Уголовный кодекс Таджикистана. Кодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї
Скачать 0.67 Mb.
|
Моддаи 49. Корњои њатмї1. Корњои њатмї аз љониби мањкумшуда бемузд иљро намудани корњои фоиданоки љамъиятии тахассуси муайянро талабнакунанда, ки онњоро маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї дар љойњои љамъиятї ташкил менамояд, иборат мебошанд. 2. Корњои њатмї барои содир кардани рафтори љиноятї ба муњлати аз чил то яксаду њаштод соат, барои љиноятњои начандон вазнин ва миёнаи вазнин ба муњлати аз яксаду њаштод то шашсад соат муќаррар карда мешаванд. Барои мањкумшудае, ки фаъолияти мењнатї мекунад ё тањсил менамояд, корњои њатмї на зиёда аз чор соат дар як рўз берун аз вақти корҳои асосӣ ё аз таълим адо карда мешаванд. 3. Корњои њатмї ба шахсони зерин таъйин карда намешаванд: 1) зани њомиладор; 2) зане, ки кўдаки то синни сесола дорад; 3) марде, ки дар танњої кўдаки то синни сесоларо тарбия менамояд; 4) шахсе, ки ба синни нафаќа расидааст; 5) маъюбони гурўњњои I ва II; 6) хизматчиёни њарбї. 4. Дар давраи адои љазо дар намуди корњои њатмї ба миён омадани яке аз њолатњои дар ќисми сеюми њамин модда пешбинишуда суд бо пешнињоди маќоме, ки ба зиммаи он иљрои њукм вогузор шудааст, мањкумшударо аз адои минбаъдаи љазо озод мекунад. 5. Дар њолати саркашї кардан аз адои корњои њатмї, онњо иваз карда мешаванд: 1) ба мањкумшуда барои рафтори љиноятї – ба њабс аз њисоби як шабонарўзи њабс барои чор соати корњои њатмии адо нагардида; 2) ба мањкумшуда барои љиноят – ба мањдуд кардани озодї ё мањрум сохтан аз озодї аз њисоби як шабонарўзи мањдуд кардани озодї ё мањрум сохтан аз озодї барои чор соати корњои њатмии адо нагардида. 6. Њангоми таъйини љазои сабуктар нисбат ба њуќуќвайронкунии љиноятии мазкури пешбинишуда, таъйини љазо барои љинояти нотамом, инчунин њангоми ивази љазо мўњлати корњои њатмї аз њадди поёнии дар моддаи мазкур муќарраршуда мумкин аст камтар бошад. Моддаи 50. Корњои ислоњї 1. Корњои ислоњї дар љойи кори мањкумшуда ва ё дар љойњои дигаре, ки аз љониби маќомоти иљрокунандаи њукм дар мањалли истиќомати мањкумшуда муайянкунанда ба муњлати аз ду моњ то ду сол таъйин гардида, аз дањ то бист фоизи музди мењнати (таъминоти пулии) њармоња ба фоидаи давлат нигоњ дошта мешавад. 2. Корњои ислоњї барои содир кардани рафтори љиноятї ба муњлати аз ду то шаш моњ, барои љиноят ба муњлати аз шаш моњ то ду сол таъйин карда мешаванд. 3. Њангоми таъйин намудани корњои ислоњї суд вазнинии њуќуќвайронкунии љиноятї, вазъи молумулкї ва оилавии мањкумшударо ба назар мегирад. 4. Корњои ислоњї ба шахсони зерин таъйин карда намешаванд: 1) шахси ба синни шонздањсолагї нарасида; 2) зани њомиладор ё кўдаки то синни сесола дорад; 3) марде, ки дар танњої кўдаки то синни сесоларо тарбия менамояд; 4) шахсе, ки ба синни нафаќа расидааст; 5) маъюбони гурўњњои I ва II; 6) хизматчиёни њарбї; 7) шахсе, ки дар муассисаи таълимӣ људо аз истењсолот таҳсил мекунад; 8) шахсе, ки ѓайри ќобили мењнат эътироф шудааст. 