ба истиснои ташкилотњои буљетї) њисоботи солонаи муњосибиро мутобиќи њуљљатњои таъсисї ба муассисон ё соњибони молу мулк пешнињод менамоянд. Њисоботи њармоња ва семоња фосилавї буда, бо љамъбасти афзоишї аз аввали соли њисоботї тартиб дода мешавад. Билети 4 1.Аломатњои њуќуќии муносибатњои иќтисодиёти бозоргонї Сохти иќтисодиёти бозоронгониро чунин аломатњо тавсиф медињанд: а) мављудияти молу мулки алоњидаи иштирокчиёни чунин муносибатњо; б) дахлнопазирии амволї молик ва дигар субъектњои њуќуќии моликият мебошад; в) баробарњуќуќии воќеии иштирокчиёни муносибатњои молумулкї; г) озодии молик љињати ќабул намудани ќарор нисбати амволаш; д) вуљуд доштани асъори миллї, устуворї ва њифозати иќтисодї ва њуќуќии он; ж) раќобати воќеї ва бовиљдононаи иштирокчиёни муносибатњои молумулкї, иќтисодї, мањдуд намудани вазъи инњисорї; з) озодона муайян намудани нархи мол, кор ва хизмат. 2.Моњияти хусусигардонии муосир Гузариш ба муносибатњои бозоргонї ислоњоти амиќи муносибатњои моликиятиро таќозо менамуд. Барои бартараф намудани њолати давлатикунонидашудаи иќисодиёт, њолати монополии корхонањои давлатї ва таъсис додани субъектњои хољагидории мутсаќил ва соњибихтиёр зарурияти гузаронидани ислоњоти ќатъї ба миён омад. Мутобиќи ќонунгузории љорї хусусигардонї гуфта, чунин фаъолити давлатро меноманд, ки тавассути он њуќуќи моликияти давлатї ба шањрвандон ва шахсони њуќуќї пешнињод мешавад (м.2 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатї»). 3.Асосњои њуќуќии њисоботи оморї Њисоботи омории расмї дар Љумњурии Тољикистон мутобиќи Конститутсия, Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи омори давлатї» аз 12 январи соли 2010 ва дигар санадњори меъёрї - њуќуќї ба амал бароварда мешавад. Њисоботњои омори давлатї маълумотеест, ки аз љониби воњидњои оморї ва субъектњои бањисобгирии омори расмї бо тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба маќомоти омори давлатї пешнињод гардидааст. Њисоботи омориро ба ду намуд људо намудан мумкин аст: - умумї, ки аз љониби њамаи ташкилотњо пешнињод карда мешавад; - махсус, аз љониби ташкилотњое, ки навъи алоњидаи фаъолиятроба амал мебароранд. Билети 5 1.Мафњуми соњибкор ва фаъолияти соњибкорї Барои муайян намудани мафњум ва моњияти истилоњи соњибкорї якчанд функсияи онро шарњ додан зарур мебошад. Яукум, соњибкор пеш аз њама ташаббускор мебошад. Дуюм, соњибкор вазифаи мураккаберо иљро менамояд, ки он бо ќабул намудани ќарорњо алоќаманд аст. Сеюм, соњибкор навовар аст. Чорум, соњибкор ин шахсест, ки дар асоси таваккал фаъолият мекунад. Соњибкорї фаъолияти мустаќили ба таваккали худ амалишавандаи шахсони ба чунин сифат бо тартиби муќарраркардаи ќонун ба ќайд гирифташудае мебошад, ки барои мунтазам ба даст даровардани фоида аз истифодаи молу мулк, фурўши мол, иљрои кор ё расонидани хизмат равона карда шудааст (ќ.3, м.1 КГ ЉТ). Ба њамин монанд мафњуми фаъолияти соњибкорї дар ќисми 4 моддаи 1 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи њимоя ва дастгирии давлатии соњибкорї» аз 26 июли соли 2014, №1107 дода шудааст. Соњибкорї – фаъолияти мустаќилонаи аз рўи таваккал амалишавандаи шахсони бо тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон баќайдгирифташудае, ки барои ба даст овардани фоида аз истифодаи молу мулк, истењсол, фурўши мол (иљрои кор ё хизматрасонї) равона шудааст. Дар асоси ин чунин аломатњои ин фаъолиятро људо намудан мумкин аст: 1) мунтазам ва доимї будани он; 2) мустаќилона ба амал баровардани фаъолияти соњибкорї; 3) ба таваккал асос ёфтани соњибкорї; 4) мунтазам ба даст даровардани фоида. 