Главная страница

Уголовный кодекс Таджикистана. Кодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї


Скачать 0.67 Mb.
НазваниеКодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї
АнкорУголовный кодекс Таджикистана
Дата27.07.2022
Размер0.67 Mb.
Формат файлаdocx
Имя файла1604807476303297.docx
ТипКодекс
#636887
страница5 из 51
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   51
шахсе, ки вазифаҳои идоракуниро дар ташкилоти тиҷоратӣ ё дигар ташкилот иҷро менамояд - шахсе, ки доимо, муваққатан ва ё бо ваколати махсус уҳдадориҳои ташкилї-амрдиҳӣ ё маъмурӣ-хоҷагидориро дар ташкилоте, ки маќомоти давлатї, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ намебошад ва ё дар ташкилоте, ки ҳиссаи давлат дар он аз панҷоҳ фоиз зиёд аст, иљро менамояд;

38) шахси мансабдор - шахсе, ки доимї, муваққатї ё аз рўи ваколати махсус вазифањои намояндаи њокимиятро амалї менамояд ё вазифањои ташкилї-амрдиҳӣ, маъмурї-хоҷагидорї ё назоратбарї-санљиширо дар мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии мањаллї, инчунин дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва сохторњои ҳарбии Ҷумҳурии Тољикистон иҷро менамояд;

39) шахси мансаби давлатиро ишғолнамуда – шахси мансаби давлатиро ишғол намудааст, ки он бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни конститутсионӣ ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои бевоситаи функсияҳои давлат ва ваколатњои мақомоти давлатӣ муқаррар намудааст, аз ҷумла вакил ва аъзои Парламент, судя ва њамчунин шахсе, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ, мансабҳои сиёсӣ ё маъмурии хизмати давлатиро ишғол намудааст;

40) шахси ба иҷрои вазифањои давлатӣ ваколатдоршуда - хизматчии давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатї;

41) шахсе, ки ба шахсони ба иҷрои вазифањои давлатӣ ваколатдоршуда баробар карда шудааст - шахсе, ки ба мақомоти худидоракунии маҳаллӣ интихоб шудааст; шаҳрванде, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати номзад ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ё мақомоти худидоракунии мањаллї ба қайд гирифта шудааст; корманде, ки дар мақомоти худидоракунии мањаллї ба таври доимӣ ё муваққатӣ кор мекунад ва музди меҳнати ӯ аз ҳисоби буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад; шахсе, ки дар ташкилоти давлатӣ ё ташкилоте, ки ҳиссаи давлат зиёда аз панҷоҳ фоизи сармояи оинномавии онро ташкил медиҳад, вазифањои идоракуниро иҷро мекунад, аз ҷумла дар ширкати идоракунии холдинги миллӣ, ширкати холдингии миллӣ, ширкати миллӣ, институти миллии рушд, ки дар он давлат саҳмдор аст, ташкилоти фаръии онҳо, ки зиёда аз панҷоҳ фоизи саҳмияҳои овоздиҳӣ (ҳиссањои иштирок) ба онҳо тааллуқ доранд, инчунин ба шахси ҳуқуқӣ, ки зиёда аз панҷоҳ фоизи саҳмияҳои овоздиҳӣ (ҳиссањои иштирок) ба ташкилоти фаръии номбаршуда тааллуқ дорад; кормандони Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он;

42) шахсе, ки мақоми роҳбарикунандаро дар муњити љиноятї ишѓол менамояд - шахсе, ки роҳбарони гурӯҳҳои муташаккил (ташкилоти ҷиноятӣ) ваколати ҳамоҳангсозии њаракатҳои ҷиноятиро додаанд ва ё шахсе, ки аъзоёни гурӯҳ ба ў эътирофи њуќуќи қабули қарорҳои масъулиятнокро, ки ба манфиатҳои онҳо таъсир мерасонанд ва самту хусусияти фаъолияти ҷиноятии онҳоро муайян мекунанд, додаанд;

43) ҷиноятҳо ба муќобили дахлнопазирии ҷинсии ноболиғон - кирдорҳои дар моддаҳои 130 (таҷовуз ба номус), 131 (њаракатњои зўроварии хусусияти шањвонї), 132 (алоқаи ҷинсӣ ё дигар њаракатњои хусусияти шаҳвонидошта бо шахси ба синни шонздањсола нарасида), 133 (пайгирии шањвонї ё маҷбур кардани шахс ба алоқаи ҷинсӣ, бачабозї, љимои зан бо зан ё содир кардани дигар њаракатњои хусусияти шаҳвонидошта), 134 (фосиќкунии хурдсол) Кодекси мазкур, ки нисбати хурдсолон ва ноболиғон содир шудаанд;

