Уголовный кодекс Таджикистана. Кодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї
Скачать 0.67 Mb.
|
БОБИ 19. ЊУЌУЌВАЙРОНКУНИЊОИ ЉИНОЯТЇБА МУЌОБИЛИ ОИЛА ВА НОБОЛИFОНМоддаи 140. Ба шавњар додани духтари ба синни никоњ нарасидаБа шавњар додани духтари ба синни никоњ нарасида аз љониби падару модар ё шахсе, ки духтар тањти васоят ё парастории онњо ќарор дорад ё шахсе, ки духтар аз ў вобаста мебошад ё ба занї гирифтани чунин духтар, њамчунин тањрик ё мусоидат намудан барои ба шавњар додани ў,- бо љарима ба андозаи то яксаду њафтод нишондињанда барои њисобњо ва ё бо мањдуд кардани озодї ба муњлати то як сол љазо дода мешавад. Моддаи 141. БисёрзанїБисёрзанї, яъне бо ду ё якчанд зан зиндагонї кардан бо пешбарии хољагии умумї, - бо љарима ба андозаи то сад нишондињанда барои њисобњо ва ё бо мањдуд кардани озодї ба муњлати то шаш моњ љазо дода мешавад. Моддаи 142. Ҷалби ноболиѓ ба содир кардани њуќуќвайронкунињои љиноятї 1. Љалби ноболиѓ ба содир кардани њуќуќвайронкунињои љиноятї аз љониби шахси ба синни њаждањсолагї расида, - бо маҳрум сохтан аз озодї ба муҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад. 2. Ҳамин кирдор, ки аз љониби падар ё модар, падарандар ё модарандар, бародар ё хоњар, омўзгор ва ё дигар шахсоне, ки бо ќонун уњдадорї оид ба таълиму тарбияи љабрдида ба зимааш вогузоркардашуда ё бо истифодаи матбуот, дигар воситањои ахбори омма, интернет ё шабакањои алоќаи барќї содир шуда бошад, - бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муњлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба њамин муњлат ё бидуни он ҷазо дода мешавад. 3. Кирдорњои дар қисмњои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишуда, агар: 1) бо зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи он; 2) бо ҷалби ноболиғ барои содир кардани ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин; 3) бо ҷалби ноболиғ ба фаъолияти гурўњи љиноятї содир шуда бошанд,- бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқ ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба њамин муҳлат ё бидуни он ҷазо дода мешавад. Моддаи 143. Љалби ноболиѓ ба содир кардани њаракатњои зиддиљамъиятї 1. Ҷалби ноболиғ ба истеъмоли мунтазами нўшокиҳои спиртӣ, истеъмоли мунтазами ғайритиббии моддаҳои сахттаъсир ё дигар моддаҳои мадҳушкунанда ва ё зањрмандї, ба оворагардї ё гадої, ки аз ҷониби шахси синнаш ба ҳаждаҳсолагї расида содир шуда бошад,- бо корҳои ислоњї ба муҳлати то шаш моњ ва ё љарима ба андозаи то сад нишондињанда барои њисобњо љазо дода мешавад. 2. Ҳамин кирдорњо, ки: 1) аз љониби падар ё модар, падарандар ё модарандар, бародар ё хоњар, омўзгор ва ё дигар шахсоне, ки бо ќонун уњдадорї оид ба таълиму тарбияи љабрдида ба зимааш вогузоркардашуда; 2) бо истифодаи матбуот, дигар воситањои ахбори омма, интернет ё шабакањои алоќаи барќї; 3) нисбати ду ё якчанд ноболиғ; 4) бо зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи он; 5) гурўҳи шахсон бо созиши пешакӣ; 6) якчандкарата содир шуда бошанд, - бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муњлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба њамин муњлат ё бидуни он ҷазо дода мешаванд. Моддаи 144. Савдои кўдак 1. Хариду фурўш ё нисбат ба кўдак содир кардани дигар ањдњо, њамчунин истисмори ў ва ё љалб кардан, интиќол, супоридан, пинњон кардан, гирифтан, инчунин содир кардани дигар кирдорњо бо маќсади истисмор, - бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз панљ то њашт сол бо мусодираи молу мулк љазо дода мешавад. 