Главная страница
Навигация по странице:

  • ҷамъиятҳои саҳҳоми

  • Кооперативхои истеҳсоли

  • бизнес план. Бизнес накша8245251347862346694. Шаклои ташкилї УУии фаъолияти соибкорї мутобиат ба онунунгузории УМурии тоикистон


    Скачать 132.5 Kb.
    НазваниеШаклои ташкилї УУии фаъолияти соибкорї мутобиат ба онунунгузории УМурии тоикистон
    Анкорбизнес план
    Дата29.10.2019
    Размер132.5 Kb.
    Формат файлаpptx
    Имя файлаБизнес накша8245251347862346694.pptx
    ТипДокументы
    #92516

    ШАКЛЊОИ ТАШКИЛЇ- ЊУЌУЌИИ ФАЪОЛИЯТИ СОЊИБКОРЇ МУТОБИЌАТ БА ЌОНУНУНГУЗОРИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

    Мувофиқи қ. 2 модцаи 50 Кодекси гражданин Ҷумҳурии Тоҷикистоп, ташкилотҳои тиҷоратй асосан, ба ду гурӯҳ тақсим карда шудаанд: ҷамъиятҳои хоҷагидор ва ширкатҳои хоҷагидор.

    Чунин шаклҳои ташкили - ҳукуқй, ба монанди ширкатҳои комил, ширкатҳои ба боварй асосёфта ва коммандитҳои саҳҳомй, ба гурӯҳи ширкатҳои хоҷагидор дохил карда мсшаванд (қисми 2 модцаи 69 КГҶТ).

    Сохибкорони инфиродӣ ва (ва ё) ташкилотҳои тиҷоратӣ метавонанд ҳамчун иштирокчиёни Ширкатхои комил ва ё иштирокчиёни пурра дар Ширкатхои ба боварй асосёфта фаъолият намоянд.

    Аз рӯи қоидахои умумй, мақомоти давлатй ва макомоти идоракунии маҳаллй хамчун сахмчиёни Ширкатҳои ба боварй асосёфта баромад карда наметавонанд.

    Муасисахое, ки аз тарафи Сохибмулки худ маблаггузорй карда мсшавапд, танхо бо розигии сохибмулкашон, сахмчии Ширкатҳои хоҷаги хоҷагидор баромад карда метавонанд, ба шарте, ки қонунгузор дигар шартеро пешбинй накарда бошад.

    Мувофиқи қонун, барои баъзе гурӯҳҳои шахсон иштирок дар Ширкатҳои хоҷагидор мумкин аст махдуд ва ё тамоман манъ карда шаванд.Ширкатҳои хочагидор ҳуқуқи интишороти саҳмияҳоро надоранд.

    Ширкатҳои комил гуфта, чунин намуди ширкатҳои хоҷа-гидорсро меноманд, ки штирокчиёни oн аз рӯи он шартомақое, ки байни худ ба имзо расонидаанд, фаъолияти сохибкории худро пурра аз номи ин Ширкат ба амал мебароранд. Ҳамчунин, барои ӯхдадориҳои ин Ширкат, бо тамоми моликияте, ки ба онқо тааллуқкдорад, масъулиятро бадӯш мегирапд (моддаи 72 КГҶТ).

    Хусусияти асосии Ширкатҳои комил дар он аст, ки хар яке аз Иштирокчиёни он мустақилона аз номи Ширкат бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул гардида, дорой ҳуқуқ ва ӯхдадориҳо мегарданд.

    Ҳамчун ташкилотй тиҷоратй, ширкати комил бояд номи расмии худро дошта бошад, ки он бояд дорой номхои хамаи иштирокчиёнаш ва ибораи "Ширкати комил", ва ё номи яке (якчанд) аз иштирокчиёнаш бо иловаи ибораи "ва Компания" ва "Ширкати комил" бошад.