44) ҷиноятҳои коррупсионӣ - кирдорҳои дар моддаҳои 277 (банди 4) қисми 2), 278 (банди 3) қисми 2), 296 (банди 3) қисми 2), 313 (банди 2) қисми 2), 350, 351 (қисмњои 2 ва 3), 353, 354, 356, 357, 358, 359, 360, 395 (банди 3) ќисми 2), 437, 438 (банди 3) қисми 2) ва 439 Кодекси мазкур пешбинишуда;

45) ҷиноятҳои террористӣ - кирдорҳои дар моддаҳои 170, 171, 172, 173, 174, 175, 176, 184, 185, 297, 341, 342, 347, 462 ва 464 Кодекси мазкур;

46) ҷиноятҳои экстремистӣ - кирдорҳои дар моддаҳои 173, 174, 175, 182, 343, 344, 345, 346, 347, 391 (қисмҳои 2 ва 3) ва 392 Кодекси мазкур пешбинишуда.
Моддаи 4. Принсипи ќонуният

1. Њуќуќвайронкунии љиноятї будани кирдор, сазовори љазо будан ва дигар оќибатњои њуќуќии љиноятиро танњо Кодекси мазкур муайян менамояд.

2. Татбиќи ќонуни љиноятї аз рўи ќиёс манъ аст.

3. Мазмуни Кодекси ҷиноятї бояд даќиќан мутобиќи матни он фаҳмида шавад.
Моддаи 5. Принсипи баробарии шахсон дар назди ќонун

Шахсоне, ки њуќуќвайронкунии љиноятии бо Кодекси мазкур пешбинишударо содир кардаанд, дар назди ќонун баробаранд ва новобаста аз миллат, нажод, љинс, забон, муносибат ба дин, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, хизматї ва молу мулкї, таҳсил, шањрвандї, инчунин дигар њолатњое, ки асос барои табъиз шуда метавонанд, бояд ба љавобгарии љиноятї кашида шаванд.
Моддаи 6. Принсипи ногузирии љавобгарии љиноятї

Шахсе, ки њуќуќвайронкунии љиноятии бо Кодекси мазкур пешбинишударо содир кардааст, бояд ба љазо ва (ё) чорањои дигари таъсиррасонии њуќуќии љиноятї кашида шавад. Озод кардан аз љавобгарии љиноятї, љазо ё адои он, инчунин иваз намудани љазо ба ҷазои сабуктар танњо дар мавридњои пешбининамудаи Кодекси мазкур мумкин аст.
Моддаи 7. Принсипи љавобгарии фардї ва гунањгорї

1. Њељ кас тањти љавобгарии љиноятї ќарор гирифта наметавонад ба љуз аз кирдори (њаракат ё бењаракатии) шахсии худ.

2. Шахс танњо барои он кирдори ба љамъият хавфнок ва оќибати ба љамъият хавфноки фарорасидае, ки гуноњи ў нисбат ба онњо муќаррар шудааст, ба љавобгарии љиноятї кашида мешавад.

3. Њељ кас дар содир кардани њуќуќвайронкунии ҷиноятї гунаҳгор эътироф ва ба љазои љиноятї кашида намешавад, то лањзае, ки гуноњи ў бо тартиби пешбининамудаи ќонун исбот ва бо њукми айбдоркунии эътибори ќонунї пайдокардаи суд муќаррар нашуда бошад.

4. Гунањгоркунии объективї, яъне љавобгарии љиноятї барои зиёни бегуноњ расонидашуда, роњ дода намешавад.
Моддаи 8. Принсипи адолат

1. Љазо ва чорањои дигари таъсиррасонии њуќуќии љиноятї, ки нисбати шахси њуќуќвайронкунии ҷиноятии бо Кодекси мазкур пешбинишударо содиркарда татбиќ мешавад, бояд одилона бошанд, яъне ба хусусият ва дараљаи ба љамъият хавфнокии кирдор, њолатњои содир кардани он ва шахсияти гунањгор мувофиќ бошанд.

2. Њељ кас барои њамон як љиноят ё рафтори љиноятї такроран ба љавобгарии љиноятї кашида намешавад.
Моддаи 9. Принсипи инсондўстї

1. Ба шахси њуќуќвайронкунии љиноятиро содиркарда суд ҷазое таъйин менамояд, ки бо маќсади ислоҳи ў ва пешгирии содир кардани њуќуќвайронкунии ҷиноятии нав, инчунин бо маќсади барќарор намудани адолати иљтимої зарур ва кофӣ бошад.

