Главная страница
Навигация по странице:

  • Моддаи 85. Мавќуф гузоштани адои љазо

  • Моддаи 88. Озод кардан аз адои љазо бинобар сабаби гузаштани муњлати мурури иљрои њукми айбдоркунї

  • Ф А С Л И V.

  • Моддаи 94. Намудњои љазое, ки ба ноболиѓон таъйин карда мешаванд

  • Моддаи 95. Таъйини љазо ба ноболиѓон

  • Моддаи 96. Озод кардани ноболиѓон аз љавобгарии љиноятї ва љазо

  • Моддаи 97. Чорањои маљбурии дорои хусусияти тарбиявї

  • Моддаи 98. Нигоњ доштан ва муњлатњои татбиќи чора ҳ ои ма ҷ бурии

  • Уголовный кодекс Таджикистана. Кодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї


    Скачать 0.67 Mb.
    НазваниеКодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї
    АнкорУголовный кодекс Таджикистана
    Дата27.07.2022
    Размер0.67 Mb.
    Формат файлаdocx
    Имя файла1604807476303297.docx
    ТипКодекс
    #636887
    страница10 из 51
    1   ...   6   7   8   9   10   11   12   13   ...   51

    БОБИ 12. ОЗОД КАРДАН АЗ ЉАЗО




    Моддаи 83. Шартан пеш аз муњлат аз адои љазо озод кардан

    1. Шахсе, ки љазоро дар намуди мањдуд кардани озодї, нигоњ доштан дар ќисми њарбии интизомї ё мањрум сохтан аз озодиро адо кардаистода, баъд аз воќеан адо намудани муњлатњои дар ќисмњои сеюм, чорум ва панљуми њамин модда зикргардида суд метавонад шартан пеш аз муњлат озод намояд, агар суд њисоб кунад, ки барои ислоњаш ба пурра адо намудани љазои таъйиншуда ў эњтиёљ надорад.

    2. Шахсе, ки љазоро дар намуди мањдуд кардани озодї, нигоњ доштан дар ќисми њарбии интизомї ё мањрум сохтан аз озодиро адо кардаистода, баъд аз воќеан адо кардани муњлатњои дар ќисмњои сеюм, чорум ва панљуми њамин модда зикргардида дар мавриди пурра талофї намудани зарари бо љиноят расонидааш ва аз љониби ў љой надоштани вайронкунии ашадии тартиби муќарраркардаи адои љазо шартан пеш аз муњлат озод карда мешавад.

    3. Шахси љазои мањрум сохтан аз озодиро адокардаистода барои љинояти террористї ё экстремистї таъйинкардашуда, ки боиси марги одамон нагардидааст ва бо содир кардани љинояти махсусан вазнин алоќаманд нест, баъд аз воќеан адо намудани муњлатњои дар ќисмњои сеюм, чорум ва панљуми њамин модда зикргардида суд метавонад шартан пеш аз муњлат озод намояд, агар ў дар бартараф кардан, ошкор ё тафтиши љиноятњои террористї ё экстремистї, фош кардани иштирокчиёни гуруњњои террористї ё экстремистї фаъолона њамкорї намояд. Дар ин маврид шахс метавонад пурра ва ё ќисман аз адои намуди љазои иловагї озод карда шавад.

    4. Барои шахсе, ки аз адои љазо дар намуди мањдуд кардани озодї, нигоњ доштан дар ќисми њарбии интизомї ё мањрум сохтан аз озодї шартан пеш аз муњлат озод карда шудааст, дар давоми ќисми адонашудаи љазо суд назорати пробатсиониро бо дарназардошти талаботи ќисми сеюми моддаи 52 Кодекси мазкур муќаррар мекунад. Њангоми татбиќи шартан пеш аз муњлат озод намудан, инчунин ба шахс уњдадорињои бо Кодекси иљрои љазои љиноятии Љумњурии Тољикистон пешбинишуда гузошта мешаванд.

    5. Назорати пробатсионї њангоми шартан пеш аз муњлат озод намудани шањрванди хориљї ё шахси бешањрванди ба таври доимї дар Љумњурии Тољикистон истиќоматнакунанда, ки суд берун кардани онњоро аз њудуди Љумњурии Тољикистон ба сифати намуди љазои иловагї таъйин кардааст, муќаррар карда намешавад.

    6. Шартан пеш аз муњлат озод кардани мањкумшуда танњо баъд аз воќеан адо намудани муњлатњои зерин метавонад татбиќ карда шавад:

    1) на кам аз сеяки муњлати љазои таъйиншуда барои љинояти начандон вазнин ё миёнаи вазнин;

    2) на кам аз нисфи љазои таъйиншуда барои љинояти вазнин;

    3) на кам аз се ду њиссаи муњлати љазои таъйиншуда барои љинояти махсусан вазнин;

    4) на кам аз се ду њисса аз љазои боќимондаи адонашуда дар њолате, ки агар татбиќи ќаблии шартан озод намудан аз адои љазо бо асосњои дар бандњои 1) ва 2) ќисми дањуми њамин модда пешбинишуда бекор шуда бошад;

    5) на кам аз чор се њиссаи муњлати љазои таъйиншуда, агар татбиќи ќаблии шартан озод намудан аз адои љазо бо асосњои дар банди 3) ќисми дањуми њамин модда пешбинишуда бекор шуда бошад;

    6) на кам аз сеяки муњлати љазое, ки барои љинояти вазнин таъйиншуда ва ё на камтар аз нисфи љазое, ки барои љинояти махсусан вазнин таъйин гардидааст, дар мавриде, ки мањкумшуда њамаи шартњои ањдномаи мурофиавиро иљро карда бошад.

