Уголовный кодекс Таджикистана. Кодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї
Скачать 0.67 Mb.
|
ФАСЛИ IV. ОЗОД КАРДАН АЗ ЉАВОБГАРИИЉИНОЯТЇ ВА ЉАЗОБОБИ 11. ОЗОД КАРДАН АЗ ЉАВОБГАРИИ ЉИНОЯТЇМоддаи 76. Озод кардан аз љавобгарии љиноятї бо сабаби пушаймонї аз кирдор1. Шахсе, ки рафтори љиноятї ё бори аввал љиноят содир кардааст, бо дарназардошти шахсияти гунањгор, омада ба гуноњи худ иќрор шудан, барои ошкор ва тафтиш намудани њуќуќвайронкунии љиноятї мусоидат кардан, зиёни дар натиљаи њуќуќвайронкунии љиноятї расонидашударо талофї намудани ў мумкин аст аз љавобгарии љиноятї озод карда шавад. 2. Муќаррароти қисми якуми њамин модда нисбат ба шахсоне, ки ҷинояти хусусияти террористӣ дошта, ҷинояти хусусияти экстремистӣ дошта, љинояти дар њайати гурўњи љиноятї содиршуда, љиноят ба муќобили дахлнопазирии љинсии ноболиѓон, шиканља, љинояти вазнин ё махсусан вазнин ба муќобили шахсият содир кардаанд, ба истиснои ҳолатҳои махсусе, ки дар моддањои дахлдори Ќисми махсуси Кодекси мазкур пешбинї шудаанд, пањн намегарданд. Мањдудияти зикргардида ба ноболиѓе, ки љиноят ба муќобили дахлнопазирии љинсии шахси ноболиѓи аз чордањ то њаждањсола содир намудааст, пањн намегардад. Моддаи 77. Озод кардан аз љавобгарии љиноятї њангоми аз ҳадди мудофиаи зарурӣ баромадан Шахсе, ки дар натиљаи тарс, њарос ё парешонњолии аз таҷовузи барои ҷамъият хавфнок ба миён омада, аз њадди мудофиаи зарурї баромадааст, метавонад бо дарназардошти њолатњои кор аз љавобгарии љиноятї озод карда шавад. Моддаи 78. Озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ҳангоми иҷрои шартҳои аҳдномаи мурофиавӣ Шахсе, ки ҳама шартҳои аҳдномаи мурофиавиро иҷро кардааст, мумкин аст аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шавад. Муқаррароти қисми якуми ҳамин модда ба шахсоне, ки ба муқобили озодии ҷинсии ноболиғон ҷиноят содир кардаанд, ба истиснои содир кардани чунин ҷиноят аз тарафи ноболиғ нисбати ноболиғи аз чордаҳсола то шонздаҳсолагӣ содиршуда, татбиқ намешавад. Моддаи 79. Озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо сабаби оштӣ шудан 1. Шахси рафтори ҷиноятӣ ё љинояти начандон вазнин ё миёнаи вазнин содиркарда, ки ба расонидани марг алоқамандӣ надорад, агар бо ҷабрдида, аризадиҳанда, аз љумла бо тартиби медиатсия оштӣ шудааст ва зиёни ба ҷабрдида расонидашударо талофӣ карда бошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад. 2. Ноболиғ, зани њомиладор, зане, ки кўдаки хурдсоли то њаштсола дорад, марде, ки дар танњої кўдаки хурдсоли то њаштсоларо тарбия менамояд, шахсе, ки ба синни нафаќа расидааст, маъюби гурўњи якум, ки бори аввал ҷинояти вазнини ба марг ё расонидани зиёни вазнин ба саломатии шахс алоқамандӣ надошта содир кардаанд, мумкин аст аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шаванд, агар бо ҷабрдида, аризадиҳанда, аз љумла бо тартиби медиатсия оштишуда, зиёни ба ҷабрдида расонидашударо талофӣ карда бошанд. Ҳангоми аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардани ноболиғ нисбаташ чораҳои маҷбуркунии дорои хусусияти тарбиявидошта татбиқ карда мешавад. 