Уголовный кодекс Таджикистана. Кодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї
Скачать 0.67 Mb.
|
БОБИ 5. ГУНОЊ Моддаи 27. Шаклњои гуноњ 1. Шахсе дар њуќуќвайронкунии љиноятї гунањгор эътироф мешавад, ки кирдорро ќасдан ё аз беэњтиётї содир кардааст. 2. Кирдоре, ки танњо аз беэњтиётї содир шудааст, он гоњ њуќуќвайронкунии љиноятї эътироф мешавад, агар он дар моддаи дахлдори Ќисми махсуси Кодекси мазкур махсус пешбинї шуда бошад. Моддаи 28. Њуќуќвайронкунии љиноятии ќасдан содиршуда 1. Њуќуќвайронкунии љиноятии ќасдан содиршуда кирдоре эътироф мешавад, ки бо ќасди бевосита ё бавосита содир шудааст. 2. Њуќуќвайронкунии љиноятї бо ќасди бевосита содиршуда эътироф мешавад, агар шахс ба љамъият хавфнокии њаракати (бењаракатии) худро дарк кардааст, имконият ё ногузирии фаро расидани оќибатњои барои љамъият хавфноки онро пешбинї намудааст ва хоњони фаро расидани онњо мебошад. 3. Њуќуќвайронкунии љиноятї бо ќасди бавосита содиршуда эътироф мешавад, агар шахс ба љамъият хавфнокии њаракати (бењаракатии) худро дарк кардааст, имконияти фаро расидани оќибатњои барои љамъият хавфнокии онро пешбинї намудааст, фаро расидани оќибатњоро нахостааст, вале дидаву дониста ба фаро расидани ин оќибатњо роњ додааст ва ё ба онњо беэътиноёна муносибат кардааст. Моддаи 29. Њуќуќвайронкунии љиноятии аз беэњтиётї содиршуда 1. Њуќуќвайронкунии љиноятї аз беэњтиётї содиршуда кирдоре эътироф мешавад, ки бо худбоварї ё бепарвої содир шудааст. 2. Њуќуќвайронкунии љиноятї бо худбоварї содиршуда эътироф мешавад, агар шахс имконияти фаро расидани оќибатњои барои љамъият хавфнокии њаракати (бењаракатии) худро пешбинї карда, вале бе асосњои ба он кофї кўтоњандешона њисоб кардааст, ки ин оќибатњоро бартараф мекунад. 3. Њуќуќвайронкунии љиноятї бо бепарвої содиршуда эътироф мешавад, агар шахс имконияти фаро расидани оќибатњои барои љамъият хавфнокии њаракати (бењаракатии) худро пешбинї накарда бошад, њол он ки њангоми бодиќќатї ва дурандешии зарурї мебоист ва метавонист ин оќибатњоро пешбинї кунад. Моддаи 30. Љавобгарї барои њуќуќвайронкунии љиноятие, ки бо ду шакли гуноњ содир шудааст Агар дар натиљаи ќасдан содир кардани њуќуќвайронкунии љиноятї оќибатњои вазнин расонида шаванд, ки мувофиќи Кодекси мазкур боиси љазои сахтар мегарданд ва агар онњо ќасди шахсро дарбар нагиранд, љавобгарии љиноятї барои чунин оќибатњо танњо дар мавридњое ба миён меояд, ки агар шахс имконияти фаро расидани онњоро пешбинї карда, вале бе асосњои ба он кофї худбоварона њисоб кардааст, ки онњоро бартараф мекунад, ё агар шахс имконияти фаро расидани чунин оќибатњоро пешбинї накарда бошад, њол он ки мебоист ва метавонист пешбинї кунад. Дар маљмуъ чунин њуќуќвайронкунии љиноятї ќасдан содиршуда эътироф мешавад. Моддаи 31. Бегуноњ расонидани зиён 1. Кирдор бегуноњ содиршуда эътироф мешавад, агар њаракат (бењаракатї) ва оќибатњои ба љамъят хавфноки фарорасида ќасди шахси содиркардаи онро дарбар нагирад ва љавобгарии љиноятї барои содир кардани чунин кирдор ва расонидани оќибати барои љамъият хавфнок аз беэњтиётї дар Кодекси мазкур пешбинї нашуда бошад. 