Главная страница
Навигация по странице:

  • Моддаи 57. Якумра мањрум сохтан аз озодї

  • Моддаи 60.

  • Моддаи 61.

  • Моддаи 62. Мусодираи молу мулк

  • БОБИ 10. ТАЪЙИНИ ЉАЗО Моддаи 63. Асосњои умумии таъйини љазо

  • Моддаи 64. Њолатњои сабуккунандаи љавобгарии љиноятї ва љазо

  • Моддаи 65. Њолатњои вазнинкунандаи љавобгарии љиноятї ва љазо


  • ;

  • Моддаи 66. Таъйини љазои сабуктар нисбат ба љазое, ки барои ин њуќуќвайронкунии љиноятї пешбинї шудааст

  • Моддаи 67. Таъйини љазо барои љинояти нотамом

  • Моддаи 68. Таъйини љазо барои њуќуќвайронкунии љиноятї, ки дар шарикї содир шудааст

  • Моддаи 69. Таъйини љазо барои маљмўи њуќуќвайронкунии љиноятї

  • Моддаи 70. Таъйини љазо дар њолати ретсидиви љиноятњо, ретсидиви хавфноки љиноятњо

  • Моддаи 71. Таъйини љазо аз рўи маљмўи њукмњо

  • Моддаи 72. Тартиби муайяни кардани муњлатњои љазо њангоми зам кардани онњо

  • Моддаи 73. Њисоб кардани муњлати љазо ва ба њисоб гирифтан љазо

  • Моддаи 75.

  • Уголовный кодекс Таджикистана. Кодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї


    Скачать 0.67 Mb.
    НазваниеКодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї
    АнкорУголовный кодекс Таджикистана
    Дата27.07.2022
    Размер0.67 Mb.
    Формат файлаdocx
    Имя файла1604807476303297.docx
    ТипКодекс
    #636887
    страница8 из 51
    1   ...   4   5   6   7   8   9   10   11   ...   51

    Моддаи 56. Мањрум сохтан аз озодї

    1. Мањрум сохтан аз озодї аз људо кардани мањкумшуда аз љомеа бо роњи дар муассисањои ислоњї љойгир кардани ў иборат мебошад.

    2. Мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз шаш моњ то пондзањ сол муќаррар карда мешавад.

    3. Муњлати мањрум сохтан аз озодї аз рўи маљмўи љиноятњо аз бист сол, аз рўи маљмўи њукмњо аз бисту панљ сол зиёд буда наметавонад.

    4. Мањрум сохтан аз озодї барои љиноятњои аз беэњтиётї содиршуда аз дањ сол зиёд буда наметавонад.

    5. Дар сурати иваз кардани корњои њатмї, корњои ислоњї, мањдуд кардани озодї ё љарима ба мањрум сохтан аз озодї, он мумкин аст ба муњлати камтар аз шаш моњ таъйин гардад.

    6. Адои маҳрум сохтан аз озодӣ дар муассисањои ислоҳии зерин таъйин карда мешавад:

    1) барои шахсоне, ки аз беэҳтиётї ё бори аввал қасдан ҷиноятҳои начандон вазнин содир кардаанд - дар муассисањои ислоҳии сукунат;

    2) барои мардоне, ки бори аввал қасдан ҷиноятҳои миёнаи вазнин содир кардаанд, инчунин заноне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд - дар муассисањои ислоҳии низоми умумӣ;

    3) барои шахсоне, ки бори аввал ҷиноятҳои вазнин содир кардаанд - дар муассисањои ислоҳии низоми пурзўр;

    4) барои мардоне, ки бори аввал ҷиноятҳои махсусан вазнин содир кардаанд, инчунин ҳангоми ретсидиви ҷиноятњо, агар маҳкумшуда ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро адо карда истода бошад ё қаблан ин намуди ҷазоро адо карда бошад, инчунин занњо њангоми ретсидиви хавфноки љиноятњо - дар муассисањои ислоҳии низоми сахт;

    5) њангоми ретсидиви хавфноки љиноятњо ё барои шахсоне, ки нисбати онҳо ҷазои якумра маҳрум сохтан аз озодї таъйин шудааст, инчунин ба маҳкумшудагоне, ки ҷазои қатл тибқи тартиби бахшиши ҷазо ба маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст - дар муассисањои ислоҳии низоми махсус;

    6) ба мардоне, ки аз рўи маљмўи љиноятњо ё маљмўи њукмњо барои содир кардани љиноятњои махсусан вазнин ба мўњлати зиёда аз понздањ сол ба љазои мањрум сохтан аз озодї маҳкум карда шудаанд, адо кардани қисми муҳлати ҷазо мумкин аст дар маҳбас таъйин карда шавад, вале на зиёда аз панҷ сол.

    7. Шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд ва дар лаҳзаи баровардани ҳукм ба синни ҳаждаҳсолагї нарасидаанд, дар муассисањои ислоњии тарбиявии низоми умумї ё пурзўр љойгир карда мешаванд.

    8. Вобаста ба хусусият ва дараљаи ба љамъият хавфнокии љинояти содиршуда, шахсияти гунаҳгор ва ҳолатҳои истисної суд ќарори ќабулнамудаашро асоснок карда, метавонад низоми сабуктари адои љазои маҳрум сохтан аз озодиро таъйин намояд.

    9. Тағйир додани намуди муассисаи ислоҳии бо њукм таъйиншударо мутобиќи Кодекси иљрои љазои љиноятии Љумњурии Тољикистон суд амалї менамояд.
    Моддаи 57. Якумра мањрум сохтан аз озодї

    1. Якумра мањрум сохтан аз озодї аз људо кардани мањкумшуда аз љомеа бо роњи дар муассисањои ислоњї љойгир кардани ў барои содир кардани љиноятњои махсусан вазнин, ҳамчунин алтернативаи љазои ќатл иборат мебошад.