3. Дар мавридњое, ки дар натиҷаи содир кардани ҳуқуқвайронкунии ҷиноятӣ ба манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаи ҷамъият ва давлат зиён расонида шуда бошад, шахси дар қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда нишондодашуда, агар сидқан пушаймон шуда бошад ва зиёни ба манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаи ҷамъият ва давлат расонидашударо талофӣ карда бошад, мумкин аст аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шавад. 4. Муқаррароти њамин модда ба шахсоне, ки шиканҷа, ҷиноятҳо ба муқобили дахлнопазирии ҷинсии ноболиғон, ба истиснои њолатњои содир кардани чунин ҷиноят аз ҷониби шахси ба балоғат нарасида нисбати ноболиғи аз чордаҳ то ҳаждаҳсола содир шудааст, ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиршуда, ки боиси марги инсон ва ё марги ду ва зиёда шахсон, ба истинои њодисањои роњу наќлиёт, ки аз беэњтиётї боиси марги хешовандони наздик ё њамсари ў гардидааст, ҷиноятҳои коррупсионӣ, ҷиноятҳои террористӣ, ҷиноятҳои экстремистӣ, љиноятњои дар њайати гурўњи љиноятї содиркарда пањн намегардад. Моддаи 80. Озод намудан аз ҷазо бо муқаррар намудани кафолат 1. Шахси бори аввал рафтори ҷиноятӣ ва ё ҷиноятҳои начандон вазнин ё миёнаи вазнин содиркарда, ки алоқамандї ба марг ё зиёни вазнин ба саломатии инсон расониданро надорад ва барои содир кардани он дар моддаҳои дахлдор ё қисми моддаи Қисми махсуси Кодекси мазкур дар баробари дигар намудҳои ҷазоҳои асосї ҷарима пешбинї шуда бошад, суд метавонад бо муқаррар намудани кафолат ўро аз ҷазо озод намояд. 2. Муқаррар намудани кафолат ин супоридани гарав баробар ба андозаи ҳадди болотарини ҷарима, ки барои содир кардани ҳуқуқвайронкунии ҷиноятӣ пешбинї шудааст, иборат мебошад. 3. Муҳлати кафолат муқаррар мегардад: 1) њангоми содир кардани рафтори ҷиноятї - аз шаш моҳ то як сол; 2) њангоми содир кардани ҷинояти начандон вазнин - аз як то ду сол; 3) њангоми содир кардани ҷинояти миёнаи вазнин - аз ду то панҷ сол. 4. Агар шахси аз ҷазо озодгардида дар давраи кафолат ҳуқуқвайронкунии ҷиноятии нав содир накарда бошад, бо гузаштани муҳлати кафолат гарав ба кафил баргардонида мешавад. 5. Агар дар давраи кафолат шахс ҳуқуқвайронкунии ҷиноятии нав содир кунад, суд қарори аз ҷазо озод намуданро бекор карда, бо тартиби таъйини ҷазо аз рўи маҷмўи ҳукмҳо ба ў ҷазо таъйин менамояд. Дар ин ҳолат гарав ба фоидаи давлат гузаронида мешавад. 6. Муқаррароти ҳамин модда ба шахсоне, ки ҷиноятҳои коррупсионӣ, ҷиноятҳои террористӣ, ҷиноятҳои экстремистӣ содир кардаанд, ҷиноят дар ҳайати гурӯҳҳои ҷиноятӣ ва ҷиноят ба муқобили озодии ҷинсии ноболиғон содир кардаанд, паҳн намегардад. Моддаи 81. Озод кардан аз љавобгарии љиноятї бо сабаби таѓйир ёфтани вазъият1. Шахсе, ки њуќуќвайронкунии љиноятї содир кардааст, аз љавобгарии љиноятї озод карда мешавад, агар муќаррар гардад, ки бо сабаби таѓйир ёфтани вазъият ба љамъият хавфнок будани кирдори содиркардаи ў аз байн рафтааст.2. Шахсе, ки бори аввал рафтори љиноятї