2. Кирдор бегуноњ содиршуда эътироф мешавад, агар шахси онро содиркарда ба љамъият хавфнокии њаракат (бењаракатии) худро дарк накардааст ва вобаста ба њолатњои кор наметавонист онњоро дарк кунад ва ё имконияти фаро расидани оќибатњои барои љамъият хавфнокро пешбинї накардааст ва вобаста ба њолатњои кор намебоист ва наметавонист онњоро пешбинї кунад. Кирдор инчунин бегуноњ содиршуда эътироф мешавад, агар шахс њангоми содир кардани он фаро расидани оќибатњои барои љамъият харфнокро пешбинї карда, бо асосњои ба он кофї њисоб карда бошад, ки чунин оќибатњоро бартараф месозад ва ё ин оќибатњоро бо сабабњои номувофиќии сифатњои психофизиологии худ ба талаботу шароити ѓайриоддї ё мондашавии асабу рўњ пешгирї карда натавонад. БОБИ 6. ЉИНОЯТИ НОТАМОМ ВА ЊУЌУЌВАЙРОНКУНИИ ЉИНОЯТИИ ХОТИМАЁФТА Моддаи 32. Тайёрї ба љиноят ва сўиќасд ба љиноят 1. Тайёрї ба љиноят ва сўиќасд ба љиноят ҷинояти нотамом эътироф мешаванд. 2. Тайёрї ба љиноят бо ќасди бевосита љустуљў, тайёр ё мувофиќ кардани восита ё олоти љиноят, љустуљўи шарикони љиноят, созиш барои содир кардани љиноят ва ё ќасдан фароњам овардани дигар шароит барои содир кардани љиноят содиршуда эътироф мешаванд, агар зимнан љиноят бо њолатњои аз иродаи шахс вобастанабуда ба охир расонида нашуда бошад. 3. Љавобгарии љиноятї барои тайёрї ба љинояти вазнин ё махсусан вазнин фаро мерасад. 4. Сўиќасд ба љиноят њаракатњои (бењаракатии) бо ќасди бевосита содирнамуда эътироф мешаванд, ки бевосита ба содир кардани љиноят равона гардидаанд, агар зимнан љиноят бо њолатњои аз ин шахс вобастанабуда ба охир расонида нашуда бошад. 5. Љавобгарии љиноятї барои сўиќасд ба љиноят барои љинояти миёнаи вазнин, вазнин ё махсусан вазнин фаро мерасад. 6. Љавобгарии љиноятї барои тайёрї ба љиноят ва сўиќасд ба љиноят аз рўи њамон моддаи Кодекси мазкур, ки барои љинояти хотимаёфта пешбинї намудааст, бо ишора ба ќисми дахлдори њамин модда фаро мерасад. Моддаи 33. Њуќуќвайронкунии љиноятии хотимаёфта Њуќуќвайронкунии ҷиноятии хотимаёфта эътироф мешавад, агар дар кирдори содиркардаи шахс њамаи аломатњои таркиби њуќуќвайронкунии дар Ќисми махсуси Кодекси мазкур пешбинишуда мавҷуд бошанд. Моддаи 34. Ихтиёрї даст кашидан аз њуќуќвайронкунии љиноятї 1. Ихтиёрї даст кашидан аз њуќуќвайронкунии љиноятї ин аз љониби шахс ќатъ намудани њаракатњои тайёрї ва ё ќатъ намудани њаракат (бењаракатї), ки бевосита ба содир кардани њамин кирдор равона шудааст, эътироф мешавад, агар шахс имконияти ба охир расонидани онро дарк карда бошад. 2. Шахс барои содир кардани њуќуќвайронкунии љиноятї ба љавобгарии љиноятї кашида намешавад, агар ў ихтиёран ва ќатъиян аз то ба охир расонидани ин кирдор даст кашида бошад. 3. Шахсе, ки ихтиёран аз то ба охир расонидани њуќуќвайронкунии љиноятї даст кашидааст, танњо дар њолате ба љавобгарии љиноятї кашида мешавад, ки агар дар кирдори воќеан содирнамудаи ў таркиби дигари њуќуќвайронкунии љиноятї мавҷуд бошад. 4. Ташкилкунанда ва тањриккунандаи њуќуќвайронкунии љиноятї ба љавобгарии љиноятї кашида намешаванд, агар ин шахсон бо хабар додан ба маќомоти њокимияти давлатї ё чорањои дигари андешидаашон то ба охир расонидани ин њуќуќвайронкунї аз љониби иљрокунанда пешгирї карда бошанд. 