2. Кирдорҳои дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, ки: 1) аз љониби гурўњи шахсон бо созиши пешакї; 2) якчандкарата; 3) нисбати ду ё зиёда шахс; 4) бо истифодаи зўроварии барои њаёт ва саломатї хавфнок ва ё тањдиди истифодаи чунин зўроварї; 5) бо маќсади аз љабрдида гирифтани узв ё бофтањои бадан барои пайвандсозї, њамчунин ѓайриќонунї истифода намудани ў бо маќсадњои репродуктивї ё тањќиќоти биотиббї; 6) бо роњи фиреб ё суиистифодаи боварї; 7) аз тарафи шахси мансабдор ё намояндаи њокимият бо истифода аз маќоми хизматї ё дигар шахсе, ки дар ташкилоти тиљоратї ё дигар ташкилот вазифаи идоракуниро иљро мекунад; 8) бо истифода аз тобеияти моддї ё дигар шакли вобастагии ҷабрдида; 9) бо гирифтан, пинњон ё нобуд кардани њуљљатњое, ки шахсияти љабрдидаро тасдиќ менамоянд; 10) бо љойивазкунии љабрдида тавассути Сарњади давлатии Љумњурии Тољикистон содир шуда бошанд, - бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз њафт то дањ сол бо мусодираи молу мулк љазо дода мешавад. 3. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, агар онњо: 1) аз љониби гурўњи љиноятї; 2) аз беэњтиётї боиси марги љабрдида ё дигар оќибатњои вазнин гардидаанд, содир шуда бошанд, - бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз нуњ то дувоздањ сол бо мусодираи молу мулк љазо дода мешаванд. Эзоњ: шахси содиркардаи кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, ки ихтиёран ба маќомоти дахлдор хабар дода, ќурбонии савдои кўдакро озод карда бошад, агар дар њаракатњои ў таркиби љинояти дигар мављуд набошад, аз љавобгарии љиноятї озод карда мешавад. Моддаи 145. Иваз намудани кўдак 1. Ќасдан иваз намудани кўдак,- бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат љазо дода мешавад. 2. Њамин кирдор, ки бо нияти ѓаразнок ё дигар нияти паст содир шуда бошад, - бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол љазо дода мешавад. Моддаи 146. Фаъолияти ѓайриќонунї оид ба писархондї (духтархондї) 1. Њаракатњои ѓайриќонунї вобаста ба писархондии (духтархондии) кўдак, тањти парасторї (васоят) додани ў ё ба тарбияи оилаи шањрвандон, ки бо нияти ѓаразнок ё дигар нияти паст додани ў содир шуда бошад,- бо љарима ба андозаи то яксаду њафтод нишондињанда барои њисобњо ва ё корњои ислоњи ба муњлати то шаш моњ ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то як сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то як сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад. 2. Њамин кирдорњо, ки бо нияти ѓаразнок ё дигар нияти паст ё аз љониби шахси мансабдор бо истифода аз маќоми хизматї содир шуда бошанд,- бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад. Моддаи 147. Ифшои сирри писархондї (духтархондї) 1. Ифшои сирри писархондї (духтархондї) бидуни ихтиёри шахси фарзандхонда аз љониби шахсе, ки воќеияти писархондиро (духтархондиро) њамчун сирри хизматї ё касбї уњдадор аст њифз кунад ё аз љониби шахси дигар агар ин кирдор бо нияти ѓаразнок ё дигар нияти паст содир шуда бошад,- бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду шаст соат ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то як сол ва ё љарима ба андозаи то яксаду њафтод нишондињанда барои њисобњо бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то як сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад. 2. Њамин кирдорњо, ки боиси оќибатњои вазнин гардида бошанд, - бо мањрум кардан аз озодї ба муњлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад. Моддаи 148. Иҷро накардани уҳдадорињо оид ба пардохти маблаѓ ҷиҳати таъминоти фарзандон, саркашӣ кардан аз парохти маблаѓ барои таъминоти волидайни ѓайри қобили меҳнат ва ҳамсар (шавҳар)-и ғайри қобили меҳнат 1. Ќасдан, яъне бе сабабҳои узрнок зиёда аз се моҳ саркашї кардани падар ё модар аз иҷрои қарори суд оид ба пардохти маблағ барои таъминоти фарзанди ноболиғ, ҳамчунин фарзанди ғайри қобили меҳнат, ки синнаш ба ҳаждаҳсолагї расидааст ва зиёда аз се моҳ саркашӣ кардани шахси ба балоғатрасидаи қобили меҳнат аз пардохти маблағ дар асоси қарори суд барои таъминоти падар ё модари ғайриқобили меҳнат ё эҳтиёҷманди ёрии моддӣ ва ё зиёда аз шаш моҳ аз пардохти маблағ бо қарори суд ҷиҳати таъминоти ҳамсар (шавҳар)-и ғайриқобили меҳнат ё эҳтиёҷманди ёрии моддї,- бо корњои њатмї ба муњлати то сад соат ва ё њабс ба муњлати то сї шабонарўз ҷазо дода мешавад. 