    7. Шартан пеш аз муњлат аз адои љазо озод кардан мумкин аст ба зани њомиладор, зане, ки кўдаки хурдсоли то њаштсола дорад, марде, ки дар танњої кўдаки хурдсоли то њаштсоларо тарбия менамояд, шахсе, ки ба синни нафаќа расидааст, маъюбони гурўњи якум ва дуюм,татбиќ карда шавад баъд аз воќеан адо намудани:

    1) на кам аз чоряки муњлати љазои таъйиннамудаи суд барои љинояти начандон вазнин ё миёнаи вазнин;

    2) на кам аз сеяки муњлати љазои таъйиннамудаи суд барои љинояти вазнин;

    3) на кам аз нисфи муњлати љазои таъйиннамудаи суд барои љинояти махсусан вазнин, ки бо таљовуз ба њаёти инсон алоќаманд нест, инчунин агар татбиќи ќаблии шартан озод намудан аз адои љазо бо асосњои дар бандњои 1) ва 2) ќисми дањуми њамин модда пешбинишуда бекор шуда бошад;

    4) на кам аз се ду њиссаи муњлати љазои таъйиннамудаи суд барои љинояти махсусан вазнине, ки бо таљовуз ба њаёти инсон алоќаманд аст, инчунин агар татбиќи ќаблии шартан озод намудан аз адои љазо бо асосњои дар банди 3) ќисми дањуми њамин модда пешбинишуда бекор шуда бошад;

    5) на кам аз чоряки муњлати љазое, ки барои љинояти вазнин таъйиншуда ва ё на кам аз сеяки муњлати љазое, ки барои љинояти махсусан вазнин таъйин гардидааст, дар мавриде, ки мањкумшуда њамаи шартњои ањдномаи мурофиавиро иљро карда бошад.

    8. Муњлати воќеан адонамудаи мањрум сохтан аз озодї аз љониби мањкумшуда аз шаш моњ кам буда наметавонад.

    9. Шахсе, ки љазои якумра мањрум сохтан аз озодї таъйиннамудаи судро адокардаистода метавонад шартан пеш аз муњлат озод карда шавад, агар суд њисоб кунад, ки ў ба адои минбаъдаи ин љазо эњтиёљ надорад ва воќеан на кам аз бисту панљ сол мањрум сохтан аз озодиро адо кардааст. Дар мавриде, ки агар шахс љазои якумра мањрум сохтан аз озодї таъйиннамудаи судро адокардаистода њамаи шартњои ањдномаи мурофиавиро иљро карда бошад, ў метавонад шартан пеш аз муњлат пас аз воќеан адо намудани на кам аз понздањ соли мањрум сохтан аз озодї озод карда шавад.

    10. Агар дар љараёни ќисми адонагардидаи љазо шахсе, ки нисбати ў шартан пеш аз муњлат озод кардан татбиќ гардидааст, содир намояд:

    1) ду ва зиёда њуќуќвайронкунии маъмурї, ки барои вайрон намудани тартиботи љамъиятї ба ў љазои маъмурї дода шудааст ё бе сабабњои узрнок зиёда аз ду маротиба аз иљрои уњдадорињои њангоми татбиќи шартан пеш аз муњлат озод кардан ба зиммаи ў гузошташуда саркашї карда бошад ва ё бе сабабњои узрнок дар љои зисти интихобкардааш дар давоми панљ рўзи корї баъд аз озод шудан аз љойњои мањрумї аз озодї барои баќайдгирї њозир нашуда бошад, суд бо пешнињоди маќомоти ваколатдори давлатї метавонад дар бораи бекор кардани шартан пеш аз муњлат озод кардан ва иљрои ќисми адонагардидаи љазо ќарор барорад;

    2) љинояти аз беэњтиётї, зимнан дар мавридњои содир кардани рафтори љиноятї, љинояти ќасдонаи начандон вазнин аз љониби зани њомиладор, зане, ки кўдаки хурдсоли то њаштсола дорад, марде, ки дар танњої кўдаки хурдсоли то њаштсоларо тарбия менамояд, шахсе, ки ба синни нафаќа расидааст, маъюбони гурўњи якум ва дуюм, суд масъалаи бекор кардан ва ё нигоњ доштани шартан пеш аз муњлат озод карданро њангоми таъйини љазо барои љинояти нав њал менамояд. Агар суд шартан пеш аз муњлат озод карданро бекор намояд, љазо бо ќоидањои таъйини љазо аз рўи маљмўи њукмњо таъйин карда мешавад;

    3) љинояти ќасдона, ба истиснои мавридњои дар банди 2) њамин ќисм зикргардида, суд љазоро бо ќоидањои таъйини љазо аз рўи маљмўи њукмњо ба ў таъйин менамояд.

    11. Шартан пеш аз муњлат озод кардан ба шахсе, ки љазо дар намуди якумра мањрум сохтан аз озодиро адокардаистода ё љазои ќатл бо мањрум сохтан аз озодї ба тариќи бахшиши љазо иваз карда шудааст, шахси барои љинояти террористї ё экстремистї, ки боиси марги одамон гардидааст ва ё бо содир кардани љинояти махсусан вазнин алоќаманд аст, шахси барои љиноятњои муќобили дахлнопазирии љинсии ноболиѓон мањкумшуда татбиќ карда намешавад. Мањдудияти зикргардида ба ноболиѓе, ки љиноят ба муќобили дахлнопазирии љинсии шахси ноболиѓи аз чордањ то њаждањсола содир кардааст, пањн намегардад.