2. Љазо ё чораи дигари таъсиррасонии њуќуќии љиноятї набояд боиси расонидани озори љисмонї ё паст задани эътибори инсон гарданд.
Моддаи 10. Принсипи демократизм

Барои ислоҳи шахсоне, ки њуќуќвайронкунии ҷиноятї содир кардаанд, иттиҳодияҳои ҷамъиятї, мақомоти худидораи шаҳрвандон ё коллективҳо бо дархост ё розигии онҳо ҷалб карда мешаванд.
Моддаи 11. Асоси љавобгарии љиноятї

Ягона асоси љавобгарии љиноятї ин содир кардани њуќуќвайронкунии љиноятї, яъне кирдоре, ки дорои тамоми аломатњои таркиби љиноят ва ё рафтори љиноятии дар Кодекси мазкур пешбинишуда мебошад.
Моддаи 12. Ќоидањои маънидодкунии ќонуни љиноятї

1. Агар меъёри њуќуќии љиноятї духўра ифода ёфта бошад ё гуногун маънидод карда шавад, дар ин сурат он ба манфиати шахси њуќуќвайронкунии љиноятиро содиркарда маънидод карда мешавад.

2. Истилоњот ва (ё) мафњумњое, ки дар Кодекси мазкур истифода бурда мешаванд, њамон маъноеро дороянд, ки дар ќонунгузории дахлдор оварда шудаанд, агар дар Кодекси љиноятї тартиби дигар пешбинї нашуда бошад.

3. Дар доираи Кодекси мазкур додани шарњи гуногун ба истилоњот ва (ё) мафњумњои якхела манъ аст, ба шарте, ки дар Кодекси љиноятї тавзењи махсус мављуд набошад.
БОБИ 2. АМАЛИ ЌОНУНИ ЉИНОЯТЇ

ДАР ЗАМОН ВА МАКОН
Моддаи 13. Амали ќонуни љиноятї дар замон

Њуќуќвайронкунии љиноятї будани кирдор ва сазовори љазо будани он бо ќонуни љиноятие муайян карда мешавад, ки дар замони содир кардани њамин кирдор амал мекард. Замони содир кардани њуќуќвайронкунии љиноятї ин ваќти амалишавии њаракати (бењаракатии) ба љамъият хавфнок, новобаста аз ваќти фаро расидани оќибатњо эътироф мешавад.
Моддаи 14. Ќувваи бозгашти ќонуни љиноятї

1. Ќонуне, ки њуќуќвайронкунии љиноятї будани кирдор ё љазоро бартараф мекунад, љавобгарї ё љазоро сабук менамояд ва ё ба тариќи дигар вазъи шахси њуќуќвайронкунии љиноятї содиркардаро бењтар мегардонад, ќувваи бозгашт дорад, яъне ба шахсоне пањн мегардад, ки то мавриди амал ќарор додани чунин ќонун кирдорњои дахлдорро содир кардаанд, аз љумла ба шахсоне, ки љазоро адо мекунанд ё адо кардаанд, вале доғи судї доранд.

2. Агар ќонуни нави љиноятї љазоро барои кирдоре, ки шахс адо мекунад, сабук намояд, он гоњ љазо бояд дар њадде кам карда шавад, ки ќонуни нави љиноятї пешбинї кардааст.

3. Ќонуне, ки њуќуќвайронкунии љиноятї будани кирдор ё љазоро муќаррар менамояд, љавобгарї ё љазоро пурзўр мекунад ё ин ки ба тариќи дигар вазъи шахсеро, ки ин кирдорро содир кардааст, бадтар месозад, ќувваи бозгашт надорад.

4. Агар аз ваќти содир кардани њуќуќвайронкунии љиноятї то ваќти баровардани њукм ќонуни љиноятї якчанд маротиба таѓйир ёбад, ќонуни аз њама сабуктар татбиќ карда мешавад.

5. Чорањои маљбурии хусусияти тарбиявї ва тиббидошта танњо дар асоси ќонуне татбиќ карда мешавад, ки дар ваќти баррасии парванда дар суд амал мекунад.


Моддаи 15. Амали ќонуни љиноятї нисбати шахсоне, ки дар њудуди Љумњурии Тољикистон њуќуќвайронкунии љиноятї содир кардаанд

1. Шахси дар њудуди Љумњурии Тољикистон њуќуќвайронкунии љиноятї содиркарда мутобиќи Кодекси мазкур ба љавобгарї кашида мешавад.

