Главная страница
Навигация по странице:

  • Моддаи 251. Вайрон кардани тартиби гузаронидани озмоишњои клиникї ва истифодаи усулњо ва воситањои нави пешгирї, ташхис, табобат ва тавонбахшии тиббї

  • Моддаи 252. Исќоти ѓайриќонунии њамл

  • Моддаи 253. Ёрї нарасонидан ба бемор

  • Моддаи 254. Ифшои сирри тиббї

  • Моддаи 255. Фаъолияти ѓайриќонунии тиббї ё фарматсевтї ва додани дорухати ѓайриќонунї ва ё ќалбакї ё дигар њуљљатњое, ки њуќуќ ба гирифтани

  • Моддаи 256. Муомилот бо маводи доруворї ё маснуоти тиббии тањрифшуда

  • ФАСЛИ X.

  • Моддаи 258. Вайрон кардани талаботи экологӣ ҳангоми муносибат бо моддаҳои экологии и ќ тидоран хавфноки химиявӣ ё биолог ї

  • Моддаи 259. Вайрон кардани талаботи экологӣ ҳангоми муносибат бо агентҳои микробиологӣ ё дигар агентҳои биологӣ ё таксинҳо

  • Моддаи 260. Вайрон кардани

  • Моддаи 261.

  • Моддаи 262. Ифлос кардани атмосфера

  • Моддаи 263

  • Моддаи 264. Вайрон кардани ќоидањои њифз ва истифодаи сарватњои зеризаминї

  • Моддаи 266. Сайди ѓ

  • Уголовный кодекс Таджикистана. Кодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї


    Скачать 0.67 Mb.
    НазваниеКодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї
    АнкорУголовный кодекс Таджикистана
    Дата27.07.2022
    Размер0.67 Mb.
    Формат файлаdocx
    Имя файла1604807476303297.docx
    ТипКодекс
    #636887
    страница27 из 51
    1   ...   23   24   25   26   27   28   29   30   ...   51

    Моддаи 250. Ба таври дахлдор иљро накардани вазифањои касбї аз љониби корманди тиб ё фарматсевтї

    1. Иљро накардан ё ба таври дахлдор иљро накардани вазифањои касбї аз љониби корманди тиб ё фарматсевтї, ки дар натиљаи муносибати бепарвоёна ё бевиљдонона нисбат ба он, агар ин кирдорњо аз беэњтиётї боиси расонидани зиёни миёна ба саломатии инсон гардида бошанд, -

    бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду шаст соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то шаш моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду њафтод нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то панљоњ шабонарўз љазо дода мешаванд.

    2. Кирдорњои дар ќисми якуми њамин модда пешбинишуда аз беэњтиётї боиси расонидани зиёни вазнин ба саломатии инсон гардида бошанд,-

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё корњои ислоњї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешаванд.

    3. Кирдорњои дар ќисми якуми њамин модда пешбинишуда, ки аз беэњтиётї боиси ба марг расонидани инсон гардида бошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он љазо дода мешаванд.

    4. Кирдорњои дар ќисми якуми њамин модда пешбинишуда, ки аз беэњтиётї боиси ба марг расонидани ду ё зиёда шахс гардида бошанд,-

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз се то њафт сол бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол љазо дода мешаванд.

    5. Ба таври дахлдор иљро накардани вазифањои касбї аз љониби корманди тиб, њамчунин аз љониби корманди ташкилоти хизматрасонии маишї ё дигар хизматрасонї ба ањолї, ки дар натиљаи муносибати бепарвоёна ё бевиљдонона нисбат ба он, агар ин кирдор аз беэњтиётї боиси сирояти шахси дигар бо вируси норасоии масунияти инсон (ВНМО) гардида бошад, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то се сол љазо дода мешавад.
    Моддаи 251. Вайрон кардани тартиби гузаронидани озмоишњои клиникї ва истифодаи усулњо ва воситањои нави пешгирї, ташхис, табобат ва тавонбахшии тиббї

    1. Аз љониби корманди тиб вайрон кардани тартиби гузаронидани озмоишњои клиникї ва истифодаи усулњо ва воситањои нави пешгирї, ташхис, табобат ва тавонбахшии тиббї, агар ин кирдор аз беэњтиётї боиси расонидани зиёни миёна ба саломатии инсон гардида бошад, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё корњои ислоњї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол љазо дода мешавад.