    Моддаи 84. Иваз кардани қисми адонашудаи ҷазо ба намуди ҷазои нисбатан сабуктар ва ё ихтисор кардани муњлати ҷазои таъйингардида

    1. Шахси ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро барои ҷиноятҳои начандон вазнин, миёнаи вазнин ё вазнин адо кардаистода, дар мавриди пурра талофї намудани зарари бо љиноят расонидааш ё дар сурати аз љониби ў љой надоштани вайронкунии ашадии тартиби муќарраркардаи адои љазо, суд метавонад қисми боқимондаи адонагардидаи ҷазоро ба намуди ҷазои нисбатан сабуктар иваз намояд. Дар ин маврид шахс метавонад пурра ва ё ќисман аз адои намуди љазои иловагї озод карда шавад, ба истиснои ҷазои якумра таъйингардида.

    2. Ќисми адонагардидаи ҷазо баъд аз воќеан адо кардани мањкумшуда на камтар аз чоряки муњлати ҷазо барои содир кардани ҷинояти начандон вазнин ё миёнаи вазнин, на камтар аз сеяки муњлати ҷазо барои ҷинояти вазнин мумкин аст ба ҷазои нисбатан сабуктар иваз карда шавад.

    3. Иваз кардани қисми адонагардидаи ҷазо ба намуди ҷазои нисбатан сабуктар нисбати шахсоне, ки барои ҷинояти ба муќобили дахлнопазирии ҷинсии ноболиғ маҳкум шудаанд, ба истиснои њолатњои содир кардани чунин ҷиноят аз ҷониби ноболиѓ нисбати ноболиғи аз чордаҳ то ҳаждаҳсола, ҷинояти террористӣ ё экстремистї, ки боиси марги одамон гардидааст ва ё ба содир кардани ҷинояти махсусан вазнин алоқаманд аст, инчунин содир кардани ҷиноят дар њайати гурӯҳи ҷиноятӣ татбиқ карда намешавад.

    4. Нисбати шањрванди хориљї ё шахси бешањрванди ба таври доимї дар Љумњурии Тољикистон истиќоматнакунанда ќисми адонашудаи љазо танњо ба љарима бо берун кардан аз њудуди Љумњурии Тољикистон ё бидуни он мумкин аст иваз карда шавад.

    5. Ҳангоми бекор кардани шартан пеш аз муњлат аз адои љазо озод кардан дар намуди мањрум сохтан аз озодї муњлате, ки дар ќисми дуюми њамин модда нишон додашуда аз њисоби ќисми боќимондаи адонашудаи љазо, њангоми таъини љазо аз рўи маљмўи њукмњо бо тартиби пешбининамудаи бандњои 2) ва 3) ќисми њафтуми моддаи 83 Кодекси мазкур – боназардошти љазои нињоии таъиншуда њисоб карда мешаванд.

    6. Ҳангоми иваз кардани қисми адонагардидаи ҷазо, суд метавонад ҷаримаро аз ҳисоби як нишондиҳанда барои ҳисобњо баробар ба чор рўзи мањрум сохтан аз озодї ё маҳдуд кардани озодӣ ба ҳисоби як рӯзи маҳдуд кардани озодӣ баробар ба як рӯзи маҳрум сохтан аз озодӣ интихоб кунад. Шарти иваз кардан ба ҷарима ин пурра талофї намудани зарари бо ҷиноят расонидашуда мебошад.

    7. Ба шахси ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро барои содир кардани ҷиноятҳои начандон вазнин, миёнаи вазнин, вазнин ё махсусан вазнин адо кардаистода дар мавриде, ки агар ӯ дар давоми адои ҷазо ба ошкор ва тафтиши ҷиноятҳои аз ҷониби гурӯҳи ҷиноятӣ содиркарда мусоидат карда бошад ва ё ҳамаи шартҳои созишномаи мурофиавиро иҷро намояд, қисми ҷазои адонагардида мумкин аст аз ҷониби суд на бештар аз нисф кам карда шавад.


    Моддаи 85. Мавќуф гузоштани адои љазо

    1. Ба зани њомиладори мањкумшуда суд метавонад адои љазоро то як сол мавќуф гузорад. Ба зани мањкумшудае, ки кўдаки то чордањсола дорад ё марди мањкумшудае, ки кўдаки то чордањсоларо дар танњої тарбия менамояд, суд метавонад адои љазоро то панљ сол мавќуф гузорад, вале на зиёда аз ба синни чордањсолагї расидани кўдак.

    2. Ба зани њомиладор ва зане, ки кўдаки то чордањсола дорад ё марде, ки кўдаки то чордањсоларо дар танњої тарбия мекунад, ба мањрумї аз озодї ба муњлати зиёда аз панљ сол барои љиноятњои вазнин ё махсусан вазнин ба муќобили шахсият, љиноятњо ба муќобили дахлнопазирии љинсии ноболиѓон, љиноятњои террористї, љиноятњои экстремистї, љиноятњои содиршуда дар њайати гурўњи љиноятї мањкум шудаанд, мавќуф гузоштани адои љазо татбиќ карда намешавад.