2. Њуќуќвайронкунии љиноятї дар њудуди Љумњурии Тољикистон содиршуда кирдоре эътироф мешавад, ки он дар њудуди Љумњурии Тољикистон оѓоз гардидааст ё идома ёфтааст ва ё ба итмом расонида шудааст.

3. Шахсе, ки њуќуќвайронкунии љиноятиро дар киштии дар Љумњурии Тољикистон баќайдгирифташудаи дар обњо ё фазои њавоии кушоди берун аз њудуди Љумњурии Тољикистон воќеъбуда содир кардааст, мутобиќи Кодекси мазкур ба љавобгарии љиноятї кашида мешавад, агар дар шартномањои байналмилалии Љумњурии Тољикистон тартиби дигар пешбинї нашуда бошад. Шахсе, ки дар киштии њарбии обї ё њавопаймои њарбии Љумњурии Тољикистон новобаста аз мањалли љойгирбудаи онњо њуќуќвайронкунии љиноятї содир кардааст, њамчунин мутобиќи Кодекси мазкур ба љавобгарии љиноятї кашида мешавад.

4. Масъалаи љавобгарии љиноятии намояндагони дипломатии давлатњои хориљї ва шањрвандони дигар, ки дорои масуният мебошанд, дар мавриди аз љониби ин шахсон содир кардани њуќуќвайронкунии љиноятї дар њудуди Љумњурии Тољикистон дар асоси меъёрњои њуќуќи байналмилалї њал карда мешавад.
Моддаи 16. Амали ќонуни љиноятї нисбати шахсоне, ки берун аз њудуди Љумњурии Тољикистон њуќуќвайронкунии љиноятї содир кардаанд

1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шахсони бешаҳрванди доимо дар он истиқоматкунанда барои њуќуќвайронкунии ҷиноятии берун аз њудуди Љумњурии Тољикистон содиркардаашон мутобиқи Кодекси мазкур ба ҷавобгарии ҷиноятї кашида мешаванд, агар кирдори содиркардаи онњо дар ҳудуди давлате, ки ин кирдорро содир кардаанд, њуќуќвайронкунии љиноятї эътироф шуда бошад ва агар ин шахсон дар дигар давлат маҳкум нашуда бошанд. Њангоми маҳкум кардани шахсони зикргардида ҷазо наметавонад аз ҳадди болоии санксияи пешбининамудаи қонуни њамон давлате, ки дар ҳудуди он њуќуќвайронкунии ҷиноятї содир шудааст, зиёд бошад. Бо њамин асосњо шањрвандони хориљї ва шахсони бешањрванди дар њудуди Љумњурии Тољикистон ќарордошта ба љавобгарї кашида мешаванд, дар мавриде, ки агар онњо барои ба љавобгарии љиноятї кашидан ё адои љазо мутобиќи санадњои њуќуќии байналмилалии Тољикистон эътирофкарда ба давлати хориљї супорида нашаванд.

2. Муќаррароти Кодекси мазкур новобаста аз љои содиршавии љиноят нисбати шањрвандони Љумњурии Тољикистон, шахсони бешањрванди дар њудуди Љумњурии Тољикистон доимо истиќоматкунанда дар мавридњои содиршавии љиноятњои террористї ё экстремистї ва ё љиноятњо ба муќобили сулњ ва амнияти инсоният ва ё барои расонидани дигар зиёни вазнин ба манфиатњои њаётан муњими Љумњурии Тољикистон татбиќ мешавад, агар дар санадњои њуќуќии байналмилалии Тољикистон эътирофкарда тартиби дигар муќаррар нашуда бошад.

3. Шаҳрвандони хориљї ё шахсони бешаҳрванди дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимо истиқоматнакунанда барои њуќуќвайронкунии ҷиноятии берун аз ҳудуди он содир кардаашон мутобиқи Кодекси мазкур дар мавридҳои зерин ба ҷавобгарї кашида мешаванд, агар:

1) онњо ҷинояти вазнин ё ҷинояти махсусан вазнин бар зидди шаҳрвандони Тоҷикистон ё шахсони бешаҳрванди дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимо истиқоматкунанда ё бар зидди манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон содир карда бошанд;

2) онњо њуќуќвайронкунии ҷиноятии бо санадњои њуќуќии байналмилалии Тољикистон эътирофкарда пешбинишударо содир карда бошанд.

4. Муќаррароти ќисми сеюми њамин модда дар ҳолате татбиќ карда мешавад, ки агар шаҳрвандони хориљї ё шахсони бешаҳрванди дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимо истиқоматнакунанда дар давлати дигар маҳкум нашуда бошанд ва дар њудуди Љумњурии Тољикистон ба љавобгарии љиноятї кашида мешаванд.

