Главная страница
Навигация по странице:

  • Билети 16 1.Сарчашмањои асосии њуќуќи соњибкории давлатњои инкишофёфтаи иќтисодиёти бозоргонї

  • 2.Љавобгарї барои вайрон намудани талаботњои стандартњои давлатї ва ќоидаи њатмии сертификатсия

  • Билети 17 1.Принсипњои асосии танзими фаъолияти соњибкорї дар кишварњои хориљї

  • 2.Мафњум ва мазмуни раќобат

  • Билети 18 1.Асосњои бавуљудої ва тарзњои амали намудани њуќуќ ба фаъолияти соњибкорї

  • 3. Мафњум ва намудњои бозори ќоѓазњои ќиматнок

  • Билети 19 1.Мафњум, аломатњо ва намудњои субъектњои њуќуќи соњибкорї

  • 2.Њуќуќи субъекти соњибкорї ба раќобат

  • 3.Ќонунгузорї дар бораи бозори ќоѓазњои ќиматнок

  • Билети 20 1.Њуќуќ ва ўњдадорињои соњибкор

  • 2.Танзими њуќуќии фаъолияти инњисорї

  • 3.Эмитентњо дар бозори ќоѓазњои ќиматнок

  • Билети 21 1.Баќайдгирии давлатї бо тартиби «равзанаи ягона»

  • 2.Манъ намудани монополияи соњибкорон ва фаъолияти ѓайриќонунии маќомотњои њокимияти давлатї ва маќомотњои худидораи мањаллї

  • Билет бо чавобхо 30 билет-1828155221. Билети 1 Итисодиёт хусусиятои асосї ва функсияо


    Скачать 235 Kb.
    НазваниеБилети 1 Итисодиёт хусусиятои асосї ва функсияо
    Дата02.06.2021
    Размер235 Kb.
    Формат файлаdoc
    Имя файлаБилет бо чавобхо 30 билет-1828155221.doc
    ТипДокументы
    #213234
    страница3 из 5
    1   2   3   4   5

    3. Ташкили њисобњои пулї
    Хизматњо оид ба кушодан ва бурдани њисобњои пулии шањрвандон ва шахсони њуќуќї дар байни хизматњои бонкї љойи асосиро ишгол менамояд. Ин хизматњо дар асоси шартномаи њисоби бонкї расонида мешаванд, ки дар байни ташкилоти ќарзї ва мизољи он, яъне шањрвандон ва шахсони њуќуќї, баста мешаванд.

    Мувофиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи фаъолияти бонкї» аз 19 майи соли 2009 бозори хизматњои бонкї оид ба ташкили њисобњои пулї аз хизматњои зерини бонкї иборат мебошад: а) кушодан ва пешбурди суратњисобњои бонкї; б) хариду фурўши воситањо барои худ ё муштариён; в) амалиёти кассавї: ќабул намудан, аз нав њисоб кардан, иваз намудан, бастан ва нигоњ доштани пулњои коѓазї ва тангањо; г) хизматрасонии клирингї, њисоббаробаркунї ва ѓайра.

    Билети 16

    1.Сарчашмањои асосии њуќуќи соњибкории давлатњои инкишофёфтаи иќтисодиёти бозоргонї

    Танзими њуќуќии фаъолияти соњибкорї одатан бо ёрии меъёрњои њуќуќии нињоят зиёд ба амал бароварда мешавад. Барои пурра нишон додани сарчашмањои асосии њуќуќи соњибкории хориљї истифодаи таснифоти онњо бо соњањои асосии танзими њуќуќї бењтар мебошад.

    Ба ќонунгузории дорои хусусияти умумї ва њамчун танзимгари муносибатњо дар соњаи савдо кодекси савдои Германия, кодекси савдои Франсия, кодекси якхелаи свдои ИМА-ро дохил намудан мумкин аст. Кодекси якхелаи савдои ИМА натиљаи кори бисёрсола оид ба ягонакунонии ќонунгузории штатњои алоњида мебошад.

    2.Љавобгарї барои вайрон намудани талаботњои стандартњои давлатї ва ќоидаи њатмии сертификатсия

    Љавобгари барои вайрон намудани талаботњои њатмии стандарти давлатї, ќоидаи њатмии сертификатсия, метрология ва ченакњои ягона бо Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи бамеъёрдарории техникї» аз 19 майи соли 2009, Ќонуни Љумњурии Тоикистон «Дар бораи стандартонї» аз 29 декабри соли 2010, Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи таъмини ченаки ягона» аз 5 майи соли 1997 ва Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистон аз 31 декабри соли 2008, № 455 муќаррар кардашудааст.