5. Ёрдамчї ба љавобгарии љиноятї кашида намешавад, агар то ба охир расонидани њуќуќвайронкунии љиноятї аз љониби иљрокунанда аз ваъдаи пешакї додаи худ даст кашад ё натиљаи ёрии аллакай расонидаи худро бартараф карда бошад. 6. Агар њаракатњои дар ќисми чоруми њамин модда пешбинишудаи ташкилкунанда ва тањриккунанда содир кардани њуќуќвайронкунии љиноятиро аз љониби иљрокунанда пешгирї карда натавонанд, чорањои андешидаи онњоро суд метавонад њангоми таъйин намудани љазо њамчун њолатњои сабуккунанда эътироф намояд. БОБИ 7. ШАРИКЇ ДАР ЊУЌУЌВАЙРОНКУНИИ ЉИНОЯТЇ Моддаи 35. Мафњуми шарикї дар њуќуќвайронкунии љиноятї Шарикї дар њуќуќвайронкунии љиноятї иштироки якљояи ќасдонаи ду ё зиёда шахсон дар содир кардани њуќуќвайронкунии љиноятии ќасдона эътироф мешавад. Моддаи 36. Намудњои шарикони њуќуќвайронкунии љиноятї 1. Шарикони њуќуќвайронкунии љиноятї дар баробари иљрокунанда ташкилкунанда, тањриккунанда ва ёрдамчї эътироф мешаванд. 2. Иљрокунанда шахсе эътироф мешавад, ки бевосита њуќуќвайронкунии љиноятиро содир кардааст ва ё якљоя бо шахсони дигар (њамиљрокунандагон) бевосита дар содир кардани он иштирок кардааст, инчунин шахсе, ки њуќуќвайронкунии ҷиноятиро тавассути истифодаи шахсони дигаре, ки вобаста ба син, номукаллафї ё њолатњои дигари пешбининамудаи Кодекси мазкур ба љавобгарии љиноятї кашида намешаванд, содир кардааст, њамчунин тавассути истифодаи шахсоне, ки кирдорро аз беэњтиётї содир кардаанд. 3. Ташкилкунанда шахсе эътироф мешавад, ки содиршавии њуќуќвайронкунии љиноятиро ташкил ё ба иљрои он роњбарї кардааст, инчунин шахсе, ки гурўњи љиноятиро таъсис додааст ва ё ба он роњбарї кардааст. 4. Тањриккунанда шахсе эътироф мешавад, ки шахси дигарро бо роњи боварикунонї, харида гирифтан, тањдид ё ба тарзи дигар ба содир кардани њуќуќвайронкунии љиноятї моил кардааст. 5. Ёрдамчї шахсе эътироф мешавад, ки бо маслињатњо, дастурњо, додани иттилоот, олот ё воситањои содир кардани ин кирдор ва ё бартараф намудани монеањо ба содир кардани он мусоидат намудааст, инчунин шахсе, ки пинњон кардани иљрокунанда, восита ё олоти дигари содир кардани њуќуќвайронкунии љиноятї, осори ин кирдор ва ё ашёи бо роњи зиддињуќуќї ба даст омадаро пешакї ваъда додааст, њамчунин шахсе, ки дар хусуси ба даст овардан ё ба соњибияти каси дигар додани чунин ашёро пешакї ваъда додааст. Моддаи 37. Љавобгарии шарикони њуќуќвайронкунии љиноятї 1. Љавобгарии љиноятии шарикон вобаста ба хусусият ва дараљаи иштироки воќеии њар яке аз онњо дар содир кардани њуќуќвайронкунии љиноятї муайян карда мешавад. 2. Њамиљрокунандагон барои њуќуќвайронкунии љиноятии якљоя содиркардаашон бо њамон моддаи Ќисми махсуси Кодекси мазкур бе ишора ба моддаи 36 Кодекси мазкур ба љавобгарии љиноятї кашида мешаванд. 3. Љавобгарии ташкилкунанда, тањриккунанда ва ёрдамчї мутобиќи моддае, ки љазоро барои кирдори содиршуда пешбинї менамояд, бо ишора ба моддаи 36 Кодекси мазкур фаро мерасад, ба истиснои њолатњое, ки онњо дар як ваќт њамиљрокунандагон бошанд. 