2.Ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи хусусигардонии моликияти давлатї Танзими њуќуќии хусусигардонии моликияти давлатї ва коммуналї бо санадњои гуногуни меъёрї-њуќуќї ба амал бароварда мешаванд, аз љумла, ќонунњо, фармонњои Президенти Љумњурии Тољикистон, ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон ва дигар санадњои меъёрї-њуќуќї. Ќонунгузорї дар бораи хусусигардонї як ќатор хусусиятњо дорад, аз љумла, дар танзими ин муносибатњо љойи асосиро давлат ишѓол намудааст. Њамзамон, меъёрњои ќонунгузории хусусигардонї, чун ќоида, иимперативї мебошанд ва нисбати меъёрњои њуќуќи гражданї дар танзими муносибатњои номбаршуда афзалият доранд. Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатї» аз 16 майи соли 1997 ва Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар барои хусусигардонии фонди манзил дар Љумњурии Тољикистон» аз 4 ноябри соли 1995 низоми сарчашмањои њуќуќии ин бахшро ташкил медињанд. 3.Љавобгарии маъмурї барои иљро накардани ўдадорињои њисоботи муњосибї, молиявї ва оморї Мутобиќи моддаи 27 «Дар бораи бањисобгири муњосибї ва њисоботи молиявї» аз 25 марти соли 2011 ва моддаи 19 , Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи омори давлатї» аз 12 январи соли 2010, роњбарони корхонањо ва дигар ашхоси барои ташкил ва пешбурди бањисобгирии муњосибї масъул, барои вайрон кардани талаботи ќонунгузории љорї ба љавобгарї кашида мешаванд. Билети 6 1.Њуќуќи соњибкорї ва љойи он дар низоми њуќуќи Љумњурии Тољикистон Људо намудани соњањо дар асоси мањакњои гуногун ба амал бароварда мешавад. Дар бештари мавридњо аз ду мањак истифода мешавад: яъне предмети танзими њуќуќї ва усули танзими њуќуќї. Предмети њуќуќи соњибкорї намудњои зерини муносибатњои љамъиятиро дар бар мегирад. 1) муносибатњое љамъиятие, ки ба ташкили фаъолияти соњибкорї алоќаманд мебошанд. 2) муносибатњои љамъиятие, ки ба худи фаъолияти соњибкорї алоќаманд мебошанд. 3) муносибатњои љамъиятие, ки бо муќаррар намудани ќоидањои машѓул шудан ба фаъолияти соњибкорї, оќибати вайрон намудани онњо алоќаманд мебошанд ва аз ин рў дар онњо наќши муаассирро давлат мебозад. 4) муносибатњои дохилихољагї ва дохиликорпоративї. 2.Субъектњои хусусиградонии моликияти давлатї Дар рафти хусусигардонии моликияти давлатї байни иштирокчиёни онњо муносибатњои муайяни љамъиятие ба вуљуд меоянд, ки бо њуќуќ танзим карда мешаванд. Бинобар ин дар адабиёти њуќуќї назарияе арзи вуљуд намудааст, ки тибќи он муносибатњои ишорашуда «муносибатњои њуќуќии хусусигардонї» номида мешаванд. Ба њайси субъектњои ин муносибатњо аз як тараф молики амволи давлатї ва инчунин маќомот ё шахсони ваколатдорнамудаи онњо ва аз тарафи дигар – шахсони харидори ин амвол баромад менамоянд. 3.Мафњум, моњият ва намудњои аудит Асоси њуќуќии фаъолияти аудиториро Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторї» аз 22 июли соли 2013, №993 ташкил медињад. Мувофиќи ќисми 1 моддаи 1 њамин ќонун, аудит – санљише, ки дар асоси шартнома бо дархости фармоишгар аз тарафи аудитори инфиродї ё ташкилоти аудиторї мутобиќи стандартњои аудит, бо маќсади изњор намудани аќидаи мустаќил оид ба сањењї ва мутобиќати њисоботи молиявї ва дигар иттилооти марбут ба њисоботи молиявї ба талаботи стандартњои байналмилалї ё стандартњои миллии њисобдорї гузаронида мешавад. Фаъолияти аудиторї – фаъолияти соњибкорї оид ба гузаронидани аудит ва дигар хизматрасонии марбут ба он, ки аудитори инфиродї ё ташкилоти аудиторї амалї менамояд (ќ 2, м. 1 Ќонун). Намудњои аудит инњоянд: аудити њатмї, ташаббусї, аудитори инфиродї, ташкилотњои аудиторї ва ѓайрањо. Билети 7 1.