Главная страница
Навигация по странице:

  • Моддаи 227. Вайрон кардани

  • Моддаи 228.

  • Моддаи 229.

  • Моддаи 230. Тасарруфи восита

  • Моддаи 231. Ќочоќи воситањои нашъадор, моддањои психотропї, прекурсорњо ё аналогњои онњо

  • Моддаи 232. Моил кардан ба истеъмоли воситањои нашъадор, моддањои психотропї ва аналогњои онњо

  • Уголовный кодекс Таджикистана. Кодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї


    Скачать 0.67 Mb.
    НазваниеКодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї
    АнкорУголовный кодекс Таджикистана
    Дата27.07.2022
    Размер0.67 Mb.
    Формат файлаdocx
    Имя файла1604807476303297.docx
    ТипКодекс
    #636887
    страница24 из 51
    1   ...   20   21   22   23   24   25   26   27   ...   51
    ҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё аналогњои онњо ё растанињои воситањои нашъадор ё моддањои психотропидошта

    1. Ғайриқонунӣ истеҳсол, ба соҳибияти каси дигар додан ё фиристодани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё аналогњои онњо, инчунин ѓайриќонунї ба соҳибияти каси дигар додан ё фиристодани растанињое, ки дорои воситањои нашъадор ё моддањои психотропї ва ё ќисмњои онњо, ки дорои воситањои нашъадор ё моддањои психотропї мебошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то се сол бо мусодираи молу мулк љазо дода мешаванд.

    2. Ба соњибияти каси дигар додани воситањои нашъадор, моддањои психиотропї ё аналогњои онњо, ки:

    1) дар изолятори (тавќифгоњи) нигоњдории муваќќатї, изолятори (тавќифгоњи) тафтишотї, муассисањои ислоњї, бинои маъмурї, иншооти таъиноти маъмуридошта, муассисаи таълимї, дар объектњои варзишї, наќлиёти роњи оњан, њавої, бањрї, обї, дар њудуди ќисми њарбї, дар наќлиёти љамъиятї ва ё дар биноњое, ки барои дилхушї ё фароѓат истифода мешаванд;

    2) бо истифода аз воситањои ахбори омма, интернет ё шабакањои алоќаи барќї;

    3) аз љониби гурўњи шахсон бо созиши пешакї;

    4) ба миќдори назаррас содир шуда бошад, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз се то панљ сол бо мусодираи молу мулк љазо дода мешавад.

    3. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, ки:

    1) аз љониби гурўњи љиноятї;

    2) бо истифода аз маќоми хизматї;

    3) аз љониби шахси ба синни њаждањсолагї расида нисбати ноболиѓ;

    4) ба миќдори калон содир шуда бошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз панљ то дањ сол бо мусодираи молу мулк, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он љазо дода мешаванд.

    4. Кирдорњои дар ќисмњои якум, дуюм ё сеюми њамин модда пешбинишуда, ки ба миќдори махсусан калон содир шуда бошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз дањ то понздањ сол бо мусодираи молу мулк, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он љазо дода мешаванд.


    Моддаи 227. Вайрон кардани қоидаҳои муомилоти воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ

    1. Вайрон кардани қоидаҳои истеҳсол, тайёр кардан, коркард, нигоҳдорї, баҳисобгирї, додан, ба фурўш баровардан, фурӯхтан, тақсим кардан, интиқол, фиристодан, соњиб шудан, истифода кардан, воридот, содирот ва ё нобуд кардани воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ва ё прекурсорҳои онњо, асбоб ё таҷҳизоте, ки барои тайёр кардани воситањои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ истифода мешаванд ва таҳти назоратбарии махсус ќарордошта, ки боиси талафи онҳо гардидаанд, вайрон кардани қоидаҳои култиватсияи растаниҳои дорои воситањои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ва ё прекурсорҳои онҳо бо маќсади истифода дар корњои илмї, таълимї ва фаъолияти коршиносї ва ё бо барои истеҳсоли воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо маќсади истифода дар тиб ва (ё) тибби бойторї, инчунин вайрон кардани қоидаҳои нигаҳдорӣ, баҳисобгирӣ, ба фурӯш баровардан, фурўхтан, интиқол, соњиб шудан, истифода кардан, воридот, содирот ва ё нобуд кардани растаниҳои дорои воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ва ё прекурсорҳои онҳо ва қисмҳои онҳо, ки дорои воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ва ё прекурсорҳои онҳо мебошанд, боиси талафи чунин растаниҳо ё қисмҳои онњо гардидаанд, агар ин кирдор аз ҷониби шахсе содир шуда бошад, ки риояи ин қоидаҳо ба зимаи ў вогузор шудааст, -

    бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду шаст соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то панљ моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то чил шабонарўз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешаванд.