    Дар асоси моддаи 73 Кодекси Гражданин Ҷумхурии Тоҷикистон хучҷати ягонаи таъсисии ширкатхои комил Шартномаи таъсисии он мебошад. Шартномаи таъеисй аз тарафи хамаи Иштирокчиёнаш имзо карда мешавад.

    Дар асоси ба амал татбик, намудани муқаррароти Кодекси Гражданин Ҷумхурии Точикистон, бояд қонуни Ҷумхурии Точикистон "Дар бораи Ҷамъиятҳо ва Ширкатхои хоҷагидор" қабул карда шавад.

    Ин санади ҳукукӣ бояд ҳамаи масъалахои роҷсъ ба ширкагхои хоҷагидорро ба танзим дароварад.

    Ҳоло бошад, ягона санади ҳуқуқие, ки ширкатхои хочагидорро ба танзим медарорад, ин Кодекси Гражданин Ҷумхурии Точикистон мебошад.

    Ба ин санад такя намуда, бадиққати хонандагон намунаи Шартномаи таъсисии Ширкати комилро пешкаш менамоем.

    ширкати ба бовари асосёфта

    Ширкати ба боварй асосёфта (Ширкати коммандитй) чунин ширкате мебошад, ки дар баробари иштирокчиёне, ки аз номи ширкат бо фаъолияти соҳибкорӣ машгул гардида, барои ӯҳдадо-риҳои Ширкат бо тамоми амволи худ пурра ҷавобгаранд, (Иштирокчиёни комил) дар он боз як ё якчанд Иштирокчие мавчуданд, ки ха тари зарари бо фаъолияти Ширкат вобастабударо танҳо дар ҳудуди маблагҳои ба ин Ширкат гузоштаашон дар душ доранд. Чунин Иштирокчиён дар амалисозии фаъолияти сохибкории Ширкат иштирок намекунанд (моддаи 87 КГҶТ).

    ! Ҳамии тариқ, дар Ширкатҳои ба боварй асосёфта ду иаму-ди Иштирокчиён мавҷуд мебошанд, ки доираи хукук ва ваколат-ҳои онҳо якхела намебошанд. Мақоми ҳуқуқии \ Иштирокчиёни комили Ширкатҳои ба боварй асосёфта бо мақоми хукуқии Иштирокчиёни |Ц1иркатҳои комил пурра мутобиқат меиамояд.

    Саҳмчиён ё ин ки коммандитҳо, дар фаъолияти соҳибкории Ширкат иштирок намекунанд ва дар фарқият аз иштирокчиёни комил танҳо дар доираи маблатхое, ки онҳот саҳмгузорӣ кардаанд, масъулият доранд.

    Саҳмчиён дар фаъолияти Ширкат танҳо ба воситаи ба моликияти Ширкат гузаронидани маблагҳо барои фаъолияти молиявй - хоҷагидории он иштирок менамоянд. Саҳмчиён барои гирифтани маълумот оид ба фаъолияти Ширкат ва даромадҳои саҳмгузории худ хууқуқ доранд. Аз рӯи масъалаҳои мақсад, намудқо на самти фаъолияти Ширкат Саҳмчиён бояд пурра ба Иштирокчиёни комили Ширкат боварй намоянд. Онҳо набояд ин гуна масъалаҳоро мавриди бахс кдрор диҳанд. Аз ҳамин ҷост, ки чунин ташкилотҳои тиҷоратӣ Ширкатҳои ба боварй асосёфта номгузорй гардидаанд.

    Номи расмии Ширкати ба боварй асосёфта бояд аз номи ҳамаи Иштирокчиёни комил ва ибораи "Ширкати ба боварй асосёфта" ё "Ширкати коммандитй" иборат бошад, ё ин ки аз номи на камтарш як нафар Иштирокчии комил, ибораи "ва компания" ва "Ширкати ба боварй асосёфта" с ип ки "Ширкати коммандитй" иборат бошад.

    Дар Кодекеи Гражданин Чумҳурии Тоҷикистон ба Ширкатҳои ба боварй асосёфта модцаҳои махсус бахшида шудаанд.

