Главная страница
Навигация по странице:

  • Моддаи 1. Ќонунгузории љиноятии Љумњурии Тољикистон

  • Моддаи 2. Вазифањои Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон

  • Моддаи 3.

  • Уголовный кодекс Таджикистана. Кодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї


    Скачать 0.67 Mb.
    НазваниеКодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї
    АнкорУголовный кодекс Таджикистана
    Дата27.07.2022
    Размер0.67 Mb.
    Формат файлаdocx
    Имя файла1604807476303297.docx
    ТипКодекс
    #636887
    страница1 из 51
      1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   51

    Лоиња


    КОДЕКСИ ЉИНОЯТИИ

    ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

    ЌИСМИ УМУМЇ
    ФАСЛИ I. ЌОНУНИ ЉИНОЯТЇ
    БОБИ 1. ВАЗИФА ВА ПРИНСИПЊОИ

    КОДЕКСИ ЉИНОЯТИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН
    Моддаи 1. Ќонунгузории љиноятии Љумњурии Тољикистон

    1. Ќонунгузории љиноятии Љумњурии Тољикистон аз Кодекси љиноятии мазкур иборат аст. Ќонунњои дигаре, ки љавобгарии љиноятиро пешбинї менамоянд, танњо баъди ба Кодекси мазкур ворид намудани онњо татбиќ карда мешаванд.

    2. Кодекси мазкур ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, принсипњо ва меъёрњои умумиэътирофшудаи њуќуќи байналмилалї асос меёбад.

    3. Шартномањои байналмилалие, ки Љумњурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, нисбат ба Кодекси мазкур бартарї доранд. Тартиб ва шартњои амали шартномањои байналмилалие, ки Тољикистон иштирокчии онњо мебошад, дар њудуди Љумњурии Тољикистон тибќи ќонунгузории Љумњурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
    Моддаи 2. Вазифањои Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон

    1. Вазифањои Кодекси мазкур аз њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, амнияти љамъиятї ва саломатии ањолї, тартиботи љамъиятї ва ахлоќ, экология, моликият, њимояи сохтори конститутсионї ва амнияти Љумњурии Тољикистон аз таљовузњои љиноятї, таъмини сулњ ва амнияти инсоният, тарбияи шањрвандон дар рўњияи риояи Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ва ќонунњои Љумњурии Тољикистон, инчунин пешгирии њуќуќвайронкунии љиноятї иборат мебошанд.

    2. Барои амалї намудани ин вазифањо Кодекси мазкур асос ва принсипњои љавобгарии љиноятиро муќаррар намуда, муайян мекунад, ки кадом кирдорњои барои шахсият, љамъият ё давлат хавфнок њуќуќвайронкунии љиноятї, яъне љиноят ё рафтори љиноятї эътироф мегарданд, љазо ва чорањои дигари таъсиррасонии њуќуќии љиноятиро барои содир кардани онњо муќаррар менамояд.

    Моддаи 3. Шарњи баъзе мафҳумҳое, ки дар Кодекси мазкур истифода шудаанд

    Мафҳумҳои дар Кодекси мазкур пешбинишуда, агар дар қонун муќаррароти махсуси дигар набошанд, маънои зеринро доранд:

    1) банда - гурӯҳи муташаккил, ки мақсади њуљум ба шаҳрвандон ё ташкилотро бо истифода ё тањдиди истифодаи силоњ ва ё ашёњои ба сифати силоњ истифодашаванда дорад;

    2) вазифаҳои маъмурӣ-хоҷагї - ҳуқуқи идоракунї ва ихтиёрдории молу мулки дар тавозуни ташкилот буда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунњои Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст;

    3) вазифањои ташкилї-амрдиҳӣ - тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи баровардани фармоиш ва амрҳое, ки иҷрои онҳо аз тарафи шахсони зертобеъ аз рўи хизмат ҳатмӣ мебошанд, инчунин татбиқи чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозоти интизомӣ нисбати зертобеъон дода шудааст;

    4) воситаҳое, ки аз сарчашмаҳои хориҷӣ гирифта шудаанд - пул ва (ё) дигар молу мулке, ки давлатҳои хориҷӣ, ташкилоти байналмилалӣ ва хориҷӣ, шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд додаанд;