    2. Якумра мањрум сохтан аз озодї ба занон, шахсони дар рўзи содир кардани љиноят ба синни њаждањсолагї нарасида, инчунин мардони то лаҳзаи баровардани ҳукми суд ба синни шастусе расида бошанд, таъйин карда намешавад. Якумра мањрум сохтан аз озодиро бо тартиби бахшиши ҷазо ба маҳрум сохтан аз озодӣ ба муњлати муайян иваз кардан мумкин аст.
    Моддаи 58. Љазои ќатл

    1. Љазои ќатл - паррондан њамчун чораи љазои истисної барои љиноятњои махсусан вазнини ба њаёт таљовузкунанда ё барои љиноятњои террористие, ки боиси њалокати одамон гаштааст, инчунин барои љиноятњои махсусан вазнини дар замони ҷанг содиршуда, бо додани ба мањкумгардида њуќуќи овардани дархост оид ба бахшиш муќаррар карда мешавад.

    2. Љазои ќатл нисбат ба занон, шахсони дар рўзи содир кардани љиноят ба синни њаждањсолагї нарасида, инчунин мардони то лаҳзаи баровардани ҳукми суд ба синни шастусе расида бошанд, таъйин карда намешавад.

    3. Љазои ќатл бо тартиби бахшиши љазо мумкин аст ба љазои якумра мањрум сохтан аз озодї ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати бисту панљ сол иваз карда шавад.
    Моддаи 59. Маҳрум кардан аз рутбаҳои ҳарбӣ, рутбаҳои дипломатӣ, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрии Тоҷикистон

    Њангоми мањкум шудан барои љиноятњои вазнин ё махсусан вазнин бо истифода аз маќоми хизматї ё имкониятњое, ки аз рўи маќоми хизматї дода шудааст, шахсе, ки рутбањои њарбї, рутбањои дипломатї, рутбањо, унвонњои махсус, мукофотњои давлатї ва унвонњои фахрии Тољикистонро дорад, суд метавонад ўро аз чунин рутбањои њарбї, дипломатї, рутбањо, унвонњои махсус, мукофотњои давлатї ва унвонњои фахрии Тољикистон мањрум намояд.
    Моддаи 60. Мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян

    1. Маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян аз манъи ишѓоли мансаби муайян дар хизмати давлатї, дар маќомоти худидоракунии мањаллї, ташкилоти молиявї ё ин ки машѓул шудан ба фаъолияти муайяни касбї ё дигар фаъолият иборат мебошад.

    2. Маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишѓоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати аз шаш моҳ то панљ сол муқаррар карда мешавад.

    3. Барои содир кардани љиноятњо дар соњаи фаъолияти иќтисодї ва муќобили манфиатњои хизматї дар ташкилоти молиявї, ки аз љониби корманди роњбарикунандаи ташкилоти моливї, бонкї ва (ё) ширкати суѓуртавї, сањмдори калон - шахсони воќеї, роњбарон, аъзои маќомоти идоракунї, роњбарон, аъзои маќомоти иљроия, сармуњосиби сањмдори калон - шахсони њуќуќии ташкилоти молиявї, дар ќисми 2 моддаи 317, ќисми 2 моддаи 318, ќисми 2 моддаи 328 Кодекси мазкур, аз љумла шахсоне, ки муваќќатан ё бо ваколати махсус вазифаи маќоми идоракунї ё маќоми иљроияи ташкилоти молиявиро иљрокунандае, ки дар ќисми 2 моддаи 318 Кодекси мазкур пешбинишуда бо расонидани зарари калон ба шањрванд, шахсони њуќуќї, ташкилотњои молиявї ё давлатї маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишѓоли мансаби муайян ба муҳлати аз панљ сол то муқаррар кардани манъи ишѓоли мансаби корманди роњбарикунандаи ташкилоти молиявї, бонкї ва (ё) ширкати суѓуртавї ва иштирокчии сањмдори калони ташкилотњои молиявї мешавад, якумра мањрум карда мешавад.

    4. Барои содир кардани љиноятњои дар банди 5) ќисми 2, бандњои 3), 4) ќисми 3 ва бандњои 1), 2) ќисми 4 моддаи 130, банди 5) ќисми 2, бандњои 3), 4) ќисми 3 ва бандњои 1), 2) ќисми 4 моддаи моддаи 131, ќисмњои 2 ва 3 моддаи 132, ќисми 2 моддаи 134, ќисмњои 2 ва 3 моддаи 142, ќисми 2 моддаи 143, ќисми 3 моддаи 242 ва ќисми 3 моддаи 246 Кодекси мазкур пешбинишуда маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишѓоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян њатман таъйин карда мешавад ва аз якумра манъи ишѓоли мансаби омўзгорї ва мансабе, ки бо кор бо ноболиѓон вобастагї дорад, иборат мебошад.

    5. Барои содир кардани љиноятњои коррупсионї маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишѓоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян таъйин карда мешавад ва он аз манъи ишѓоли якумраи мансаб дар хизмати давлатї, судя, дар маќомоти худидоракунии мањаллї, ташкилоти давлатї, бонкњо ва дигар ташкилоте, ки дар фонди оиномавиашон сањми давлат зиёда аз панљоњ фоизро ташкил медињад, иборат мебошад.

    6. Маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишѓоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян метавонад дар њолате, ки он дар моддањои дахлдори Ќисми махусуси Кодекси мазкур ба љазои иловагї барои њуќуќвайронкунии љиноятї таъйин карда шавад, агар суд бодарназардошти хусусият ва дараљаи хавфнокии љамъиятии кирдори содиршуда ва шахсияти гунањгор, имконпазирии нигоњ доштани њуќуќи ўро барои ишѓоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян эътироф намояд.

    7. Њангоми таъйин намудани ин љазо ба сифати љазои иловагї ба мањрум сохтан аз озодї ё њабс он дар тамоми ваќти адои љазои асосї, дар ин маврид муњлати он аз лањзаи адои мањрум сохтан аз озодї ё њабс њисоб карда мешавад. Дар њолати таъйин намудани маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишѓоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба сифати намуди љазои иловагї ба намудњои дигари љазои асосї, инчунин њангоми мавќуф гузоштани адои љазо ё шартан татбиќ накардан муњлати он аз лањзаи эътибори ќонунї пайдо кардани њукми суд њисоб карда мешавад.