    3. Дар мавридњое, ки агар шахси мањкумшудаи дар ќисми якуми њамин модда зикршуда аз кўдак даст кашад ё ўро ба хонаи кўдакон супорад, аз мањалли истиќомат ѓайб зада бошад ё аз тарбияи кўдак ва нигоњубини ў саркашї намояд, тартиботи љамъиятиро вайрон кунад ва дар ин хусус маќомоти амаликунандаи назорати пробатсионї зиёда аз ду маротиба ўро хаттї огоњ карда бошад, суд метавонад бо пешнињоди ин маќомот мавќуф гузоштани адои љазоро бекор намояд ва мањкумшударо барои адо намудани љазо ба макони бо њукм таъйиншуда фиристад.

    4. Баъд аз ба итмом расидани муњлати мавќуф гузоштани адои љазо ё дар сурати вафот кардани кўдак ва ё ќатъ гаштани њомиладорї, суд вобаста ба рафтори мањкумшуда метавонад ўро аз адои љазо озод ё љазои таъйиншударо бо љазои сабуктар иваз намояд ва ё дар бораи фиристодани мањкумшуда ба муассисаи дахдор барои адои љазо ќарор ќабул кунад. Дар ин маврид суд метавонад ваќтеро, ки дар давоми он мањкумшуда муњлати љазоро адо накардааст, пурра ё ќисман ба муњлати адои љазо ба њисоб гирад.

    5. Агар шахси мањкумшуда дар давраи мавќуф гузоштани адои љазо љинояти нав содир кунад, суд ба ў љазоро мувофиќи ќоидањои таъйини љазо аз рўи маљмўи њукмњо таъйин мекунад.

    Моддаи 86. Озод кардан аз љазо бо сабаби беморӣ

    1. Шахсе, ки пас аз содир кардани њуќуќвайронкунии љиноятї гирифтори парешонии рўҳӣ шуда, имконияти дарки воқеї ва ба љамъият хавфнокии њаракатњои (бењаракатии) худ ва ё роњбарї ба онҳоро аз даст додааст, аз љониби суд аз љазо озод карда мешавад ва шахсе, ки љазоро адо карда истодааст, аз љониби суд аз адои минбаъдаи он озод карда мешавад. Ба чунин шахсон суд метавонад чорањои маҷбурии дорои хусусияти тиббиро, ки бо Кодекси мазкур пешбинї шудааст, таъйин намояд.

    2. Шахсе, ки мубталои бемории дигари вазнин гардида, ки он монеи адои ҷазо мебошад, ба ѓайр аз якумра аз озодӣ маҳрум сохтан, аз љониби суд аз адои љазо озод карда мешавад ё љазо мумкин аст ба ҷазои нисбатан сабуктар бо дарназардошти хусусияти беморї, вазнинии ҷинояти содиршуда, шахсияти маҳкумшуда ва ҳолатҳои дигар аз адо намудани ҷазо озод карда мешавад.

    3. Шахсони дар қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда зикргардида, дар мавриди шифо ёфтани онњо, ба љавобгарии љиноятї ва љазо кашида мешаванд, агар муҳлати мурури ба љавобгарии љиноятї кашидан ё њукми айбдоркунї нагузашта бошад.

    Моддаи 87. Озод кардан аз ҷазо ва мавқуф гузоштани адои ҷазо дар натиҷаи ба миён омадани њолатњои вазнин

    1. Шахсе, ки барои содир кардани рафтори љиноятї ё ҷинояти начандон вазнин ва миёнаи вазнин маҳкум шудааст, мумкин аст аз љониби суд аз ҷазо озод карда шавад, агар њолатњои бавуљудомада боиси оќибатњои махсусан вазнин барои оилаи ў дар натиљаи сўхтор ё офати табиӣ, бемории вазнин ё фавти аъзои ягонаи қобили меҳнати оила ё дигар ҳолатҳои фавқулода гардида бошанд.

    2. Ба шахсе, ки барои содир кардани ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин маҳкум шудааст, ба истиснои шахсоне, ки барои ҷиноятњои ба муќобили дахлнопазирии љинсии ноболиѓон, террористӣ ё экстремистї мањкум шудаанд ва ё љиноятро дар њайати гурўҳи ҷиноятӣ содир кардаанд, суд метавонад дар њолати љой доштани асосњои дар ќисми якуми њамин модда нишондодашуда, адои љазоро то се моњ мавќуф гузорад.

    3. Мањдудият оид ба мавқуф гузоштани адои ҷазо ба ноболиѓе, ки дар мавриди љиноят ба муќобили шахси ноболиѓи аз чордањ то њаждањсола содир кардааст, пањн намегардад.
    Моддаи 88. Озод кардан аз адои љазо бинобар сабаби гузаштани муњлати мурури иљрои њукми айбдоркунї

    1. Шахси барои њуќуќвайронкунии љиноятї мањкумшуда аз адои љазо озод карда мешавад, агар њукми айбдоркунї аз рўзи эътибори ќонунї пайдо карданаш дар муњлатњои зерин ба иљро расонида нашуда бошад:

    1) як сол њангоми мањкум кардан барои рафтори љиноятї;

    2) ду сол њангоми мањкум кардан барои љинояти начандон вазнин;

    3) панљ сол њангоми мањкум кардан барои љинояти миёнаи вазнин;

    4) дањ сол њангоми мањкум кардан барои љинояти вазнин;

    5) понздањ сол њангоми мањкум кардан барои љинояти махсусан вазнин.

    2. Љараёни муњлати мурур аз рўи рафтори љиноятї новобаста аз содир кардани њуќуќвайронкунии нави љиноятї боздошт ва ќатъ карда намешавад.