5. Дар мавриди ба миён омадани њолатњои пешбининамудаи ќисми чоруми њамин модда суд мањкумшударо аз адои минбаъдаи љазои корњои ислоњї озод менамояд. 6. Дар мавриди ба миён омадани дигар њолатњое, ки ба иљрои корњои ислоњї монеа мешаванд, љазои мазкур иваз карда мешавад: 1) ба мањкумшуда барои рафтори љиноятї – ба корњои њатмї аз њисоби як шабонарўзи корњои ислоњии адо нагардида баробар ба чор соати корњои њатмї; 2) ба мањкумшуда барои љиноятњои начандон вазнин ё миёнаи вазнин – ба мањдуд кардани озодї ва ё мањрум сохтан аз озодї аз њисоби як рўзи мањдуд кардани озодї баробар ба ду рўзи корњои ислоњии адо нагардида ё мањрум сохтан аз озодї ба се рўзи корњои ислоњии адо нагардида; 3) ба мањкумшуда барои љинояти вазнин – ба мањрум сохтан аз озодї аз њисоби як рўзи мањрум сохтан аз озодї баробар ба се рўзи корњои ислоњии адо нагардида. Моддаи 51. Мањдуд кардан дар хизмати њарбї 1. Мањдуд кардан дар хизмати њарбї нисбати хизматчиёни њарбии мањкумшудаи њайати афсарї, инчунин нисбати хизматчиёни њарбии бо тартиби ихтиёрї хизмати њарбиро адокунанда дар мавридњои пешбининамудаи моддањои Ќисми махсуси Кодекси мазкур барои содир кардани њуќуќвайронкунињои љиноятї ба муќобили хизмати њарбї, инчунин бар ивази корњои ислоњї, ки барои дигар њуќуќвайронкунињои љиноятї пешбинї шудаанд, татбиќ карда мешавад. 2. Мањдуд кардан дар хизмати њарбї барои содир кардани рафтори љиноятї ба муњлати аз ду то шаш моњ, барои љиноят ба муњлати аз шаш моњ то ду сол таъйин карда мешавад. 3. Аз таъминоти пулии шахси ба мањдуд кардан дар хизмати њарбї мањкумшуда ба андозаи муќаррарнамудаи њукми суд аз даҳ то бист фоизи маблаѓи таъминоти пулї ба фоидаи давлат ситонида мешавад. 4. Дар давраи адои љазо дар намуди мањдуд кардан дар хизмати њарбї мањкумшударо ба мансаби баланд таъйин кардан ё ба ў додани рутбаи њарбии баландтар манъ аст, муњлати љазо бошад, ба собиќаи хизматии ў барои додани рутбаи навбатии њарбї њисоб карда намешавад. Моддаи 52. Мањдуд кардани озодї 1. Мањдуд кардани озодї аз вогузор намудани уњдадорињои муайян ба мањкумшуда, ки озодињои ўро мањдуд мекунад ва муќаррар намудани назорати пробатсионї нисбати ў иборат буда, дар мањалли истиќомати ў бидуни људо кардан аз љомеа адо карда мешавад. 2. Мањдуд кардани озодї барои содир кардани рафтори љиноятї ба муњлати аз шаш моњ то як сол, барои љиноят ба муњлати аз як то чор сол таъйин карда мешаванд. 