    Моддаи 61. Берун кардани шањрванди хориљї ё шахси бешањрванди ба таври доимї дар Љумњурии Тољикистон истиќоматнакунанда аз њудуди он

    1. Берун кардани шањрванди хориљї ё шахси бешањрванди ба таври доимї дар Љумњурии Тољикистон истиќоматнакунанда аз њудуди он ба тариќи маљбурї бо муќаррар намудани манъи воридшавии ин шахс ба њудуди Љумњурии Тољикистон ба муњлати панљ сол иљро карда мешавад.

    2. Берун кардани шањрванди хориљї ё шахси бешањрванди ба таври доимї дар Љумњурии Тољикистон истиќоматнакунанда аз њудуди он барои содир кардани њуќуќвайронкунии љиноятї мумкин аст ба сифати намуди љазои иловагї таъйин карда шавад.

    3. Аз љониби суд ба сифати намуди љазои иловагї таъйин намудани љазои мазкур иљрои он баъди адои намуди љазои асосї ё озод кардан аз адои минбаъдаи љазо дар асоси муќаррароти пешбиникардаи Кодекси иљрои љазои љиноятии Љумњурии Тољикистон, дар мавридњои шартан татбиќ накардани љазо - аз лањзаи эътибори ќонунї пайдо кардани њукм амалї карда мешавад.
    Моддаи 62. Мусодираи молу мулк

    1. Мусодираи молу мулк ба таври маљбурї ва беподош ба моликияти давлат табдил додани молу мулке мебошад, ки дар соњибмулкии мањкумшуда ќарор дошта, бо роњи љиноят ва ё аз њисоби воситањои бо роњи љиноят ба даст оварда шудааст, инчунин молу мулке, ки олот ё воситаи содир кардани њуќуќвайронкунии љиноятї мебошад.

    2. Пул ё дигар молу мулке, ки бояд мусодира карда шаванд:

    1) дар натиљаи содир кардани њуќуќвайронкунии љиноятї ва њамагуна даромадњои аз ин молу мулк бадастомада, ба истиснои молу мулк ва даромадњое, ки ба дорандаи ќонунии он баргардонида мешаванд;

    2) њамон молу мулке, ки дар натиљаи содир кардани њуќуќвайронкунии љиноятї бадастомада ва даромадњои аз ин молу мулк ќисман ё пурра табдилдода ё ба шакли дигар гардонида шудаанд;

    3) барои маблаѓгузорї ё дигар таъминоти фаъолияти экстремистї ё террористї ё гурўњњои љиноятї истифода ва ё пешбинї шудаанд;

    4) олот ё воситањои содир кардани њуќуќвайронкунии љиноятї мебошанд;

    5) њолатњои дар бандњои 1), 2), 3) ва 4) нишондодшудаи њамин ќисм, ки аз љониби мањкумшуда ба моликияти дигар шахс дода шудааст.

    3. Агар мусодираи ашёи муайян ба молу мулке, ки дар ќисмњои якум ва дуюми њамин модда нишон дода шудаанд, дар лањзаи ќабули ќарори суд дар бораи мусодираи ин ашё бинобар истифодаи он, фурўш ё бо сабаби дигар ѓайриимкон бошад, бо ќарори суд маблаѓи пулие, ки ба арзиши ашёи мазкур мувофиќ аст, мусодира карда мешавад.

    4. Мусодира карда намешаванд:

    1) молу мулке, ки барои маҳкумшуда ё шахсони таҳти сарпарастии ў қарордошта зарур аст, мувофиқи рўйхати дар Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда;

    2) пул ё дигар молу мулке, ки мутобиќи ќонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати шањрвандон оид ба ќонунї гардонидани пул ва молумулк авф карда шудаанд, дар мавриде, ки онњо агар дар натиљаи содир кардани њуќуќвайронкунии љиноятї ба даст оварда шуда бошанд ва тибќи ќонунгузории зикргардида аз љавобгарии љиноятї озод кардан пешбинї шуда бошад.


    БОБИ 10. ТАЪЙИНИ ЉАЗО
    Моддаи 63. Асосњои умумии таъйини љазо

    1. Ба шахсе, ки дар содир кардани њуќуќвайронкунии љиноятї гунањгор дониста шудааст, дар доираи пешбининамудаи моддаи дахлдори Ќисми махсуси Кодекси мазкур ва бо дарназардошти муќаррароти Ќисми умумии Кодекси мазкур љазои одилона таъйин карда мешавад.

    2. Ба шахсе, ки њуќуќвайронкунии љиноятї содир кардааст, бояд љазое таъйин карда шавад, ки барои ислоњи ў ва пешгирї намудани њуќуќвайронкунии љиноятии нав зарур ва кифоя бошад. Намуди љазои сахтар аз њисоби љазоњое, ки барои њуќуќвайронкунии љиноятии содиршуда пешбинї гардидаанд, танњо дар њолате таъйин карда мешавад, ки намуди љазои нисбатан сабуктар ноил шудан ба маќсади љазоро таъмин карда натавонад.

    3. Ҳангоми таъйини љазо суд принсипи фардикунонии љазоро ба асос гирифта, хусусият ва дараљаи ба љамъият хавфнокии њуќуќвайронкунии љиноятии содиршуда, шахсияти гунањгор, аз љумла ҳолатҳое, ки љазоро сабук ва вазнин мекунанд, таъсири љазои таъйиншуда ба ислоҳи маҳкумшуда ва шароитҳои зиндагии оилаи ў ё шахсони дар таъминоташ буда, инчунин фикру ақидаи љабрдидаро ба назар мегирад.
    Моддаи 64. Њолатњои сабуккунандаи љавобгарии љиноятї ва љазо

    1. Њолатњои сабуккунандаи љавобгарии љиноятї ва љазо эътироф мешаванд:

    1) бори аввал содир кардани рафтори љиноятї ва ё бори аввал содир кардани љинояти начандон вазнин ё миёнаи вазнин;

    2) ноболиѓии гунањгор;

    3) њомиладорї;

