Главная страница
Навигация по странице:

  • Моддаи 211.

  • Моддаи 212. Идора намудани воситаи на

  • Моддаи 213. Таъмири бадсифати восита

  • Моддаи 214. Додани и

  • Моддаи 215.

  • Моддаи 216. Вайрон кардани

  • Моддаи 217. Худсарона, бе зарурат боздоштани поезд

  • Моддаи 218. Вайрон кардани

  • Моддаи 219. Вайрон кардани ќоидањои бехатарї њангоми сохтмон, истифодабарї ва таъмири ќубури магистралї

  • Уголовный кодекс Таджикистана. Кодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї


    Скачать 0.67 Mb.
    НазваниеКодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї
    АнкорУголовный кодекс Таджикистана
    Дата27.07.2022
    Размер0.67 Mb.
    Формат файлаdocx
    Имя файла1604807476303297.docx
    ТипКодекс
    #636887
    страница22 из 51
    1   ...   18   19   20   21   22   23   24   25   ...   51
    Моддаи 210. Вайрон кардани ќоидањои њаракат дар роњ ва истифодаи воситањои наќлиёт аз љониби шахси идоракунандаи воситаи наќлиёт

    1. Аз ҷониби шахси идоракунандаи автомобил, троллейбус ва ё дигар воситаи нақлиёти механикӣ вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ё истифодаи воситањои нақлиёт, агар аз беэҳтиётӣ боиси расонидани зиёни миёна ба саломатии инсон гардида бошад, -

    бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду шаст соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то шаш моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду њафтод нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то панљоњ шабонарўз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то як сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

    2. Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ боиси расонидани зиёни миёна ба саломатии инсон гардида:

    1) аз љониби шахс дар њолати мастї;

    2) алоќаманд бо тарк намудани љои содиршавии он содир шуда бошад, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешавад.

    3. Кирдори дар ќисми якуми њамин модда пешбинишуда, ки аз беэҳтиётӣ боиси расонидани зиёни вазнин ба саломатии инсон гардида бошад, -

    бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то чор сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

    4. Кирдори дар ќисми якуми њамин модда пешбинишуда, ки аз беэҳтиётӣ боиси расонидани зиёни вазнин ба саломатии инсон гардида:

    1) аз љониби шахс дар њолати мастї;

    2) алоќаманд бо тарк намудани љои содиршавии он содир шуда бошад, -

    бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

    5. Кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, агар аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гардида бошад, -

    бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

    6. Кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гардида:

    1) аз љониби шахс дар њолати мастї;

    2) алоќаманд бо тарк намудани љои содиршавии он содир шуда бошад, -

    бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то шаш сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то панљ сол ҷазо дода мешавад.

    7. Кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё зиёда шахс гардида бошад, -

    бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз чор то њафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то панљ сол ҷазо дода мешавад.

    8. Кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё зиёда шахс гардида:

    1) аз љониби шахс дар њолати мастї;

    2) алоќаманд бо тарк намудани љои содиршавии он содир шуда бошад, -

    бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз њафт то дувоздањ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то панљ сол ва ё якумра мањрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ҷазо дода мешавад.

    Моддаи 211. Идора кардани воситаи нақлиёт аз љониби шахси аз ҳуқуқи ронандагӣ мањрум кардшуда ва дар њолати мастї ќарордошта, њамчунин додани идоракунии воситаи нақлиёт ба чунин шахс ё додани иљозати идоракунии воситаи нақлиёт ба ў

    1. Идора кардани воситаи нақлиёт аз љониби шахси аз ҳуқуқи ронандагӣ мањрум кардшуда ва дар њолати мастї ќарордошта ва ё додани идоракунии воситаи нақлиёт ба чунин шахс, њамчунин додани иљозати идоракунии воситаи нақлиёт ба ў аз љониби шахси мансабдор ё соњибмулк ва ё дорандаи воситаи наќлиёт содир шуда бошад, -

    бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду шаст соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то шаш моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду њафтод нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то панљоњ шабонарўз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол љазо дода мешаванд.

    2. Њамин кирдорњо, ки боиси аз беэњтиётї расонидани зиёни миёна ба саломатии инсон гардида бошанд, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол љазо дода мешаванд.

    3. Кирдорњои дар ќисми якуми њамин модда пешбинишуда, ки боиси аз беэњтиётї расонидани зиёни вазнин ба саломатии инсон гардида бошанд, -

    бо љарима ба андозаи то панљсаду чил нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то се сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол љазо дода мешаванд.