    2. Ҳамин кирдор, ки бо нияти ғаразнок ва ё аз беэҳтиётӣ боиси расонидани зарар ба саломатии инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гардидааст, содир шуда бошад, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешавад.
    Моддаи 228. Муносибати ѓайриќонунї бо прекурсорњои воситаҳои нашъадор ё моддањои психотропӣ ё растанињои дорои прекурсорҳои воситањои нашъадор ё моддањои психотропӣ

    1. Ғайриқонунӣ соњиб шудан, нигоҳ доштан ё интиқол додани прекурсорҳои воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ, инчунин ғайриқонунӣ соњиб шудан, нигоҳ доштан ё интиқол додани растаниҳои дорои прекурсорҳои воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ва ё қисмҳои онњо, ки дорои прекурсорҳои воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропї мебошанд, ба миќдори калон,-

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат љазо дода мешавад.

    2. Ҳамин кирдорњо ба миқдори махсусан калон содир шуда бошанд, -

    бо љарима ба андозаи то панљсаду чил нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то се сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат љазо дода мешавад.

    Эзоҳ:

    1. Шахсе, ки љинояти дар њамин модда пешбинишударо содир кардааст, ихтиёран прекурсорҳои воситањои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ё растанињои дорои прекурсорҳои воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ мебошанд ё қисмҳои онњо, ки дорои прекурсорҳои воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ мебошанд, супорад ва фаъолона барои ошкор ё пешгирии ҷинояте, ки ба муомилоти ғайриқонунии прекурсорҳои воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ, инчунин хариду фурӯши ғайриқонунӣ, нигоҳ доштан, интиқоли чунин растаниҳо ва ё қисмҳои онњо, ки дорои прекурсорҳои воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ алоќамандї доранд, фош кардани шахсоне, ки онҳоро содир кардаанд, ошкор намудани молу мулки бо роњи љиноят ба дастоварда мусоидат намудаанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ҷинояти мазкур озод карда мешавад. Ихтиёран супоридани прекурсорҳои воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ, растаниҳои дорои прекурсорҳои воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ва ё қисмҳои онҳо, ки дорои прекурсорҳои воситањои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ мебошанд, ки ҳангоми дастгир кардани шахс, инчунин њангоми пешбурди амалњои тафтишї оид ба дарёфт ва гирифтани онҳо гирифта шуда бошанд, эътироф карда намешавад.

    2. Микдори калон ва миќдори махсусан калони прекурсорҳои воситањои нашъадор ё моддаҳои психотропї, миќдори калон ва махсусан калон барои растаниҳое, ки дорои прекурсорҳои воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ мебошанд ё қисмҳои онҳо, ки дорои прекурсорҳои воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ мебошанд, барои маќсадњои њамин модда, инчунин моддањои 229 ва 231 Кодекси мазкур аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон тасдиќ карда мешаванд.

    3. Амали њамин модда, инчунин моддањои 229 ва 231 Кодекси мазкур ба муомилоти прекурсорњо, ки дар Фењристи воситањои нашъадор, моддањои психотропї ва прекурсорњои онњо дохил буда, ки дар Љумњурии Тољикистон назоратбарї карда мешавад, аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон тасдиќ карда шудааст, пањн мегардад.


    Моддаи 229. Ғайриқонунӣ истеҳсол кардан, ба соњибияти каси дигар додан ё фиристодани прекурсорњои воситањои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ, инчунин растанињои дорои прекурсорњои воситањои нашъадор ё моддањои психотропӣ

    1. Ғайриқонунӣ истеҳсол кардан, ба соњибияти каси дигар додан ё фиристодани прекурсорҳои воситањои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ, инчунин ғайриқонунӣ ба соњибияти каси дигар додан ё фиристодани растаниҳои дорои прекурсорҳои воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ё қисмҳои онњо, ки дорои прекурсорҳои воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ мебошанд, ба миќдори калон, –

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то чор сол бо мусодираи молу мулк љазо дода мешаванд.

    2. Ҳамин кирдорњо, ки:

    1) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо созиши пешакӣ ё гурӯҳи љиноятї;

    2) бо истифодаи мақоми хизматӣ;

    3) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз чор то њафт сол бо мусодираи молу мулк бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он љазо дода мешаванд.


