Главная страница
Навигация по странице:

  • Моддаи 242. Ба фо

  • Моддаи 243. Гирифтани хизматрасонии шањвонї аз ноболиѓ

  • Моддаи 244. Ташкили машѓул шудан ба фоњишагї

  • Моддаи 245. Fайриќонунї пањн кардани

  • Моддаи 246. Тайёр кардан ва муомилоти мавод ё ашёњо бо акси порнографии ноболи

  • Моддаи 247. Та

  • Моддаи 248.

  • Моддаи 249. Муносибати берањмона бо њайвонот

  • БОБИ 24.

  • Уголовный кодекс Таджикистана. Кодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї


    Скачать 0.67 Mb.
    НазваниеКодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї
    АнкорУголовный кодекс Таджикистана
    Дата27.07.2022
    Размер0.67 Mb.
    Формат файлаdocx
    Имя файла1604807476303297.docx
    ТипКодекс
    #636887
    страница26 из 51
    1   ...   22   23   24   25   26   27   28   29   ...   51

    Моддаи 241. Ташкили ѓайриќонунии тиљорати ќиморї

    1. Ѓайриќонунї кушодан ва ё нигоҳ доштани қиморхона ё ташкили ѓайриќонунии фаъолият дар соњаи тиљорати ќиморї, инчунин додани бино барои тиљорати ѓайриќонунии ќиморї ва ё ташкил ва гузаронидани ќиморбозї берун аз љойњои бо ќонунгузории Љумњурии Тољикистон оид ба тиљорати ќиморї муайянгардида ва ё амалї кардани фаъолият дар соњаи тиљорати ќиморї бе иљозатнома, -

    бо корњои њатмї то сесад соат ва ё љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо мусодираи молу мулк љазо дода мешавад.

    2. Њамин кирдорњо, ки:

    1) бо истифодаи ноболиѓ ё бо иштироки ў дар ќиморбозї;

    2) аз љониби гурўњи шахсон бо созиши пешакї;

    3) бо гирифтани даромад ба андозаи калон;

    4) бо истифода аз маќоми хизматї содир шуда бошанд, -

    бо љарима ба андозаи аз сесаду шаст то нуњсад нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо мусодираи молу мулк, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он љазо дода мешаванд.

    3. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, ки:

    1) аз љониби гурўњи љиноятї;

    2) бо гирифтани даромад ба андозаи махсусан калон;

    3) аз љониби шахсе, ки ба иҷрои вазифањои давлатї ваколатдоршуда ва ё шахси ба ў баробаркардашуда ва ё шахси мансабдор ва ё шахси мансаби давлатиро ишѓолкунанда, шахсан ё ба воситаи шахси боваринок бархилофи манъкунии бо ќонун муќарраршуда, агар ин кирдорњо бо фароҳам овардани имтиёз ва бартарї ё бо дигар шакли пуштибонї ба чунин фаъолият алоқаманд бошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз панљ то њашт сол бо мусодираи молу мулк, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он љазо дода мешаванд.


    Моддаи 242. Ба фоҳишагӣ ҷалб намудан

    1. Љалб намудан ба фоҳишагї ё маљбур намудан ба идомаи фоњишагї, -

    бо корњои њатмї то сесад соат ва ё љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо мусодираи молу мулк љазо дода мешавад.

    2. Ҳамин кирдорњо, ки:

    1) бо истифодаи зўроварї ё бо тањдиди истифодаи он;

    2) бо гузаронидани љабрдида тавассути Сарњади давлатии Љумњурии Тољикистон ё ѓайриќонунї нигоњ доштани ў дар хориља;

    3) аз љониби гурўњи шахсон бо созиши пешакї содир шуда бошанд, -

    бо љарима ба андозаи аз сесаду шаст то њафтсаду бист нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то чор сол бо мусодираи молу мулк љазо дода мешаванд.

    3. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, ки аз љониби гурўњи љиноятї ва ё нисбати ноболиѓ содир шуда бошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз чор то њафт сол бо мусодираи молу мулк, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он љазо дода мешаванд.


    Моддаи 243. Гирифтани хизматрасонии шањвонї аз ноболиѓ

    Гирифтани хизматрасонии шањвонї аз ноболиѓи синнаш шонздањ то њаждањсола аз љониби шахси ба синни њаждањсола расида, -

    бо корњои њатмї то сесад соат ва ё љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат љазо дода мешавад.

    Эзоњ: тањти хизматрасонии шањвонї дар њамин модда алоќаи љинсї, бачабозї, љимои зан бо зан ё дигар њаракатњои хусусияти шањвонидошта, ки шарти содир кардани он подоши пулї ё њамагуна дигари подош ба ноболиѓ ё шахси сеюм ва ё ваъдаи подош ба ноболиѓ ё шахси сеюм мебошад, фањмида мешавад.


    Моддаи 244. Ташкили машѓул шудан ба фоњишагї

    1. Кирдорњое, ки барои ташкили машѓул шудан ба фоњишагї аз љониби дигар шахсон равона шудааст, инчунин нигоњ доштани фоњишахона барои машѓул шудан ба фоњишагї ё мунтазам додани бино барои машѓул шудан ба фоњишагї, -

    бо корњои њатмї то сесад соат ва ё љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо мусодираи молу мулк љазо дода мешавад.

    2. Ҳамин кирдорњо, ки:

    1) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо созиши пешакї содир шуда бошанд;

    2) бо љалби ноболиѓ ба фоҳишагї алоќаманд бошанд, -

    бо љарима ба андозаи аз сесаду шаст то њафтсаду бист нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то чор сол бо мусодираи молу мулк љазо дода мешаванд.