ва ё бори аввал ҷиноятњои начандон вазнин ё миёнаи вазнинро содир кардааст, аз љавобгарии љиноятї озод карда мешавад, агар муќаррар гардад, ки бо сабаби рафтори бенуқсони минбаъда ин шахс барои љамъият хавфнок дониста намешавад. Моддаи 82. Озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо сабаби гузаштани муҳлати мурур 1. Шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад, агар аз рўзи содир кардани њуќуќвайронкунии ҷиноятї муҳлатњои зерин гузашта бошанд: 1) як сол пас аз содир кардани рафтори ҷиноятї; 2) ду сол пас аз содир кардани ҷинояти начандон вазнин; 3) панљ сол пас аз содир кардани ҷинояти миёнаи вазнин; 4) даҳ сол пас аз содир кардани ҷинояти вазнин; 5) понздаҳ сол пас аз содир кардани ҷинояти махсусан вазнин. 2. Муҳлатњои мурур аз рўзи содир кардани њуќуќвайронкунии ҷиноятї ва то лањзаи эътибори қонунӣ пайдо намудани ҳукми суд ҳисоб карда мешаванд. 3. Љараёни муҳлатњои мурур оид ба рафтори љиноятї новобаста аз содир кардани њуќуќвайронкунии нави љиноятї боздошт ва ќатъ карда намешаванд. 4. Љараёни муҳлатњои мурур боздошта мешавад, агар шахси љиноят содиркарда аз тафтишот ё суд саркашӣ намояд. Дар ин маврид љараёни муҳлатњои мурур аз лањзаи дастгир кардани шахс ё омада ба гуноҳи худ иқрор шудани ў аз нав сар карда мешавад. Зимнан, шахсро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан мумкин нест, агар аз вақти содир кардани ҷиноят мурур қатъ нагардида бошад ва муњлатњои зерин гузашта бошанд: 1) панљ сол пас аз содир кардани љинояти начандон вазнин; 2) дањ сол пас аз содир кардани ҷинояти миёнаи вазнин; 3) понздањ сол пас аз содир кардани ҷинояти вазнин; 4) бист сол пас аз содир кардани ҷинояти махсусан вазнин. 5. Љараёни мурур ќатъ карда мешавад, агар то гузаштани муњлати дар ќисми якуми њамин модда нишондодашуда шахсе, ки љинояти вазнин ё махсусан вазнин содир кардааст, љинояти нави вазнин ё махсусан вазнин содир намояд. Дар чунин мавридњо бањисобгирии муњлати мурур аз нав аз рўзи содир кардани ҷинояти нав шуруъ мегардад. Дар дигар мавридњо, агар то гузаштани муњлати мурур шахс боз љиноят содир намояд, муҳлати мурур барои ҳар ҷиноят алоҳида ҳисоб карда мешавад. 6. Масъалаи татбиќи муҳлати мурурро ба шахси љиноят содиркарда, ки тибќи Кодекси мазкур мумкин аст барои он ҷазои қатл ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан таъйин гардад, суд њал менамояд. Агар суд бо сабаби гузаштани муҳлати мурур аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардани шахсро имконнопазир донад, пас љазои қатл бо якумра аз озодӣ маҳрум сохтан иваз карда шуда, якумра маҳрум сохтан аз озодӣ бошад, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати бист сол иваз карда мешавад. 7. Муҳлатњои мурур ба шахсоне, ки љиноятњо ба муқобили сулҳ ва амнияти башарият, ҷиноятњои террористӣ, шиканља, љиноятњо ба муќобили дахлнопазирии љинсии ноболиѓон, инчунин љиноятњои махсусан вазнин ба муќобили шахсият, амнияти љамъиятї, асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти давлат содир кардаанд, татбиќ намешаванд. |