    3. Љараёни ин муњлат аз рўи љиноятњо боздошта мешавад, агар мањкумшуда аз адои љазо саркашї кунад. Дар ин маврид љараёни муњлати мурур аз рўзи дастгир кардани шахс ё омада ба гуноњи худ иќрор шудани ў барќарор карда мешавад. Муњлати муруре, ки аз лањзаи аз адои љазо саркашї кардани мањкумшуда гузаштааст, ба њисоб гирифта мешавад. Њамзамон, њукми айбдоркунї ба иљро расонида намешавад, агар аз ваќти баровардани њукм бист сол гузашта бошад ва ин муњлат дар натиљаи содир кардани љинояти нав ќатъ нашуда бошад. Дар мавриди мавќуф гузоштани адои љазо љараёни муњлати мурур то гузаштани муњлати мавќуф гузоштан боздошта мешавад.

    4. Љараёни муњлати мурур барои содир кардани њуќуќвайронкунии љиноятї ќатъ мегардад, агар шахс то гузаштани муњлатњои дар ќисми якуми њамин модда пешбинишуда ќасдан љинояти навро содир намояд. Дар чунин мавридњо љараёни муњлати мурур аз рўзи содир кардани љинояти нав ба њисоб гирифта мешавад.

    5. Масъалаи татбиќи муњлати мурур нисбати шахси ба љазои ќатл ё якумра мањрум сохтан аз озодї мањкумшударо суд њал менамояд. Агар суд имконияти татбиќи муњлати мурурро имконнопазир њисобад, љазои ќатл ба љазои якумра мањрум сохтан аз озодї ва чазои якумра мањрум сохтан аз озодї ба љазои мањрум сохтан аз озодї ба муњлати бист сол иваз карда мешавад. Муњлатњои мурур нисбати шахсоне, ки љиноятњо ба муқобили сулҳ ва амнияти башарият, ҷиноятњои террористӣ, шиканља, љиноятњо ба муќобили дахлнопазирии љинсии ноболиѓон, инчунин љиноятњои махсусан вазнин ба муќобили шахсият, амнияти љамъиятї, асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти давлат содир кардаанд, татбиќ карда намешаванд.

    БОБИ 13. АВФ. БАХШИШИ ЉАЗО. ДОFИ СУДЇ. САФЕДКУНЇ



    Моддаи 89. Авф

    1. Авф дар асоси Ќонуни Љумњурии Тољикистон нисбати доираи инфиродан номуайяни шахсон татбиќ карда мешавад.

    2. Бо санади авф шахсони њуќуќвайронкунии љиноятї содиркарда мумкин аст аз љавобгарии љиноятї озод карда шаванд. Шахсони барои њуќуќвайронкунии љиноятї мањкумшуда мумкин аст аз љазои асосї ва иловагї пурра ё ќисман озод карда шаванд ё ќисми љазои адонагардидаи онњо кам карда шавад ё ба намуди љазои сабуктар иваз карда шавад. Бо санади авф доѓи судии шахсони љазоро адокарда ё аз адои минбаъдаи он озод кардашуда мумкин аст бардошта шавад.

    3. Санади авф нисбати шахсоне, ки љиноят ба муќобили дахлнопазирии ҷинсии ноболиғон (ба истиснои њолатњои содир кардани чунин ҷиноят аз ҷониби ноболиѓ нисбати ноболиғи аз чордаҳ то ҳаждаҳсола), ҷинояти террористӣ, шиканља содир кардаанд, инчунин ба онњо љазо барои ретсидиви хавфноки љиноятњо таъйин шуда бошад, татбиќ намегардад. Татбиќи санади авф ба њуќуќи љабрдида барои гирифтани товони зарари бо њуќуќвайронкунии љиноятї расонидашуда монеъ шуда наметавонад.
    Моддаи 90. Бахшиши љазо

    1. Санад дар бораи бахшиши љазои шахси муайян, ки нисбати ў њукми айбдоркунї эътибори ќонунї пайдо кардааст, њамчунин шахсе, ки љазоро адо кардаистода ва ё дар њудуди Љумњурии Тољикистон љазои бо њукми суди давлати хориљї таъйингардидаро адокарда аз љониби Президенти Љумњурии Тољикистон ќабул карда мешавад.

    2. Њангоми бахшиши љазои шахсе, ки барои љиноят мањкум шудааст, мумкин аст аз адои минбаъдаи љазо озод карда шавад ва ё љазои ба ў таъйиншуда кам ё ба намуди љазои сабуктар иваз карда шавад ва ё чунин шахс мумкин аст аз намуди љазои иловагї озод карда шавад. Аз шахсони љазоро адокарда ё аз адои минбаъдаи он озод кардашуда мумкин аст доѓи судиашон бо санади бахшиши љазо бардошта шавад. Татбиќи бахшиши љазо ба њуќуќи љабрдида барои гирифтани товони зарари бо њуќуќвайронкунии љиноятї расонидашуда монеъ шуда наметавонад.
    Моддаи 91. Доѓи судї

    1. Шахс аз рўзи эътибори ќонунї пайдо кардани њукми айбдоркунї, ки ба ў љазо таъйин шудааст ва то барњам хўрдан ё бардоштани доѓи судї доѓи судидошта эътироф карда мешавад. Доѓи судї мувофиќи Кодекси мазкур њангоми муайян кардани ретсидиви љиноят, ретсидиви хавфноки љиноят ва њангоми таъйини љазо ба инобат гирифта мешавад.

    2. Шахси аз љазо озодшуда, инчунин барои содир кардани рафтори љиноятї мањкумшуда доѓи судї надошта њисобида мешавад.