    Барои вайрон намудани талаботњои њатмии стандарти давлатї, ќоидаи њатмии сертификатсия, метрология ва ченакњои ягона љавобгарии њуќуќї-гражданї, њуќуќї-маъмурї ва љиної ба вуљуд меояд.

    3.Хизматњои бонкї оиди љалб намудани воситањои пулї

    Дар истилоњоти бонкї хизматњо оиди љалб намудани воситањо амалиёти ѓайрифаъол ном доранд. Маќсади асосии хизматњои бонкї оиди љалб намудани маблаѓњо ташкили њисоббаробаркунї набуда, балки ташаккул додани пассивњои мўњлатнок барои минбаъд љойгиркунонии онњо дар соњањои даромаднок мебошад.

    Мувофиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи фаъолияти бонкї» аз 19 майи соли 2009 чунин хизматњои ин бахшро људо намудан мумкин аст: - љалби амонат ва пасандозњо; - амалиёти сейфї, нигањдорї ва идоракунии дороињо (пул, коѓазњои ќиматнок, металлњо, љавоњирот ва ѓайра); - хизматрасонии амалиёти ба боварї асосёфта (идоракунии маблаѓњои пулї, коѓазњои ќиматнок ва ѓайра ба манфиати боварикунанда ва дар асоси супориши он) ва ѓайрањо.

    Хизматњо оиди љалби воситањои пулии шахсони љисмонї ва њуќуќї дар шакли пасандозњо гурўњи васеъ ва муњимтарини амалиётњои ѓайрифаъоли ташкилотњои ќарзї мебошанд. Дар натиљаи он ташкилоти ќарзї воситањои пулиро бо шартњои мўњлатнок, бобозгашт ва мўзднок мегиранд. Аз нигоњи њуќуќи ин амалиётњо бо шартномаи амонат, пасандози бонкї ва дигар шартномањое, ки бо љойгиркунонии маблаѓњои худи бонк алоќаманд мебошанд, ба расмият дароварда мешаванд.

    Билети 17

    1.Принсипњои асосии танзими фаъолияти соњибкорї дар кишварњои хориљї

    Ба ѓайр аз принсипњои умумии њуќуќї аќоиди њуќуќии Ѓарб принсипњои махсуси танзими њуќуќии муносибатњои соњибкориро тањия намудааст. Маќсади ин присипњо таъмин намудани манфиатњои кредиторњо ва манфиатњои хусусї буда, ба онњо имконият медињад, ки амонатњои шахсии худро тавассути институтњои бозорї ба маблаѓ мубадал гардонанд. Принсипњои асосии њуќуќи соњибкории хориљї инњо мебошанд: принсипи роњ надодан ба ихтилофи манфиатњо; таъмини шаффофияти бизнес; таъмин намудани раќобати озод ва боадолат; нигоњдории шартњои бозор барои бизнес; ифодаи воќеияти иќтисодї дар њуќуќ ва њ.

    2.Мафњум ва мазмуни раќобат

    Раќобат - мусобиќаи озоди субъектњои хољагидор, ки амалиёти мустаќилонаи онњо имконияти таъсиррасонии яктарафаи њар кадоми онњоро ба шароити умумии муомилоти мол дар бозори моли дахлдор ба таври самарабахш мањдуд менамояд (ќ 6 м. 3 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи раќобат ва мањдудкунии фаъолияти инњисорї дар бозорњои мол» аз 28 июли соли 2006, №198 ва таѓйиру иловањои солњои 2008 ва 2012).

    Њаракатњои раќобатнок усулњои махсуси ба амал баровардани фаъолияти соњибкорї мебошанд. Ду намуди чунин њаракатро људо мекунанд: нархї ва ѓайринархї.

    3.Хизматњои бонкї оиди љойгиркунонии воситањои пулї

    Хизматњои бонкї оиди љойгиркунонии воситањои пулї аз ном ва аз њисоби худ гурўњи муњимтарини амалиёти бонкї мебошанд. Њангоми амалї намудани ин њаракатњо бонк аз номи худ њамчун молики воситањои пулї баромад менамояд, новобаста аз сарчашмаи ба вуљуд омадани онњо.