    4) кўдаки хурдсол доштани гунањгор;

    5) бевосита пас аз содир кардани њуќуќвайронкунии љиноятї расонидани ёрии тиббї ё дигар кўмакњо ба љабрдида, новобаста аз оќибати расонидани чунин ёрї;

    6) ихтиёрї талофї намудани зарари моддї, ки дар натиљаи њуќуќвайронкунии љиноятї расонида шудааст ё бартараф кардани зиёни маънавї ё дигар зиёни бо њуќуќвайронкунии љиноятї расонидашуда;

    7) содир кардани њуќуќвайронкунии љиноятї дар натиљаи ба вуќуъ пайвастани њолатњои вазнинии шахсї, оилавї ё дигар њолатњо ва ё аз рўи ангезаи дилсўзї;

    8) содир кардани њуќуќвайронкунии љиноятї дар натиљаи маљбуркунии љисмонї ё рўњї ва ё тањти таъсири вобастагии моддї, хизматї ё дигар вобастагї;

    9) содир кардани њуќуќвайронкунии љиноятї ҳангоми вайрон намудани шартҳои њуќуќии мудофиаи зарурї, дастгир кардани шахси њуќуќвайронкунии љиноятї содирнамуда, зарурати ниҳої, таваккали асоснок, иљрои фармон ё амр, њангоми ба амал баровардани чорабинињои оперативї-љустуљўї, зиддикашфї ё ѓайриошкорои амалњои тафтишї;

    10) рафтори зиддињуќуќї ё зиддиахлоќии љабрдида, ки боиси њуќуќвайронкунии љиноятї гаштааст;

    11) сидќан пушаймон шудан, ихтиёран омада ба гуноњи худ иќрор шудан, фаъолона мусоидат кардан дар ошкор намудани њуќуќвайронкунии љиноятї, фош кардани дигар шарикони њуќуќвайронкунии љиноятї ё кофтукови молу мулки дар натиљаи њуќуќвайронкунии љиноятї бадастомада.

    2. Њангоми таъйин намудани љазо мумкин аст њолатњои дигари дар ќисми якуми њамин модда пешбининагардида ба сифати њолати сабуккунанда ба назар гирифта шаванд.

    3. Агар њолати сабуккунанда дар моддаи дахлдори Ќисми махсуси Кодекси мазкур ба сифати аломати њуќуќвайронкунии љиноятї пешбинї шуда бошад, он наметавонад њангоми таъйин намудани љазо такроран ба назар гирифта шавад.


    Моддаи 65. Њолатњои вазнинкунандаи љавобгарии љиноятї ва љазо

    1. Њолатњои вазнинкунандаи љавобгарии љиноятї ва љазо эътироф мешаванд:

    1) якчандкарата содир кардани њуќуќвайронкунињои љиноятї, ретсидиви љиноятњо, ретсидиви хавфноки љиноятњо;

    2) дар натиљаи њуќуќвайронкунињои љиноятї расонидани оқибатҳои вазнин;

    3) содир кардани њуќуќвайронкунии љиноятї дар њайати гурўњи шахсон, гурўњи шахсон бо созиши пешакї, гурўњи љиноятї ё наќши махсусан фаъол дар содир кардани њуќуќвайронкунии љиноятї;

    4) ба содир кардани њуќуќвайронкунии љиноятї аз љониби гунањгор дидаю дониста љалб кардани шахсони ба парешонњолии вазнини рўњї гирифтор ва ё шахсоне, ки ба синни ба љавобгарии љиноятї кашидан нарасидаанд;

    5) содир кардани њуќуќвайронкунии љиноятї аз рўи ангезаи нафрат ё хусумати миллї, нажодї ё динї, бо ќассосгирї барои њаракатњои ќонунии шахси дигар, инчунин бо маќсади пинњон намудани њуќуќвайронкунии љиноятии дигар ё осон намудани содиршавии он;

    6) содир кардани њуќуќвайронкунии љиноятї нисбати зане, ки ба гунањгор дидаю дониста њолати њомиладориаш маълум буд, инчунин нисбати хурдсол, шахси дигари бењимоя ё нотавон ва ё шахсе, ки аз гунањгор вобастагї дорад;

    7) содир кардани њуќуќвайронкунии љиноятї нисбати падару модар;

    8) содир кардани њуќуќвайронкунии љиноятї нисбати шахс ва ё наздикони ў, вобаста ба иљрои ќарзи хизматї, касбї ва ё љамъиятии худи њамин шахс;

    9) содир кардани њуќуќвайронкунии љиноятї бо берањмии махсус, садизм, масхара, инчунин барои азиятдињии љабрдида;

    10) содир кардани њуќуќвайронкунии љиноятї бо истифодаи силоњ, лавозимоти љангї, моддањои тарканда, воситањои таркиш ё ба онњо монанд, воситањои техникии махсус тайёркардашуда, моеъњои тездаргиранда ва сўзишворї, моддањои зањролуд ва радиоактивї, маводи доруворї ва дигари кимиёвї-фармокологї, инчунин бо истифодаи маљбуркунии љисмонї ё рўњї ва ё бо тарзи хатари умумидошта;

    11) содир кардани њуќуќвайронкунии љиноятї дар шароитњои вазъияти фавќулода, њолати фавќулода, инчунин дар рафти бетартибињои оммавї;

    12) содир кардани њуќуќвайронкунии љиноятї дар ҳолати мастии майзадагї, мадњушии нашъамандї ё зањрмандї;

    13) аз љониби шахс содир кардани њуќуќвайронкунии љиноятї, ки бо њамин савганди ќабулкардааш вайрон гардидааст;

    14) содир кардани њуќуќвайронкунии љиноятї бо истифода аз боварие, ки ба гунањгор вобаста ба маќоми хизматї ё ќарордод ба ў вогузор карда шудааст.

    2. Агар њолати дар ќисми якуми њамин модда муќарраршуда дар моддаи дахлдори Ќисми махсуси Кодекси мазкур ба сифати аломати њуќуќвайронкунии љиноятї пешбинї шуда бошад, он наметавонад такроран њамчун њолати вазнинкунадаи љавобгарї ва љазо ба назар гирифта шавад.