    4. Кирдорњои дар ќисми якуми њамин модда пешбинишуда, ки аз беэњтиётї боиси марги инсон гардида бошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то чор сол љазо дода мешаванд.

    5. Кирдорњои дар ќисми якуми њамин модда пешбинишуда, ки аз беэњтиётї боиси марги ду ё зиёда шахс гардида бошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз чор то њафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол љазо дода мешаванд.

    Моддаи 212. Идора намудани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатии бегона, рақами қалбакӣ ва ё тайёр кардани рақамҳои қалбакии қайди воситаи нақлиёт

    1. Идора намудани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатии бегона ё рақами қалбакӣ, агар дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои чунин кирдор содир шуда бошад, -

    бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду шаст соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то шаш моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду њафтод нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то панљоњ шабонарўз љазо дода мешавад.

    2. Тайёр кардани рақамҳои қалбакии қайди воситаи нақлиёт, -

    бо ҷарима ба андозаи то сесаду шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодї ба ҳамин муҳлат ҷазо дода мешавад.
    Моддаи 213. Таъмири бадсифати воситањои наќлиёт ё ба истифода баровардани онњо бо нуќсонњои техникї

    1. Таъмири бадсифати воситањои наќлиёт, роњњо, воситањои огоњкунанда ё алоќа ва ё дигар таљњизоти наќлиёт, њамчунин ба истифода баровардани онњо бо нуќсонњои техникии баръало аз љониби шахси масъул барои њолати техникии воситањои наќлиёт ва ё иљро накардани шахси масъул барои њолати техникї ва истифодаи воситањои наќлиёт, ки бо ќоидањои таъмини бехатарии њаракат дар роњ муќаррар карда шудаанд, агар ин кирдорњо аз беэњтиётї боиси расонидани зиёни миёна ба саломатии инсон шуда бошанд, -

    бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду шаст соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то шаш моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду њафтод нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то панљоњ шабонарўз љазо дода мешаванд.

    2. Њамин кирдорњо, ки аз беэњтиётї боиси расонидани зиёни вазнин ба саломатии инсон гардида бошанд, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешаванд.

    3. Кирдорњои дар ќисми якуми њамин модда пешбинишуда, ки аз беэњтиётї боиси марги инсон гардида бошанд,-

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол љазо дода мешаванд.

    4. Кирдорњои дар ќисми якуми њамин модда пешбинишуда, ки аз беэњтиётї боиси марги ду ё зиёда шахс гардида бошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз чор то њафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол љазо дода мешаванд.

     

    Моддаи 214. Додани иљозат ба идора кардани воситаи наќлиёт ба ронандае, ки њуќуќи идора кардани онро надорад

    1. Додани иљозат аз љониби шахси мансабдор ва ё соњибмулк ё соњиби воситаи наќлиёт барои идора кардани воситаи наќлиёт ба ронандае, ки њуќуќи идора кардани воситањои наќлиёт ё њуќуќи идора кардани воситањои наќлиёти категорияи дахлдорро надорад, агар ин кирдор аз беэњтиётї боиси расонидани зиёни миёна ба саломатии инсон гардида бошад, -

    бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду шаст соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то шаш моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду њафтод нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то панљоњ шабонарўз љазо дода мешавад.

    2. Њамин кирдор, ки аз беэњтиётї боиси расонидани зиёни вазнин ба саломатии инсон гардида бошад, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешавад.

    3. Кирдори дар ќисми якуми њамин модда пешбинишуда, ки аз беэњтиётї боиси марги инсон гардида бошад, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он љазо дода мешавад.

    4. Кирдори дар ќисми якуми њамин модда пешбинишуда, ки аз беэњтиётї боиси марги ду ё зиёда шахс гардида бошад, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз чор то њафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он љазо дода мешавад.
    Моддаи 215. Ќасдан корношоям сохтани воситањои наќлиёт ё роњњо

    1. Ќасдан хароб сохтан, осеб расонидан ё бо тарзи дигар барои истифода корношоям гардонидани воситаи наќлиёт, роњњо, воситањои огоњонї ё алоќа ва ё дигар таљњизоти наќлиёт, њамчунин муњосираи роњњои наќлиёт, агар ин кирдорњо аз беэњтиётї боиси расонидани зиёни вазнин ё миёна ба саломатии инсон ва ё зарари калон ва ё вайрон намудани кори муътадили наќлиёт ва алоќа гардида бошад, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё корњои ислоњї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат љазо дода мешаванд.