    2. Њамин кирдор, ки аз љониби шахси мансабдор содир шуда бошад ва ё боиси оќибатњои вазнин гардида бошад, -

    бо љарима ба андозаи аз сесаду шаст то панљсаду чил нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то се сол љазо дода мешавад.
    Моддаи 252. Исќоти ѓайриќонунии њамл

    1. Исќоти ѓайриќонунии њамл аз љониби шахсе, ки тањсилоти олии тиббии ихтисоси дахлдорро надорад, -

    бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду шаст соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то шаш моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду њаштод нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то панљоњ шабонарўз љазо дода мешавад.

    2. Кирдори дар ќисми якуми њамин модда пешбинишуда якчандкарата содир шуда бошад, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё корњои ислоњї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат љазо дода мешавад.

    3. Исќоти ѓайриќонуни њамл аз љониби шахси дорандаи тањсилоти олии тиббии ихтисоси дахлдор, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё корњои ислоњї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол љазо дода мешавад.

    4. Кирдори дар ќисми сеюми њамин модда пешбинишуда якчандкарта содир шуда бошад, -

    бо љарима ба андозаи то панљсаду чил нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то се сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол љазо дода мешавад.

    5. Исќоти ѓайриќонунии њамл, агар аз бењтиётї боиси марги љабрдида ва ё расонидани зиёни вазнин ба саломатии ў гардида бошад,-

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он љазо дода мешавад.
    Моддаи 253. Ёрї нарасонидан ба бемор

    1. Бе сабабњои узрнок ёрї нарасонидан ба бемор аз љониби шахсе, ки мутобиќи ќонуни Љумњурии Тољикистон ё ќоидаи махсус уњдадор буд ёрї расонад, агар он аз беэњтиётї боиси расонидани зиёни миёна ба саломатии бемор гардида бошад, -

    бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду шаст соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то шаш моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду њафтод нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то панљоњ шабонарўз бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешавад.

    2. Њамин кирдор, агар аз беэњтиётї боиси марги бемор ва ё расонидани зиёни вазнин ба саломатии ў гардида бошад, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он љазо дода мешавад.
    Моддаи 254. Ифшои сирри тиббї

    1. Ифшои маълумот оид ба беморї ё дигар натиљањои муоинаи тиббии бемор аз љониби корманди соњаи тиб, фарматсевтї ё дигар корманд бе зарурияти касбї ё хизматї, ки дар хабар додани маълумот оид ба гирифтор будани шахс ба бемории вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ифода меёбад, -

    бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду шаст соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то шаш моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду њафтод нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то панљоњ шабонарўз бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешавад.

    2. Ифшои маълумот оид ба беморї ё дигар натиљањои муоинаи тиббии бемор аз љониби корманди соњаи тиб, фарматсевтї ё дигар корманд бе зарурияти касбї ё хизматї, агар ин кирдор боиси оќибатњои вазнин гардида бошад, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё корњои ислоњї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешавад.
    Моддаи 255. Фаъолияти ѓайриќонунии тиббї ё фарматсевтї ва додани дорухати ѓайриќонунї ва ё ќалбакї ё дигар њуљљатњое, ки њуќуќ ба гирифтани воситањои нашъадор ё моддањои психотропиро доранд

    1. Машѓул шудан ба фаъолияти ѓайриќонунии тиббї ё фарматсевтї аз љониби шахсе, ки сертификат ва (ё) иљозатнома ба чунин намуди фаъолият надорад, агар ин кирдор аз беэњтиётї боиси расонидани зиёни миёна ба саломатии инсон гардида бошад, -

    бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду шаст соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то шаш моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду њафтод нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то панљоњ шабонарўз бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешавад.

    2. Њамин кирдор, агар аз беэњтиётї боиси расонидани зиёни вазнин ба саломатии инсон гардида бошад,-

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё корњои ислоњї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он љазо дода мешавад.

    3. Кирдори дар ќисми якуми њамин модда пешбинишуда, ки аз беэњтиётї боиси марги инсон гардида бошад, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он љазо дода мешавад.

    4. Кирдори дар ќисми якуми њамин модда пешбинишуда, ки аз беэњтиётї боиси марги ду ё зиёда шахс гардида бошад, -

    бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то њафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то панљ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

    5. Fайриќонунї додан ва ё ќалбакї кардани дорухат ё дигар њуљљате, ки њуќуќ ба гирифтани воситањои нашъадор ё моддањои психотропиро дорад, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё корњои ислоњї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешавад.
    Моддаи 256. Муомилот бо маводи доруворї ё маснуоти тиббии тањрифшуда

    1. Fайриќонунї ба њудуди Љумњурии Тољикистон ворид намудан, истењсол ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат, тањрифшуда ва ба талаботи стандартњои муќарраршуда љавобгўй набуда, инчунин дорувории муњлати истифодааш гузашта ба андозаи калон, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё корњои ислоњї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо мусодираи молу мулк, бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешавад.