3. Назорати пробатсиониро маќомоти ваколатдори давлатї амалї менамояд ва бо ќарори суд аз љониби мањкумшуда иљрои уњдадорињои зеринро дарбар мегирад: 1) иваз накардани љойи истиќомат, кор ва тањсили доимї бе огоњ кардани маќомоти ваколатдори давлатие, ки назоратбариро аз болои рафтори мањкумшуда амалї менамояд; 2) ба љойњои муайян ташриф наовардан; 3) гузаштани даври муолиља аз вобастагии майзадагї, нашъамандї, психотропї, зањрмандии ё аз беморињое, ки барои саломатии дигар шахсон хатар доранд, оид ба он ќаблан розигї дода бошад; 4) амалї намудани дастгирии моддии оила; 5) иљро намудани намудњои муайяни кор дар њаљми сад соат дар як сол дар давоми тамоми муњлати адои љазо. 4. Намудњои муайяни корро маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї дар љойњои љамъиятї ташкил менамояд ва он на зиёда аз чор соат дар як рўз адо карда мешавад. Ба намудњои муайяни кор мањкумшудагоне, ки љойи кори доимї доранд ё ба тањсил фаро гирифта шудаанд, ноболиѓ, зани њомиладор, зане, ки кўдаки хурдсоли то синни сесола дорад, марде, ки дар танњої кўдаки хурдсоли то синни сесоларо тарбия менамояд, шахсе, ки ба синни нафаќа расидааст, маъюбони гурўњњои I ва II, инчунин мањкумшудагоне, ки љазояшон ба мањдуд кардани озодї ба муњлати камтар аз шаш моњ иваз карда шудааст, љалб карда намешаванд. 5. Дар њолати бадќасдона саркашї кардан аз адои мањдуд кардани озодї муњлати адонашудаи он иваз карда мешавад: 1) ба мањкумшуда барои рафтори љиноятї - бо њабс аз њисоби як рўзи мањдуд кардани озодии адо нагардида баробар ба чор шабонарўзи њабс, вале на зиёда аз муњлати нињоии дар моддаи 54 Кодекси мазкур пешбинишуда; 2) ба мањкумшуда барои љиноят - бо мањрум сохтан аз озодї аз њисоби ду рўзи мањдуд кардани озодии адо нагардида баробар ба як рўзи мањрум сохтан аз озодї. 6. Њангоми таъйин намудани љазои сабуктар нисбат ба љазои барои њуќуќвайронкунии љиноятии мазкур пешбинишуда, таъйин намудани љазо барои љинояти нотамом, инчунин њангоми иваз намудани љазо муњлати мањдуд кардани озодї мумкин аст аз њадди поёнии дар моддаи мазкур муќарраршуда камтар бошад. 7. Дар мавриди ба миён омадани њолатњои пешбининамудаи ќисми чоруми њамин модда суд мањкумшударо аз иљрои минбаъдаи корњои муайян озод менамояд. Моддаи 53. Љарима 1. Љарима ситонидани маблаѓе мебошад, ки дар доираи пешбининамудаи Кодекси мазкур ба андозаи муқарраршудаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ва дар вақти содир кардани њуќуќвайронкунии ҷиноятї амал мекард ё бо андозаи чандкаратаи маблаѓ ё арзиши пора, маблаѓи пули додашуда ё арзиши молу мулки додашуда, арзиши молу мулки тасарруфшуда, маблаѓи даромади бадастоварда ё маблаѓи пардохтњои ба буљет вориднагардида таъйин карда мешавад. 2. Љарима барои содир кардани рафтори љиноятї дар доираи аз бист то яксаду њаштод нишондиҳанда барои ҳисобҳо, барои содир кардани љиноят дар доираи аз яксаду њаштод то ду њазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё ба андозаи чандкарата муќаррар карда мешавад. 3. Њангоми таъйин намудани љарима суд андоза ва муњлати пардохти онро бо дарназардошти вазнинии њуќуќвайронкунии љиноятии содиргардида, вазъи молумулкї ва оилавии мањкумшуда, имконияти аз љониби ў гирифтани музди мењнат ё дигар даромад муайян менамояд. 4. Муњлати пардохти љарима аз лањзаи эътибори ќонунї пайдо кардани њукм њисоб карда мешавад ва бо њукми суд наметавонад аз се сол зиёд бошад. 