    3. Њангоми таъйини љазо суд наметавонад њолатњое, ки дар ќисми якуми њамин модда муќаррар нашудаанд, њамчун њолати вазнинкунада эътироф намояд.
    Моддаи 66. Таъйини љазои сабуктар нисбат ба љазое, ки барои ин њуќуќвайронкунии љиноятї пешбинї шудааст

    1. Агар модда ё ќисми моддаи Ќисми махсуси Кодекси мазкур, ки бо он шахс гунањгор эътироф шудааст, нисбат ба мањрум сохтан аз озодї љазои асосии сабуктарро пешбинї намояд, мањрум сохтан аз озодї њангоми мањкум кардани шахс барои содир кардани љиноятњои зерин таъйин карда намешавад:

    1) начандон вазнин ё миёнаи вазнин, агар шахс ихтиёрї зарари молумулкї, маънавї ё дигар зиёни бо љиноят расонидашударо талофї ё бартараф карда бошад;

    2) дар соњаи фаъолияти иќтисодї, ба истиснои љиноятњои дар модддањои статьями 296 ва 327 Кодекси мазкур пешбинишуда, дар њолате, ки шахс ихтиёрї зарари молумулкии бо љиноят расонидашударо талофї карда бошад.

    2. Њангоми мављуд будани њолати сабуккунанда, ки ба сифати аломати љинояти содиршуда пешбинї нашудааст ва љой надоштани њолатњои вазнинкунанда муњлат ва андозаи љазои асосї зиёд буда наметавонад, барои содир кардани:

    1) рафтори љиноятї, љиноятњои начандон вазнин ё миёнаи вазнин – аз нисф;

    2) љинояти вазнин – аз се ду њисса;

    3) љинояти махсусан вазнин – аз чор се њиссаи муњлат ва ё андозаи баландтарини пешбининамудаи моддаи дахлдори Ќисми махсуси Кодекси мазкур.

    3. Бо парвандањои пешбурди суръатнок муњлат ё андозаи љазои асосї барои њуќуќвайронкунии љиноятии содиршуда аз нисфи муњлат ё андозаи баландтарини љазои пешбининамудаи моддаи дахлдори Ќисми махсуси Кодекси мазкур зиёд буда наметавонад.

    4. Њангоми мавҷуд будани ҳолатҳои истисної вобаста бо маќсаду ангеза, наќши гунањгор, рафтори ў ҳангоми содир кардани њуќуќвайронкунии љиноятї ё пас аз он ё њолатњои дигаре, ки дараљаи хавфнокии љамъиятии кирдорро хеле кам мекунанд, инчунин дар њолати мусоидати фаъолонаи иштирокчии љинояти гурўњї барои ошкор намудани њуќуќвайронкунии љиноятии содирнамудаи гурўњ мумкин аст љазо аз њадди поёнии дар моддаи дахлдори Ќисми махсуси Кодекси мазкур пешбинишуда камтар таъйин карда шавад ё суд метавонад нисбат ба љазои дар ин модда пешбинишуда љазои сабуктар таъйин намояд ва ё љазои иловагиро, ки ба сифати љазои њатмї пешбинї шудааст, таъйин накунад.

    5. Њолатњои алоњидаи сабуккунанда ва њам маљмўи чунин њолатњо метавонанд њамчун њолатњои истисної эътироф карда шаванд.

    6. Њангоми мавҷуд будани ҳолатҳои дар ќисмњои дуюм ё сеюми њамин модда зикргардида, љазо метавонад аз њадди поёнии дар моддаи дахлдори Ќисми махсуси Кодекси мазкур пешбинишуда камтар таъйин карда шавад.
    Моддаи 67. Таъйини љазо барои љинояти нотамом

    1. Њангоми таъйин намудани љазо барои љинояти нотамом њолатњое ба назар гирифта мешаванд, ки вобаста ба онњо љиноят то ба охир расонида нашудааст.

    2. Муњлат ё андозаи љазо барои тайёрї ба љиноят аз нисфи муњлат ё андозаи баландтарини намуди љазои асосї, ки дар моддаи дахлдори Ќисми махсуси Кодекси мазкур барои љинояти хотимаёфта пешбинї гардидааст, зиёд буда наметавонад.

    3. Муњлат ё андозаи љазо барои сўиќасд ба љиноят аз чор се њиссаи муњлат ё андозаи баландтарини намуди љазои асосї, ки дар моддаи дахлдори Ќисми махсуси Кодекси мазкур барои љинояти хотимаёфта пешбинї гардидааст, зиёд буда наметавонад.

    4. Барои тайёрї ба љиноят ва сўиќасд ба љиноят љазои ќатл ва љазои якумра мањрум сохтан аз озодї таъйин карда намешаванд.

    5. Дар мавридњои таъйин намудани љазо барои тайёрї ба љиноят ё сўиќасд ба љиноят њадњое, ки дар ќисмњои дуюм ва сеюми моддаи 66 Кодекси мазкур зикр гардидаанд, бо дарназардошти муќаррароти њамин модда муайян карда мешаванд.
    Моддаи 68. Таъйини љазо барои њуќуќвайронкунии љиноятї, ки дар шарикї содир шудааст

    1. Њангоми таъйин намудани љазо барои њуќуќвайронкунии љиноятї, ки дар шарикї содир шудааст, хусусият ва дараљаи иштироки воќеии шахс дар содир кардани он, ањамияти ин иштирок дар ноил шудан ба маќсади њуќуќвайронкунии љиноятї, таъсири ў ба хусусият ва андозаи зиёни расонидашуда ё зиёни имконпазир ба назар гирифта мешавад.

    2. Њолатњои сабуккунанда ё вазнинкунандаи љавобгарї ва љазо, ки ба шахсияти яке аз шарикон мансуб аст, њангоми таъйин намудани љазо танњо нисбат ба њамин шарик ба назар гирифта мешавад.