    2. Њамин кирдорњо, ки:

    1) якчандкарата;

    2) аз љониби гурўњи шахсон бо созиши пешакї;

    3) ба андозаи махсусан калон содир шуда бошанд, -

    бо љарима ба андозаи аз сесаду шаст то нуњсад нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо мусодираи молу мулк, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он љазо дода мешаванд.

    3. Кирдорњои дар ќисми якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, ки:

    1) аз љониби гурўњи љиноятї содир шуда бошанд;

    2) аз беэњтиётї боиси марги инсон ва ё дигар оќибатњои вазнин гардида бошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз се то њафт сол бо мусодираи молу мулк, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он љазо дода мешаванд.
    ФАСЛИ X. ЊУЌУЌВАЙРОНКУНИЊОИ ЉИНОЯТИИ ЭКОЛОГЇ
    БОБИ 25. ЊУЌУЌВАЙРОНКУНИЊОИ ЉИНОЯТИИ ЭКОЛОГЇ
    Моддаи 257. Вайрон кардани талаботи экологӣ нисбат ба фаъолияти хоҷагидорӣ ё дигар фаъолият

    1. Вайрон кардани талаботи экологӣ ҳангоми истифодаи захираҳои табиӣ, лоиҳакашӣ, ҷойгирсозӣ, сохтмон ё таҷдид, ба истифода додан ё истифодаи корхона, иншоот ё дигар объектҳо, истифодаи объектҳои саноатӣ, энергетикӣ, нақлиёт ё алоқа, объектҳои дорои таъиноти кишоварзӣ ва мелиоративї, сохтмони шаҳрҳо ва ё минтақаҳои дигари аҳолинишин, объектҳои ҳарбӣ ё муҳофизатӣ, фаъолияти ҳарбӣ ё кайҳонӣ, агар ин кирдор аз беэњтиётї боиси расонидани зарари калон ба муҳити зист гардида бошад ё метавонад боиси расонидани чунин зарар гардад ё ба саломатии инсон зиён расонида бошад,-

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё корњои ислоњї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешавад.

    2. Кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, ки аз беэњтиётї боиси:

    1) расонидани зарари махсусан калон ба муҳити зист;

    2) марги инсон;

    3) бемории оммавии одамон;

    4) саросар мурдани њайвонот гардида бошад, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он љазо дода мешаванд.
    Моддаи 258. Вайрон кардани талаботи экологӣ ҳангоми муносибат бо моддаҳои экологии иќтидоран хавфноки химиявӣ ё биологї

    1. Вайрон кардани талабот ҳангоми истеҳсол, интиқол, нигоҳ доштан, гӯр кардан, истифода ё дигар муносибат бо моддаҳои экологии иќтидоран хавфноки химиявӣ ё биологї, агар ин кирдор аз беэњтиётї боиси расонидани зарари назаррас ба муҳити зист гардида бошад ё метавонад боиси расонидани чунин зарар гардад ё ба саломатии инсон зиён расонида бошад,-

    бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду бист соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то чор моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду бист нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то чил шабонарўз љазо дода мешавад.

    2. Ҳамин кирдор, ки:

    1) бо расонидан ва ё ба вуҷуд овардани таҳдиди расонидани зарари калон ба муҳити зист;

    2) дар минтаќаи њолати фавқулодаи экологӣ ё дар минтаќаи офати экологї содир шуда бошад,-

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё корњои ислоњї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешавад.

    3. Кирдорҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишуда, ки боиси:

    1) расонидани зарари махсусан калон ба муњити зист;

    2) марги инсон;

    3) бемории оммавии одамон гардида бошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он љазо дода мешаванд.
    Моддаи 259. Вайрон кардани талаботи экологӣ ҳангоми муносибат бо агентҳои микробиологӣ ё дигар агентҳои биологӣ ё таксинҳо

    1. Вайрон кардани талаботи бехатарӣ ҳангоми муносибат бо агентҳои микробиологӣ ё дигар агентҳои биологӣ ё таксинҳо, агар ин кирдор аз беэњтиётї ба саломатии одамон зиён расонида, боиси пањн гардидани эпидемия ё эпизоотия ё дигар оќибатњои вазнин гардида бошад, -

    бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду бист соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то чор моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду бист нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то чил шабонарўз љазо дода мешавад.