    Ба сифати амалиётњои фаъоли бонкї кредити бонкї, аз љумла, кредити байнибонкї, харидори намудани ќоѓазњои ќиматнок, асъор, сангњои ќиматбањо ва њоказоро номбар намудан мумкин аст.

    Љойи махсусро дар байни амалиётњои фаъоли бонкї кредити бонкї ташкил медињад. Шартномаи кредит навъи алоњидаи шартномаи ќарз буда бо субъекти махсус дар тарафи кредитор, људо карда мешавад. Тибќи шартномаи кредит як тараф - бонк ё ташкилоти дигари кредитї (кредитор) ўњдадор мешавад, тарафи дигар (ќарзгиранда) тибќи андоза ва шартњои пешбининамудаи шартнома маблагњои пулї (кредит) дињад ва ќарзгиранда бошад, ўњдадор мешавад маблаги пулии гирифтаашро баргардонад ва барои он фоиз супорад

    Билети 18

    1.Асосњои бавуљудої ва тарзњои амали намудани њуќуќ ба фаъолияти соњибкорї

    Њуќуќ ба фаъолияти соњибкорї яке аз њуќуќњои асосї ва озодињои инсон ва шањрванд мебошад. Озодона ба амал баровардани фаъолияти соњибкорї љузъи таркибии принсипи конститутсионии озодии иќтисодї ва соњибкорї мебошад (м. 12 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон).

    Њуќуќи машѓул шудан ба фаъолияти соњибкорї якчанд пањлў дорад, аз љумла, интихоб намудани самти фаъолият, намуд ва шакли фаъолияти соњибкорї.

    Шањрванд њуќуќ дорад ба ин ё он намуди фаъолияти соњибкорї, аз ќабили фаъолияти бонкї, суѓуртавї, биржавї ва ё ба истењсоли намуди алоњидаи мањсулот ва ѓайра машѓул шавад.

    Шањрванд дар баамалбарории фаъолияти соњибкорї озод буда, метавонад онро дар шакли инфиродї, яъне бидуни таъсиси шахси њуќуќї ё бо таъсиси шахси њуќуќї амалї гардонад.
    2. Субъектњои раќобат

    Шахсоне, ки барои ба амал баровардани њаракатњои раќобатнок дар бозори мол њуќуќ доранд, субектњои њољагидор номида мешаванд.

    Субъектњои хољагидорї - шахсони њуќуќї, аз љумла хориљї, иттињодияњои онњо, инчунин шањрвандоне мебошанд, ки бе таъсиси шахси њуќуќї фаъолияти соњибкорї мекунанд (ќ 5 м. 3 Ќонун).

    Шарти зарурии дохил намудани шахсони мазкур ба доираи субъектони муносибатњои раќобат ин аз љониби онњо ба амал баровардани фаъолияти соњибкорї мебошад.

    Њаракатњои раќобатнок байни субъектњои воќеї ё имконпазирии соњибкорї, ки аз як тараф њамчун мањсулотсупор (истењсолкунанда), тайёркунанда, иљрокунанда ва фурўшандаи мол (кор, хизмат) ва аз тарафи дигар њамчун субъекти шартномаи мувофиќ баромад мекунанд.

    3. Мафњум ва намудњои бозори ќоѓазњои ќиматнок

    Бозори ќоѓазњои ќиматнок – як намуди бозор буда, аз як тараф барои њавасмандгардонии инкишофи бозорњои ибтидої (бозори мол, кор, хизмат ва ѓайра) ва аз тарафи дигар, њал намудани вазифањои худ, яъне мусоидат намудан барои дар амал татбиќ намудани функсияњои марбут ба таъмин намудани раванди сармоягузорї ба истењсолот ва соњаи хизматрасонї ва дар ин замина ба даст овардани фоида аз ин амалиётњо мебошад.

    Бозори ќоѓазњои ќиматнок дар асоси ин ё он нишона ба намудњо људо карда мешавад. Вобаста ба предмети муносибатњои байни иштирокчиёни чунин намудњои бозорро, аз љумла, бозори сањмия, бозори облигатсия, облигатсияи давлатї, бозори фишингњои молиявро људо намуда метавонем. Агар ба сифати асоси тасниф алоќаи объектњои бозори ќоѓазњои ќиматнокро бо барориш ва муомилоти онњо гирем, пас бозорњои аввалиндараља ва дуюмдараљаро људо намудан мумкин аст.