4. Шахсе, ки субъекти њуќуќвайронкунии љиноятии дар моддаи Ќисми махсуси Кодекси мазкур махсус зикргардида набуда, дар содир кардани њуќуќвайронкунии љиноятии пешбининамудаи њамин модда иштирок кардааст, барои ин кирдор танњо ба сифати ташкилкунанда, тањриккунанда ва ё ёрдамчї ба љавобгарї кашида мешавад. 5. Агар иљрокунанда бинобар њолатњои аз ў вобастанабуда љиноятро то ба охир расонида натавонад, дигар шарикон барои тайёрї ба љиноят ё сўиќасд ба љиноят ба љавобгарї кашида мешаванд. Барои тайёрї ба љиноят инчунин шахсе ба љавобгарии љиноятї кашида мешавад, ки бинобар њолатњои аз ў вобастанабуда моил намудани дигар шахсон ба содир кардани ин кирдор ба ў муяссар нагардидааст. Моддаи 38. Ифроти иљрокунандаи њуќуќвайронкунии љиноятї Аз љониби иљрокунанда содир кардани њуќуќвайронкунии љиноятие, ки дигар шарикон ќасди онро надоштанд, ифроти иљрокунанда эътироф мешавад. Барои ифроти иљрокунанда дигар шарикони њуќуќвайронкунии љиноятї ба љавобгарии љиноятї кашида намешаванд. Моддаи 39. Љавобгарии љиноятї барои њуќуќвайронкунии љиноятии аз љониби гурўњ содиршуда 1. Њуќуќвайронкунии љиноятї аз љониби гурўњи шахсон содиршуда эътироф мешавад, агар дар содир кардани он якљоя ду ё зиёда иљрокунандагон бе созиши пешакї иштирок карда бошанд. 2. Њуќуќвайронкунии љиноятї аз љониби гурўњи шахсон бо созиши пешакї содиркарда эътироф мешавад, агар дар он шахсоне иштирок карда бошанд, ки оид ба якљоя содир кардани њуќуќвайронкунии љиноятї пешакї ањд кардаанд. 3. Љиноят аз љониби гурўњи љиноятї содиркарда эътироф мешавад, агар он аз љониби гурўњи муташаккил, ташкилоти љиноятї, иттињоди љиноятї, гурўњи муташаккили фаромиллї, ташкилоти муташаккили фаромиллї, иттињоди муташаккили фаромиллї, гурўњи террористї, гурўњи экстремистї, даста ё воњидњои њарбикунонидашудаи ѓайриќонунии ташкилшуда содир шуда бошанд. 4. Шахсе, ки гурўњи љиноятиро таъсис додааст ё ба он роњбарї кардааст, дар мавридњои пешбининамудаи моддањои дахлдори Ќисми махсуси Кодекси мазкур барои ташкили гурўњи љиноятї ва роњбарї ба он, инчунин барои тамоми љиноятњои содиркардаи гурўњи љиноятї, агар ќасди ў онњоро дарбар гирифта бошад, ба љавобгарии љиноятї кашида мешавад. 5. Дигар иштирокчиёни гурўњи љиноятї барои иштирок дар он дар њолатњои пешбининамудаи моддањои дахлдори Ќисми махсуси Кодекси мазкур, инчунин барои љиноятњое, ки дар тайёрї ё содир кардани онњо иштирок намуданд, ба љавобгарии љиноятї кашида мешаванд. Б О Б И 8. ЊОЛАТЊОЕ, КИ ЗИДДИЊУЌУЌИИ ЉИНОЯТЇ БУДАНИ КИРДОРРО ИСТИСНО МЕКУНАНД Моддаи 40. Мудофиаи зарурї 1. Њифзи ќонунии шахсият ва њуќуќњои мудофиакунанда ва шахсони дигар, инчунин манфиатњои бо ќонун њимояшавандаи љамъият ва давлат аз таљовузи ба љамъият хавфнок, аз он љумла бо роњи расонидани зиён ба шахси таљовузкунанда мудофиаи зарурї эътироф мешавад. 2. Њуќуќ ба мудофиаи заруриро дар асосњои баробар њамаи шахсон, новобаста аз тайёрии касбї ё дигар тайёрии махсус ва вазъи хизматї доранд. Ин њуќуќ ба шахс новобаста аз имконияти рањо ёфтан аз таљовузи ба љамъият хавфнок ва ё барои кўмак мурољиат кардан ба дигар шахсон ё ба маќомоти њокимияти давлатї тааллуќ дорад. 