    3. Доѓи судї барњам мехўрад:

    1) ба шахси мањкумшудае, ки нисбати ў шартан татбиќ накардани љазо татбиќ карда шудааст – бо гузаштани муњлати санљишї;

    2) нисбати шахсе, ки аз мањрум сохтан аз озодї дида ба намуди љазои сабуктар мањкум шудааст – бо воќеан адо намудани љазо;

    3) нисбати шахсе, ки ба мањрум сохтан аз озодї барои љинояти начандон вазнин ё миёнаи вазнин мањкум шудааст – бо гузаштани се сол баъд аз адои љазо;

    4) нисбати шахсе, ки ба мањрум сохтан аз озодї барои љинояти вазнин мањкум шудааст – бо гузаштани шаш сол баъд аз адои љазо;

    5) нисбати шахсе, ки ба мањрум сохтан аз озодї барои љинояти махсусан вазнин мањкум шудааст – бо гузаштани њашт сол баъд аз адои љазо.

    4. Агар мањкумшуда бо тартиби бо ќонунгузории Љумњурии Тољикистон муќарраргардида пеш аз муњлат аз адои љазо озод шуда бошад ё ќисми адонагардидаи љазо ба намуди љазои сабуктар иваз шуда бошад, пас муњлати барњам хўрдани доѓи судї бо дарназардошти муњлати воќеан адонамудаи љазо аз лањзаи озод кардан аз адои намудњои љазои асосї ва иловагї њисоб карда мешавад.

    5. Агар дар баробари љазои асосї ба шахс бо њукми суд љазои иловагї таъйин шуда бошад, пас муњлати барњам хўрдани доѓи судї аз лањзаи адо намудани намудњои љазои асосї ва иловагї њисоб карда мешавад. Дар мавриди таъйин намудани љазои иловагї дар намуди якумра мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан бо фаъолияти муайян барњам хўрдани доѓи судї аз лањзаи адо намудани намуди љазои асосї њисоб карда мешавад.

    6. Њангоми мањкум кардани шахс аз рўи маљмўи њуќуќвайронкунии ҷиноятї ё маљмўи њукмњо барои љиноятњои дараљаи вазниниашон гуногун тааллуќдошта, барњам хўрдани доѓи судї барои њар як љиноят мустаќилона њисоб карда мешавад, дар ин њолат муњлатњои барњам хўрдани доѓи судї аз лањзаи адо намудани љазо аз рўи маљмўи њуќуќвайронкунии ҷиноятї ё маљмўи њукмњо њисоб карда мешаванд.

    7. Агар мањкумшуда баъд аз адои љазо бенуќсон рафтор намояд, пас бо дархости ў суд метавонад доѓи судии вайро пеш аз муњлати барњам хўрдани доѓи судї бардорад. Меъёри мазкур ба шахсоне, ки ба мањрум сохтан аз озодї барои љинояти вазнин ё махсусан вазнин мањкум шудаанд, инчунин ба онњо љазо њангоми ретсидиви љиноят ё ретсидиви хавфноки љиноят таъйин гардидааст, пањн намегардад.

    8. Агар шахс то муњлати барњам хўрдани доѓи судї аз нав љиноят содир намояд, љараёни муњлати барњам хўрдани доѓи судї ќатъ мегардад. Муњлати барњам хўрдани доѓи судї барои љинояти якум пас аз адои воќеии намудњои љазои асосї ва иловагї барои љинояти охирин аз нав њисоб карда мешавад. Дар ин мавридњо шахс барои њардуи љиноят то гузаштани муњлати барњам хўрдани доѓи судї барои љинояти аз онњо нисбатан вазнинтар доѓи судидошта дониста мешавад.

    9. Барњам хўрдан ё бардоштани доѓи судї тамоми оќибатњои њуќуќии љиноятии бо Кодекси мазкур пешинишударо беъэтибор мегардонад, ба истиснои мањдудиятњои якумра таъйиннамудаи намуди љазои иловагии муќарраргардида.
    Моддаи 92. Сафедкунї

    1. Шахсе, ки њуќуќвайронкунии љиноятї содир накардааст ва беасос ба љавобгарии љиноятї кашида шудааст ва ё ѓайриќонунї мањкум гардидааст, бояд аз љониби суд сафед карда шавад. Дар чунин маврид њамаи њуќуќњои шахси сафедкардашуда пурра барќарор карда мешавад.

    2. Зарареро, ки ба шахс дар натиљаи беасос ба љавобгарии љиноятї кашидан ва ё ѓайриќонунї мањкум кардан расонида шудааст, давлат дар њаљми пурра талофї менамояд.
    Ф А С Л И V.

    ЉАВОБГАРИИ ЉИНОЯТЇ ВА ЉАЗО, АЗ ЉАВОБГАРИИ ЉИНОЯТЇ ВА ЉАЗО ОЗОД КАРДАНИ НОБОЛИЃОН

    Б О Б И 14. ХУСУСИЯТЊОИ ЉАВОБГАРИИ ЉИНОЯТЇ ВА ЉАЗО, АЗ ЉАВОБГАРИИ ЉИНОЯТЇ ВА ЉАЗО ОЗОД КАРДАНИ НОБОЛИЃОН
    Моддаи 93. Љавобгарии љиноятии ноболиѓон

    1. Ноболиѓе, ки ба ў амали фасли мазкур пањн мегардад, шахсе эътироф мешавад, ки то ваќти содир кардани њуќуќвайронкунии љиноятї синни чордањсоларо пур кардааст, вале ба њаждањ нарасидааст.