Усулњои њуќуќи соњибкорї Бинобар хусусияти комплексї дар њуќуќи соњибкорї на як усул, балки усулњои гуногуни танзими њуќуќї татбиќ карда мешаванд, аз љумла, усули нишондодињии њатмї, мухторияти ќарор, мухторияти иродаи иштирокчиёни муносибатњои њуќуќї, усули тавсия. Ба воситаи усули нишондоди њатмї тавассути меъёрњои императивї њуќуќ ва ўњдадорињои субъектњои муносибатњои соњибкорї муќаррар карда мешаванд Усули ќарорњои мухтор - бештар дар муносибатњои шартномавии байни иштирокчиёни муносибатњои соњибкорї татбиќ карда мешавад. Усули тавсиядињї дар он зоњир мегарад, ки як тарафи муносибатњои њуќуќї ба тарафи дигари ин муносибатњо ќоидаи муайяни рафторро пешнињод менамояд ва дар асоси он њуќуќ ва ўњдадорињои тарафњо ба вуљуд меоянд. 2.Объектњои хусусигардонї ва таснифи онњо Мувофиќи ќонуни хусусигардонї чунин объектњои хусусигардониро људо намудан мумкин аст: а) тамоми намудњои амволи корхонањои давлатї, ки барои фаъолияти онњо таъмин шудаанд, инчунин њуќуќи заминистифодабарї дар ќитъањои замине, ки онњо дар он љо воќеанд, њуќуќи талабкунї, ќарзњо, њуќуќњои истисної, ки ба корхона њамчун ба шахси њуќуќї тааллуќ доранд; б) бахшњо ва воњидњои сохтории истењсолї ва ѓайриистењсолии корхонаи давлатї њамчун маљмўи амволе, ки хусусигардонии онњо силсилаи ягонаи технологиро вайрон намекунад; в) амволи алоњидаи корхонаи давлатї, ки мањз барои хусусигардонї људо карда шудааст; г) сањмияи корхона ва ташкилотњои давлатї. 3.Субъектњои бозори хизматњои аудитар Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторї» аз 22 июли соли 2013, №993 њайати субъектњои муносибатњоеро, ки дар доираи расонидани хизматњои аудиторї ба вучуд меоянд, муайян намудааст. Мутобиќи муќаррароти ќонунгузорї ба њайси субъектони муносибатњои мазкур инњо баромад менамояд: - аудитор, ташкилоти аудиторї; - субъекти санљидашаванда – шахсони воќеї ва њуќуќї, филиал ва намояндагии шахсони њуќуќї, ки мавриди аудит ќарор мегиранд; - фармоишгари аудит– шахси воќеї ё њуќуќие, ки ташкилоти аудиторї ё аудитори инфиродиро барои гузаронидани аудит тибќи шартнома љалб менамояд; - маќомоти ваколатдори танзими давлатии фаъолияти аудиторї; - иттињоди аудиторњои касбї. Билети 8 1.Принсипњои њуќуќи соњибкорї Принсипњои асосии њуќуќи соњибкорї инњо мебошанд: - озодии фаъолияти соњибкорї; - баробарњуќуќии шаклњои гуногуни моликияте, ки дар фаъолияти соњибкорї мавриди истифода ќарор доранд; - озодии раќобат ва мањдуд намудани фаъолияти инњисорї дар бозори мол; - гирфтани фоида њамчун маќсади асосии фаъолияти соњибкорї; - ќонуният дар фаъолияти соњибкорї; - таносуби воситањои њуќуќи хусуї ва њуќуќ и умумї дар њуќуќи соњибкорї; - ягонагии фазои їктисодї; - танзими давлатии фаъолияти соњибкорї. 2.Тартиб ва тарзњои хусусигардонї Ќонунгузории љорї тартиби хусусигардониро танзим намуда, якчанд даврањои онро људо менамояд: 1. тањияи наќшаи дурнамої хусусигардонии амволи давлатї; 2. ќабул намудани ќарор дар бораи хусусигардонии амволи давлатї; 3. хусусигардонии амволи давлатї бо тарзи муќаррарнамудаи ќонун. Барои хусусигардонии моликияти давлатї чунин тарзњои асосии он истифода бурда мешаванд: 1) табдил додани корхонаи воњиди давлатї ба љамъияти сањомии наъи кўшода; 2) фурўши амволи давлатї ва мањаллї дар савдо; 3) дар асоси лоињаи инфиродии хусусигардонї тариќи озмун; 4) фурўши амволи давлатї дар музояда ё тендер. |