2. Ҳамин кирдор, ки якчандкарата содир шуда бошад, - бо мањдуд кардани озодї ба муњлати то як сол ва ё њабс ба муњлати то панљоњ шабонарўз ҷазо дода мешавад. Моддаи 149. Иҷро накардани уњдадорињо оид ба таълиму тарбияи ноболиѓ Иҷро накардан ё иҷрои номатлуби уҳдадориҳо оид ба таълиму тарбияи ноболиғ аз ҷониби падару модар ё шахси дигар, ки ин уҳдадорї ба зиммааш вогузор шудааст, њамчунин аз ҷониби омўзгор ё дигар корманди муассисаи таълимї, тарбиявї, табобатї ё дигар муассиса, ки барои назорат кардани ноболиғ уњдадор аст, агар ин кирдор бо муносибати бераҳмона нисбат бо ноболиѓ алоќаманд бошад, - бо ҷарима ба андозаи то яксаду њафтод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё маҳдуд кардани озодї ба муњлати то як сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то як сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад. Моддаи 150. Иљрои номатлуби уњдадорињо оид ба таъмини бехатарии њаёт ва саломатии кўдак 1. Иҷрои номатлуби уҳдадориҳо оид ба таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии хурдсол аз ҷониби шахсе, ки ин уҳдадориҳо тибқи вазифаи хизматӣ ба зиммааш вогузор шудааст ва ё аз ҷониби шахсе, ки ин уҳдадориро бо супориши махсус иљро менамояд ё чунин уҳдадориҳоро ихтиёран ба зиммаи худ гирифтааст, агар ин аз беэҳтиётӣ зиёни вазнин ё миёна ба саломатии хурдсол расонида бошад,- бо корњои њатмї ба муњлати то шаст соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то се моњ ва ё љарима ба андозаи то шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то сї шабонарўз љазо дода мешавад. 2. Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётї боиси марги хурдсол гардида бошад,- бо маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то ду сол ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба њамин муҳлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то ду сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад. Моддаи 151. Суиистифода аз њуќуќи васигї ё парасторї Истифодаи васигї ё парасторї бо маќсади ѓаразнок ё дигар ниятњои паст бар зиёни шахси тањти васоят ё парасторї ќарордошта ё ќасдан бе назорат ё бе ёрдами зарурї гузоштани ў, ки боиси ба таври љиддї поймол гардидани њуќуќ ва манфиатњои ќонунии шахси тањти васоят ё парасторї ќарордошта гардида бошад, - бо љарима бо андозаи то яксаду њафтод нишондињанда барои њисобњо ё бо корњои ислоњї ба муњлати то як сол бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли вазифаи муайян ё машѓул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол љазо дода мешавад. Моддаи 152. Ҷалби ноболиғ барои тайёр кардани мањсулоти мазмуни шањвонидошта Љалби ноболиѓ барои тайёр кардани мањсулоти мазмуни шањвонидошта, инчунин барои пањн намудан, реклама кардан ва фурўши чунин мањсулот, - бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду бист соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то панљ моњ ва ё њабс ба муњлати то чил шабонарўз љазо дода мешавад. Моддаи 153. Зўроварї дар оила 1. Кирдори аз љониби як узви оила нисбат ба узви дигари оила содиршуда, ки дар расонидани лату кўб, содир намудани дигар њаракатњои зўроваронаи алоќаманд бо расонидани зиёни сабук ба саломатї, људогузорї, тарсонидан бо маќсади тањмили ирода ё назоратбарии шахсї аз болои љабрдида, мањрум намудани воситањои иќтисодї, аз љумла воситањои зиндагї, беэътиної, ба љабрдида расонидани зиёни сабук ба саломатї ифода меёбад, - бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду бист соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то панљ моњ ва ё њабс ба муњлати то чил шабонарўз љазо дода мешавад. 