    2. Њамин кирдорњо, ки аз беэњтиётї боиси марги инсон гардида бошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз се то панљ сол љазо дода мешаванд.

    3. Кирдорњои дар ќисми якуми њамин модда пешбинишуда, ки аз беэњтиётї боиси марги ду ё зиёда шахс гардида бошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз панљ то њашт сол љазо дода мешавад.
    Моддаи 216. Вайрон кардани ќоидањое, ки бехатарии кори наќлиётро таъмин менамоянд

    1. Аз љониби мусофир, пиёдагард ё дигар иштироккунандаи њаракат дар роњ (ба ѓайр аз шахсе, ки воситаи наќлиётро идора мекунад) вайрон кардани ќоидањои бехатарии њаракат ё истифодаи воситањои наќлиёт, агар ин кирдор аз беэњтиётї боиси расонидани зиёни вазнин ба саломатии инсон гардида бошад, -

    бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду шаст соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то шаш моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду њафтод нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то панљоњ шабонарўз љазо дода мешавад.

    2. Њамин кирдор, ки аз беэњтиётї боиси марги инсон гардида бошад, -

    бо мањдуд кардани озодї ба муњлати то се сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат љазо дода мешавад.

    3. Кирдори дар ќисми якуми њамин модда пешбинишуда, агар аз беэњтиётї боиси марги ду ё зиёда шахс гардида бошад, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол љазо дода мешавад.

     

    Моддаи 217. Худсарона, бе зарурат боздоштани поезд

    Худсарона, бе зарурат боздоштани поезд бо асбоби боздорї ё бо роњи људо кардани магистрали њавоии тормозї ё бо тарзи дигар, агар он аз беэњтиётї боиси марги инсон ё дигар оќибатњои вазнин гардида бошад, - 

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то шаш сол љазо дода мешавад.

     

    Моддаи 218. Вайрон кардани ќоидањои дар наќлиёт амалкунанда

    1. Вайрон кардани ќоидањои дар наќлиёт амалкунандаи њифзи тартиб ва таъмини бехатарии њаракат дар роњ аз љониби шахси иљрокунандаи вазифаи идоракунї дар ташкилоти роњсозї, сохтмонї ва дигар ташкилот, ки барои истифодаи роњ ва иншооти роњсозї, таљњизоти онњо, инчунин барои ташкили њаракат дар роњ масъулбуда, агар ин кирдор аз беэњтиётї боиси расонидани зиёни миёна ба саломатии инсон гардида бошад, -

    бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду шаст соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то шаш моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду њафтод нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то панљоњ шабонарўз љазо дода мешавад.

    2. Њамин кирдор, ки аз беэњтиётї боиси расонидани зиёни вазнин ба саломатии инсон гардида бошад, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешавад.

    3. Кирдори дар ќисми якуми њамин модда пешбинишуда, ки аз беэњтиётї боиси марги инсон гардида бошад, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он љазо дода мешавад.

    4. Кирдори дар ќисми якуми њамин модда пешбинишуда, ки аз беэњтиётї боиси марги ду ё зиёда шахс гардида бошад, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз чор то њафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он љазо дода мешавад.
    Моддаи 219. Вайрон кардани ќоидањои бехатарї њангоми сохтмон, истифодабарї ва таъмири ќубури магистралї

    1. Вайрон кардани ќоидањои бехатарї њангоми сохтмон, истифода ё таъмири ќубури магистралї, агар ин кирдор аз беэњтиётї боиси расонидани зиёни миёна ба саломатии инсон гардида бошад, -

    бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду бист соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то панљ моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду бист нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то чил шабонарўз љазо дода мешавад.

    2. Њамин кирдор, ки аз беэњтиётї боиси расонидани зиёни вазнин ба саломатии инсон ва ё зарари калон гардида бошад, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешавад.

    3. Кирдори дар ќисми якуми њамин модда пешбинишуда, ки аз беэњтиётї боиси марги инсон гардида бошад, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он љазо дода мешавад.

    4. Кирдори дар ќисми якуми њамин модда пешбинишуда, ки аз беэњтиётї боиси марги ду ё зиёда шахс гардида бошад, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз чор то њафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он љазо дода мешавад.
    1   ...   18   19   20   21   22   23   24   25   ...   51


    написать администратору сайта