    Моддаи 69. Таъйини љазо барои маљмўи њуќуќвайронкунии љиноятї

    1. Њангоми маљмўи њуќуќвайронкунии љиноятї суд барои њар як њуќуќвайронкунї алоњида љазо (асосї ва иловагї) таъйин намуда, љазои нињоиро бо роњи љазои сабуктарро дарбар гирифтани љазои сахтар ва ё бо роњи пурра ё ќисман зам кардани љазоњои таъйиншуда муайян менамояд.

    2. Агар маљмўи њуќуќвайронкунињои љиноятї танњо аз рафторњои љиноятї иборат бошад, пас љазои нињої бо роњи љазои сабуктарро дарбар гирифтани љазои сахтар ва ё бо роњи ќисман ё пурра зам кардани љазоњо таъйин карда мешавад. Дар ин маврид муњлати нињоии љазо дар намуди корњои њатмї аз сад соат, корњои ислоњї - аз шаш моњ, маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ - аз шаш моњ, маҳдуд кардани озодӣ - аз як сол, њабс - аз панљоњ шабонарўз, андозаи љарима - аз яксаду њаштод нишондињанда барои њисобњо зиёд буда наметавонад.

    3. Агар маљмўи њуќуќвайронкунињои љиноятї танњо аз рафторњои љиноятї, љиноятњои начандон вазнин ва миёнаи вазнин иборат бошад, пас љазои нињої бо роњи љазои сабуктарро дарбар гирифтани љазои сахтар таъйин карда мешавад.

    4. Агар маљмўи њуќуќвайронкунњои љиноятї аз љинояти вазнин ё махсусан вазнин иборат бошад, пас љазои нињої бо роњи љазои сабуктарро дарбар гирифтани љазои сахтар ва ё бо роњи ќисман ё пурра зам кардани љазоњо таъйин карда мешавад. Дар ин маврид љазои нињої дар намуди мањрум сохтан аз озодї аз бист сол зиёд буда наметавонад.

    5. Агар маљмўи њуќуќвайронкунњои љиноятї аќќалан аз як љинояти махсусан вазнин иборат бошад, ки барои содир кардани он дар Кодекси мазкур љазо дар намуди мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то понздањ сол пешбинї шуда бошад, пас љазои нињої бо роњи ќисман ё пурра зам кардани љазоњо таъйин карда мешавад. Дар ин маврид љазои нињої дар намуди мањрум сохтан аз озодї аз бист сол зиёд буда наметавонад.

    6. Агар маљмўи њуќуќвайронкунњои љиноятї аќќалан аз як љинояти махсусан вазнин, ки барои содир кардани он дар Кодекси мазкур љазо дар намуди мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то понздањ сол пешбинї шуда бошад, инчунин рафтори љиноятї, ки барои содир кардани он љарима таъйин шудааст, иборат бошад, пас љазои нињої бо роњи љазои сабуктарро дарбар гирифтани љазои сахтар таъйин карда мешавад.

    7. Агар барои љинояти ба маљмўъ дохилшуда љазои якумра мањрум сохтан аз озодї ё љазои ќатл таъйин карда шавад, пас љазои нињої дар намуди якумра мањрум сохтан аз озодї ё мувофиќан љазои ќатл таъйин карда мешавад.

    8. Ба љазои асосие, ки аз рўи маљмўи њуќуќвайронкунињои љиноятї таъйин шудааст, мумкин аст љазоњои иловагии таъйиншуда барои њуќуќвайронкунињое, ки маљмуъро ташкил медињанд, њамроњ карда шаванд. Љазои иловагии нињої њангоми ќисман ё пурра зам кардан наметавонад аз муњлат ё андозаи баландтарине, ки барои ин намуди љазо Ќисми умумии Кодекси мазкур муќаррар кардааст, зиёд бошад.

    9. Агар пас аз баровардаии ҳукм аз рўи парванда муқаррар гардад, ки маҳкумшуда дар содир кардани ҷинояти дигари то баровардани ҳукм аз рўи парвандаи аввал низ гунаҳгор мебошад, ҷазо бо ќоидаҳои дар ҳамин модда зикргардида таъйин карда мешавад. Дар ин маврид ҷазои аз рўи ҳукми аввали суд адогардида ба муҳлати ниҳоии ҷазо ҳисоб карда мешавад.
    Моддаи 70. Таъйини љазо дар њолати ретсидиви љиноятњо, ретсидиви хавфноки љиноятњо

    Њангоми таъйин намудани љазо дар њолати ретсидиви љиноятњо ё ретсидиви хавфноки љиноятњо шумора, хусусият ва дараљаи ба љамъият хавфнокии љиноятњои ќаблан содиршуда, њолатњое, ки вобаста ба онњо таъсири ислоњкунии љазои ќаблї нокифоя буд, инчунин хусусият ва дараљаи ба љамъият хавфнокии љиноятњои нав содиргардида ба назар гирифта мешавад.
    Моддаи 71. Таъйини љазо аз рўи маљмўи њукмњо

    1. Агар маҳкумшуда баъд аз баровардани ҳукм, вале то пурра адо намудани љазо њуќуќвайронкунии љиноятии нав содир карда бошад, суд ба љазое, ки бо њукми охирин таъйин намудааст, қисми љазои адонашударо пурра ё қисман аз њукми пештараи суд њамроњ мекунад.

    2. Љазои нињої аз рўи маљмўи њукмњо, дар њолате, ки агар он бо мањрум сохтан аз озодї алоќаманд набошад, аз муњлат ё андозаи баландтарини љазои дар Ќисми умумии Кодекси мазкур барои ин намуди љазо пешбинишуда зиёд буда наметавонад.

    3. Љазои ниҳої аз рӯи маљмўи ҳукмњо дар намуди мањрум сохтан аз озодї аз бисту панљ сол зиёд буда наметавонад. Агар барои љинояти ба маљмўъ дохилшуда љазои якумра мањрум сохтан аз озодї ё љазои ќатл таъйин карда шавад, пас љазои нињої дар намуди якумра мањрум сохтан аз озодї ё мувофиќан љазои ќатл таъйин карда мешавад.