2. Кирдорњои дар ќисмњои якуми њамин модда пешбинишуда, ки: 1) нисбати ду ва зиёда шахс; 2) бо амрнома ё татбиќи чорањои муњофизатї алоќамандбуда; 3) нисбат ба зане, ки њомиладор будани ў баръало барои гунањгор аён аст ё нисбати ноболиѓ ё шахсе, ки дар њолати ољизї ќарор дорад; 4) дар њузури ноболиѓ нисбати узви оилаи ў; 5) боиси расонидани зиёни миёна ба саломатї гардида бошанд, - бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то се сол љазо дода мешавад. 3. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, ки боиси: 1) расонидани зиёни вазнин ба саломатї, марги љабрдида ё дигар оќибатњои вазнин гардида бошанд; 2) худкушӣ ё ба худкушӣ расондан гардиданд; 3) бо берањмии махсус содир шуда бошанд, - бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол љазо дода мешавад. 4. Кирдорњои дар ќисмњои якум, дуюм ё сеюми њамин модда пешбинишуда, ки боиси марги ду ва зиёда шахс гардида бошанд, - бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз чор то њафт сол љазо дода мешавад. БОБИ 20. ЊУЌУЌВАЙРОНКУНИЊОИ ЉИНОЯТЇБА МУЌОБИЛИ ЊУЌУЌУ ОЗОДИЊОИ КОНСТИТУТСИОНЇ ВА ДИГАР ЊУЌУЌУ ОЗОДИЊОИ ИНСОН ВА ШАЊРВАНД Моддаи 154. Вайрон кардани баробарњуќуќии инсон ва шањрванд 1. Бевосита ё бавосита маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон вобаста ба миллат, нажод, мањал, љинс, забон, муносибат ба дин, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, хизматї ё молумулкї, таҳсилот, шањрвандї, инчунин дигар њолатњое, ки асос барои табъиз шуда метавонанд, - бо ҷарима ба андозаи то яксаду њафтод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодї ба муњлати то як сол ҷазо дода мешавад. 2. Ҳамин кирдор, ки аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматї ва ё аз љониби роњбари иттињодияи љамъиятї содир шуда бошад, - бо маҳдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба њамин муњлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад. Моддаи 155. Шиканља 1. Қасдан расонидани азоби ҷисмонӣ ва (ё) руњї аз ҷониби шахсе, ки тањќиќ ё тафтиши пешакиро мегузаронад ё дигар шахси мансабдор ва ё бо таҳрики онњо ва ё розигии хомўшона ё бо огоҳї доштани онҳо аз ҷониби шахси дигар, бо мақсади аз шахси таҳти шиканҷа қарордошта ё шахси дигар гирифтани маълумот ё иқроршавӣ ва ё ҷазо додани ў барои ҳаракате, ки ў ё шахси дигар содир кардааст ё дар содир кардани он гумонбар шудааст, инчунин тарсонидан ё маҷбур кардани ӯ ё шахси сеюм ё бо сабаби дигаре, ки ба ҳама гуна хусусияти табъизї асосёфта содир шуда бошад,- бо маҳрум сохтан аз озодї ба муњлати аз панљ то њашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ҷазо дода мешавад. 2. Ҳамин кирдор, ки: 1) аз ҷониби гурўњи шахсон ё гурўҳи шахсон бо созиши пешакї; 2) якчандкарата; 3) бо расонидани зиёни миёна ба саломатї; 4) нисбати зане, ки ҳомиладории ў барои гунаҳгор баръало аён аст ё ноболиғ содир шуда бошад, - бо маҳрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ҳашт то дувоздањ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад. 3. Њамин кирдор, ки боиси расонидани зиёни вазнин ба саломатї ё аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида гардида бошад, - бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муњлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад. Эзоњ: азоби љисмонию руњии дар натиљаи њаракатњои ќонунии шахсони мансабдор расонидашуда шиканља эътироф намешаванд. Моддаи 156. Вайрон кардани дахлнопазирии њаёти хусусї ва ќонунгузории Љумњурии Тољикистон оид ба маълумоти шахсї ва њифзи онњо 1. Риоя накардани чорањо оид ба њифзи маълумоти шахсї аз љониби шахсе, ки уњдадорї оид ба ќабули чунин чорањо ба зиммааш вогузор шудааст, агар ин кирдор ба њуќуќ ва манфиатњои ќонунии шахс зиёни љиддї расонад, - бо корњои ислоњї ба муњлати то чор моњ ва ё љарима бо андозаи то њаштод нишондињанда барои њисобњо бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли вазифаи муайян ё машѓул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то як сол ё бидуни он љазо дода мешавад. 