Главная страница
Навигация по странице:

  • Моддаи 199. Қочоқи ашёҳои муомилоти озодашон манъбуда ё ашёҳои гардишашон маҳдудшуда 1. Fайриќонунї тавассути


  • Моддаи 201. Ғайриқонунӣ сохтани силоҳ

  • Уголовный кодекс Таджикистана. Кодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї


    Скачать 0.67 Mb.
    НазваниеКодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї
    АнкорУголовный кодекс Таджикистана
    Дата27.07.2022
    Размер0.67 Mb.
    Формат файлаdocx
    Имя файла1604807476303297.docx
    ТипКодекс
    #636887
    страница20 из 51
    1   ...   16   17   18   19   20   21   22   23   ...   51
    1. Вайрон кардани ќоидањои нигоњдорї, истифодабарї, њисобот, гўронидан, интиќоли моддањои радиоактивї, партовњои радиоактивї ё маводи ядрої ва дигар ќоидањои муносбат бо онњо, агар ин метавонад боиси марги инсон ё дигар оќибатњои вазнин гардида бошад, -

    бо љарима ба андозаи то дусад нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то як сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешавад.

    2. Њамин кирдор, ки аз бењтиёти боиси марги инсон ё дигар оќибатњои вазнин гардида бошад, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он љазо дода мешавад.


    Моддаи 199. Қочоқи ашёҳои муомилоти озодашон манъбуда ё ашёҳои гардишашон маҳдудшуда

    1. Fайриќонунї тавассути Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани моддаҳои сахттаъсир, заҳролуд, заҳролудкунанда, радиоактивӣ, партовҳои радиоактивӣ ё маводи ядрої, маводи тарканда, аслиҳа, техникаи ҳарбӣ, воситаҳои таркиш, силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ, силоҳи ядрої, химиявӣ, биологӣ ё дигар намуди силоҳи қатли ом, мавод, таҷҳизот ё компонентњое, ки метавонанд барои сохтани силоҳи қатли ом истифода шаванд, -

    бо љарима ба андозаи то панљсаду чил нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то се сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо мусодираи молу мулк ё бидуни он бо мусодираи молу мулк ё бидуни он љазо дода мешавад.

    2. Ҳамин кирдорҳо, ки:

    1) якчандкарата;

    2) бо истифода аз маќоми хизматї;

    3) бо истифодаи зӯроварӣ нисбати шахси амаликунандаи назорати сарҳадӣ ё гумрукӣ;

    4) гурўҳи шахсон бо созиши пешакӣ содир шуда бошанд,-

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз се то њафт сол бо мусодираи молу мулк, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он љазо дода мешаванд.

    3. Кирдорҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешнибинишуда, ки аз ҷониби гурўҳи ҷиноятӣ содир шуда бошанд,-

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз њафт то дањ сол бо мусодираи молу мулк, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он љазо дода мешаванд.


    Моддаи 200. Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол ё гирифта гаштани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш

    1. Ғайриқонунӣ гирифта гаштан ё ба соҳибияти каси дигар додани силоҳи сард ба истиснои ҳолатҳое, ки гирифта гаштани силоҳи сард бо шароитњои касбї (шуѓл), хизматї ё маишї алоқаманд мебошанд, агар дар давоми то як соли пас аз татбиќи љазои маъмурї барои чунин њуќуќвайронкунињо содир шуда бошанд, -

    бо корњои њатмї ба муњлати то сад соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то чор моњ ва ё љарима ба андозаи то сад нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то чил шабонарўз бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то як сол ё бидуни он љазо дода мешаванд.

    2. Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол ё гирифта гаштани силоҳи оташфишони бемил, силоҳи газӣ бо имконияти парондан бо патронҳои ҷароҳатрасон, силоҳи рахпечи кутоњмили суфтамил, ҳамчунин патронҳои онҳо,-

    бо љарима ба андозаи то дусад нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то як сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат љазо дода мешавад.

    3. Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол ё гирифта гаштани силоҳи оташфишон (ба истиснои силоҳи суфтамили шикорӣ), лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш,-

    бо љарима ба андозаи то панљсаду чил нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то се сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат љазо дода мешавад.

    4. Кирдорҳои дар қисми сеюми ҳамин модда пешбинишуда, ки:

    1) якчандкарата;

    2) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо созиши пешакӣ содир шуда бошанд,-

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз се то шаш сол љазо дода мешаванд.

    5. Кирдорҳои дар қисмҳои сеюм ё чоруми ҳамин модда пешбинишуда аз ҷониби гурўҳи ҷиноятӣ содир шуда бошанд,-

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз панљ то њашт сол љазо дода мешаванд.

    Эзоҳ:

    1. Шахсе, ки ихтиёран ашёҳои дар ҳамин модда нишондодашударо супоридааст, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад, агар дар кирдорҳои ӯ таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад. Ихтиёран супоридан ҳисобида намешавад, агар ашёҳои дар ҳамин модда нишондодашуда ҳангоми дастгиркунии шахс, инчунин ҳангоми пешбурди ҳаракатҳои тафтишотӣ оид ба дарёфт ва гирифтан гирифта шуда бошанд.

    2. Мутобиќи ќисми сеюми њамин модда љавобгарии љиноятї барои кирдори мазкур бо тирњо он гоњ ба миён меояд, ки агар шумораи тирњо на кам аз дањ дона бошад ва агар ин кирдор дар давоми то як соли пас аз татбиќи љазои маъмурї барои чунин њуќуќвайронкунињо содир шуда бошанд.
    Моддаи 201. Ғайриқонунӣ сохтани силоҳ

    1. Ғайриқонунӣ сохтан ё таъмир кардани силоҳи оташфишон, қисмҳои комплектї (пуркунанда) ба он, ҳамчунин ғайриқонунӣ сохтани лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ё воситаҳои таркиш,-

    бо љарима ба андозаи то панљсаду чил нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то се сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат љазо дода мешавад.

    2. Ҳамин кирдорҳо, ки:

    1) якчандкарата;

    2) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо созиши пешакӣ содир шуда бошанд,-

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз се то шаш сол љазо дода мешаванд.

    3. Кирдорҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишуда аз ҷониби гурўҳи ҷиноятӣ содир шуда бошанд,-

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз панљ то њашт сол љазо дода мешаванд.

    4. Ғайриқонунӣ сохтани силоҳи газї, силоҳи сард, аз ҷумла силоњи њаводиҳанда, -

    бо корњои њатмї ба муњлати то сад соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то чор моњ ва ё љарима ба андозаи то сад нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то чил шабонарўз бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то як сол ё бидуни он љазо дода мешаванд.

    Эзоҳ: шахсе, ки ихтиёран ашёҳои дар ҳамин модда нишондодашударо супоридааст, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад, агар дар кирдорҳои ӯ таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад.
    1   ...   16   17   18   19   20   21   22   23   ...   51


    написать администратору сайта