    4. Љазои ниҳої аз рӯи маљмўи ҳукмњо чї аз ҷазои барои содир кардани њуќуќвайронкунии ҷиноятии нав таъйиншуда ва чї аз қисми адонашудаи ҷазо аз рўи ҳукми пештараи суд бояд зиёд бошад.

    5. Њамроњ кардани намудњои љазои иловагї њангоми таъйин намудани љазо аз рўи маљмўи њукмњо мутобиќи ќоидањои пешбининамудаи таъйин намудани љазо аз рўи маљмўи њуќуќвайронкунии ҷиноятї сурат мегирад.


    Моддаи 72. Тартиби муайяни кардани муњлатњои љазо њангоми зам кардани онњо

    1. Дар њолати ќисман ё пурра зам кардани љазоњо аз рўи маљмўи њуќуќвайронкунињои љиноятї ё маљмўи њукмњо:

    1) як рўзи мањрум сохтан аз озодї баробар аст ба чор соати корњои њатмї, се рўзи корњои ислоњї ё мањдуд кардан дар хизмати њарбї, ду рўзи мањдуд кардани озодї, чор нишондињанда барои њисобњои љарима, як шабонарўзи њабс ё як рўзи нигоњ доштан дар ќисми њарбии интизомї;

    2) як рўзи мањдуд кардани озодї баробар аст ба чор соати корњои њатмї, ду рўзи корњои ислоњї, чор нишондињанда барои њисобњои љарима ё чор шабонарўзи њабс;

    3) як шабонарўзи њабс баробар аст ба чор соати корњои њатмї, се рўзи корњои ислоњї ё чор нишондињанда барои њисобњои љарима;

    4) як соати корњои њатмї баробар аст ба як нишондињанда барои њисобњои љарима;

    5) як рўзи корњои ислоњї ё мањдуд кардан дар хизмати њарбї баробар аст ба чор соати корњои њатмї ё чор нишондињанда барои њисобњои љарима.

    2. Маҳрум кардан аз рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрии Тоҷикистон, мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан бо фаъолияти муайян, берун кардани шањрванди хориљї ё шахси бешањрванди ба таври доимї дар Љумњурии Тољикистон истиќоматнакунанда аз њудуди он, мусодираи молу мулк, инчунин чорањои маљбурии хусусияти тиббидошта ҳангоми зам шуданашон бо маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ, маҳдуд кардани озодї, љарима, њабс, нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомї, маҳрум сохтан аз озодї мустақилона иљро мешаванд.
    Моддаи 73. Њисоб кардани муњлати љазо ва ба њисоб гирифтан љазо

    1. Муњлати мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансабњои муайян ё машѓул шудан бо фаъолияти муайян, корњои ислоњї, мањдуд кардан дар хизмати њарбї, мањдуд кардани озодї, нигоњ доштан дар ќисми њарбии интизомї, мањрум сохтан аз озодї бо моњ ва сол, њабс бо шабонарўз, корњои њатмї бо соатњо њисоб карда мешаванд.

    2. Њангоми иваз ё зам кардани љазоњои дар ќисми якуми њамин модда зикргардида, инчунин њангоми ба њисоб гирифтани љазо, мўњлатро бо шабонарўз њисоб кардан мумкин аст.

    3. Муњлати дар ҳабс нигоҳ доштан то эътибори қонунӣ пайдо кардани њукм, ба муњлати љазо дар намуди мањрум сохтан аз озодї, нигоњ доштан дар ќисми њарбии интизомї ва њабс, ба њисоби як рўз баробари як рўз, мањдуд кардани озодї - як рўз баробари ду рўз, корњои ислоњї ва мањдуд кардан дар хизмати њарбї - як рўз баробари се рўз, чор соати корњои њатмї ё чор нишондињанда барои њисобњои љарима ба њисоб гирифта мешавад.

    4. Муњлати дар ҳабс нигоҳ доштан то эътибори қонунӣ пайдо кардани њукм ва ваќти адои мањрум сохтан аз озодии бо њукми суд барои љинояти берун аз њудуди Љумњурии Тољикистон содирнамуда таъйин шудааст, дар мавриди супоридани шахс бо асосњои моддаи 17 Кодекси мазкур, як рўз баробари як рўз ба њисоб гирифта мешавад.

    5. Њангоми аз нав дида баромадани њукм ва ба шахс таъйин намудани љазои дигар муњлат ё андозаи љазое, ки то аз нав дида баромадани њукм адо шудааст ё иљро гардидааст, ба муњлат ё андозаи љазои нав ба њисоб гирифта мешавад.

    6. Њангоми ба њисоб гирифтани муњлати адогардида ё андозаи иљрогардидаи љазо:

    1) як рўзи мањрум сохтан аз озодї баробар аст ба чор соати корњои њатмї, се рўзи корњои ислоњї ё мањдуд кардан дар хизмати њарбї, ду рўзи мањдуд кардани озодї, чор нишондињанда барои њисобњои љарима, як шабонарўзи њабс ё як рўзи нигоњ доштан дар ќисми њарбии интизомї;

    2) як рўзи мањдуд кардани озодї баробар аст ба чор соати корњои њатмї, ду рўзи корњои ислоњї, чор нишондињанда барои њисобњои љарима ё чор шабонарўзи њабс;

    3) як шабонарўзи њабс баробар аст ба чор соати корњои њатмї, се рўзи корњои ислоњї ё чор нишондињанда барои њисобњои љарима;

    4) як соати корњои њатмї баробар аст ба як нишондињанда барои њисобњои љарима;

    5) як рўзи корњои ислоњї ё мањдуд кардан дар хизмати њарбї баробар аст ба чор соати корњои њатмї ё чор нишондињанда барои њисобњои љарима.

    7. Ваќти дар давоми он нисбати шахс пас аз содир кардани љиноят мубталои бемории рўњишуда ва нисбати ў чорањои маљбурии дорои хусусияти тиббї татбиќ карда шудаанд, ба муњлат ё андозаи љазо ба њисоб гирифта мешавад.