    5) воҳиди ҳарбикунонидашудаи ғайриқонунї – воњиди (иттиҳод, отряд, дружина ё гурӯҳи дигаре, ки аз се нафар ва ё зиёда одам иборат аст) дорои сохтори ташкилии навъи ҳарбикунонидашуда бо доштани яккасардорӣ, қобилияти ҷангӣ, интизоми қатъӣ, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нагардидааст;

    6) гурӯҳи муташаккил - гурӯҳи устувори ду ё зиёда шахсон, ки бо маќсади содир кардани як ё якчанд њуќуќвайронкуниҳои ҷиноятӣ пешакї муттаҳид шудаанд;

    7) гурӯҳи муташаккили фаромиллӣ - гурӯҳи муташаккиле, ки мақсади содир кардани як ё якчанд њуќуќвайронкуниҳои ҷиноятиро дар њудуди ду ё зиёда давлат ва ё як давлат њангоми ташкили содир кардани кирдор ё роњбарии иҷрои он аз њудуди давлати дигар, њамчунин бо иштироки шаҳрвандони давлати дигар дорад;

    8) гурӯҳи террористӣ - гурӯҳи муташаккиле, ки маќсади содир кардани як ё якчанд ҷиноятњои террористиро дорад;

    9) гурӯҳи ҷиноятӣ - гурӯҳи муташаккил, ташкилоти ҷиноятӣ, иттињоди ҷиноятӣ, гурӯҳи муташаккили фаромиллї, ташкилоти ҷиноятии фаромиллї, иттињоди ҷиноятии фаромиллӣ, гурӯҳи террористӣ, гурӯҳи экстремистӣ, банда, воҳиди ҳарбикунонидашудаи ғайриқонунї;

    10) гурӯҳи экстремистӣ - гурӯҳи муташаккиле, ки мақсади содир кардани як ё якчанд ҷиноятњои экстремистиро дорад;

    11) дигар воситаҳои нақлиёти механикӣ - тракторҳо, мототсиклҳо, мошинњои худгард (экскаваторҳо, кранҳои боркаш, грейдерҳо, ролерҳо);

    12) дигар зиёни вазнин ба манфиатҳои ҳаётан муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон – зиёне, ки дар натиҷаи содир кардани кирдорҳои пешбининамудаи моддаи 339, қисми сеюми моддаи 343, моддаи 344, қисми сеюми моддаи 345, моддаи 441, қисми дуюми моддаи 452, моддаи 455, қисми дуюми моддаи 456, моддаҳои 460 ва 461 Кодекси мазкур расонида шудааст;

    13) истисмори инсон - истифодаи меҳнати маҷбурӣ аз ҷониби гунаҳгор, яъне ҳама гуна кор ё хизматрасонї бо роњи истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он аз шахс талабшаванда, ки барои иљрои он ин шахс хизматрасонии худро ихтиёран пешнињод накардааст, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

    аз ҷониби гунаҳгор истифодаи шахси дигар барои машѓул шудан бо фоњишагї ё дигар хизматрасониҳо ба онҳо бо маќсади ба даст овардани даромад, њамчунин бидуни пайгирии чунин мақсад аз љониби гунаҳгор маҷбур кардани шахс барои хизматрасонии дигари дорои хусусияти шањвонї;

    маҷбур кардани шахс барои машѓул шудан ба гадоӣ, яъне ба содир кардани кирдори зиддиљамъиятї, ки бо талбидани маблаѓ ва (ё) дигар молу мулк аз дигарон алоќаманд аст;

    њаракатҳои дигари вобаста ба амалї намудани ваколати соҳибмулкї аз љониби гунањгор нисбат ба шахсе, ки бо сабабҳои аз ӯ вобастанабуда наметавонад иҷрои кор ва (ё) хизматрасониро барои гунаҳгор ва (ё) шахси дигар рад кунад;

    14) иттињоди ҷиноятӣ – муттањидшавии ду ё зиёда ташкилоти ҷиноятӣ, ки барои якљоя содир кардани як ё якчанд њуќуќвайронкунињои љиноятї маслињат намудаанд, њамчунин фароњам овардани шароит барои мустақилона содир кардани як ё якчанд њуќуќвайронкунињои ҷиноятї барои њар кадом аз ин ташкилоти ҷиноятї;

    15)
      1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   51


    написать администратору сайта