5. Дар њолати муваќќатан бадтар шудани вазъи молумулкии мањкумшуда вобаста ба таъхир андохтан ё напардохтани музди мењнат, корношоямии муваќќатї, аз даст додани кор ё даромад маќомоти иљро метавонанд муњлати пардохти љаримаро аз як моњ то як сол мавќуф гузоранд. Муњлати мавќуфгузошта ба њисоби муњлати пардохти љаримаи бо њукми суд муќаррар кардашуда дохил намешавад. 6. Њангоми дар муњлатњои муќарраршуда напардохтани љарима њукми (ќарори) суд маљбуран иљро карда мешавад. Ќисми пардохтнашудаи љарима иваз карда мешавад: 1) ба мањкумшуда барои рафтори љиноятї – ба љалб намудан ба корњои њатмї аз њисоби як соати корњои њатмї баробар ба як нишондињанда барои њисобњо ё ба њабс аз њисоби як шабонарўзи њабс ба чор нишондињанда барои њисобњои пардохтнашуда; 2) ба мањкумшуда барои љиноятњои начандон вазнин ё миёнаи вазнин – ба мањдуд кардани озодї ё мањрум сохтан аз озодї аз њисоби як рўзи мањдуд кардани озодї ё мањрум сохтан аз озодї баробар ба чор нишондињанда барои њисобњои пардохтнашуда; 3) ба мањкумшуда барои љинояти вазнин – ба мањрум сохтан аз озодї аз њисоби як рўзи мањрум сохтан аз озодї баробар ба чор нишондињанда барои њисобњои пардохтнашуда; 4) шахси ба љаримаи чандкарата мањкумшуда - ба мањрум сохтан аз озодї дар доираи санксияи моддаи дахлдори Ќисми махсуси Кодекси мазкур бо дарназардошти ќисми љаримаи пардохтшуда ва рўёнидашуда. 7. Њангоми таъйин намудани љазои сабуктар нисбат ба љазои барои њуќуќвайронкунии љиноятии мазкур пешбинишуда таъйин намудани љазо барои љинояти нотамом, инчунин њангоми иваз намудани љазо андозаи љарима мумкин аст аз њадди поёнии дар моддаи мазкур муќарраршуда камтар бошад. 8. Дар ҳолати аз тарафи шахс содир кардани ҷиноятҳои дар моддаҳои 148, 277, 278, 281, 283, 288 (ба истиснои бандњои 1) ва 2) ќисми 2, банди 1) ќисми 3), 290 (ба истиснои бандњои 1) ва 2) ќисми 2), 291, 292, 293, 294, 298, 299 (ба истиснои ќисми 3), 301, 310, 311, 312, 313, 314, 317, 328, 354, 355, 419 ва 447 Кодекси мазкур пешбинишуда, агар гунаҳгор то баровардани ҳукми суд зарари моддиро пурра талофӣ намояд, нисбати ў ҷазои ҷарима ва ё дигар ҷазои бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабудаи дар санксияҳои моддаҳои номбаршуда пешбинишуда таъйин карда мешавад. 9. Дар ҳолати аз тарафи шахс содир кардани ҷиноятҳои дар моддаҳои 350 (ба истиснои ҳолатҳое, ки боиси марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон гардида бошанд), 360, 351 (ба истиснои қисми 3), 353, 361 (ба истиснои ҳолатҳое, ки боиси марг ё расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон гардида бошанд), 359, 373 (ба истиснои қисми 4), 437 (қисми 1), 438 (қисми 1), 439 (қисми 1) ва 440 (қисми 1) Кодекси мазкур пешбинишуда, агар онҳо дар алоқамандӣ бо ҷиноятҳои пешбининамудаи қисми њаштуми њамин модда содир шуда бошанд, ҷазо бо тартиби муайяннамудаи қисми њаштуми ҳамин модда таъйин карда мешавад. 