    ҷамъияти дорои масъулияти махдуд

    Ҷамъияти дорои масъулияти махдуд. сохторе мебошад, ки аз тарафи як ё якчанд шахс таъсис дода ва иштирокчиёни он аз рӯи ӯхдадорихои Ҷамъият масъулняти махдуд ва хатари ҳаҷми зарарӣ бо фаъолияти Ҷамъият алокамандро. дар ҳаҷми хиссаи гузоштаашон доранд. Моддаҳои 94 то 104 - уми Кодекеи гражданин Чумхурии Тоҷикистон ва қонуни Ҷумхурйи Тоҷикистон "Дар бораи Ҷамъиятҳои дорои масъулияти махдуд" барои ин гуна шакли ташкили-ҳуқуқии шахси хукукии тичоратй, махсус бахшида шудааст.

    Яке аз ӯхдадориҳои асосии Иштирокчиён дар ин гуна ҷамъиятҳо ба Ҷамъият гузаронидани саҳми амволй буда, иштироки. шахси дар фаъолияти корхона ӯхдадории ҳатмии онхо намебошад. Дар инчо зарурат пеш меояд, ки дар Ҷамъият мақоми махсуси рохбарикунй ва идоракунй ташкил карда шазад, ки он оид 5а фаъолияти ҳаррӯзаи Ҷамъият кор барад ва дар назди шахсони ;еюм аз номи Ҷамъият баромад намояд.

    Шумораи ниҳоии иштирокчиёни Ҷамъияти дорои масъулияти махдуд - 30 нафар буда. дар ҳолати зиёд шудани шумораи иштирокчиён, ин гуна Ҷамъият бояд дар муддати як сол ба Ҷамъияти саххомии кушода ё Кооперативи истехсолй табдил дода шавад. Ё ин ки шумораи иштирокчиёнаш аз 30 камтар карда шавад.

    ҷамъиятҳои саҳҳоми

    Санадҳои ҳуқуқие, ки ба ин шакли ташкили - ҳукуқии бахшида шудаанд, зиёд мебошанд. Аммо асоситарини онҳо Кодекси Гражданин Ҷумхурии Тоҷикистон ва конуни Ҷумҳурии Тоҷики-стон "Дар бораи ҷамъиятҳои саххомй" мебошанд. Мувофиқи кисми 1 модцаи 105 Кодекси Гражданин Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамъ-ияти саҳҳомӣ, ҷамъияте дониста мешавад, ки Фонди Оинномавии он ба микдори муайяни саҳмияҳо тақсим шудааст Иштирокчиёни ҷамъияти саҳҳомй (саҳмдорон) барои ӯхдадориҳои он масъулият надоранд ва зиёни таваккали марбут аз фаъолияти ҷамъиятро ба андозаи арзиши саҳмияҳои ба онҳо тааллуқкдошта ба зимма мегиранд.

    Таърихи пайдоиши ҷамъиятҳои саҳҳомй бо марҳилаи рушди муносибатҳои капиталиста вобастагӣ дорад. Дар мавридҳое, ки сармояи як шахс барои ба охир расонидани лоиҳаҳои бузурги хоҷагӣ (сохтмони роҳи оҳан, коркарди боигариҳои зеризаминй ва ғайра) кифоя намекард, сармояи дигар шахсонро ба кор ҷалб карда мешуданд.

    Яке аз хусусиятҳои маифии чунин сохтор аз он иборат аст, ки дар ин ҷо ҳавфи калон ба саҳҳомони каториву майда тахдид менамояд. Солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъиятҳои саҳҳомӣ хеле оммавӣ гаштаанд.

    конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ду намуди ҷамъиятҳ-ои саҳҳомиро аз ҳам фарк, менамояд, кушода ва пӯшида.