3. Расонидани зиён ба шахси таљовузкунанда дар њолати мудофиаи зарурї, яъне њангоми њимояи шахсият, манзил, моликият ва дигар њуќуќњои њимоякунанда ва шахсони дигар, манфиатњои бо ќонун њимояшавандаи љамъият ё давлат аз таљовузи ба љамъият хавфнок бо роњи расонидани зиён ба таљовузкунанда, агар дар ин њолат ба баромадан аз њадди мудофиаи зарурї роњ дода нашуда бошад, њуќуќвайронкунии љиноятї эътироф намешавад. 4. Баръало мувофиќ набудани њимоя ба хусусият ва дараљаи хавфнокии таљовуз, ки дар натиљаи он ба таљовузкунанда баръало аз њад зиёд зиёне расонида мешавад, ки вазъи љойдошта онро талаб намекард, баромадан аз њадди мудофиаи зарурї эътироф мешавад. Баромадан аз њадди мудофиаи зарурї танњо дар мавридњои ќасдан расонидани зиён боиси ба љавобгарии љиноятї кашидан мешавад. 5. Расонидани зиён ба шахсе, ки ба њаёти инсон таљовуз меоварад ва ё њангоми рафъи дигар таљовузе, ки бо њуљуми мусаллањона алоќамандбуда ё зўроварии барои њаёти мудофиакунанда ё шахсони дигар хавфнок ва ё бо тањдиди бевоситаи чунин зўроварї ва ё бо зўроварї ворид шудан ба манзил, бино, инчунин агар мудофиакунанда дар натиљаи таљовузи нобањангом ба таври воќеї хусусият ва дараљаи хавфнокии њуљумро бањо дода наметавонист, баромадан аз њадди мудофиаи зарурї намешавад. 6. Ќасдан барангехтани иѓвои таљовуз бо маќсади расонидани зиён мудофиаи зарурї њисобида намешавад. Моддаи 41. Расонидани зиён њангоми дастгир кардани шахсе, ки њуќуќвайронкунии љиноятї содир кардааст 1. Расонидани зиён ба шахси њуќуќвайронкунии љиноятї содиркарда њангоми дастгир кардани ў барои овардан ба маќомоти давлатї ва пешгирии имконияти содир кардани таљовузњои нави ў, агар бо воситањои дигар дастгир кардани чунин шахс ѓайриимкон бошад ва зимнан чорањои зарурии андешидашуда аз њад набаромада бошанд, њуќуќвайронкунии љиноятї намешавад. 2. Баромадан аз њадди чорањое, ки барои дастгир кардани шахси њуќуќвайронкунии љиноятї содиркарда номутобиќатии ошкорои чорањои ба хусусият ва дараљаи ба љамъият хавфнокии њуќуќвайронкунї аз љониби шахси дастгиршаванда ва ба њолатњои дастгир кардан, дар мавриде, ки ба шахс бе зарурият баръало зиёне, ки вазъият онро талаб намекард, расонида мешавад, эътироф мешаванд. Баромадан аз њадди чорањое, ки барои дастгир кардани шахси њуќуќвайронкунии љиноятї содиркарда танњо дар мавридњои ќасдан расонидани зиён боиси ба љавобгарии љиноятї кашидан мешавад. 3. Њуќуќи дастгир кардани шахси њуќуќвайронкунии љиноятї содиркардаро дар баробари шахсони ба он махсус ваколатдор, инчунин љабрдидагон ва дигар шањрвандон низ доранд. 4. Њангоми бањодињии ќонунї будани расонидани зиёни дар ваќти дастгир кардани шахси њуќуќвайронкунии љиноятї содиркарда њаракати ў дар мавриди аз дастгиршавї рањо ёфтан, ќувва ва имкониятњои дастгиршаванда, њолати рўњии ў ва њолатњои дигари алоќаманд бо воќеияти дастгиркунї ба назар гирифта мешаванд. Моддаи 42. Зарурати нињої 1. Расонидани зиён ба манфиатњои бо Кодекси мазкур њифзшаванда дар њолати зарурати нињої, яъне барои рафъи хавфи бевосита ба њаёт, саломатї, моликият, њуќуќ ва манфиатњои ќонунии ин шахс ё шахсони дигар, манфиатњои љамъият ё давлат тањдидкунанда, агар рафъи ин хавф бо дигар воситањо номумкин бошад ва зимнан аз њадди зарурати нињої набаромада бошад, њуќуќвайронкунии љиноятї намебошад. 