5. Доѓи судї ва дигар оќибатњои љиноятї-њуќуќии кирдори сазовори љазои љиноятиро содиркардаи шахс дар њудуди дигар давлат, њангоми њалли масъалаи ба љавобгарии љиноятї кашидани ў барои њуќуќвайронкунии љиноятии дар њудуди Љумњурии Тољикистон содиркардааш ањамияти љиноятї-њуќуќї надорад, агар дар шартномањои байналмилалии Љумњурии Тољикистон тартиби дигар пешбинї нашуда бошад ё агар кирдори сазовори љазои љиноятии дар њудуди дигар давлат содиршуда манфиатњои миллї ва объектњои амниятии Љумњурии Тољикистонро халалдор накарда бошад.

6. Хизматчиёни њарбии ќисмњои њарбии Љумњурии Тољикистон, ки берун аз њудуди он љойгир шудаанд, барои њуќуќвайронкунии љиноятии дар њудуди давлати хориљї содиркарда бо Кодекси мазкур ба љавобгарии љиноятї кашида мешаванд, агар дар шартномањои байналмилалии Љумњурии Тољикистон тартиби дигар пешбинї нашуда бошад.
Моддаи 17. Супурдани шахсоне, ки њуќуќвайронкунии љиноятї содир кардаанд

1. Шањрвандони Љумњурии Тољикистон, ки дар њудуди дигар давлат њуќуќвайронкунии љиноятї содир кардаанд, ба ин давлат супурда намешаванд, агар дар шартномаи байналмилалии Љумњурии Тољикистон тартиби дигар муќаррар нашуда бошад.

2. Шањрвандони хориљї ва шахсони бешањрванд, ки берун аз њудуди Љумњурии Тољикистон љиноят содир кардаанд ва дар њудуди Љумњурии Тољикистон ќарор доранд, мутобиќи шартномаи байналмилалии Љумњурии Тољикистон метавонанд барои ба љавобгарии љиноятї кашидан ё адои љазо ба давлати хориљї супурда шаванд.

3. Њељ кас ба давлати хориљї супурда намешавад, агар дар он давлат асосњои љиддии эњтимолияти тањдиди татбиќи шиканља, зўроварї, дигар намудњои муносибат ва љазои берањмона, ѓайриинсонї ё тањќиркунандаи шаъну шараф ё љазо, инчунин дар њолате, ки тањдиди татбиќи љазои ќатл нисбати ў мављуд бошанд, агар дар шартномањои байналмилалии Љумњурии Тољикистон тартиби дигар пешбинї нашуда бошад.
ФАСЛИ II.

ЊУЌУЌВАЙРОНКУНИИ ЉИНОЯТЇ
БОБИ 3. МАФЊУМИ ЊУЌУЌВАЙРОНКУНИИ

ЉИНОЯТЇ ВА НАМУДЊОИ ОН
Моддаи 18. Мафњуми љиноят ва рафтори љиноятї

1. Њуќуќвайронкунињои љиноятї вобаста ба дараљаи ба љамъият хавфнокї ва сазовори љазо будан ба љиноят ва рафтори љиноятї таќсим мешаванд.

2. Кирдори (ҳаракат ё беҳаракатӣ) содиршудаи гунаҳгоронаи барои ҷамъият хавфноке, ки Кодекси мазкур бо таҳдиди татбиқи ҷазо дар намуди корњои њатмї, корҳои ислоҳӣ, маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ, маҳдуд кардани озодӣ, љарима, нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ, маҳрум сохтан аз озодӣ, якумра маҳрум сохтан аз озодӣ ё ҷазои қатл манъ кардааст, ҷиноят эътироф мешавад.

3. Кирдори (ҳаракат ё беҳаракатӣ) содиршудаи гунаҳгоронаи барои ҷамъият хавфнокии баланд надошта, ки дар натиљаи он зиёни начандон калон расонида шудааст ва ё тањдиди расонидани зиён ба шахсият, ташкилот, љамъият ё давлат љой дорад ва барои содир кардани он Кодекси мазкур бо таҳдиди татбиқи ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ, корҳои ислоҳӣ, маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ, маҳдуд кардани озодӣ, љарима, њабс, берун кардани шањрванди хориљї ё шахси бешањрванди ба таври доимї дар Љумњурии Тољикистон истиќоматнакунанда аз њудуди он манъ кардааст, рафтори ҷиноятї эътироф мешавад.