    Ҷамъиятҳои саҳҳомии кушода барои саҳмияҳои худ азхудкунии кушодро мегузаронад ва фурӯши онҳо озодона ба доираи сармоягузорони васеъ пешниҳод карда мешавад. Саҳҳом саҳмияҳои худро бе розигии дигар саҳмдорон ихтиёрдорй менамояд.

    Ҷамъиятҳои саҳҳомии кушода фаъолияти худро кушод ва ба тариқи умумй ба роҳ мемонанд. Ҷамъият ӯхдадор аст, ҳар сол дар воситаҳои ахбори умум маълумотро дар бораи ҳисоботи солона, тарози муҳосибавӣ, ҳисоби даромад ва ҳароҷот, проспекта эмиссиям саҳмияҳои ҷамъият, маълумот дар бораи гузаронидани мачлиси умумии саҳҳомон, руйхати шахсони ҳамроҳшудаи ҷамъият ва ғайраро чоп намояд.

    Кооперативхои истеҳсоли

    "Кооперативи истеҳсолй иттиҳоди ихтиёрии шаҳрвандон дар асоси узвият барои фаъолияти муштараки истехсолй намудҳои ' дигари хоҷагидорй (истеҳсол, коркард, фурӯши, маҳсу-лоти саноатй, кишоварзӣ ва маҳсулоти дигар, иҷрои корҳо, савдо, хизматрасонии маишӣ, хизматрасонии дигар) эътироф мегардад, ки ба иштироки шахсии мсҳнатй вадигар тарзи иштирок, иичуиип аз ҷониби аъзо (Иштирокчиён)-и он муттахид сохтани аъзоҳаққии сахмии амволи асос меёбад", гуфта мешавад дар моддаи 118 Кодекси гражданин Чумхурии Тоҷикистон.

    Кооператив як шакли муттахид намудани қувваи меҳнатӣ шахсии шахрвандон барои амали намудани фаъолияти якҷоя ва дар натиҷаи он ба даст даровардани фоида мебошад. Аломатҳои Кооперативи истеҳсолӣ ба аломатҳои ширкатҳои комил бо он ба хам монанд мебошанд, ки дар хар ду маврид хам иштироки шахсии аъзо дар фаъолияти шахсони ҳуқукӣ талаб карда мешавад.

    Ҳадди ақали аъзоени Кооператив 5 нафар иштирокчиро пешбинй менамояд. Омӯзиши амалияи Федератсияи Руссия нишон медиҳад, ки ба хайати Иштирокчиёни Кооператив метавонанд шахсони ҳукукӣ низ ҷалб карда шаванд. Азбаски шахсони ҳуқуқй ба фаъолияти Кооператив иштироки шахсии бевосита карда наметавонанд, конунгузории Федератсияи Руссия ба онҳо иштироки молиявиро пешбинй намудааст.

    Бояд кайд памуд, ки дар Кооперативхои истехсолй иштироки шахсии аъзоёнаш дар фаъолияти корхона, дар ҷои аввал гузошта шудааст. Ба ҳар ҳол онҳо хукук доранд як кисми амволи худро муттахид намоянд. Қамаи аъзоени Кооператив ӯхдадоранд, ки ҳиссагузорй намоянд, ки аз хисоби он фонди ҳиссагй ташкил карда мешавад.

    То вақти бакайдгирии давлатии Кооперативхои истеҳсолӣ, аъзои он бояд 10% фонди хиссагиро таъмин намоянд.

    Қисми боқимондаи он бошад, дар мӯхдати 1 соли пас аз бакайдгирии давлати пардохта мешавад. Барои Кооперативхои истеҳсолӣ хаҷми ҳадди акали фонди ҳиссагй муайян карда нашудааст, ки ин хам як ҷиҳати фарқкунандаи ип шакли ташкили-хуқуқй мебошад.

