Главная страница
Навигация по странице:

  • Моддаи 113.

  • Моддаи 114.

  • Моддаи 115. Куштори

  • Моддаи 118. Ќасдан расонидани зиёни вазнин ба саломатї

  • Моддаи 119.

  • Моддаи 120. Ќасдан расонидани зиёни вазнин ба саломатї дар њолати аффект

  • Моддаи 121.

  • Моддаи 122.

  • Моддаи 124. Аз беэњтиётї расонидани зиён ба саломатї

  • Моддаи 125. Та

  • Моддаи 128. Сироят кардан бо вируси норасоии масунияти одам

  • Моддаи 129. Дар хатар монондан

  • Уголовный кодекс Таджикистана. Кодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї


    Скачать 0.67 Mb.
    НазваниеКодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї
    АнкорУголовный кодекс Таджикистана
    Дата27.07.2022
    Размер0.67 Mb.
    Формат файлаdocx
    Имя файла1604807476303297.docx
    ТипКодекс
    #636887
    страница13 из 51
    1   ...   9   10   11   12   13   14   15   16   ...   51


    ФАСЛИ VII. ЊУЌУЌВАЙРОНКУНИЊОИ ЉИНОЯТЇ

    БА МУЌОБИЛИ ШАХСИЯТ


    БОБИ 16. ЊУЌУЌВАЙРОНКУНИЊОИ ЉИНОЯТЇ


    БА МУЌОБИЛИ ЊАЁТ ВА САЛОМАТЇ
    Моддаи 112. Куштор

    1. Куштор, яъне ѓайриќонунї ќасдан ба марг расонидани шахси дигар, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз њашт то дувоздањ сол љазо дода мешавад.

    2. Куштор (и):

    1) ду ё зиёда шахс;

    2) шахс ё наздикони ў вобаста ба амалисозии фаъолияти хизматї аз љониби ин шахс ва ё иљрои вазифаи касбї ё љамъиятї;

    3) шахсе, ки дар њолати ољизї ќарор доштани ў баръало барои гунањгор аён аст, инчунин марбут ба одамрабої ва ё ѓасби гаравгон;

    4) зане, ки њомиладории ў баръало барои гунањгор аён аст;

    5) падар ё модар ва ё шахсони онњоро ивазкунанда;

    6) шахси хурдсол;

    7) шахси баръало ноболиѓ;

    8) якчандкарата;

    9) бо берањмии махсус;

    10) бо тарзи барои њаёти одамони дигар хавфнок;

    11) аз љониби гурўњи шахсон ё гурўњи шахсон бо созиши пешакї;

    12) бо нияти ѓаразнок, инчунин бо кирояи зархарид ва ё марбут ба роњзанї ё тамаъљўї;

    13) аз њиссиёти авбошї;

    14) бо маќсади рўйпўш намудани љинояти дигар ё осон кардани содир кардани он, инчунин марбут бо таљовуз ба номус ё кирдори зўроварии дорои хусусияти шањвонї;

    15) бо ангезаи нафрат ё хусумати иљтимої, миллї, нажодї, динї, мањалгарої ва ё ќассоси хунї;

    16) бо маќсади истифодаи аъзои бадан ё бофтањои љабрдида;

    17) аз љониби гурўњи љиноятї, инчунин дар шароити њолати фавќулода ё дар љараёни бетартибињои оммавї;

    18) дар њолатњои пешбинишудаи дар моддаи 460 Кодекси мазкур содир шуда бошад, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз дањ то понздањ сол ва ё якумра мањрум сохтан аз озодї ва ё љазои ќатл бо мусодираи молу мулк ё бидуни он љазо дода мешавад.

    Моддаи 113. Кўдаки навзоди худро куштани модар
    Кўдаки навзоди худро куштани модар њангоми таваллуд ё пас аз он, њамчунин кўдаки навзоди худро куштани модар дар њолати харобии асаб ё дар њолати парешонњолии руњї, ки мукаллафиро истисно намекунад, -

    бо мањдуд кардани озодї ба муњлати то се сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат љазо дода мешавад.