    2. Ҳамин кирдор, ки:

    1) бо расонидани зарари калон ба муҳити зист ё бо ба вуҷуд овардани таҳдиди расонидани чунин зарар;

    2) дар њудуди њолати фавқулодаи экологӣ ё дар минтаќаи офати экологї содир шуда бошад,-

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё корњои ислоњї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешавад.

    3. Кирдорҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишуда, ки боиси:

    1) расонидани зарари махсусан калон ба муњити зист;

    2) марги инсон гардида бошанд, -

    бо љарима ба андозаи аз сесаду шаст то панљсаду чил нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он љазо дода мешаванд.
    Моддаи 260. Вайрон кардани ќоидањои бойторї ва ё ќоидањои барои мубориза ба муќобили касалї ва њашароти зараррасони растанї муќарраршуда

    1. Вайрон кардани ќоидањои бойторї, ки аз беэњтиётї боиси пањншавии эпидемия, эпизоотия ё дигар оќибатњои вазнин гардида бошад, -

    бо љарима ба андозаи то панљсаду чил нишондињанда барои њисобњо ва ё корњои ислоњї ба муњлати то се сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешавад.

    2. Вайрон кардани ќоидањои барои мубориза ба муќобили касалї ва њашароти зараррасони растанї муќарраршуда, ки аз беэњтиётї боиси оќибатњои вазнин гардида бошанд, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё корњои ислоњї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешавад.
    Моддаи 261. Ифлос намудан, олуда кардан ё коњиш додани об

    1. Ифлос намудан, олуда кардан ё коњиш додани обњои рўизаминї ё зеризаминї, пиряхњо, манбаъњои оби нўшиданї ва ё шакли дигари таѓйир додани хусусиятњои табиии он, агар боиси расонидани зарари назаррас ба муҳити зист гардида бошад ё метавонад боиси расонидани чунин зарар гардад ё ба саломатии инсон зиён расонида бошад, -

    бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду бист соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то чор моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду бист нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то чил шабонарўз љазо дода мешавад.

    2. Њамин кирдорњо, ки:

    1) боиси расонидани зарари калон ба муњити зист гардида бошад;

    2) дар минтаќаи мамнунгоњи давлатї ё парваришгоњ ё дар минтаќаи офати табиї ё дар минтаќаи њолати фавқулодаи экологї содир шуда бошанд;

    3) боиси саросар мурдани њайвонот гардида бошанд, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё корњои ислоњї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешаванд.

    3. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, ки боиси:

    1) расонидани зарари махсусан калон ба муњити зист;

    2) марги инсон;

    3) бемории оммавии одамон гардида бошанд, -

    бо љарима ба андозаи аз сесаду шаст то панљсаду чил нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он љазо дода мешаванд.
    Моддаи 262. Ифлос кардани атмосфера

    1. Ифлос кардани њавои атмосферї ё ба тарзи дигар таѓйир додани хусусиятњои табиии он, ки аз вайрон кардани талаботи экологї бармеояд, агар ин кирдор аз беэњтиётї боиси расонидани зарари калон ба муњити зист ё боиси расонидани зиён ба саломатии инсон гардида бошад, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё корњои ислоњї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешавад.

    2. Њамин кирдор, ки боиси:

    1) расонидани зарари махсусан калон ба муњити зист;

    2) марги инсон;

    3) бемории оммавии одамон гардида бошад, -

    бо љарима ба андозаи аз сесаду шаст то панљсаду чил нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он љазо дода мешавад.
    Моддаи 263. Хароб кардани замин

    1. Олуда кардани замин бо партовњои саноатї, маишї ё дигар партов ё ихрољњо, њамчунин зањролуд, ифлос ё бо дигар мањсулоти зиёновари хољагї хароб намудани замин ё бо дигар навъи фаъолият вайрон намудани ќоидањои муносибат бо пестисидњо, зањрхимикатњо, поруњо, нумўяи ављи растанї ё дигар моддањои хафноки химиявї, радиоактивї ё биологї инчунин нигоњдорї, истифодабарї, интиќол ё гуронидани онњо, агар ин кирдорњо аз беэњтиётї боиси расонидани зарари калон ба муњити зист гардида бошанд ё метавонанд боиси расонидани чунин зарар гарданд ё боиси расонидани зиён ба саломатии инсон гардида бошанд, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё корњои ислоњї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешаванд.