4. Њаракат ё беҳаракатие, ки расман аломатҳои яке аз кирдорҳои дар Қисми махсуси Кодекси мазкур пешбинишударо дошта бошад ҳам, вале бо сабаби камаҳамиятӣ барои ҷамъият хавфнок нест, њуќуќвайронкунии ҷиноятї намебошад.
Моддаи 19. Категорияњои љиноятњо

1. Вобаста ба хусусият ва дараљаи ба љамъият хавфнокї љиноятњои пешбининамудаи Кодекси мазкур ба љиноятњои начандон вазнин, љиноятњои миёнаи вазнин, љиноятњои вазнин ва љиноятњои махсусан вазнин таќсим мешаванд.

2. Љиноятњои начандон вазнин эътироф мешаванд кирдорњои ќасдан содиршавандае, ки љазои баландтарин барои онњо дар Кодекси мазкур пешбинишуда аз ду соли мањрум сохтан аз озодї зиёд нест, инчунин кирдорњои аз беэњтиётї содиршудае, ки љазои баландтарин барои онњо дар Кодекси мазкур пешбинишуда аз панљ соли мањрум сохтан аз озодї зиёд нест.

3. Љиноятњои миёнаи вазнин эътироф мешаванд кирдорњои ќасдан содиршавандае, ки љазои баландтарин барои онњо дар Кодекси мазкур пешбинишуда аз панљ соли мањрум сохтан аз озодї зиёд нест, инчунин кирдорњои аз беэњтиётї содиршавандае, ки љазои баландтарин барои онњо дар Кодекси мазкур пешбинишуда зиёда аз панљ соли мањрум сохтан аз озодї мебошад.

4. Љиноятњои вазнин эътироф мешаванд кирдорњои ќасдан содиршавандае, ки љазои баландтарин барои онњо дар Кодекси мазкур пешбинишуда аз даҳ соли мањрум сохтан аз озодї зиёд нест.

5. Љиноятњои махсусан вазнин эътироф мешаванд кирдорњои ќасдан содиршавандае, ки љазои баландтарин барои онњо дар Кодекси мазкур пешбинишуда зиёда аз даҳ соли мањрум сохтан аз озодї мебошад ё љазои якумра маҳрум сохтан аз озодӣ ё ҷазои қатл пешбинї гардидааст.


Моддаи 20. Якчандкарата содир кардани њуќуќвайронкунињои љиноятї

1. Содир кардани ду ва зиёда кирдори дар њамон як модда ё ќисми моддаи Ќисми махсуси Кодекси мазкур пешбинишуда якчандкарата содир кардани њуќуќвайронкунињои љиноятї эътироф мешавад. Љиноят ва рафтори љиноятї бо њам якчандкарата содир кардани њуќуќвайронкунињои љиноятиро ташкил намедињанд.

2. Њуќуќвайронкунии љиноятї якчандкарата содиршуда эътироф намешавад, агар шахс барои њуќуќвайронкунии љиноятии қаблан содиркардааш мањкум шуда бошад ва ё бо асосњои муқаррарнамудаи қонун аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуда бошад.

3. Њуќуќвайронкунии љиноятии давомнок, яъне њуќуќвайронкунии љиноятие, ки аз як қатор кирдорҳои зиддињуќуќии ҳаммонанд иборат буда, қасд ва мақсади ягонаро дарбар гирифта, дар маҷмўъ як њуќуќвайронкунии ҷиноятиро ташкил медињанд, якчандкарата содиршуда эътироф намешаванд.

4. Дар муддати дароз иљро накардани уњдадорињое, ки хусусияти пайваста содир кардани таркиби як њуќуќвайронкунии ҷиноятии дарозмуддат дорад, якчандкарата содиршуда эътироф намешавад.

5. Дар мавридњое, ки якчандкарата содир кардани љиноятњо дар Кодекси мазкур ба сифати ҳолате пешбинӣ шудааст, ки ҷазои нисбатан сахтарро ба вуљуд оварад, ҷинояти аз тарафи шахс содиркарда бо қисми дахлдори моддаи Ќисми махсуси Кодекси мазкур, ки ҷазоро барои якчандкарата содир кардани он пешбинӣ намудааст, банду баст карда мешавад.

6. Дар мавридњое, ки якчандкарата содир кардани рафтори љиноятї дар Кодекси мазкур ба сифати ҳолате пешбинӣ намояд, ки барои он ҷазои нисбатан сахттарро ба вуљуд оварад, рафтори ҷиноятии аз тарафи шахс содиркарда бо қисми дахлдори моддаи Ќисми махусуси Кодекси мазкур, ки ҷазоро барои якчандкарата содир кардани он пешбинӣ намудааст, банду баст карда мешавад.