    Вобаста ба дараљаи танзими муносибатњо, бозори муташаккили ќоѓазњои ќиматнок ва бозори ѓайримуташакили ќоѓазњои ќиматнокро људо намудан мумкин аст.

    Билети 19

    1.Мафњум, аломатњо ва намудњои субъектњои њуќуќи соњибкорї

    Субъектњои фаъолияти соњибкорї гуфта, шахсонеро меноманд, ки маќсади фаъолияти онњо ба даст овардани фоида буда, њолати њуќуќиашон бо њуќуќи соњибкорї муайян карда шудааст.

    Чунин аломатњои субъектњои њуќуќи соњибкориро људо намудаанд:

    1) ба тарзи дахлдор аз ќайди давлатї ё дигар тарзи расмикунонї гузаштаанд;

    2) дорои ваколатњои хољагї мебошанд;

    3) дорои амволи алоњидаи барои фаъолияти соњибкорї зарур мебошанд;

    4) дорои масъулияти мустаќилонаи амволї мебошанд.

    Ба субъектњои соњибкорї дар Љумњурии Тољикистон мансубанд: - шахсони воќеї (шањрвандони Љумњурии Тољикистон, шањрвандони хориљї ва шахсони бешањрванд), ки ба соњибкорї машѓуланд; - шахсони њуќуќї (ташкилотњои тиљоратии резидент ва ѓайрирезидент, филиал ва намояндагињои шахсони њуќуќии хориљї), ки ба соњибкорї машѓуланд.
    2.Њуќуќи субъекти соњибкорї ба раќобат

    Њуќуќи соњибкор ба раќобат њамчун як љузъи таркибии њуќуќ ба фаъолияти соњибкорї ва ба њайси як ваколати субъекти фаъолияти соњибкорї баромад мекунад.

    Њуќуќ ба раќобат аз меъёрњои конститутсионї оид ба озодии љойивазкунии мол, кор, хизмат ва озодии фаъолияти иќтисодию соњибкорї маншаъ мегирад (м. 12 Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон).

    Мазмуни њуќуќи раќобатро чунин ваколатњо ташкил медињанд: 1) ваколат ба њаракатњои худ; 2) ваколати талабкунї; 3) ваколатњо барои њимоя.

    3.Ќонунгузорї дар бораи бозори ќоѓазњои ќиматнок

    Ќоѓазњои ќиматнок ва дигар объектњои ин бозор моли дорои хусусияти махсус буда, ташкили муомилотро талаб менамоянд, ки ин пеш аз њама мављудияти асоси њуќуќии инкишофёфтаро дар назар дорад. Зери мафњуми асоси ќонунгузорї маљмўи санадњои меъёрї - њуќуќие фањмида мешавад, ки аз КГ ва дигар ќонунгузории дар асоси он ќабулгардида иборат мебошад.

    Ќонунгузорї дар бораи ќоѓазњои ќиматнок як љузъи асосии инфрасохтори бозор буда, бидуни он фаъолияти самараноки онро таъин намудан ѓайриимкон аст.

    Дар байни сарчашмањои њуќуќии бозори ќоѓазњои ќиматнок КГ Љумњурии Тољикистон ва Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи бозори ќоѓањои ќиматнок»-ро номбар намудан мумкин аст, ки 28 июни соли 2011 ќабул карда шудааст.

    Билети 20

    1.Њуќуќ ва ўњдадорињои соњибкор

    Субъекти фаъолияти соњибкорї чунин њуќуќњо дорад:

    - њамаи намуди фаъолияти соњибкориеро, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон манъ накардааст, амалї намояд;

    - молу мулки корхонањои давлатї ва ѓайридавлатиро бо тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон истифода намояд;

    - дар фаъолияти хољагидории дигар субъектњои соњибкорї иштирок намояд;

    - дар асоcи шартнома аз молу мулки шахсони њуќуќї, шањрвандони Љумњурии Тољикистон, шањрвандони хориљї ва шахсони бешањрванд истифода барад;

    - барномаи фаъолияти хољагидориро тартиб дињад, тањвилдињандагон ва истеъмолкунандагони мањсулоти истењсолї (кор, хизматрасонї)-ро интихоб намояд;

    - барои эњтиёљоти давлат истењсоли мол (иљрои кор, хизматрасонї)-ро дар асоси шартнома ба анљом расонад;

    - суратњисобњои бонкї кушояд, амалиёти муњосибї ва дигар амалиёти молиявиро анљом дињад;