    Моддаи 114. Куштори дар њолати аффект содиршуда

    1. Куштори дар њолати њаяљони сахти рўњии (аффект) ногањон бавуќуъомада бо сабаби зўроварї, масхара ё тањќири ќабењ ва ё дигар њаракати (бењаракатии) зиддињуќуќї ё бадахлоќонаи љабрдида, њамчунин дар њолати давомдори харобкунандаи асаб бо сабаби рафтори мунтазами зиддињуќуќї ё бадахлоќонаи љабрдида бавуќуъомада содир шуда бошад, -

    бо мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат љазо дода мешавад.

    2. Куштори ду ё зиёда шахс дар њолатњои дар ќисми якуми њамин модда нишондодашуда содир шуда бошад, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол љазо дода мешавад.
    Моддаи 115. Куштори дар њолати аз њадди мудофиаи зарурї баромадан содиршуда ва ё дар њолати баромадан аз њадди чорањое, ки барои дастгир кардани шахси љиноят содиркарда заруранд

    1. Куштори дар њолати аз њадди мудофиаи зарурї баромадан содир шуда бошад, -

    бо мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат љазо дода мешавад.

    2. Куштор дар њолати баромадан аз њадди чорањое, ки барои дастгир кардани шахси љиноят содиркарда заруранд,-

    бо мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат љазо дода мешавад.

    Моддаи 116. Аз беэҳтиётӣ ба марг расонидан

    1. Аз беэҳтиётӣ ба марг расонидан, -

    бо мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат љазо дода мешавад.

    2. Аз беэҳтиётӣ ба марг расонидани ду ё зиёда шахс, њамчунин аз беэҳтиётӣ ба марг расонидан дар натиљаи вазифаи касбии худро ба таври дахлдор иљро накардани шахс,-

    бо мањрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панљ сол ҷазо дода мешавад.

    Моддаи 117. Ба худкушӣ расонидан

    1. Ба худкушӣ ё сӯиқасди худкушӣ расонидани шахс бо роҳи таҳдид, муносибати бераҳмона ё пастзании мунтазами эътибори инсонии ҷабрдида ва ё нисбати шахсе, ки аз ҷиҳати моддӣ ё аз ҷиҳати дигар аз гунаҳгор вобаста мебошад,-

    бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

    2. Ҳамин кирдор, ки:

    1) нисбати шахси дар њолати ољизї ќарор доштани ў баръало барои гунањгор аён аст ва ё нисбати ноболиғ;

    2) нисбати ду ё зиёда шахс;

    3) аз љониби гурўњи шахсон бо созиши пешакї ё гурўњи љиноятї;

    4) тавассути истифодаи шабакаҳои телекоммуникатсия, аз љумла шабакаи Интернет содир шуда бошад,-

    бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз чор то ҳафт сол ҷазо дода мешавад.


    Моддаи 118. Ќасдан расонидани зиёни вазнин ба саломатї

    1. Ќасдан расонидани зиёни вазнин ба саломатї, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол љазо дода мешавад.

    2. Њамин кирдор, ки:

    1. нисбати ду ё зиёда шахс;

    2. нисбати шахс ё наздикони ў вобаста ба амалисозии фаъолияти хизматї аз љониби ин шахс ва ё иљрои вазифаи касбї ё љамъиятї;

    3. нисбати шахсе, ки дар њолати ољизї ќарор доштани ў баръало барои гунањгор аён аст, инчунин марбут ба одамрабої ва ё ѓасби гаравгон;

    4. бо берањмии махсус;

    5. аз љониби гурўњи шахсон бо созиши пешакї ё гурўњи љиноятї;

    6. бо нияти ѓаразнок, инчунин бо кирояи зархарид;

    7. аз њиссиёти авбошї;

    8. бо ангезаи нафрат ё хусумати иљтимої, нажодї, миллї, динї (мазњабї), мањалгарої;

    9. бо маќсади истифодаи аъзои бадан ё бофтањои љабрдида;

    10. якчандкарата;

    11. нисбати шахси баръало ноболиѓ;

    12. дар шароити њолати фавќулода ё дар љараёни бетартибињои оммавї содир шуда бошад, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз панљ то њашт сол љазо дода мешавад.