    2. Ба ноболиѓе, ки њуќуќвайронкунии љиноятї содир кардааст, мумкин аст љазо таъйин карда шавад ва ё ба ў метавонад чорањои маљбурии таъсиррасонии тарбиявї татбиќ карда шаванд.


    Моддаи 94. Намудњои љазое, ки ба ноболиѓон таъйин карда мешаванд

    1. Намудњои љазое, ки ба ноболиѓ таъйин карда мешаванд, аз инњо иборатанд:

    1) мањрум кардан аз њуќуќи машѓул шудан бо фаъолияти муайян;

    2) корњои ҳатмӣ;

    3) корҳои ислоњї;

    4) маҳдуд кардани озодӣ;

    5) љарима;

    6) мањрум сохтан аз озодї.

    2. Мањрум кардан аз њуќуќи машѓул шудан бо фаъолияти муайян ба ноболиѓон ба муњлати аз шаш моњ то як сол таъйин карда мешавад.

    3. Корњои њатмї ба муњлати аз чил то сад соат таъйин карда мешавад, ки он аз иљрои корњои мувофиќи ќувват барои ноболиѓон берун аз ваќти тањсил ё корњои асосї иборат аст. Давомнокии иљрои чунин намуди љазо нисбати ноболиѓи то шонздањсола аз ду соат дар як рўз ва нисбати ноболиѓи аз синни шонздањ то њаждањсола аз се соат дар як рўз зиёд буда наметавонад.

    4. Корњои ислоњї ба ноболиѓон дар љои корашон ба муњлати аз ду моњ то як сол таъйин карда мешаванд. Њамзамон, њармоња аз музди мењнати мањкумшуда аз панљ то дањ фоиз ба фоидаи давлат нигоњ дошта мешавад.

    5. Маҳдуд кардани озодӣ ба ноболиѓон ба муњлати то ду сол таъйин карда мешавад, вале дар мавриди иваз намудани ќисми адонашудаи љазо дар намуди мањрум сохтан аз озодї мањдуд кардани озодї - ба тамоми муњлати ќисми адонагардидаи љазо таъйин карда мешавад.

    6. Љарима танњо њангоми мављуд будани музди мењнат ё молумулки мустаќилона доштани мањкумшудаи ноболиѓ таъйин карда мешавад, ки аз онњо ситонидан мумкин аст. Љарима ба андозаи аз панљ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъйин карда мешавад.

    7. Мањрум сохтан аз озодї ба ноболиѓон мумкин аст ба муњлати то њафт сол, барои содир кардани куштор бо њолатњои вазнинкунанда ё амали терроризм ва ё бо маљмўи њуќуќвайронкунињои љиноятї ё аз рўи маљмўи њукмњо, агар яке аз ин љиноятњо куштор бо њолатњои вазнинкунанда ё амали терроризм бошад – то дувоздањ сол таъйин карда мешавад. Ба ноболиѓоне, ки љинояти начандон вазнин ё миёнаи вазнини бо марги инсон алоќаманднабуда содир кардаанд, мањрум сохтан аз озодї таъйин карда намешавад.

    8. Мањрум сохтан аз озодиро ноболиѓон дар љойњои зерин адо мекунанд:

    1) ноболиѓи љинси мард, ки бори аввал ба мањрум сохтан аз озодї мањкум шудааст, инчунин ноболиѓи љинси зан - дар колонияњои тарбиявии дорои низоми умумї;

    2) ноболиѓи љинси мард, ки ќаблан мањрум сохтан аз озодиро адо кардааст - дар колонияњои тарбиявии дорои низоми пурзўр.
    Моддаи 95. Таъйини љазо ба ноболиѓон

    1. Њангоми таъйини љазо ба ноболиѓ, ба ѓайр аз њолатњои дар моддаи 63 Кодекси мазкур пешбинишуда, шароити њаёт ва тарбияи ў, дараљаи инкишофи руњї, дигар хусусиятњои шахсият, инчунин таъсири шахсони синну солашон аз ў калон ба назар гирифта мешаванд.

    2. Синни ноболиѓї њамчун њолати сабуккунанда дар маљмуъ бо дигар њолатњои сабуккунанда ва вазнинкунада ба назар гирифта мешавад.

     

    Моддаи 96. Озод кардани ноболиѓон аз љавобгарии љиноятї ва љазо

    1. Ноболиѓе, ки рафтори љиноятї ё љинояти начандон вазнин ва ё бори аввал љинояти миёнаи вазнин содир кардааст, мумкин аст аз љавобгарии љиноятї озод карда шавад, агар муќаррар карда шавад, ки ислоњи ў бидуни ба љавобгарии љиноятї кашидан имконпазир бошад. Дар ин маврид ба ў мумкин аст чорањои маљбурии дорои хусусияти тарбиявї татбиќ карда шаванд.

    2. Ноболиѓе, ки бори аввал барои содир кардани рафтори љиноятї ё љинояти начандон вазнин ё љинояти миёнаи вазнин мањкум шудааст, мумкин аст аз љониби суд аз љазо озод карда шавад, агар њисобида шавад, ки ислоњи ў бо роњи татбиќи чорањои маљбурии дорои хусусияти тарбиявї имконпазир бошад.