    Моддаи 230. Тасарруфи воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ, аналогњои онњо, инчунин растаниҳои дорои воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ё қисмњои онњо, ки дорои воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ мебошанд

    1. Тасарруфи воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ, аналогњои онњо, инчунин растаниҳои дорои воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ва ё қисмҳои онҳо, ки дорои воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ мебошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол љазо дода мешавад.

    2. Ҳамин кирдорњо, ки:

    1) якчандкарата;

    2) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо созиши пешакӣ;

    3) бо истифодаи мақоми хизматӣ;

    4) бо истифодаи зӯроварӣ, ки ба ҳаёт ва саломатӣ хавфнок нест ё бо таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ;

    5) ба миқдори назаррас содир шуда бошанд, -

    бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз чор то ҳафт сол бо мусодираи молу мулк, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он љазо дода мешаванд.

    3. Кирдорҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишуда, ки:

    1) аз ҷониби гурӯҳи љиноятї;

    2) ба миқдори калон;

    3) бо истифодаи зӯроварӣ, ки ба ҳаёт ё саломатӣ хавфнок аст ё бо таҳдиди истифодаи он содир шуда бошанд, -

    бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз шаш то нуњ сол бо мусодираи молу мулк, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то чор сол ё бидуни он љазо дода мешаванд.

    4. Кирдорҳои дар қисмҳои якум, дуюм ё сеюми ҳамин модда пешбинишуда, ки ба миқдори махсусан калон содир шуда бошанд,-

    бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз нуњ то дувоздањ сол бо мусодираи молу мулк, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он љазо дода мешавад.
    Моддаи 231. Ќочоќи воситањои нашъадор, моддањои психотропї, прекурсорњо ё аналогњои онњо

    1. Ѓайриќонунї тавассути Сарњади давлатии Љумњурии Тољикистон интиќол додани воситањои нашъадор, моддањои психотропї, прекурсорњо ё аналогњои онњо, растанињое, ки дорои воситањои нашъадор, моддањои психотропї ё прекурсорњои онњо ва ё ќисмњои онњо, ки дорои воситањои нашъадор, моддањои психотропї ё прекурсорњои онњо, асбоб ё таҷҳизоте, ки тањти назорати махсус ќарор доранд ва барои тайёр кардани воситањои нашъадор ва моддањои психотропї истифода мешаванд, -

    бо љарима ба андозаи то панљсаду чил нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то се сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо мусодираи молу мулк ё бидуни он љазо дода мешавад.

    2. Њамин кирдор, ки:

    1) аз љониби гурўњи шахсон бо созиши пешакї;

    2) бо истифода аз маќоми хизматї;

    3) нисбати воситањои нашъадор, моддањои психотропї ё аналогњои онњо, растанињои дорои воситањои нашъадор, моддањои психотропї ва ё ќисмњои онњо, ки дорои воситањои нашъадор ё моддањои психотропї мебошанд, ба миќдори назаррас содир шуда бошад, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз се то њафт сол бо мусодираи молу мулк, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он љазо дода мешавад.

    3. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, ки нисбати воситањои нашъадор, моддањои психотропї, прекурсорњо ё аналогњои онњо, растанињои дорои воситањои нашъадор, моддањои психотропї ё прекурсорњои онњо ва ё ќисмњои онњо, ки дорои воситањои нашъадор, моддањои психотропї ё прекурсорњои онњо мебошанд, ба миќдори калон содир шуда бошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз њафт то дањ сол бо мусодираи молу мулк, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он љазо дода мешаванд.

    4. Кирдорњои дар ќисмњои якум, дуюм ё сеюми њамин модда пешбинишуда, ки:

    1) аз љониби гурўњи љиноятї;

    2) нисбати воситањои нашъадор, моддањои психотропї, прекурсорњо ё аналогњои онњо, растанињое, ки дорои воситањои нашъадор, моддањои психотропї ё перкурсорњои онњо ва ё ќисмњои онњо, ки дорои воситањои нашъадор, моддањои психотропї ё прекурсорњои онњо мебошанд, ба миќдори махсусан калон;

    3) бо истифдаи зўроварї ба шахсе, ки назоратбарии гумрукї ё сарњадиро амалї мегардонад, содир шуда бошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз нуњ то дувоздањ сол бо мусодираи молу мулк, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он љазо дода мешаванд.
    Моддаи 232. Моил кардан ба истеъмоли воситањои нашъадор, моддањои психотропї ва аналогњои онњо
    1   ...   20   21   22   23   24   25   26   27   ...   51


    написать администратору сайта