2. Fайриќонунї љамъ кардани маълумот оид ба ҳаёти хусусї, ки сирри шахсӣ ё оилавии ўро дарбар мегирад, бидуни иҷозати ў ва ё расонидани зиёни љиддї ба њуќуќ ва манфиатњои ќонунии шахс дар натиљаи љамъоварї ва (ё) коркарди маълумоти шахсї, - бо корњои ислоњї ба муњлати то шаш моњ ва ё љарима бо андозаи то яксаду њафод нишондињанда барои њисобњо бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли вазифаи муайян ё машѓул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешавад. 3. Кирдорњои дар ќисми дуюми њамин модда пешбинишуда, агар аз љониби шахс бо истифода аз маќоми хизматї ё воситаҳои махсуси техникї, ки барои пинњонї ба даст овардани маълумот пешбинї гардидаанд ва ё бо роњи дастрасии ѓайриќонунї ба захирањои иттилоотии электронї, низоми иттилоот ё ѓайриќонунї гирифтани маълумот, ки ба воситаи шабакањои телекомуникатсионї дода мешавад ва ё бо маќсади гирифтани фоида ва бартарият барои худ ё дигар шахс ё ташкилот, - бо корњои ислоњї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли вазифаи муайян ё машѓул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он љазо дода мешаванд. 4. Пањн кардани маълумот оид ба ҳаёти хусусї, ки сирри шахсӣ ё оилавии ўро дарбар мегирад, бе розигии ў ва ё расонидани зиёни љиддї ба њуќуќ ва манфиатњои ќонунии шахс дар натиљаи ѓайриќонунї љамъоварї ва (ё) коркарди дигар маълумоти шахсї ва ё пањн кардани чунин маълумот дар баромадњои оммавї, муаррифии оммавии асарњо, дар воситањои ахбори омма ё бо истифода аз шабакањои телекомуникатсионї,- бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли вазифаи муайян ё машѓул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он љазо дода мешаванд. Моддаи 157. Ѓайриќонунї вайрон кардани мањрамияти мукотиба, суњбатњои телефонї, почтавї, телеграфї ва дигар мухобироти шахсї 1. Ѓайриќонунї вайрон кардани мањрамияти мукотиба, суњбатњои телефонї, почтавї, телеграфї ва дигар мухобироти шахсони воќеї, - бо корњои ислоњї ба муњлати то шаш моњ ва ё љарима бо андозаи то яксаду њафтод нишондињанда барои њисобњо љазо дода мешавад. 2. Њамин кирдор, ки аз љониби шахс бо истифода аз маќоми хизматї ё воситаҳои махсуси техникї, ки барои пинњонї ба даст овардани маълумот пешбинї гардидаанд ва ё тавасути дастрасии ѓайриќонунї ба захирањои иттилоотии электронї, низоми иттилоот ё ѓайриќонунї гирифтани маълумот, ки ба воситаи шабакањои телекомуникатсионї дода мешавад, содир шуда бошад, - бо корњои ислоњї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли вазифаи муайян ё машѓул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешаванд. Моддаи 158. Вайрон кардани дахлнопазирии манзил 1. Ѓайриќонунї ворид шудан ба манзил бар хилофи иродаи шахси дар он истиќоматкунанда, - бо корњои њатмї ба муњлати то сад соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то се моњ ва ё љарима ба андозаи то сад нишондињанда барои њисобњо љазо дода мешавад. 2. Њамин кирдор, ки бо истифодаи зўроварї ва ё тањдиди истифодаи он ё аз љониби гурўњи шахсон ё дар ваќти шабона ё бо анљом додани кофтукови ѓайриќонунї, њамчунин ѓайриќонунї аз манзил баровардан содир шуда бошад, - бо корњои ислоњї ба муњлати то ду сол ва ё љарима ба андозаи то дусад нишондињанда барои њисобњо ва ё маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то ду сол ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба њамин муҳлат ҷазо дода мешавад. 3. Кирдорњои дар ќисми якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, ки бо истифода аз маќоми хизматї содир карда шуда бошанд, - бо љарима ба андозаи аз сесаду шаст то нуњсад нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол љазо дода мешавад. |