    Моддаи 74. Шартан татбиќ накардани љазо

    1. Агар суд љазоро дар намуди корњои ислоњї, мањдуд кардан дар хизмати њарбї, мањдуд кардани озодї, нигоњ доштан дар ќисми њарбии интизомї ё мањрум сохтан аз озодї таъйин намуда, ба хулосае ояд, ки ислоњи мањкумшуда бе адои љазо имконпазир аст, он гоњ метавонад дар хусуси шартан татбиќ накардани љазо ќарор ќабул намояд.

    2. Ҳангоми шартан татбиќ накардани љазо суд хусусият ва дараҷаи ба ҷамъият хавфнокии њуќуквайронкунии ҷиноятии содиршуда, шахсияти гунаҳгор, аз љумла ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи љавобгарї ва љазоро ба назар мегирад.

    3. Шартан татбиќ накардани љазо нисбати шахсоне, ки барои љинояти махсусан вазнин, инчунин ќаблан барои ќасдона содир кардани љиноятњои вазнин ё махсусан вазнин ба љазои мањрум сохтан аз озодї мањкум шудаанд, ба истиснои ноболиѓон, маъюбони гурўњи якум ва дуюм, занон, инчунин мардоне, ки ба синни нафаќа расидаанд, татбиќ карда намешавад.

    4. Шартан татбиќ накардани љазо ба ноболиѓон, маъюбони гурўњи якум ва дуюм, занон, мардони ба синни нафаќа расида, инчунин ҳангоми дар давраи муњлати санљишї такроран рафтори љиноятї ва ё ҷинояти начандон вазнин ё миёнаи вазнин содир кардаанд, татбиќ намудан мумкин аст.

    5. Њангоми шартан татбиќ накардани љазо суд муњлати санљишї муќаррар менамояд, ки дар давоми он мањкумшуда бояд бо рафтори худ ислоњ шуданашро исбот кунад. Муњлати санљишї бо давомнокии аз шаш моњ то панљ сол, барои ноболиѓон бошад, ба муњлати аз шаш моњ то як сол муќаррар мегардад ва аз лањзаи эътибори ќонунї пайдо кардани њукм њисоб карда мешавад.

    6. Дар њолати шартан татбиќ накардани љазо мумкин аст љазоњои иловагї, ба ѓайр аз мусодираи молу мулк, таъйин карда шаванд.

    7. Њангоми шартан татбиќ накардани љазо ба ноболиѓон мумкин аст чорањои маљбурии таъсиррасонии тарбиявї таъйин карда шаванд.

    8. Њангоми шартан татбиќ накардани љазо суд метавонад иљрои уњдадорињои муайянро, ки дар ќисми сеюми моддаи 52 Кодекси мазкур пешбинї шудаанд, ба зиммаи мањкумшуда гузорад.

    9. Назорати пробатсионї њангоми шартан татбиќ накардани љазо нисбати шањрванди хориљї ё шахси бешањрванди ба таври доимї дар Љумњурии Тољикистон истиќоматнакунанда, ки суд берун кардани онњоро аз њудуди Љумњурии Тољикистон ба сифати намуди љазои иловагї таъйин кардааст, муќаррар карда намешавад.
    Моддаи 75. Бекор кардани шартан татбиќ накардани љазо

    1. Агар мањкумшуда бо гузашти на камтар аз нисфи муњлати санљишї бо рафтори худ ислоњ шуданашро исбот кунад, суд бо пешнињоди маќомоти назорати пробатсиониро амаликунанда метавонад дар хусуси бекор кардани шартан татбиќ накардани љазо ва бардоштани доѓи судї ќарор ќабул намояд.

    2. Суд бо пешнињоди маќомоти назорати пробатсиониро амаликунанда метавонад муњлати назоратбариро на зиёдтар аз як сол дароз намояд, дар мавридњое, ки агар шартан мањкумшуда содир намояд:

    1) њуќуќвайронкунии маъмурї, ки ба тартиботи љамъиятї ва ахлоќ, њуќуќњои ноболиѓон, ба шахсият ва ба соњањои муносибатњои оилавї-маишї таљовузоваранда, ки барои онњо ба ў љазои маъмурї дода шудааст;

    2) ќасдона вайрон (хароб) кардани воситањои электронии пайгирї ва ё бе сабабњои узрнок барои баќайдгирї њозир нашудан ё љои истиќомати худро бе огоњии маќомоти назоратбариро амаликунанда иваз намудан;

    3) рафтори љиноятї.

    3. Дар мавриди иљро накардани уњдадорињое, ки суд ба зиммаи шартан мањкумшуда гузоштааст ва ё такроран вайронкунињои дар ќисми дуюми њамин модда нишондодаро содир кардани шартан мањкумшуда, суд бо пешнињоди маќомоти дар ќисми якуми њамин модда зикргардида дар бораи бекор кардани шартан татбиќ накардани љазо ва иљрои љазои бо њукми суд таъйиншуда ќарор ќабул менамояд, нисбати ноболиѓи мањкумшуда бошад, метавонад муњлати назоратбариро такроран на зиёдтар аз як сол дароз намояд.

    4. Дар мавридњое, ки шартан мањкумшуда дар љараёни муњлати назоратбарї љинояти аз беэњтиётї ё љинояти ќасдонаи начандон вазнин, ноболиѓи шартан мањкумшуда бошад - љинояти начандон вазнин ё миёнаи вазнинро содир намоянд, суд масъалаи бекор кардан ё нигоњ доштани шартан татбиќ накардани љазоро њангоми таъйини љазо барои љинояти нав њал менамояд.

    5. Дар мавридњое, ки шартан мањкумшуда дар љараёни муњлати назоратбарї љинояти ќасдонаи миёнаи вазнин, вазнин ё љинояти махсусан вазнин, ноболиѓ бошад – љинояти вазнин ё махсусан вазнин содир намоянд, суд шартан татбиќ накардани љазоро бекор намуда, ба ў љазо тибќи ќоидањои таъйини љазо аз рўи маљмўи њукмњо таъйин карда мешавад. Аз рўи ин ќоидањо љазо дар мавридњои дар ќисми чоруми њамин модда пешбининамуда низ таъйин карда мешавад.

    1   ...   4   5   6   7   8   9   10   11   ...   51


    написать администратору сайта