    3. Кирдорњои дар ќисми якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, ки аз беэњтиётї боиси марги љабрдида гардидаанд ва ё аз љониби гурўњи љиноятї содир карда шуда бошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз њафт то дањ сол љазо дода мешавад.
    Моддаи 119. Қасдан расонидани зиёни миёна ба саломатӣ

    1. Қасдан расонидани зиёни миёна ба саломатӣ, -

    бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то шаш моњ ё љарима ба андозаи то яксаду њафтод нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то панљоњ шабонарўз ҷазо дода мешавад.

    2. Ҳамин кирдор, ки:

    1) нисбати ду ё зиёда шахс;

    2) нисбати шахс ё наздикони ў вобаста ба амалисозии фаъолияти хизматї аз љониби ин шахс ва ё иљрои вазифаи касбї ё љамъиятї;

    3) бо берањмии махсус, инчунин нисбати шахсе, ки дар њолати ољизї ќарор доштани ў баръало барои гунањгор аён аст ва ё ноболиѓ;

    4) аз ҷониби гурўњи шахсон бо созиши пешакї ё гурўњи ҷиноятї;

    5) аз ҳиссиёти авбошї;

    6) бо ангезаи нафрат ё хусумати иљтимої, миллї, нажодї, динї, мањалгарої ва ё ќассоси хунї;

    7) якчандкарата содир шуда бошад,-

    бо маҳдуд кардани озодї ба муҳлати то се сол ва ё маҳрум сохтан аз озодї ба њамин муҳлат ҷазо дода мешавад.


    Моддаи 120. Ќасдан расонидани зиёни вазнин ба саломатї дар њолати аффект

    Ќасдан расонидани зиёни вазнин ба саломатї, ки дар њолати њаяљони сахти рўњии (аффект) ногањон бавуќуъомада бо сабаби зўроварї, масхара ё тањќири ќабењ ва ё дигар њаракати (бењаракатии) зиддињуќуќї ё бадахлоќонаи љабрдида, инчунин дар њолати давомдори харобкунандаи асаб бо сабаби рафтори мунтазами зиддињуќуќї ё бадахлоќонаи љабрдида бавуќуъомада содир шуда бошад, -

    бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду бист соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то шаш моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду бист нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то сї шабонарўз љазо дода мешавад.
    Моддаи 121. Ќасдан расонидани зиёни вазнин ба саломатї дар њолати аз њадди мудофиаи зарурї баромадан

    1. Ќасдан расонидани зиёни вазнин ба саломатї дар њолати аз њадди мудофиаи зарурї баромадан, -

    бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду бист соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то шаш моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду бист нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то сї шабонарўз љазо дода мешавад.

    2. Њамин кирдор, агар аз беэњтиётї боиси марги љабрдида гардида бошад,-

    бо мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат љазо дода мешавад.
     Моддаи 122. Ќасдан расонидани зиёни вазнин ба саломатї дар њолати дастгир кардани шахси љиноят содиркарда

    Ќасдан расонидани зиёни вазнин ба саломатї дар њолати баромадан аз њадди чорањое, ки барои дастгир кардани шахси љиноят содиркарда заруранд,-

    бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду шаст соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то шаш моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду њафтод нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то панљоњ шабонарўз љазо дода мешавад.
    Моддаи 123. Азият

    1. Расонидани азоби љисмонї ё рўњї бо роњи мунтазам лату кўб ё бо дигари њаракатњои зўроварї, агар ин боиси оќибатњои дар моддањои 118 ва 119 Кодекси мазкур нагардида бошад, -

    бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду бист соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то шаш моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду њафтод нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то як сол љазо дода мешавад.