2. Баромадан аз њадди зарурати нињої баръало мувофиќ набудани зиён ба хусусият ва дараљаи хавфи тањдидкунанда ва њолат, ки дар натиљаи он хавф рафъ карда шудааст, ваќте ки ба манфиатњои ќонунан њифзшаванда зиёни баробар ё аз он бештар назар ба зиёни бартарафшуда расонида шуда бошад, эътироф мешавад. Баромадан аз њадди зарурати нињої танњо дар мавридњои ќасдан расонидани зиён боиси љавобгарї мегардад. 3. Њангоми бањодињии ќонунї будани њаракати дар њолати зарурати нињої содиршуда хусусият ва дараљаи хавфи рафъшаванда, воќеият ва наздикшавии фаро расидани он, имконияти воќеии шахс љињати пешгирї намудани он, њолати рўњии ў дар вазъияти бамиёномада ва њолатњои дигар ба назар гирифта мешаванд. Моддаи 43. Ба амал баровардани чорабинињои оперативї-љустуљўї, зиддикашофї ё ѓайриошкорои амалњои тафтишї 1. Зиёни ба манфиатњои бо Кодекси мазкур њифзшаванда бо кирдори корманди ваколатдори маќомоти давлатї ва ё бо супориши чунин маќомот дигар шахсони бо ин маќомот њамкоридошта њангоми иљрои чорабинињои оперативї-љустуљўї, зиддикашофї ё ѓайриошкорои амалњои тафтишї тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон расонидашуда, агар ин кирдор бо маќсади бартараф кардан, ошкор кардан, кушодан ё тафтиши њуќуќвайронкунии љиноятии аз љониби гурўњи шахсон, гурўњи шахсон бо созиши пешакї, гурўњи љиноятї содиршуда, пешгирї, фош ва рафъ кардани иќдоми кашофї ва (ё) ноустуворї, инчунин агар зиёни ба манфиатњои бо ќонун њифзшаванда нисбат ба зиёне, ки њуќуќвайронкунињои љиноятии нишондодашуда расонида камтар бошад ва агар бартараф кардан, кушодан ё тафтиш намудани онњо, њамчунин фош кардани шахсони гунањгор дар содир кардани њуќуќвайронкунии љиноятї бо дигар тарз амалї карда наметавонистанд, њуќуќвайронкунии љиноятї намебошад. 2. Муќаррароти ќисми якуми њамин модда нисбат ба шахсоне, ки кирдори бо тањдид ба њаёт ё саломатии инсон, фалокати экологї, офати љамъиятї ё дигар оќибатњои вазнин алоќамандбударо содир кардаанд, пањн намегардад. Моддаи 44. Маљбуркунии љисмонї ё рўњї 1. Расонидани зиён ба манфиатњои бо Кодекси мазкур њифзшаванда дар натиљаи маљбуркунии љисмонї ё рўњї, агар дар натиљаи чунин маљбуркунї шахс њаракати (бењаракатии) худро идора карда натавонад, њуќуќвайронкунии љиноятї намебошад. 2. Масъалаи љавобгарии љиноятї барои расонидани зиён ба манфиатњои бо Кодекси мазкур њифзшаванда дар натиљаи маљбуркунии љисмонї ё рўњї, ки оќибат шахс имконияти идора кардани њаракатњои худро нигоњ доштааст, бо дарназардошти муќаррароти моддаи 42 Кодекси мазкур њал мешавад. Моддаи 45. Таваккали асоснок 1. Расонидани зиён ба манфиатњои бо Кодекси мазкур њифзшаванда њангоми таваккали асоснок барои ноил шудан бо маќсади ба љамъият фоиданок њуќуќвайронкунии љиноятї намебошад. 2. Таваккал дар њолате асоснок эътироф мешавад, ки агар ноил шудан ба маќсади мазкур бо њаракатњои (бењаракатии) ба таваккал алоќаманднабуда номумкин бошад ва шахси ба таваккал роњдода тамоми чорањои кофиро барои бартараф кардани зиён ба манфиатњои бо Кодекси мазкур њифзшаванда андешида бошад. 