    3. Кирдорҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишуда, ки:

    1) бо истифода шахси ба синни чордањсолагї нарасида барои машѓул шудан ба фоњишагї;

    2) аз ҷониби гурўњи љиноятї содир шуда бошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз чор то њафт сол бо мусодираи молу мулк, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он љазо дода мешаванд.
    Моддаи 245. Fайриќонунї пањн кардани мавод ё ашёҳои порнографӣ

    Fайриќонунї тайёр кардан бо маќсади паҳн намудан ё реклама кардан, пањн намудан, реклама кардани мавод ё ашёҳои порнографӣ, њамчунин ѓайриќонунї гузаронидан ё савдои маводи чопї, кино ё маводи видеої, аксњо ё дигар ашёњои хусусияти порнографидошта, -

    бо корњои њатмї то сесад соат ва ё љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо мусодираи молу мулк ё бидуни он љазо дода мешавад.
    Моддаи 246. Тайёр кардан ва муомилоти мавод ё ашёњо бо акси порнографии ноболиғ ва ё ҷалби ў дар чорабиниҳои намоишии хусусияти порнографидошта

    1. Тайёр кардан, нигоҳ доштан ё гузаронидан тавассути Сарњади давлатии Љумњурии Тољикистон бо маќсади пањн намудан, намоиши оммавї ё реклама кардан ва ё пањн намудан, намоиши оммавї ё рекламаи мавод ё ашёњо бо акси порнографии ноболиғ, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то се сол бо мусодираи молу мулк љазо дода мешаванд.

    2. Ҷалб намудани ноболиғ барои иштирок ба сифати моделҳо ё ҳунарпешаҳо дар тайёр кардани мавод ва ё ашёњои хусусияти порнографидошта, њамчунин ба сифати иҷрокунанда дар чорабиниҳои намоишии хусусияти порнографидошта аз ҷониби шахси ба синни ҳаждаҳсола расида, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз се то шаш сол бо мусодираи молу мулк љазо дода мешаванд.

    3. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, ки:

    1) аз ҷониби падар ё модар, омӯзгор ё дигар шахсе, ки бо қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зимааш уҳдадориҳо оид ба тарбияи ноболиғ вогузор карда шудаанд;

    2) нисбати баръало хурдсол;

    3) бо истифода аз воситањои ахбори омма, интернет ё шабакањои алоќаи барќї;

    4) якчандкарата;

    5) аз љониби гурўњи шахсон бо созиши пешакї ё гурўњи ҷиноятӣ содир шуда бошанд,-

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз шаш то нуњ сол бо мусодираи молу мулк, бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ё бидуни он љазо дода мешаванд.
    Моддаи 247. Таҳқири ҷасади фавтидагон ва љойи дафни онњо

    1. Таҳқири ҷасади фавтидагон ва ё нобуд кардан, вайрон ё касиф сохтани љойњои дафн, иншооти рўи қабр ё биноњои қабристон, ки барои маросими дафн ё ёдбуди фавтидагон пешбинї шудаанд,-

    бо корњои њатмї то сесад соат ва ё љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат љазо дода мешавад.

    2. Ҳамин кирдорњо, ки:

    1) якчандкарата;

    2) аз ҷониби гурўҳи шахсон, гурўњи шахсон бо созиши пешакї ё гурўҳи љиноятї;

    3) бо ангезаи нафрат ва ё хусумати миллї, нажодї, маҳалгарої ё динї;

    4) нисбат ба иншооти меъморї ё муљассама, ки ба мубориза бо фашизм ё қурбониёни фашизм ва ё ќабрњои иштирокчиёни мубориза бо фашизм бахшида шудаанд;

    5) бо зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи он содир шуда бошанд, -

    бо љарима ба андозаи аз сесаду шаст то њафтсаду бист нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то чор сол љазо дода мешаванд.
    Моддаи 248. Ғайриқонунӣ гирифтани узвҳо ва бофтаҳои ҷасади инсон

    1. Ғайриқонунӣ гирифтани узвҳо ва бофтаҳои ҷасади инсон барои пайвандсозӣ ва ё дигар хел истифодабарӣ, ҳамчунин бастани аҳдҳо нисбати узвҳо ва бофтаҳои ҷасади инсон,-

    бо корњои њатмї то сесад соат ва ё љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он љазо дода мешавад.

    2. Ҳамин кирдорҳо, ки:

    1) якчандкарата;

    2) аз ҷониби гурўҳи шахсон, гурўҳи шахсон бо созиши пешакӣ ё гурўҳи ҷиноятї;

    3) бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шуда бошанд,-

    бо љарима ба андозаи то панљсаду чил нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то се сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он љазо дода мешаванд.


    Моддаи 249. Муносибати берањмона бо њайвонот

    1. Муносибати берањмона бо њайвонот, ки боиси марг ё маъюбшавии онњо мегарданд, агар ин кирдор аз њиссиёти авбошї ё бо усулњои истифодаи садизм ва ё дар њузури хурдсол содир шуда бошад, -

    бо корњои њатмї ба муњлати то њаштод соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то се моњ ва ё љарима ба андозаи то њаштод нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то сї шабонарўз љазо дода мешавад.

    2. Ҳамин кирдор, ки:

    1) якчандкарата;

    2) аз ҷониби гурўҳи шахсон, гурўҳи шахсон бо созиши пешакӣ содир шуда бошад, -

    бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду шаст соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то шаш моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то панљоњ шабонарўз љазо дода мешавад.


    БОБИ 24. ЊУЌУЌВАЙРОНКУНИЊОИ ЉИНОЯТИИ ТИББЇ
    1   ...   22   23   24   25   26   27   28   29   ...   51


    написать администратору сайта