Главная страница

Уголовный кодекс Таджикистана. Кодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї


Скачать 0.67 Mb.
НазваниеКодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї
АнкорУголовный кодекс Таджикистана
Дата27.07.2022
Размер0.67 Mb.
Формат файлаdocx
Имя файла1604807476303297.docx
ТипКодекс
#636887
страница3 из 51
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   51
зарари махсусан калон ва андозаи махсусан калон - дар моддаҳои 220 - зарари ба шаҳрванд расонидашуда нисбат ба нишондиҳанда барои ҳисобњо ба шаҳрванд як њазор маротиба зиёд ё ба ташкилот ё давлат дањ ҳазор маротиба аз нишондиҳанда барои ҳисобњо зиёд; 241 - даромаде, ки маблаѓи он аз панҷ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобњо зиёд аст; 256 - арзиши воситањои доруворӣ ва маснуоти тиббӣ, ки нисбати онҳо тањрифкорӣ шудааст, зиёда аз дањ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобњо анҷом ёфтааст; 257, 258, 259, 261, 262, 263, 264, 265, 268 ва 274 - ифодаи арзишии хароҷоте, ки барои барқарор кардани муҳити зист ва хусусиятҳои истеъмолии захираҳои табиї зарур аст, ба андозаи аз бист њазор нишондиҳанда барои ҳисобњо зиёд; 276, 279 ва 280 - арзиши молу мулк ё андозаи зараре, ки аз ду ҳазор маротиба нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд аст; 277, 278, 282, 288, 290 ва 414 - арзиши молу мулк ё андозаи зараре, ки аз чор ҳазор маротиба нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд аст; 284 - арзиши молу мулк ё маблағи зарар, ки аз дањ ҳазор маротиба аз нишондиҳанда барои ҳисобњо зиёд аст; 291 ва 293 - даромаде, ки андозаи он аз бист ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобњо зиёд аст; 292 - арзиши мол ва мањсулоти тамѓанашуда, ки аз ду њазор нишондињанда барои њисобњо зиёд аст; 296 - пул ва (ё) дигар молу мулке, ки бо роҳи ҷиноят ба даст оварда шудааст, ба маблағи зиёда аз дањ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо; 298 - зараре, ки ба шаҳрванд ба андозаи хазор маротиба барои ҳисобҳо ва ё ба ташкилот ё давлат аз бист ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо расонидашуда зиёд аст; 306 - зараре, ки ба андозаи аз бист ҳазор маротиба нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд аст; 307 - арзиши банкнотҳо, тангаҳо, коғазҳои қиматнок, асъори хориҷӣ, ки аз рӯи онҳо қалбакӣ сохта шудааст, панҷ њазор маротиба аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд аст; 312 – зараре, ки маьлаѓи он аз панљ њазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд расонида шудааст; 313 - арзиши моли интиқолшудае, ки аз бист ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобњо зиёд аст; 323 - маблағҳои ба буҷет вориднашуда, ки аз ҳафтод ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобњо зиёд мебошанд; 331 - маблағњои пулї, арзиши коғазҳои қимматнок, дигар молу мулк ё фоидаҳои хусусияти молумулкидоштае, ки аз ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобњо зиёд мебошанд; 354 - зарари ба шаҳрванд ба маблаѓи зиёда аз ду ҳазор маротиба нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё ба ташкилот ё давлат аз даҳ ҳазор маротиба нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд расонидашуда; 356 ва 357 - маблағњои пулї, арзиши коғазҳои қиматнок, дигар молу мулк ё фоидаҳои хусусияти молумулкидошта аз даҳ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобњо зиёд; дар дигар моддаҳо - андозаи зарар ба маблаѓи зиёда аз чор њазор маротиба нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

18) зархаридшахсе, ки махсус барои иштирок дар низои мусаллаҳона, амалиёти љангї ё дигар њаракатҳои зўроварӣ, ки ба сарнагун ё ноустувор кардани сохтори конститутсионӣ ва ё вайрон кардани тамомияти арзии давлат нигаронидашуда љалб гардида, бо маќсадњои гирифтани подоши моддӣ ё фоидаи дигари шахсї амал мекунад, шањрванди тарафе, ки тањти муноќиша ќарор дорад ё давлате, ки амалњои мазкур бар зидди он равона карда шудаанд, намебошад, ба њайати шахсии ќуввањои мусаллањи давлате, ки тањти муноќиша ќарор дорад, шомил намебошад ва аз љониби давлати дигар барои иљрои ўњдадорињои расмї ба сифати шахси ба њайати ќуввањои мусаллањи он шомилбуда фиристода нашудааст;

19) зери мафњуми манзил дар Кодекси мазкур - манзили истиќоматии фардї бо биноњои истиќоматї ва ѓайриистиќоматии ба он дохилшаванда, бинои истиќоматї новобаста аз шакли моликият ба фонди манзил дохилшаванда, ки барои истиќомати доимї ё муваќќатї мувофиќ аст, њамчунин дигар бино ё сохтмони ба фонди манзил дохилнашаванда, вале барои истиќомати муваќќатї таъин гардидааст, фањмида мешавад;

20) зери мафҳуми хурдсол дар Кодекси мазкур - шахси ба синни чордаҳсола нарасида фаҳмида мешавад;

21) зери мафҳуми узви оила дар Кодекси мазкур - падар, модар, шахсоне, ки дар никоњ ќарор доранд, фарзандон, бобо, бибї, набера, фарзандхондшудагон, фарзанди угай, келин, инчунин бародарзода, хоҳарзода ва дигар хешовандони наздик, васї, парастор, дигар шахсоне, ки дар ин оила якҷоя зиндагӣ доранд ё хољагии якљоя мебаранд, фаҳмида мешаванд;

22) зиёни ҷиддӣоқибатҳои зерин дар мавридҳое, ки онҳо ҳамчун аломати таркиби ҳуқуқвайронкунии ҷиноятии пешбининамудаи Кодекси мазкур нишон дода нашудаанд:

вайрон кардани ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ташкилот, манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаи ҷамъият ё давлат; расонидани зарари назаррас; пайдоиши вазъи мураккаби зиндагӣ барои шахси ҷабрдида; вайрон кардани кори муътадили ташкилот ё мақомоти давлатӣ; қатъи чорабиниҳои муҳими ҳарбӣ ва ё муваќќатан коҳиш додани сатҳи омодагии ҷангӣ ва ќобилияти ҷангии ќисмњои њарбї ва љузъу томҳо; сари вақт ошкор ё барнагардонидани ҳуљуми гурӯҳҳои мусаллаҳ ё шахсони алоҳидаи мусаллаҳ, техникаи ҳарбии хушкигард, ҳавоӣ ё баҳрї, роњ додан ба бемамониат ғайриқонунӣ гузаштани шахсон ва воситаҳои нақлиёт тавассути Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тољикистон, интиқоли борҳои ќочоќ, сањлангорї ба њаракатњое, ки ба иншооти сарҳадӣ, воситаҳои техникии њифзи сарҳад зарар мерасонанд; оқибатҳои дигаре, ки аз љиддї будани зарари расонидашуда шањодат медињанд;

23)
1   2   3   4   5   6   7   8   9   ...   51


написать администратору сайта