Уголовный кодекс Таджикистана. Кодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї
Скачать 0.67 Mb.
|
зиёни сабук ба саломатӣ - зиёни ба саломатии инсон, ки боиси ба муњлати кўтоњ хароб шудани саломатї (ба муҳлати на зиёда аз бисту як шабонарӯз) ё андак ба таври устувор аз даст додани камтар аз даҳяки ќобилияти умумии мењнатї гардидааст; 24) зиёни миёна ба саломатӣ - зиён ба саломатии инсон, ки ба њаёти ў хатарнок набуда, боиси харобшавии тўлонии саломатї (ба муҳлати зиёда аз бисту як рӯз) ё боиси назаррасу устувор аз даст додани камтар аз сеяки ќобилияти умумии мењнатї шудааст; 25) зиёни вазнин ба саломатӣ - зиён ба саломатии инсон, ки барои њаёти ў хатарнок ва ё зиёни дигари барои саломатӣ, ки боиси талафёбии: биноиш (нобиної), ќобилияти суханронї (гунгї), шунавої (каррї) ё талафёбии ягон узв; талафёбии функсияи узв; бадшаклии ислоњнопазирии рўй, хароб шудани саломатї, ки боиси назаррасу устувор аз даст додани на камтар аз сеяки ќобилияти умумии мењнатї; пурра аз даст додани ќобилияти мењнатии касбї; ќатъ гардидани њомиладорї; парешонњолии рўњї; бемор шудан ба нашъамандї ё зањрмандї; 26) иттињоди ҷиноятии фаромиллӣ - муттањидшавии ду ва ё зиёда ташкилоти ҷиноятии фаромиллї; 27) намояндаи њокимият - шахси дар хизмати давлатӣ будае, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунњои Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати шахсоне, ки дар вобастагии хизматии ў ќарор надоранд, ваколатњои амрдињиро дорад, аз ҷумла корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё мақомоти махсуси давлатӣ, хизматчии ҳарбии дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ иштироккунанда, инчунин шахсе, ки бо ваколати махсус вазифаи њифзи тартиботи љамъиятиро иљро менамояд; 28) нақлиёт - наќлиёти роҳи оҳан, автомобилӣ, баҳрӣ, обҳои дохилӣ, аз ҷумла киштиҳои хурди баҳрӣ ва дарёӣ, ҳавоӣ, барқии шаҳрӣ, инчунин наќлиёти қубурии магистралии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мављудбуда; 29) оқибатҳои вазнин - оқибатҳои зерин дар мавридҳое, ки агар онҳо ба сифати аломати таркиби њуќуќвайронкунии ҷиноятї дар Кодекси мазкур пешбинї нашуда бошанд: марги инсон; марги ду ва ё зиёда шахсон; худкушии ҷабрдида ё шахси наздики (наздикони) ӯ; расонидани зиёни вазнин ба саломатӣ; расонидани зиёни вазнин ба саломатӣ ба ду ё зиёда шахсон; бемории оммавӣ, сироят, шуоъхўрии радиоактивї ё заҳролудшавии одамон; бад шудани вазъи саломатии аҳолӣ ва муҳити зист; фарорасии ҳомиладории нохоњам; фарорасии фалокати техногенӣ ё экологӣ, њолати фавқулоддаи экологӣ; расонидани зарари калон ё махсусан калон; қатъ кардани иљрои вазифаҳои вогузорнамудаи фармондењии олї; ба вуљуд овардани таҳдид ба амнияти давлатӣ, офат ё садама; давомнок паст кардани сатҳи омодагии ҷангӣ ва ќобилияти ҷангии қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳо; вайрон кардани иҷрои вазифањои ҳарбӣ; корношоям намудани техникаи љангӣ; дигар оқибатҳое, ки аз вазнинии зарари расонидашуда шањодат медињанд; 30) роҳбари иттиҳодияи ҷамъиятӣ - роҳбари иттиҳодияи ҷамъиятӣ, инчунин дигар иштирокчии иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ки тавассути нуфуз ва обурўи худ ба фаъолияти ин иттиҳодияи ҷамъиятӣ шахсан ќобилияти таъсиррасонии идоракуниро дорад; 31) тасарруф - бо мақсади ғаразнок зиддињуќуќї ройгон гирифтан ва (ё) гузаронидани молу мулки ѓайр ба манфиати гунаҳгор ё дигар шахсон, ки ба соњибмулк ё дигар дорандаи ин молу мулк зарар расонидаанд, содир шудааст; 32) ташкилоти ҷиноятӣ - гурӯҳи муташаккиле, ки ишитрокчиёнаш аз рўи таъйиноти ташкилӣ, функсионалӣ ва (ё) њудудї ба гурӯҳҳои мустаќил (воњидњои сохторї) тақсим шудаанд; 33) ташкилоти љиноятии фаромиллї - ташкилоти љиноятие, ки мақсади содир кардани як ё якчанд њуќуќвайронкуниҳои ҷиноятиро дар њудуди ду ё зиёда давлат ва ё як давлат њангоми ташкили содир кардани кирдор ё роњбарї ба иҷрои он аз њудуди давлати дигар, њамчунин бо иштироки шаҳрвандони давлати дигар дорад; 34) ҳамоҳангсозии њаракатњои ҷиноятӣ – мувофиќакунї байни гурӯҳҳои муташаккил (ташкилоти ҷиноятӣ) бо мақсади якљоя содир кардани ҷиноятҳо (ба вуљуд овардани робитаҳои устувор байни роҳбарон ё дигар иштирокчиёни гурӯҳҳои муташаккил (ташкилоти ҷиноятӣ), коркарди нақшаҳо, фароњам овардани шароитњо барои содир кардани ҷиноятњо, инчунин тақсими доираи таъсиррасонии ҷиноятӣ, даромадҳо аз фаъолияти ҷиноятї); 35) њомили электронӣ - њомили моддӣ, ки барои нигоҳдории иттилоот дар шакли электронӣ, инчунин сабт ё таҷдиди он бо истифодаи воситаҳои техникӣ пешбинӣ шудааст; 36) њуќуќвайронкунињои љиноятии ҳарбӣ - кирдорҳои дар боби 34 Кодекси мазкур пешбинишуда, ки ба муќобили тартиби муқарраршудаи адои хизмати ҳарбӣ равонашудае, ки хизматчиёни ҳарбӣ ба хизмати ҳарбӣ дар асоси даъват ва ё ќарордод дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва сохторњои ҳарбии Ҷумҳурии Тољикистон, инчунин шаҳрвандони дар эњтиётбуда њангоми гузаштани онњо дар љамъомадњои њарбї содир кардаанд; 37) |