Уголовный кодекс Таджикистана. Кодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї
Скачать 0.67 Mb.
|
БОБИ 17. ЊУЌУЌВАЙРОНКУНИЊОИ ЉИНОЯТЇ БА МУЌОБИЛИ ОЗОДИИ ЉИНСЇ ВА ДАХЛНОПАЗИРИИ ЉИНСЇМоддаи 130. Таљовуз ба номус 1. Таҷовуз ба номус, яъне алоќаи љинсї бо истифодаи зўроварї ё таҳдиди истифодаи он нисбати зан ё дигар шахсони ба ў наздик ва ё бо истифода аз вазъияти оҷизонаи зан, - бо маҳрум сохтан аз озодї ба муњлати аз се то панљ сол ҷазо дода мешавад. 2. Таљовуз ба номус, ки: 1) боиси ба касалии зўњравї сироят гардидани зан шуда бошад; 2) аз ҷониби гурўњи шахсон ё гурўњи шахсон бо созиши пешакї; 3) бо тањдиди куштор, инчунин бо берањмии махсус нисбати зан ё дигар шахсон алоќаманд; 4) якчандкарата; 5) њангоми иљрои вазифањои хизматї содир шуда бошад,- бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панљ то њашт сол ҷазо дода мешавад. 3. Кирдорњои дар ќисми якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, агар онњо: 1) боиси сироят кардани зан бо вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ё дигар оќибатњои вазнин гардида бошад; 2) аз беэњтиётї боиси марги зан гардида бошад; 3) нисбати ноболиѓ; 4) аз љониби падар, падарандар, писар, бародар ё дигар аъзои оила, омўзгор ва ё дигар шахсони бо ќонун уњдадорї оид ба таълиму тарбияи зан ба онњо вогузоркардашуда содир шуда бошад, - бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муњлати аз њашт то дувоздањ сол бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишѓоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ё бидуни он ҷазо дода мешаванд. 4. Кирдорњои дар ќисми якум, дуюм ё сеюми њамин модда пешбинишуда, агар онњо: 1) нисбати хурдсол; 2) нисбати ду ва зиёда шахсони ноболиѓ; 3) дар шароити њолати фавќулода ё дар љараёни бетартибињои оммавї; 4) бо истифода аз силоњи оташфишон; 5) аз љониби гурўњи љиноятї содир шуда бошанд, - бо маҳрум сохтан аз озодї ба муҳлати аз дувоздањ то понздањ сол бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ва ё якумра мањрум сохтан аз озодї ва ё љазои ќатл ҷазо дода мешаванд. Моддаи 131. Њаракатњои зўроварии хусусияти шањвонидошта 1. Бачабозї, љимои зан бо зан ё дигар њаракатњои хусусияти шањвонидошта, ки бо истифодаи зўроварї ё тањдиди истифодаи он нисбати ҷабрдида ё дигар шахсони ба ў наздик ва ё бо истифода аз вазъияти оҷизонаи љабрдида анљом дода шуда бошад,- бо мањрум сохтан аз озодӣ ба муњлати аз се то панҷ сол љазо дода мешавад. 2. Њамин кирдорњо, ки: 1) боиси ба касалии зуҳравӣ гирифтор шудани ҷабрдида гардидаанд; 2) аз тарафи гурўҳи шахсон ё гурўҳи шахсон бо созиши пешакӣ; 3) бо бераҳмии махсус нисбат ба ҷабрдида ё дигар шахсони ба ў наздик; 4) якчандкарата; 5) њангоми иљрои вазифањои хизматї содир шуда бошанд,- бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муњлати аз панљ то њашт сол ҷазо дода мешаванд. 3. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, агар онњо: 1) боиси сироят кардани љабрдида бо вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ё дигар оќибатњои вазнин гардида бошанд; 2) аз беэњтиётї боиси марги љабрдида гардида бошанд; 3) нисбати ноболиѓ; 4) аз љониби падар ё модар, падарандар ё модарандар, бародар, хохар ё дигар аъзои оила, омўзгор ва ё дигар шахсони бо ќонун уњдадорї оид ба таълиму тарбияи љабрдида ба онњо вогузоркардашуда содир шуда бошанд, - бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муњлати аз њашт то дувоздањ сол бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишѓоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ё бидуни он ҷазо дода мешаванд. 