    ташкилотҳои ғайритиҷорати

    Азбаски ташкилотҳои ғайритиҷоратй дар шаклҳои гуногуне, ки хар яки онхо дорой хусусиятҳои худро доранд, ташкил карда мешаванд, батанзимдарории ҳукукии онхо низ хеле мураккаб ва гуногун мебошад. Асоси ҳукукии батанзимдарории фаъолияти ташкилотҳои ғайритиҷоратиро, пеш аз ҳама Кодекси Гражданин Ҷумҳурии Точикистон ташкил медихад. Дар Кодекси Гражданин Ҷумҳурии Точикистон, оид ба ин масъалахо моддахои 128 то 135 махсус бахшида шудаанд.

    Умуман, мувофиқи моддаи 50 Кодекси Гражданй, ташкилотҳои ғайритицоратӣ ташкилотҳое мебошанд, ки максади ба даст даровардани фонда ва дар байни иштирокчиёни худ тақсим намудани чунин фоидаро максади хеш муайян накардаанд. Ташкилотҳои ғайритиҷоратй дар шаклхои Кооперативхои истеҳсолй, ташкилотҳои (иттиходияхои) чамъиятй ва динй, муассисаҳое, ки аз тарафи сохибмулк маблаггузорй карда мешаванд, фондхои молиявй ва г., ҳамчунин дар дигар шаклхо, ки копун пешбинй менамояд, таъсис дода мешаванд.

    Бо максади ташкил ва равнак додани гояхои Кодекси Гражданй, дар Ҷумхурии Точикистон бояд конун дар бораи ташкилотхои ғайритицоратӣ таҳия ва кабул карда мешуд. Вале, ин санад то ҳол мавриди барраей қарор дода нашудааст, ки ин барои пешрафти танзими ин сохаи муносибатхои чамъиятй дӯшворихои калонеро ба миён овардаст.

    Муассиса, аз тарафи Сохибмулк пурра ва ё кисман маблаггузорй карда мешавад. Моликият ба Муассиса барои идоракунии оперативй тааллукк дорад. Муассиа барои ӯхдадориҳои худ бо воситаҳои пулие, ки дар ихтиёри худ дорад, масъул мебошад. Дар сурати нокифоя будани маблағҳои пули Сохибмулки Муассиса ҷавобгарии мададрасониро (субсидиариро) доро мебошад. Ба муассисаҳо ҳамаи мақомоти идоракунии давлатй, макомоти ҳокимияти маҳаллӣ, муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои маданӣ, (музейҳо, китобхонаҳо, театрҳо, ва ғ.) муассисаҳои ҳифзи иҷ-тимоӣ, муассисаҳои тиббй ва г. гааллукк доранд.

    Доштани сохтори ягонаи мустакил, имконияти мустақилона аз номи худ дар мупосибатҳои гражданй баромад намудан на доштани амволи ҷудогона, ба хамаи намудҳои Муассисахо хос мебошад.

    Мисли ҳама шахсони ҳуқукӣ муассиса низ дар натиҷаи қа-були карори дахлдор аз тарафи дигар субъектони хуқуқи гражданй таъсис хоҳад сфт. Муассиса аз рӯи моҳияти худ танҳо аз тарафи Сохибмулк таъсис дода мешавад.

    Мувофиқи моддаи 235 Кодекси Гражданин Ҷумхурии Точикистон субъекги ҳуқуқи моликият дар Ҷумҳурии Точикистон, танҳо шаҳрваидон, шахсони хуқуқӣ, Ҷумхурии Точикистон, макомоти маҳаллӣ ва г. шииохта шудаанд. Лзбаски, муассиса бояд танҳо аз тарафи Сохибмулк таъсис дода шавад, синну соли таъ-сисдиҳандагон - шахсони воҳеӣ, бояд аз 18 сола боло бошад, агар қопупгузорӣ niap'1'и дигарсро муайян накарда бошад.

    қонунгузории амалкунандаи Ҷумхурии Точикистон, имко-ният мсдиҳад чунин хулоса намоем, ки хуччати таъсисии шахси ҳуқуқй танхо оинномаи он (дар мавридхои махсус -низомномаи он) муайян карда шавад.


    написать администратору сайта