Главная страница
Навигация по странице:

  • Моддаи 100.

  • Моддаи 101. М

  • Уголовный кодекс Таджикистана. Кодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї


    Скачать 0.67 Mb.
    НазваниеКодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї
    АнкорУголовный кодекс Таджикистана
    Дата27.07.2022
    Размер0.67 Mb.
    Формат файлаdocx
    Имя файла1604807476303297.docx
    ТипКодекс
    #636887
    страница11 из 51
    1   ...   7   8   9   10   11   12   13   14   ...   51

    Моддаи 99. Шартан пеш аз муҳлат аз адои ҷазо озод кардани ноболиғон


    1. Шахсони ба маҳрум сохтан аз озодӣ, маҳдуд кардани озодӣ ё корҳои ислоҳӣ маҳкумшудае, ки дар синни ноболиғӣ љиноят содир кардаанд, дар мавриди љой надоштани вайронкунии ашадии тартиби муқарраршудаи адо ё иҷрои ҷазо, пас аз воќеан адо кардан ё иљрои љазо шартан пеш аз муҳлат аз адои ҷазо озод карда мешаванд:

    1) на кам аз чоряки муњлати љазои таъйиннамудаи суд барои љинояти начандон вазнин ё миёнаи вазнин;

    2) на кам аз сеяки муњлати љазои таъйиннамудаи суд барои љинояти вазнин;

    3) на кам аз нисфи муњлати љазои таъйиннамудаи суд барои љинояти махсусан вазнин, ки бо таљовуз ба њаёти инсон алоќаманд нест;

    4) на кам аз се ду њиссаи муњлати љазои таъйиннамудаи суд барои љинояти махсусан вазнине, ки бо таљовуз ба њаёти инсон алоќаманд аст.

    2. Дар мавридњои аз љониби шартан пеш аз муњлат озодшуда дар љараёни муњлати назорати пробатсионї содир кардани љиноят аз беэњтиётї, рафтори љиноятии ќасдона ё љинояти ќасдонаи начандон вазнин масъалаи бекор кардан ё нигоњ доштани шартан пеш аз муҳлат озод кардан аз ҷониби суд ҳангоми таъйин кардани ҷазо барои ҷинояти нав ҳал карда мешавад. Агар суд шартан пеш аз муҳлат аз ҷазо озод карданро бекор кунад, ҷазо тибқи ќоидањои таъйин кардани ҷазо аз рӯи маҷмӯи ҳукмҳо таъйин карда мешавад.

    3. Дар мавридњои аз љониби шартан пеш аз муњлат озодшуда дар љараёни муњлати назоратбарї содир кардани љинояти қасдонаи миёнаи вазнин, вазнин ё љинояти махсусан вазнин, суд шартан пеш аз муҳлат озод кардан аз ҷазоро бекор намуда, ҷазо тибқи ќоидањои таъйин кардани ҷазо аз рӯи маҷмӯи ҳукмҳо таъйин карда мешавад.
    Моддаи 100. Ивази қисми адонагардидаи ҷазо аз љониби ноболиғон

    1. Шахси ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро барои ҷинояти дар синни ноболиғї содирнамуда адо кардаистода, дар сурати аз ҷониби ӯ ҷой надоштани вайронкунии ашадии тартиби муқарраркардаи адои ҷазо, суд қисми боқимондаи адонагардидаи ҷазоро ба ҷазои нисбатан сабуктар баъди воқеан адо кардан иваз менамояд:

    1) на камтар аз панҷяки муҳлати ҷазо, ки суд барои ҷиноятҳои начандон вазнин ва вазнини миёна таъйин намудааст;

    2) аз чоряки муҳлати ҷазо, ки суд барои ҷинояти вазнин таъйин намудааст;

    3) аз сеяки муҳлати ҷазои таъйиннамудаи суд барои ҷинояти махсусан вазнин, ки ба таҷовуз ба њаёти инсон алоќаманд намебошад;

    4) нисфи муҳлати ҷазои таъйин намудаи суд барои ҷинояти махсусан вазнини ба таҷовуз ба њаёти инсон алоќаманд бошад.

    2. Иваз намудани қисми адонагардидаи ҷазо мумкин аст нисбати шахси дар синни ноболиғї ҷиноятро дар ҳайати гуруҳи ҷиноятӣ содир карда татбиқ карда шавад.


    Моддаи 101. Муњлати мурур

    Муҳлати мурури ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ё ҳукми айбдоркунї ҳангоми аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ё аз адои ҷазо озод намудани ноболиғ ба нисфи он кам карда мешаванд.

    Моддаи 102. Муҳлати барҳам хўрдани доғи судӣ

    Барои шахсе, ки то ҳаждаҳсолагӣ ҷиноят содир кардааст, муҳлати дар қисми сеюми моддаи 91 Кодекси мазкур пешбинишуда барҳам хўрдани доғи судӣ кам гардида, мутобиқан баробар аст:

    1) воқеъан адо намудани ҷазоҳое, ки аз ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ нисбатан сабуктар аст;

    2) як сол пас аз адо намудани муҳлати маҳрум сохтан аз озодӣ барои ҷиноятњои начандон вазнин ё вазнини миёна;

    3) ду сол пас аз адо намудани муҳлати маҳрум сохтан аз озодӣ барои ҷинояти вазнин;

    4) се сол пас аз адо намудани мӯҳлати маҳрум сохтан аз озодӣ барои ҷинояти махсусан вазнин.

    Моддаи 103. Татбиқи муқаррароти ҳамин боб нисбати шахсони аз ҳаждаҳ то бисту як сола

    Дар ҳолатҳои истисно, бо дарназардошти хусусияти кирдори содиршуда ва шахсият, суд метавонад нисбат ба шахсе, ки дар синни аз ҳаждаҳ то бисту яксола ҷиноят содир кардааст, ба ғайр аз дар муассисаи таълимї бо низоми нигоњдории махсус ҷойгир кардани онҳо. муқаррароти ҳамин бобро татбиқ намояд.

    1   ...   7   8   9   10   11   12   13   14   ...   51


    написать администратору сайта