3. Таваккал асоснок эътироф карда намешавад, агар он дидаю дониста бо тањдиди ба њаёт ё саломатии одамон, фалокати экологї, офати љамъиятї ё дигар оќибатњои вазнин алоќаманд бошад. Моддаи 46. Иљрои фармон ё амр 1. Расонидани зиён ба манфиатњои бо Кодекси мазкур њифзшаванда аз љониби шахсе, ки љињати иљрои фармон ё амри барои ў њатмибуда амал кардааст, њуќуќвайронкунии љиноятї намебошад. Барои расонидани чунин зиён шахсе ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад, ки фармон ё амри ғайриқонунӣ додааст. 2. Шахсе, ки њуќуќвайронкунии љиноятии ќасдонаро љињати иљрои фармон ё амри дидаю дониста ѓайриќонунибуда содир кардааст, бо асосњои умумї ба љавобгарии љиноятї кашида мешавад. 3. Иљро накардани фармон ё амри дидаю дониста ѓайриќонунибуда љавобгарии љиноятиро истисно мекунад. ФАСЛИ III. ЉАЗО БОБИ 9. МАФЊУМ ВА МАЌСАДЊОИ ЉАЗО. НАМУДЊОИ ЉАЗО Моддаи 47. Мафњум ва маќсадњои љазо 1. Љазо чораи маљбуркунии давлатие мебошад, ки бо њукми суд таъйин карда мешавад. Љазо нисбати шахсе, ки дар содир кардани њуќуќвайронкунии љиноятї гунањгор дониста шудааст, татбиќ гардида, аз мањрум ё мањдуд кардани њуќуќу озодињои ин шахс, ки дар Кодекси мазкур пешбинї гардидаанд, иборат мебошад. 2. Љазо бо маќсадњои барќарор намудани адолати иљтимої, инчунин ислоњи мањкумшуда, пешгирии содир кардани њуќуќвайронкунии љиноятии нав аз љониби мањкумшуда ва дигар шахсон татбиќ карда мешавад. Моддаи 48. Намудњои љазо 1. Нисбат ба шахсе, ки дар содир кардани рафтори љиноятї гунањгор дониста шудааст, мумкин аст љазоњои асосии зерин татбиќ карда шаванд: 1) корњои ҳатмӣ; 2) корҳои ислоњї; 3) маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ; 4) маҳдуд кардани озодӣ; 5) љарима; 6) њабс; 7) берун кардани шањрванди хориљї ё шахси бешањрванди ба таври доимї дар Љумњурии Тољикистон истиќоматнакунанда аз њудуди он. 2. Нисбат ба шахсе, ки дар содир кардани љиноят гунањгор дониста шудааст, мумкин аст љазоњои асосии зерин татбиќ карда шаванд: 1) корњои њатмї; 2) корњои ислоњї; 3) маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ; 4) мањдуд кардани озодї; 5) љарима; 6) нигоњ доштан дар ќисми њарбии интизомї; 7) мањрум сохтан аз озодї; 8) якумра маҳрум сохтан аз озодӣ; 9) љазои ќатл. 3. Нисбат ба шахсе, ки дар содир кардани њуќуќвайронкунии љиноятї гунањгор дониста шудааст, дар баробари љазои асосї љазоњои иловагии зерин метавонанд татбиќ карда шаванд: 1) маҳрум кардан аз рутбаҳои ҳарбӣ, рутбаҳои дипломатӣ, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрии Тоҷикистон; 2) мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян; 3) берун кардани шањрванди хориљї ё шахси бешањрванди ба таври доимї дар Љумњурии Тољикистон истиќоматнакунанда аз њудуди он; 4) мусодираи молу мулк. 4. Барои як њуќуќвайронкунии ҷиноятї танҳо як ҷазои асосӣ таъйин карда мешавад. Дар мавридҳо ва бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур бо ҷазои асосӣ таъйин кардани як ё якчанд ҷазои иловагӣ мумкин аст. |