Моддаи 21. Маљмўи њуќуќвайронкунињои љиноятї

1. Содир кардани ду ё зиёда кирдори дар моддаҳои гуногун ё ќисмњои моддањои Кодекси мазкур пешбинишуда, ки шахс барои њељ яке аз онњо маҳкум нашудааст ё бо асосњои муқаррарнамудаи қонун аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод нашудааст, маҷмўи њуќуќвайронкунии ҷиноятї эътироф мешавад. Њангоми маљмўи њуќуќвайронкунињои ҷиноятї шахс барои њар як кирдори содиркардааш бо моддаи дахлдор ё ќисми моддаи Кодекси мазкур ба љавобгарии љиноятї кашида мешавад, агар аломатњои ин кирдорњоро меъёри як модда ё ќисми моддаи Кодекси мазкур, ки љазои сахтар пешбинї менамояд, дарбар нагиранд.

2. Маҷмўи њуќуќвайронкунии ҷиноятї, инчунин як њаракат (бењаракатие), ки дорои аломатњои њуќуќвайронкунии љиноятии дар ду ё зиёда моддањои Кодекси мазкур пешбинишуда мебошад, эътироф мешавад. Њангоми љой доштани чунин маљмуъ шахс барои њар як кирдори содиркардааш бо моддаи дахлдори Кодекси мазкур ба љавобгарии љиноятї кашида мешавад, агар аломатњои як кирдорро меъёри моддаи Кодекси мазкур, ки барои кирдори дигар љазои сахтар пешбинї менамояд, дарбар нагиранд.

3. Агар њамон як кирдор тањти аломатҳои меъёрњои умумї ва махсуси моддаи дахлдори Кодекси мазкур ќарор гирад, маљмўи њуќуќвайронкунии љиноятї љой надорад ва љавобгарии љиноятї бо моддаи Ќисми махсуси Кодекси мазкур, ки дорои меъёри махсус мебошад, фаро мерасад.


Моддаи 22. Ретсидиви љиноятњо, ретсидиви хавфноки љиноятњо

1. Содир кардани љинояти вазнин аз љониби шахсе, ки ќаблан барои содир кардани љинояти вазнин ба мањрум сохтан аз озодї мањкум шудааст, ретсидиви љиноятњо эътироф мешавад.

2. Ретсидиви хавфноки љиноятњо эътироф мешавад:

1) аз љониби шахс содир кардани љинояти вазнин, агар ќаблан ин шахс на кам аз ду маротиба барои содир кардани љиноятњои вазнин ба мањрум сохтан аз озодї мањкум шудааст ё барои содир кардани љинояти махсусан вазнин мањкум шуда бошад;

2) аз љониби шахс содир кардани љинояти махсусан вазнин, агар ќаблан ин шахс барои содир кардани љинояти вазнин ё љинояти махсусан вазнин ба мањрум сохтан аз озодї мањкум шуда бошад.

3. Њангоми эътирофи ретсидиви љиноятњо ва ретсидиви хавфноки љиноятњо доѓи судї барои љиноятњое, ки шахс дар синни то њаждањсолагї содир кардааст, инчунин доѓи судие, ки бо тартиби муќаррарнамудаи Кодекси мазкур барњам хўрдааст ё бардошта шудааст, ба назар гирифта намешаванд.

4. Ретсидиви љиноятњо ва ретсидиви хавфноки љиноятњо дар асос ва њудуди пешбининамудаи Кодекси мазкур боиси љазои сахтар мегардад.


БОБИ 4. ШАХСОНЕ, КИ БА ЉАВОБГАРИИ

ЉИНОЯТЇ КАШИДА МЕШАВАНД
Моддаи 23. Шахсоне, ки ба љавобгарии љиноятї кашида мешаванд

1. Шахси воќеии мукаллафе, ки то ваќти содир кардани њуќуќвайронкунии љиноятї ба синни шонздањсолагї расидааст, ба љавобгарии љиноятї кашида мешавад.