    2. Њамин кирдор, ки:

    1) нисбати баръало ноболиѓ ё шахсе, ки дар њолати ољизї ќарор доштани ў баръало барои гунањгор аён аст ё шахсе, ки аз љињати моддї ё аз ҷиҳати дигар аз гунаҳгор вобаста мебошад, инчунин шахси рабудашуда ё гаравгон гирифташуда;

    2) нисбати ду ё зиёда шахс;

    3) нисбати зане, ки њомиладории ў баръало барои гунањгор аён аст;

    4) бо кирояи зархарид;

    5) бо ангезаи нафрат ё хусумати иљтимої, миллї, нажодї, динї ё мањалгарої содир шуда бошад, -

    бо мањдуд кардани озодї ба муњлати то чор сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат љазо дода мешавад.
    Моддаи 124. Аз беэњтиётї расонидани зиён ба саломатї

    1. Аз беэњтиётї расонидани зиёни миёна ба саломатї, -

    бо корњои њатмї ба муњлати то шаст соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то се моњ ва ё љарима ба андозаи то шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то бист шабонарўз љазо дода мешавад.

    2. Аз беэњтиётї расонидани зиёни миёна ба саломатии ду ё зиёда шахсон,-

    бо корњои њатмї ба муњлати то њаштод соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то чор моњ ва ё љарима ба андозаи то сад нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то сї шабонарўз љазо дода мешавад.

    3. Аз беэњтиётї расонидани зиёни вазнин ба саломатї,-

    бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду шаст соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то шаш моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду њафтод нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то панљоњ шабонарўз ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то як сол љазо дода мешавад.

    4. Аз беэњтиётї расонидани зиёни вазнин ба саломатии ду ё зиёда шахс,-

    бо корњои ислоњї ба муњлати то ду сол ва ё љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то ду сол ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба њамин муҳлат ҷазо дода мешавад.
    Моддаи 125. Таҳдид

    Таҳдиди куштан ё расонидани зиёни вазнин ба саломатӣ, њамчунин дигар зўроварии вазнин нисбати шахсият ва ё нобуд кардани молу мулк бо роњи сўхтор, таркиш ё бо дигар тарзи хатари умумидошта, њангоми мављуд будани асосњои кофии њаросидан аз ба иљро расонидани ин тањдид, -

    бо корњои њатмї ба муњлати то њаштод соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то чор моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду бист нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то сї шабонарўз љазо дода мешавад.

    Моддаи 126. Маҷбур кардан барои гирифтан ё ѓайриќонунї гирифтани узв ё бофтаҳои инсон

    1. Маҷбур кардан барои гирифтан ё ѓайриќонунї гирифтани узв ё бофтаҳои шахси зинда барои пайвандсозӣ ва ё дигар истифодабарї, њамчунин бастани ањдњои ѓайриќонунї нисбати узв ё бофтаҳои шахси зинда,-

     бо маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то се сол ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба њамин муҳлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ва ё бидуни он ҷазо дода мешаванд.

    2. Ҳамин кирдорњо, ки:

    1) нисбат ба шахсе, ки дар њолати ољизї ќарор доштани ў баръало барои гунањгор аён аст;

    2) нисбати шахси баръало ноболиғ;

    3) нисбати ду ё зиёда шахс;

    4) гурўҳи шахсон, гурўҳи шахсон бо созиши пешакӣ;

    5) якчандкарата;

    6) бо истифодаи силоҳ ё ашёе, ки ба сифати силоҳ истифода мешавад;

    7) нисбати зане, ки њомиладории ў баръало барои гунањгор аён аст;

    8) бо роњи фиреб ё суиистифода аз боварї;

    9) бо истифода аз маќоми хизматї;

    10) бо истифода аз вобастагиии моддӣ ё вобастагии дигари ҷабрдида содир шуда бошанд, -

    бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷ сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