    - фоидаи аз фаъолияти соњибкорї бадастовардаро ихтиёрдорї ва истифода намояд;

    - бо тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон аз низоми таъминоти давлатии иљтимої ва суѓуртаи иљтимої истифода намояд;

    - бо тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон иштирокчии робитањои хориљии иќтисодї бошад, бо амалиёти асъорї машѓул гардад;

    - нархи моли истењсолнамуда (кору хизматрасонии анљомдода)-ро дар доираи талаботи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон мустаќилона муайян намояд;

    - иттињодияњои (ассотсиатсияњои) субъектњои соњибкориро таъсис дињад;

    - дар тањияи санадњои меъёрии њуќуќї иштирок намояд;

    - дар фаъолияти шўроњо оид ба рушди соњибкорї ва бењтар намудани фазои сармоягузорї иштирок намояд;

    - ба маќомоти њифзи њуќуќ ва маќомоти давлатии назоратї барои ба љавобгарї кашидани шахсоне, ки дар риоя накардани њуќуќи субъекти соњибкорї гунањкоранд, мурољиат намояд;

    - оид ба њимояи њуќуќ ва манфиатњои ќонунии худ ба маќомоти судї мурољиат намояд;

    - њангоми гузаронидани санљиши фаъолияти субъекти соњибкорї, ки аз љониби маќомоти давлатии санљишї ва назоратї анљом дода мешавад, иштирок намояд ва бо маводи санљишї бевосита ва ё тавассути намояндаи ваколатдори худ шинос шавад;

    - дар хариди давлатии мол (иљрои кор, хизматрасонї) бо шартњои баробар бо дигар иштирокчиён мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон иштирок намояд;

    - аз дигар њуќуќњое, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон муќаррар намудааст, истифода барад.

    Соњибкор ўњдадор аст, ки:

    - ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, њуќуќ ва манфиатњои бо ќонун њифзшавандаи шахсони воќеї ва њуќуќиро риоя намояд;

    - мутобиќати моли истењсолшуда (кору хизматрасонии анљомдода)-ро ба талаботи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон таъмин намояд;

    - мутобиќи ќонунгузории мењнати Љумњурии Тољикистон бо шањрвандоне, ки онњоро ба сифати коргари кироя ба кор мегирад, шартномаи (ќарордоди) мењнатї ва њамчунин бо талаби коллективњои мењнатї шартномаи коллективї бандад;

    - барои муттањидшавии коргарони кироя ба иттифоќњои касаба ва маќомоти дигари намояндагии онњо бо маќсади њимояи манфиатњои иљтимоию иќтисодии худ монеъ нашавад;

    - ба коргарони кироя на кам аз андозаи њадди аќалли музди мењнати муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон музди мењнат пардохт намояд;

    - оид ба таъмини њифзи мењнат, бехатарии экологї, санитарию эпидемиологї ва техникаи бехатарї дар асоси меъёрњои муќарраргардида тадбирњо андешад;

    - андозњоро сари ваќт ва пурра пардохт намояд;

    - њангоми муфлисшавї иљрои ўњдадорињои худро дар назди ќарздињандагон тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон таъмин намояд;

    - ба раќобати носолим ва фаъолияти инњисорї роњ надињад;

    - пешбурди дафтари баќайдгирии санљиши фаъолияти субъекти соњибкориро таъмин намояд;

    - барои амалигардонии намуди соњибкорие, ки иљозатномаро талаб менамояд, мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон иљозатнома гирад;

    - дигар ўњдадорињоеро, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон муќаррар кардааст, иљро намояд.

    2.Танзими њуќуќии фаъолияти инњисорї

    Фаъолияти инњисорї - дар бозорњои мол аз мавќеи њукмфармоии худ сўиистифода кардани субъекти хољагидор (гурўњи шахсон), бастани созишнома ё иљрои амалњои мувофиќашудае, ки бо ќонунгузории зиддиинњисорї манъ карда шудаанд, фањмида мешавад.

    Чунин навъњои инњисорро људо намудан мумкин аст:

    1) инњисоре, ки дар натиљаи таъсири танзими бевоситаи давлат ба вуљуд меояд;

    2) инњисоре, ки дар натиљаи фаъолияти мустаќили субъектњои соњибкорї бе танзими бевоситаи давлат ба вуљуд меояд;

    3) инњисоре, ки дар натиљаи доштани њуќуќњои истисної ба вуљуд меояд.