    3. Ноболиѓе, ки бори аввал ҷинояти вазнини ба марг ва расонидани зиёни вазнин ба саломатии шахс алоқамандӣ надоштаро содир кардааст, метавонад аз љониби суд дар мавридњои дар ќисми дуюми моддаи 79 Кодекси мазкур пешбинишуда аз љавобгарии љиноятї озод карда шавад.
    Моддаи 97. Чорањои маљбурии дорои хусусияти тарбиявї

    1. Ба ноболиѓ суд метавонад чорањои маљбурии дорои хусусияти тарбиявии зеринро таъйин намояд:

    1) огоњї;

    2) ба назорати падару модар ё шахсони онњоро ивазкунанда ва ё маќомоти махсусгардонидашудаи давлатї супоридан;

    3) вогузор намудани уњдадории барќарор кардани зиёни расонидашуда;

    4) мањдуд кардани фароѓат ва муќаррар намудани талаботи махсус ба рафтори ноболиѓ;

    5) љойгир кардани ноболиѓ дар муассисаи таълимї бо низоми нигоњдории махсус;

    6) уњдадор кардани узрпурсї аз љабрдида;

    7) муќаррар намудани назорати пробатсионї.

    2. Ба ноболиѓ мумкин аст дар як ваќт якчанд чорањои маљбурии дорои хусусияти тарбиявї татбиќ карда шаванд.
    Моддаи 98. Нигоњ доштан ва муњлатњои татбиќи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тарбиявї

    1. Огоњї аз фањмонидан ба ноболиѓ зиёни бо кирдори ў расонидашуда ва оќибатњои такроран содир кардани њуќвайронкунињои бо Кодекси мазкур пешбинишуда иборат аст.

    2. Ба назорати падару модар ё шахсони онњоро ивазкунанда ва ё маќомоти махсусгардонидашудаи давлатї супоридан аз вогузор намудани уњдадорињо ба падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда ва ё мақомоти махсусгардонидашудаи давлатӣ оид ба таъсиррасонии тарбиявї ба ноболиѓ ва назорати пробатсионї аз болои рафтори ў иборат аст.

    3. Вогузор намудани уњдадории барќарор кардани зиёни расонидашуда бо дарназардошти вазъи молумулкии ноболиѓ ва доштани малакањои мењнатии дахлдори ў гузошта мешавад.

    4. Мањдуд кардани фароѓат ва муќаррар намудани талаботи махсус ба рафтори ноболиѓ метавонанд манъи ба љойњои муайян ташриф овардан, истифодабарии шаклњои муайяни фароѓат, аз љумла вобаста ба идораи воситаи нақлиёти механикӣ, мањдудияти њузур доштан берун аз хона баъди ваќти муайяни шабонарўзї, ба дигар мањалњо бе иљозати маќомоти махсусгардонидашудаи давлатї сафар карданро пешбинї намоянд. Инчунин, мумкин аст ба ноболиѓ талабот пешнињод карда шавад, ки ба муассисаи таълимї баргардад, омўзишро давом ё анљом дињад ва ё бо кўмаки маќомоти махсусгардонидашудаи давлатї бо кор таъмин карда шавад. Номгўи мазкур нињої нест.

    5. Љойгир кардан дар муассисаи таълимї бо низоми нигоњдории махсус ба муњлати аз шаш моњ то ду сол мумкин аст аз љониби суд ба ноболиѓе таъйин карда шавад, ки љинояти ќасдонаи миёнаи вазнин ё вазнин содир кардааст. Нигоњ доштан дар муассисаи номбурда мумкин аст бо сабаби расидан ба балоѓат пеш аз муњлат ќатъ карда шавад, инчунин агар дар асоси хулосаи маќомоти махсусгардонидашудаи давлатии таъминкунандаи ислоњ, суд ба хулосае ояд, ки ноболиѓ барои ислоњи худ минбаъд барои татбиќи чораи мазкур эњтиёљ надорад.

    6. Дароз кардани муњлати нигоњ доштан дар муассисаи таълимї бо низоми нигоњдории махсус баъди гузаштани муњлати пешбиникардаи ќисми панљуми њамин модда, танњо дар мавриди зарурати аз љониби ноболиѓ анљом додани тайёрии таҳсилоти умумӣ ё касбӣ роҳ дода мешавад, вале на зиёдтар аз ба балоѓат расидан.

    7. Тартиб ва шароити нигоњдории ноболиѓ дар муассисаи таълимї бо низоми нигоњдории махсус бо ќонунњои Љумњурии Тољикистон муайян карда мешаванд.

    8. Ноболиѓ барои зиёни расонидашуда аз љабрдида шахсан узр мепурсад.

    9. Назорати пробатсионї тибќи ќоидањои ќисми дуюми моддаи 52 Кодекси мазкур ба муњлати то як сол муќаррар карда мешавад.

    10. Муњлати татбиќи чорањои маҷбуркунии дорои хусусияти тарбиявидошта, ки бо бандњои 1) ва 4) ќисми якуми моддаи 97 Кодекси мазкур пешбинї шудаанд, барои содир кардани рафтори љиноятї бо давомнокии то шаш моњ, барои содир кардани љинояти начандон вазнин аз шаш моњ то як сол, барои содир кардани љинояти миёнаи вазнин аз як сол то ду сол ва барои содир кардани љинояти вазнин аз ду то се сол муќаррар карда мешавад.

    11. Дар мавриди ќасдан аз љониби ноболиѓ дар давоми сол мунтазам иљро накардани чораи маҷбуркунии дорои хусусияти тарбиявидошта ин чора бо пешнињоди маќомоти махсусгардонидашудаи давлатї аз љониби суд бекор мегардад ва маводњо барои ба љавобгарии љиноятї кашидани ноболиѓ ирсол карда мешаванд, агар муњлати мурури ба љавобгарии љиноятї кашидан нагузашта бошад.


    1   ...   6   7   8   9   10   11   12   13   ...   51


    написать администратору сайта