4. Кирдорњои дар ќисмњои якум, дуюм ё сеюми њамин модда пешбинишуда, агар онњо: 1) нисбати хурдсол; 2) нисбати ду ва зиёда шахси ноболиѓ; 3) дар шароити њолати фавќулода ё дар љараёни бетартибињои оммавї; 4) бо истифода аз силоњи оташфишон; 5) аз љониби гурўњи љиноятї содир шуда бошанд, - бо маҳрум сохтан аз озодї ба муҳлати аз дувоздањ то понздањ сол бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ҷазо дода мешаванд. Моддаи 132. Алоқаи ҷинсӣ ё дигар ҳаракати хусусияти шаҳвонидошта бо шахси ба синни шонздаҳсола нарасида 1. Алоқаи ҷинсӣ, бачабозӣ, ҷимои зан бо зан ё дигар ҳаракати хусусияти шаҳвонидошта бо шахсе, ки баръало ба синни шондаҳсолагӣ нарасида бошад, - бо мањдуд кардани озодї ба муҳлати то се сол ва ё маҳрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат ҷазо дода мешавад. 2. Ҳамин кирдорњо, ки нисбати шахси баръало ба синни шондаҳсолагӣ нарасида аз љониби падар ё модар, падарандар ё модарандар, бародар, хоњар ё дигар аъзои оила, омўзгор ва ё дигар шахсони бо ќонун уњдадорї оид ба таълиму тарбияи љабрдида ба онњо вогузоркардашуда содир шуда бошанд, - бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешаванд. 3. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, ки: 1) якчандкарата; 2) нисбати ду ва зиёда шахс содир шуда бошанд, - бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панљ то дањ сол бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ҷазо дода мешаванд. Моддаи 133. Пайгирии шањвонї ё маљбур кардани шахс ба алоќаи љинсї, бачабозї, ҷимои зан бо зан ё содир кардани дигар њаракати хусусияти шањвонидошта 1. Пайгирии шањвонї, яъне зоњир намудани рафтори баръало нолоиќ бо роњи тарсонидан, масхара кардан ё маљбуркунии хусусияти шањвонидошта нисбати зан, инчунин ваъдаи њавасмандкунии моддї ё бидуни он бар ивази хизматрасонии шањвонї, дигар таъќиби шифоњї ё љисмонии хусусияти шањвонидошта (баоѓўшгирї, ламси бадан ва дигар њаракатњои њаммонанд),- бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду бист соат ва ё ҷарима ба андозаи то яксаду бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё њабс ба муҳлати то чил шабонарўз ҷазо дода мешавад. 2. Маҷбур кардани шахс ба алоқаи ҷинсӣ, бачабозӣ, ҷимои зан бо зан ё содир кардани дигар ҳаракати хусусияти шаҳвонидошта бо роҳи иръоб, таҳдиди нобуд, вайрон кардан ё кашида гирифтани молу мулк ё бо истифода аз тобеияти молу мулкї ё дигар шакли вобастагии ҷабрдида, - бо ҷарима ба андозаи то сесаду шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат ҷазо дода мешавад. 3. Кирдорњои дар ќисмњои якум ва дуюми њамин модда пешбинишуда, агар: 1) нисбати ноболиғ; 2) бо суиистифода аз њиссиёт ва боварии динї ё дар раванди таълими динии љабрдида содир шуда бошанд,- бо ҷарима ба андозаи то панљсаду чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё мањрум кардани озодї ба муњлати то се сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат ҷазо дода мешаванд. Моддаи 134. Фосиќкунии хурдсол 1. Содир кардани њаракатњои фосиќкунї бидуни истифодаи зўроварї нисбат ба баръало хурдсол, - бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то се сол бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он љазо дода мешавад. 2. Њамин кирдор, ки: 1) нисбат ба хурдсол аз љониби падар ё модар, падарандар ё модарандар, бародар, хоњар ё дигар аъзои оила, омўзгор ва ё дигар шахсони бо ќонун уњдадорї оид ба таълиму тарбияи љабрдида ба зимааш вогузоркардашуда; 2) ду ва зиёда хурдсол; 3) якчандкарата; 4) аз љониби гурўњи шахсон бо созиши пешакї ё гурўњи љиноятї; 5) бо истифода аз маќоми хизматї содир шуда бошад, - бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз се то шаш сол бо якумра мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ё бидуни он љазо дода мешавад. |