2. Шахсоне, ки то ваќти содир кардани њуќуќвайронкунии љиноятї ба синни чордањсолагї расидаанд, барои содир кардани куштор (моддаи 112), ќасдан расонидани зиёни вазнин ба саломатї (моддаи 118), ќасдан расонидани зиёни миёна ба саломатї (ќисми 2 моддаи 119), таљовуз ба номус (моддаи 130), њаракатњои зўроварии хусусияти шањвонидошта (моддаи 131), одамрабої (моддаи 135), амали терроризм (моддаи 170), ѓасби гаравгон (моддаи 176), тасарруфи силоњ, лавозимоти љангї, моддањои тарканда ё воситањои таркиш (моддаи 204), авбошї (ќисмњои 2 ва 3 моддаи 206), ќасдан корношоям сохтани воситањои наќлиёт ё роњњо (моддаи 215), муносибати ѓайриќонунї бо воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё аналогњои онњо ё растанињои воситањои нашъадор ё моддањои психотропидошта бе маќсади ба соњибияти каси дигар додан (моддаи 225), муносибати ѓайриќонунї бо воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё аналогњои онњо ё растанињои воситањои нашъадор ё моддањои психотропидошта (моддаи 226), тасарруфи воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ, аналогњои онњо, инчунин растаниҳои дорои воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ё қисмњои онњо, ки дорои воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ мебошанд (моддаи 230), култиватсияи ғайриқонунии растаниҳои дорои воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ва ё прекурсорҳои онҳо (моддаи 234), муомилоти ѓайриќонунии моддањои сахттаъсир ё зањролуд бо маќсадњои ба соњибияти каси дигар додан (моддаи 235), дуздї (моддаи 276), ѓоратгарї (моддаи 279), роњзанї (моддаи 280), тамаъљўї (моддаи 282), ѓайриќонунї ронда бурдани автомобил ё дигар воситаи наќлиёт (моддаи 287), ќасдан нобуд ё вайрон кардани молу мулки ѓайр (ќисмњои 2 ва 3 моддаи 288), таљовуз ба њаёти Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат (моддаи 341) ва таљовуз ба њаёти Президенти Љумњурии Тољикистон (моддаи 342) ба љавобгарии љиноятї кашида мешаванд.

3. Дар мавридњои алоњидаи дар Ќисми махсуси Кодекси мазкур пешбинишуда танњо он шахсоне ба љавобгарии љиноятї кашида мешаванд, ки синни калонтар аз шонздањсола мебошанд.

4. Агар шахси ноболиғи ба синни дар ќисми якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда расида, дар натиљаи аќибмонии инкишофи руњї, ки бо парешонњолии руњї алоќаманд нест, дар ваќти содир кардани њуќуќвайронкунии љиноятї наметавонист ба таври пурра хусусияти воќеї ва ба љамъият хавфнокии њаракати (бењаракатии) худро дарк намояд ва ё онњоро идора кунад, ў ба љавобгарии љиноятї кашида намешавад.
Моддаи 24. Номукаллафї

1. Шахсе, ки дар ваќти содир кардани кирдори ба љамъият хавфноки бо Кодекси мазкур пешбинишуда дар њолати номукаллафї ќарор дошт, яъне дар натиљаи бемории рўњии доимї, парешонњолии муваќќатии рўњї, заъфи аќл ё њолати дигари бемории рўњї хусусияти воќеї ва ба љамъият хавфнокии њаракат (бењаракатии) худро дарк ё онро идора карда наметавонист, ба љавобгарии љиноятї кашида намешавад.

2. Нисбат ба шахсе, ки номукаллаф эътироф шудааст, суд метавонад чорањои маљбуркунии дорои хусусияти тиббии дар Кодекси мазкур пешбинишударо татбиќ намояд.


Моддаи 25. Љавобгарии љиноятии шахси дорои парешонњолии рўњї, ки мукаллафиро истисно намекунад

1. Шахси мукаллафе, ки дар ваќти содир кардани њуќуќвайронкунии љиноятї дар натиљаи парешонњолии рўњї наметавонист хусусияти воќеї ва ба љамъият хавфнокии њаракати (бењаракатии) худро пурра дарк намояд ё онро идора кунад, ба ҷавобгарии ҷиноятї кашида мешавад.

2. Парешонњолии рўњї, ки мукаллафиро истисно намекунад, њангоми таъйини љазо њамчун њолати сабуккунанда аз љониби суд ба назар гирифта мешавад ва барои таъйин намудани чораи маљбурии дорои хусусияти тиббии дар Кодекси мазкур пешбинишуда, асос шуда метавонад.


Моддаи 26. Љавобгарии љиноятии шахсе, ки дар њолати мастї њуќуќвайронкунии љиноятї содир кардааст

1. Шахсе, ки дар њолати мастї бар асари истеъмоли машруботи алкоголї, воситањои нашъадор, моддањои психотропї ё моддањои дигари мадњушкунанда њуќуќвайронкунии љиноятї содир кардааст, аз љавобгарии љиноятї озод карда намешавад.

2. Дар њолати њуќуќвайронкунии љиноятиро содир кардани майзада, нашъаманд ё зањрманд, суд дар баробари татбиќ намудани љазо метавонад чорањои маљбурии дорои хусусияти тиббии дар Кодекси мазкур пешбинишударо таъйин намояд.

1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   51


написать администратору сайта