    3. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, ки аз беэњтиётї боиси марги љабрдида ё дигар оќибатњои вазнин гардида бошанд ва ё аз љониби гурўњи љиноятї содир карда шуда бошанд,-

    бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панљ то дањ сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то панљ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

    Моддаи 127. Сироят кардан бо касалии зўњравї

    1. Бо касалии зўњравї сироят кардани шахси дигар аз љониби шахсе, ки мубталои ин беморї будани худро медонист, -

    бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду њафтод соат ё корњои ислоњї ба муњлати то шаш моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду њафтод нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то чил шабонарўз љазо дода мешавад.

    2. Њамин кирдор, ки боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад, њамчунин сироят кардани ду ва зиёда шахс ва ё баръало ноболиѓ,-

    бо корњои ислоњї ба муњлати то ду сол ё љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то ду сол љазо дода мешавад.
    Моддаи 128. Сироят кардан бо вируси норасоии масунияти одам

    1. Дидаю дониста, тањти хавфи сироят бо вируси норасоии масунияти одам гузоштани шахси дигар (ВНМО), -

    бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду њаштод соат ё корњои ислоњї ба муњлати то шаш моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду њаштод нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то панљоњ шабонарўз љазо дода мешавад.

    2. Бо вируси норасоии масунияти одам сироят кардани шахси дигар аз љониби шахсе, ки мубталои ин беморї будани худро медонист,-

    бо мањдуд кардани озодї ба муњлати то чор сол ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат љазо дода мешавад.

    3. Кирдори дар ќисми дуюми њамин модда пешбинишуда, ки нисбати ду ё зиёда шахс ва ё нисбати баръало ноболиѓ содир шуда бошад,-

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз чор то њашт сол љазо дода мешавад.

    Эзоњ: шахси кирдори бо ќисмњои якум ва дуюми њамин модда пешбинишударо содиркарда аз љавобгарии љиноятї озод карда мешавад, дар мавриде, ки агар шахси дигари тањти хавфи сироят бо вируси норасоии масунияти одам гузошташуда ва ё бо вируси норасоии масунияти одам сироятшуда сариваќт оид ба гирифтори беморї будани шахси якум огоњї дошта бошад ва ихтиёран њаракатњои хавфи сироятшавї ба вуљудорандаро амалї карда бошад.


    Моддаи 129. Дар хатар монондан

    1. Дидаю дониста нарасонидани ёрї ба шахсе, ки дар вазъияти барои њаёт ё саломатиаш хавфнок ќарор дорад ва аз сабаби хурдсолї, пиронсолї, беморї ё бо дигар њолати ољизии худ имконияти андешидани чорањои худмуњофизатиро надорад, дар мавриде, ки агар гунањгор имконияти ба ин шахс ёрї расонданро дошт ё ухдадор буд нисбати ин шахс ѓамхорї намояд ва ё худаш ўро дар њолати барои њаёт ё саломатиаш хатарнок гузошта бошад,-

    бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду њафтод соат ва ё љарима ба андозаи то яксаду њафтод нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то панљоњ шабонарўз љазо дода мешавад.

    2. Њамин кирдор, ки аз беэњтиётї боиси расонидани зиёни вазнин ё зиёни миёна ба саломатии шахси дар хатар мононда гардида бошад,-

    бо корњои њатмї ба муњлати то дусад соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то як сол ва ё љарима ба андозаи то дусад нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то як сол бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешавад.

    3. Кирдори дар ќисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, ки аз беэњтиётї боиси ба марг расонидани шахси дар хатармононда гардида бошад, -

    бо маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то ду сол ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба њамин муҳлат бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешавад.

    4. Кирдори дар ќисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, ки аз беэњтиётї боиси ба марг расонидани ду ё зиёда шахс гардида бошад,-

    бо мањрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панљ сол бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он љазо дода мешавад.
    1   ...   9   10   11   12   13   14   15   16   ...   51


    написать администратору сайта