    3.Эмитентњо дар бозори ќоѓазњои ќиматнок

    Эмитент аз нигоњи иќтисодї истеъмолкунандаи мол ва хизмати махсус дар бозори ќоѓазњои ќиматнок мебошад. Эмитент пеш аз њама муайянкунандаи талабот дар бозори маблаѓњо мебошад. Таъиноти асосии бозори ќоѓазњои ќиматнок дар муњайё намудани шароит ва пешнињод намудани имконияти мусоид барои соњибкорон, ташкилотњои тиљоратї, давлат ва ѓайра, барои дастрас намудани маблаѓи зарурї барои инкишофи истењсоли мол, иљрои кор ва расонидани хизмат мебошад.

    Эмитенти ќоѓазњои ќиматнок шахси њуќуќие мебошад, ки барориши ќоѓазњои ќиматнокро мутобиќи ќонунгузории љорї ба амал бароварда, аз номи худ вазифадор мешавад, ўњдадориро дар назди соњибони ќоѓазњои ќиматнок, ки аз шартњои барориши ќоѓазњои ќиматнок ба миён меояд, иљро намояд. Ба њайси эмитенти ќоѓази ќиматнок , Бонки миллии Тољикистон, љамъиятњои сањомї, шахсони њуќуќии хориљї баромад менамоянд.

    Билети 21

    1.Баќайдгирии давлатї бо тартиби «равзанаи ягона»

    Баќайдгирии давлатї аз љониби маќомоти анљомдињандаи баќайдгирии давлатї мувофиќи принсипи «равзанаи ягона» бе гузаронидани экспертизаи њуќуќии њуљљатњои пешнињодгардида амалї гардонида мешавад.

    Баќайдгирии давлатї мувофиќи принсипи «равзанаи ягона» мазмуни зеринро дорад:

    1) барои баќайдгирии давлатї аризадињанда њуљљатњои пешбининамударо танњо ба маќомоти анљомдињандаи баќайдгирии давлатї пешнињод менамояд;

    2) маќомоти анљомдињандаи баќайдгирии давлатї маълумотро дар бораи шахси њуќуќї, соњибкори инфиродї, филиал ё намояндагии шахси њуќуќии хориљиро ба Фењристи ягонаи давлатї ворид менамояд.

    3) њангоми баќайдгирї дар Фењристи ягонаи давлатї ба субъектњо Раќами ягонаи мушаххас дода мешавад.
    2.Манъ намудани монополияи соњибкорон ва фаъолияти ѓайриќонунии маќомотњои њокимияти давлатї ва маќомотњои худидораи мањаллї

    Фаъолияти монополистї гуфта, њуќуќвайронкуниеро меноманд, яъне њаракати зиддињуќуќии гунањгоронае, ки зарар мерасонад ва имконияти татбиќи чорањои љавобгарии њуќуќиро ба миён меорад.

    Намудњои фаъолияти инњисории субъектњои соњибкорї:

    - рафтори инфиродии субъекти соњибкори дар шакли сўйистифода аз мавќеи њукмфармої дар бозор;

    - созиши (њаракати созишї) субъектњои фаъолияти соњибкорие, ки раќобатро мањдуд мекунанд (м. 5 Ќонун).

    Ба њаракатњои ѓайрињуќуќие, ки боиси ба вуљуд омадани вазъи инњисорї мегарданд, инчунин санад ва амалњои маќомоти њокимияти давлатї, маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї ва маќомоти худидоракунии шањрак ва дењот, ки ба мањдудкунии раќобат равона гардидаанд мансубанд. Аз љумла, ин амалњо манъ карда мешаванд:

    -беасос љорї намудани мањдудкунї ба таъсиси субъектњои хољагидори нав дар ягон соњаи фаъолият, инчунин муќаррар намудани монеа барои амалї намудани шаклњои алоњидаи фаъолият ё истењсоли намудњои муайяни молњо, ѓайр аз њолатњое, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон муќаррар намудааст;

    -муќаррар намудани монеа ба хариду фурўши мол аз як минтаќа ба минтаќаи дигар ё бо роњи мањдуд намудани њуќуќи субъектњои хољагидор барои хариду фурўши молњо;

    -беасос ба як ё якчанд субъектњои хољагидор додани имтиёзњо, ки онњоро дар бозори мол нисбат ба дигар субъектњои хољагидор дар њолати афзалиятнок мегузорадва ѓайра.
    1   2   3   4   5


    написать администратору сайта