    2. Њамин кирдорњо, ки аз беэњтиётї боиси:

    1) расонидани зарари махсусан калон ба муњити зист;

    2) марги инсон;

    3) бемории оммавии одамон гардида бошанд, њамчунин дар минтаќаи њолати фавќулодаи экологї содир шуда бошанд, -

    бо љарима ба андозаи аз сесаду шаст то панљсаду чил нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он љазо дода мешаванд.
    Моддаи 264. Вайрон кардани ќоидањои њифз ва истифодаи сарватњои зеризаминї

    1. Вайрон кардани ќоидањои њифз ва истифодаи сарватњои зеризаминї њангоми лоињакашї, гузаронидани амалиёти истифодабарии сарватњо, њамчунин талаботи умумии экологї дар њамаи марњилаи истифодабарї, агар ин кирдор аз беэњтиётї боиси расонидани зарари калон ба муњити зист гардида бошад ё метавонад боиси расонидани чунин зарар гардад ё боиси расонидани зиён ба саломатии инсон гардида бошад, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё корњои ислоњї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол љазо дода мешаванд.

    2. Њамин кирдор, ки аз беэњтиётї боиси:

    1) расонидани зарари махсусан калон ба муњити зист;

    2) марги инсон;

    3) бемории оммавии одамон гардида бошад, -

    бо љарима ба андозаи аз сесаду шаст то панљсаду чил нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он љазо дода мешавад.
    Моддаи 265. Истифодаи худсаронаи сарватҳои зеризиминӣ

    1. Истифодаи худсаронаи сарватҳои зеризаминӣ, њамчунин истихроҷи худсаронаи канданиҳои фоиданок, агар ин кирдорҳо зарари калон расонида бошанд, -

    бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду бист соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то чор моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду бист нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то чил шабонарўз љазо дода мешавад.

    2. Ҳамин кирдорҳо, ки боиси расонидани зарар ба миқдори махсусан калон гардида бошанд, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё корњои ислоњї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешаванд.

    3. Кирдорҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбининамуда аз ҷониби гурӯҳи ҷиноятӣ содир шуда бошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то се сол љазо дода мешаванд.
    Моддаи 266. Сайди ѓайриқонунии захираҳои моҳӣ, дигар ҳайвоноти обӣ ё ҷамъоварӣ кардани растаниҳои обӣ

    1. Сайди ѓайриқонунии захираҳои моҳӣ, дигар ҳайвоноти обӣ ё ҷамъоварӣ кардани растаниҳои обӣ, агар ин кирдор:

    1) бо расонидани зарари назаррас;

    2) бо истифода аз моддаҳои тарканда ё химиявӣ, қувваи барқ ё дигар воситаҳои маҳви саросарии захираҳои моҳӣ ва дигар ҳайвонот ва растаниҳои обӣ содир шуда бошад, -

    бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду бист соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то чор моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду бист нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то чил шабонарўз бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол бо мусодираи молу мулк љазо дода мешавад.

    2. Ҳамин кирдор, ки якчандкарата содир шуда бошад, -

    бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду њаштод соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то шаш моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду њафтод нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то панљоњ шабонарўз бо мусодираи молу мулк, бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол љазо дода мешавад.

    3. Кирдорҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишуда, ки:

    1) нисбат ба намудҳои нодири ҳайвонот ва таҳти хавфи нобудшавӣ ќарор доранд, инчунин ҳайвоноте, ки истифодаи онњо манъ карда шудааст;

    2) дар ҷойҳои тухмгузорӣ, афзоиши дигар ҳайвоноти обӣ ё роҳҳои ҳаракат ба он ҷойҳо;

    3) аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматӣ;

    4) аз ҷониби гурӯҳи шахсон, гурӯҳи шахсон бо созиши пешакӣ;

    5) бо истифода аз воситаи худҳаракаткунандаи нақлиёти шинокунанда;

    6) дар њудудњои табиии махсус муњофизатшаванда ё дар минтаќаи њолати фавқулодаи экологї содир шуда бошанд, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё корњои ислоњї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо мусодираи молу мулк, бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то се сол љазо дода мешаванд.

    4. Кирдорҳои дар қисмҳои якум, дуюм ё сеюми ҳамин модда пешбинишуда, ки:

    1) бо расонидани зарари калон;

    2) аз ҷониби гурӯҳи ҷиноятӣ содир шуда бошанд, -

     бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо мусодираи молу мулк, бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то се сол љазо дода мешаванд.


    1   ...   23   24   25   26   27   28   29   30   ...   51


    написать администратору сайта