Уголовный кодекс Таджикистана. Кодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї
Скачать 0.67 Mb.
|
Моддаи 159. Монеъ шудан ба амалишавии њуќуќњои интихоботї ё кори комиссияњои интихоботї 1. Монеъ шудан ба шањрванд барои озодона амалї намудани њуќуќњои интихоботии худ ё њуќуќи иштирок дар раъйпурсї, инчунин ѓайриќонунї дахолат кардан ба кори комиссияњои интихоботї ё комиссияњо оид ба гузаронидани раъйпурсї ва монеъ шудан ба овоздињї, иљрои уњдадорињо алоќаманд ба баќайдгирии номзадњо, руйхати њизбњо, њисоб кардани овозњо ва муайян кардани натиљаи овоздињї дар интихобот ё раъйпурсї, - бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду шаст соат ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то як сол ва ё љарима ба андозаи то яксаду њаштод нишондињанда барои њисобњо бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад. 2. Њамин кирдорњо, ки: 1) дар алоќамандї бо додани ришва, фиреб, истифодаи зўроварї ва ё тањдиди истифодаи он; 2) бо истифода аз маќоми мансабї ё хизматї; 3) аз љониби гурўњи шахсон бо созиши пешакї ё гурўњи љиноятї; 4) бо роњи вайрон кардани тартиби муќаррарнамудаи низоми электронии амалкунандаи интихоботї содир шуда бошанд, - бо ҷарима ба андозаи то сесаду шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин муҳлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешаванд. Моддаи 160. Тањрифкории њуљљатњои интихоботї, њуљљатњои раъйпурсї ё њисоби нодурусти овозњо 1. Тањрифкории њуљљатњои интихоботї ё њуљљатњои раъйпурсї, ворид намудани маълумоти ќалбакї ба блюллетенњо ё вараќањои интихоботї, дидаю дониста нодуруст њисоб кардани овоз, дидаю дониста нодуруст муайян кардани натиљањои интихобот, раъйпурсї ва ё риоя накардани овоздињии пинњонї, агар ин кирдорњо аз љониби шахси бовариноки номзад ба Президенти Љумњурии Тољикистон ё шахси бовариноки номзад ба вакилї, њамчунин аз љониби узви комиссияи интихоботї ё комиссия оид ба гузаронидани раъйпурсї содир шуда бошад, - бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он љазо дода мешавад. 2. Њамин кирдорњо, агар бо роњи вайрон кардани тартиби муќаррарнамудаи низоми электронии амалкунандаи интихоботї содир шуда бошанд,- бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то ду сол љазо дода мешаванд. Моддаи 161. Вайрон кардани ќонунгузории мењнати Љумњурии Тољикистон 1. Fайриќонунї ба кор ќабул накардан, ќатъ кардани шартномаи мењнатї бо корманд ва ё иљро накардани ќарори суд оид ба барќарор кардан ба љои кор, њамчунин дигар вайронкунии ќонунгузории мењнати Љумњурии Тољикистон, ки боиси расонидани зиёни љиддї ба њуќуќу манфиатњои ќонунии корманд гардида бошад, - бо корњои њатмї ба муњлати то сад соат ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то њашт моњ ва њабс ба муњлати то сї шабонарўз ва ё љарима ба андозаи то њаштод нишондињанда барои њисобњо бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то як сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад. 2. Беасос рад кардани бастани шартномаи мењнатї бо зан ё беасос ќатъ кардани шартномаи мењнатї бо ў бо сабаби њомиладорї ё беасос рад кардани бастани шартномаи мењнатї ё беасос ќатъ кардани шартномаи мењнатї бо зане, ки кўдаки то сесола дорад, бо ин асосњо, њамчунин беасос рад кардани бастани шартномаи мењнатї ё беасос ќатъ кардани шартномаи мењнатї бо маъюб бо сабаби маъюб буданаш ва ё бо ноболиѓ бо сабаби ноболиѓ будани ў,- бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду бист соат ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то як сол ва њабс ба муњлати то чил шабонарўз ва ё љарима ба андозаи то яксаду шаст нишондињанда барои њисобњо бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад. Моддаи 162. Напардохтани музди мењнат, нафаќа, идрорпулї, ёрдампулї ё дигар пардохтњо Напардохтани музди мењнат, нафаќа, идрорпулї, ёрдампулї ё дигар пардохтњои бо ќонун муќарарргардида