10. Дар мавриди пас аз баровардани ҳукми суд пурра талофӣ намудани зарари моддӣ аз тарафи маҳкумшуда барои содир кардани ҷиноятҳои пешбининамудаи қисмҳои њаштуми ва (ё) нуњуми њамин модда ҷазои таъйингардидаи маҳрум сохтан аз озодӣ аз ҷониби суде, ки ҳукм баровардааст ё суди маҳалли иҷрои ҷазо ё суди болоӣ ба ҷазои ҷарима иваз карда мешавад. 11. Дар њолатњои пешбининамудаи ќисмњои 8-10 њамин модда андозаи љазои љарима аз нисфи андозаи болотарини љарима, ки дар моддаи дахлдори Қисми махсуси Кодекси мазкур пешбинӣ гардидааст, зиёд буда наметавонад. Моддаи 54. Њабс 1. Њабс аз нигоњ доштани мањкумшуда дар шароитњои ќатъии људо кардан аз љомеа ба тамоми муњлати љазои таъйиншуда иборат мебошад. 2. Њабс ба муњлати аз понздањ то панљоњ шабонарўз таъйин карда мешавад. Муњлати дастгиркунї ба муњлати њабс дохил карда мешавад. 3. Њабс ба шахсони зерин таъйин карда намешавад: 1) ноболиѓ; 2) зани њомиладор ё кўдаки хурдсолдошта; 3) марде, ки дар танњої кўдаки хурдсолро тарбия менамояд; 4) шахсе, ки ба синни нафаќа расидааст; 5) маъюбони гурўњњои I ва II. 4. Хизматчиёни њарбї њабсро дар мањбаси њарбї адо мекунанд. 5. Дар мавриди иваз намудани љазо муњлати њабс мумкин аст аз ҳадди поёнии дар њамин модда пешбинишуда поёнтар бошад. Моддаи 55. Нигоњ доштан дар ќисми њарбии интизомї 1. Нигоњ доштан дар ќисми њарбии интизомї ба хизматчиёни њарбие, ки хизмати њарбиро аз рўи даъвати хизмати муњлатнок адо мекунанд, инчунин ба хизматчиёни њарбие, ки хизмати њарбиро бо тартиби ихтиёрї дар вазифаи сарбози ќаторї ва њайати сержантњо адо мекунанд, агар онњо дар лањзаи аз љониби суд баровардани њукм муњлати бо ќонун муќарраргардидаи хизматро тибќи даъват адо накарда бошанд, таъйин карда мешавад. Ин љазо ба муњлати аз се моњ то як сол дар њолатњои пешбининамудаи моддањои дахлдори Ќисми махсуси Кодекси мазкур барои содир кардани љиноят ба муќобили хизмати њарбї, инчунин дар мавридњое, ки хусусияти љиноят ва шахсияти гунањгор дар бораи имконияти иваз намудани мањрум сохтан аз озодї ба муњлати на бештар аз як сол бо нигоњ доштани мањкумшуда дар ќисми њарбии интизомї дар њамин муњлат шањодат дињанд, муќаррар карда мешавад. 2. Нигоњ доштан дар ќисми њарбии интизомї бар ивази мањрум сохтан аз озодї ба шахсоне, ки ќаблан љазоро дар намуди мањрум сохтан аз озодї адо намудаанд, татбиќ шуда наметавонад. 3. Ба хизматчиёни њарбии мањкумшудае, ки бо сабаби вазъи саломатиашон барои хизмати њарбї ношоям дониста шудаанд ва ё нисбати онњо њолатњои дигаре муќаррар шудаанд, ки онњоро аз хизмати њарбї озод мекунанд, нигоњ доштан дар ќисми њарбии интизомї татбиќ карда намешавад. 4. Њангоми нигоњ доштан дар ќисми њарбии интизомї бар ивази мањрум сохтан аз озодї муњлати нигоњ доштан дар ќисми њарбии интизомї ба њисоби як рўзи мањрум сохтан аз озодї баробари як рўзи нигоњ доштан дар ќисми њарбии интизомї муайян карда мешавад. |