зиёда аз се моњ, агар ин кирдор бо ѓараз ё дигар манфиатдории шахсї аз љониби роњбари корхона, муассиса ё ташкилот, корфармо – шахси воќеї, роњбари филиал, намояндагї ё дигар воњиди алоњидаи сохтории ташкилот содир шуда бошад, - бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду шаст соат ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то як сол ва ё љарима ба андозаи то яксаду њаштод нишондињанда барои њисобњо бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад. Эзоњ: шахсе, ки бори аввал њуќуќвайронкунии љиноятии дар њамин модда пешбинишударо содир кардааст, агар дар давоми ду моњ аз рўзи оѓози парвандаи љиноятї ќарздориро оид ба пардохти музди мењнат, нафаќа, идрорпулї, ёрдампулї ё дигар пардохтњои бо ќонун муќарарргардидаро дар њаљми пурра пардохт намояд, инчунин фоизњои (љубронпулии) бо ќонунгузории Љумњурии Тољикистон муќарраргардидаро пардохт карда бошад ва агар дар њаракатњои ў таркиби љинояти дигар мављуд набошад, аз љавобгарии љиноятї озод карда мешавад. Моддаи 163. Вайрон кардани ќонунгузории мењнати Ҷумњурии Тоҷикистон нисбати ноболиѓ 1. Вайрон кардани қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи корфармо ё шахси мансабдор дар қисмати ҷалби ноболиғ ба корњое, ки дар онњо истифодаи меҳнати корманди синнаш ба ҳаждаҳсолагӣ нарасида манъ мебошад, - бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду чил соат ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то дањ моњ ва њабс ба муњлати то чил шабонарўз ва ё љарима ба андозаи то яксаду шаст нишондињанда барои њисобњо бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад. 2. Ҳамин кирдор, ки: 1) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо созиши пешакї; 2) якчандкарата; 3) нисбати ду ё зиёда шахс; 4) бо роҳи фиреб ё суиистифода аз боварї; 5) нисбати ноболиғе, ки гирифтори парешонҳолии руҳї ё дар ҳолати оҷизї будани ў баръало барои гунаҳгор аён аст, содир шуда бошад- бо корҳои ҳатмӣ ба муҳлати то дусад соат ва ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то як сол ва ё ҷарима ба андозаи то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то як сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад. Моддаи 164. Монеъ шудан ба ташкил, гузаронидани маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш, роҳпаймоӣ, пикетгузорӣ ё иштирок дар онҳо 1. Ғайриқонунӣ монеъ шудан ба ташкил ё гузаронидани маҷлис, гирдиҳамої, намоиш, роҳпаймої, пикетгузорї, дигар чорабинии оммавии ќонунї ё иштирок дар онҳо ва ё маҷбур кардан ба иштирок дар онҳо, - бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду шаст соат ва ё љарима ба андозаи то яксаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то чил шабонарўз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то як сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад. 2. Ҳамин кирдор, ки аз љониби шахси мансабдор бо истифодаи мақоми хизматї ва ё бо истифодаи зўроварї ё таҳдиди истифодаи он содир шуда бошад, - бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ва ё ҷарима ба андозаи то сесаду шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё мањдуд кардани озодї ба муҳлати то ду сол ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба њамин муњлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад. Моддаи 165. Вайрон кардани қоидаҳои њифзи меҳнат 1. Вайрон кардани ќоидаҳои техникаи бехатарї, санитарияи саноатї ё дигар ќоидањои ҳифзи меҳнат аз ҷониби шахсе, ки ба ташкил ё таъмини риояи ин ќоидањо уњдадор (масъул) мебошад, агар аз беэҳтиётї боиси расонидани зиёни миёна ба саломатї гардида бошад, - бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду бист соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то панљ моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду бист нишондињанда барои њисобњо бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад. 2. Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётї боиси расонидани зиёни вазнин ба саломатї гардида бошад,- бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду шаст соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то шаш моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду њаштод нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то панљоњ шабонарўз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то ду сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад. 3. Кирдори дар ќисми якуми њамин модда пешбинишуда, ки аз беэҳтиётӣ боиси расонидани зиёни вазнин ба саломатии ду ё зиёда шахсон ё марги инсон гардида бошад, - бо маҳдуд кардани озодї ба муҳлати то ду сол ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба њамин муҳлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад. 4. Кирдори дар ќисми якуми њамин модда пешбинишуда, ки аз беэҳтиётї боиси марги ду ё зиёда шахсон гардида бошанд, - бо мањрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панљ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панљ сол ҷазо дода мешавад. Моддаи 166. Маҷбур намудан ба иштирок дар корпартої ё рад кардани иштирок дар корпартої 1. Маљбур намудан ба иштирок дар корпартої ё рад кардани иштирок дар корпартоии ќонунї, - бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду шаст соат ва ё љарима ба андозаи то яксаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то як сол ва ё ва ё њабс ба муњлати то чил шабонарўз ҷазо дода мешавад. 2. Њамин кирдор, ки бо истифодаи мақоми хизматї ва ё бо истифодаи зўроварї ё таҳдиди истифодаи он содир шуда бошад, - бо корҳои ҳатмӣ ба муҳлати то сесад соат ва ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ва ё ҷарима ба андозаи то сесаду шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё маҳрум сохтан аз озодї ба муҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад. Моддаи 167. Монеъ шудан ба фаъолияти ќонунии касбии рўзноманигор 1. Монеъ шудан ба фаъолияти ќонунии касбии рўзноманигор бо истифодаи зўроварї ё тањдиди истифодаи он нисбати ў ё наздиконаш ва ё бо тањдиди вайрон кардан ё нобуд кардани молу мулки онњо барои пањн кардан ва ё даст кашидан аз пањн кардани маълумот ва ё ташкили шароите, ки пешбурди фаъолияти ќонунии касбии рўзноманигорро халалдор ва ё пурра имконнопазир мегардонад, содир шуда бошад, - бо ҷарима ба андозаи то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то як сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то ду сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад. 2. Њамин кирдор, ки бо истифода аз маќоми хизматї содир шуда бошад, - бо ҷарима ба андозаи то сесаду шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад. Моддаи 168. Риоя накардани ќонунњо оид ба мурољиати шахсони воќеї ё њуќуќї 1. Радди ѓайриќонунии баррасии мурољиати шахсони воќеї ва њуќуќї, бидуни сабабњои узрнок вайрон намудани муњлати баррасии мурољиатњо, ќабули ќарори баръало ѓайриќонунї бо он, агар ин кирдорњо ба њуќуќ ва манфиатњои ќонунии њифзшудаи шахсони воќеї ё њуќуќї, инчунин давлат ё љамъият зиёни љиддї расонида шуда бошад, - бо корњои њатмї ба муњлати то њаштод соат ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то дањ моњ ва ё љарима ба андозаи то њаштод нишондињанда барои њисобњо бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то як сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад. 2. Таъќиби шахсони воќеї ё њуќуќї аз љониби шахси мансабдор вобаста ба мурољиати онњо ва ё барои танќиди дар мурољиаташ инъикосёфта, инчунин барои дар шакли дигар бо танќид баромад карданаш, - бо корњои њатмї ба муњлати то сад соат ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то як сол ва ё љарима ба андозаи то сад нишондињанда барои њисобњо бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то ду сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад. |