Уголовный кодекс Таджикистана. Кодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї
Скачать 0.67 Mb.
|
Моддаи 169. Вайрон кардани хуќуќ ба озодии виљдон ва эътиќоди динї 1. Њаракатњои оммавие, ки дар беэњтиромии ошкоро нисбат ба љомеа ифода меёбанд ва бо маќсади тањќир кардани њиссиёти динии эътиќодмандон содир шуда бошанд, - бо ҷарима ба андозаи то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодї ба муњлати то як сол ҷазо дода мешаванд. 2. Њамин кирдорњо, ки дар љойњои махсус барои ба љо овардани маросимњои динї пешбинишуда содир шуда бошанд, - бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду панљоњ соат ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то як сол ва ё љарима ба андозаи то яксаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то чил шабонарўз љазо дода мешаванд. 3. Ѓайриќонунї монеъ шудан ба фаъолияти ташкилоти динї ё ба љо овардани маросимњои динї, - бо корњои ислоњї ба муњлати то шаш моњ ва ё љарима бо андозаи то яксаду њаштод нишондињанда барои њисобњо љазо дода мешавад. 4. Кирдорњои дар ќисми сеюми њамин модда пешбинишуда, ки: 1) бо истифода аз маќоми хизматї; 2) бо истифодаи зўроварї ё тањдиди истифодаи он содир шуда бошанд,- бо маҳдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба њамин муњлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он ҷазо дода мешаванд. ФАСЛИ VIII. ЊУЌУЌВАЙРОНКУНИЊОИ ЉИНОЯТЇ БА МУЌОБИЛИ АМНИЯТИ ЉАМЪИЯТЇ ВА ТАРТИБОТИ ЉАМЪИЯТЇ БОБИ 21. ЊУЌУЌВАЙРОНКУНИЊОИ ЉИНОЯТЇ БА МУЌОБИЛИ АМНИЯТИ ЉАМЪИЯТЇ ВА ТАРТИБОТИ ЉАМЪИЯТЇ Моддаи 170. Амали терроризм 1. Амали терроризм, яъне содир кардани таркиш, сўхтор ё дигар њаракатњое, ки хавфи марги одамон, расонидани зарари назарраси молумулкї ва ё фаро расидани дигар оқибатҳои ба ҷамъият хавфнокро ба миён меоранд, агар ин њаракатњо бо мақсади вайрон кардани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани ањолї, таъсир расонидан ба ќабули ќарорњо аз ҷониби мақомоти давлатии Љумњурии Тољикистон, давлати хориљї ё ташкилоти байналмилалї, иѓвои љанг ва ё мураккаб сохтани муносибатњои байналмилалї содир шуда бошанд, инчунин тањдиди содир кардани њаракатњои зикршуда бо ҳамин мақсадҳо,- бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз чор то њафт сол бо мусодираи молу мулк љазо дода мешавад. 2. Ҳамин кирдорњо, ки: 1) якчандкарата; 2) аз љониби гурўњи шахсон бо созиши пешакї; 3) бо истифодаи силоҳ ва ё ашёњое, ки ба сифати силоҳ истифода мешаванд, моддањои тарканда ё воситањои таркиш, ки метавонанд хавфи воќеиро барои њаёт ва саломатии одамон ба вуљуд оваранд, содир шуда бошанд,- бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз њафт то дањ сол бо мусодираи молу мулк љазо дода мешаванд. 3. Кирдорњои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар онњо: 1) алоќаманд бо истифода ё таҳдиди истифодаи силоҳи қатли ом, маводи радиоактивӣ ва содир кардан ё тањдиди содир кардани зањролудкунии оммавї, пањнкунии эпидемия ё эпизоотњо, инчунин дигар њаракатњое, ки метавонанд њалокати оммавии одамонро ба вуљуд оваранд; 2) аз љониби гурўњи љиноятї содир шуда бошанд; 3) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошанд,- бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз дањ то дувоздањ сол бо мусодираи молу мулк љазо дода мешаванд. 4. Таљовуз ба њаёти инсон, ки бо мақсади вайрон кардани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани ањолї, таъсир расонидан ба ќабули ќарорњо аз ҷониби мақомоти давлатии Љумњурии Тољикистон, давлати хориљї ё ташкилоти байналмилалї, иѓвои љанг ва ё мураккаб сохтани муносибатњои байналмилалї, њамчунин таљовуз ба њайти арбоби давлатї ё љамъиятї, ки бо њамон маќсадњо, инчунин бо маќсади ќатъ кардани фаъолияти давлатї ё дигари сиёсии ў ва ё ќассос барои чунин фаъолият ва ё таљовуз ба њаёти инсон, ки бо њуљум ба шахс ё ташкилоте, ки аз њимояи байналмилалї истифода менамояд, бино, иншоот, ѓасби гаравгон, бино, иншоот, воситањои иттилоот ва алоќа, ронда бурдан, њамчунин бо ѓасби киштии њавої ё обї, ќатораи роњи оњан ваё дигар наќлиёти љамъиятї алоќамандбуда содир шуда бошанд, - бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз дувоздањ то понздањ сол ва ё якумра мањрум сохтан аз озодї ва ё љазои ќатл бо мусодираи молу мулк љазо дода мешаванд. Эзоҳ: шахси дар тайёрии амали терроризм иштироккунанда аз љавобгарии љиноятї озод карда мешавад, агар ў бо сариваќт огоњ намудани мақомоти давлатї ё бо дигар тарз барои пешгирї кардани амали терроризм мусоидат карда бошад ва агар дар ҳаракатҳои ў дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад. Моддаи 171. Тарѓиб, даъвати оммавї барои содир кардан ё сафедкунии оммавии љиноятњои террористї 1. Тарѓиб, даъвати оммавї барои содир кардан ё сафедкунии оммавии љиноятњои террористї, инчунин тайёр, нигоњ доштан бо маќсади пањн кардан ё пањн кардани маводи дорои чунин мазмун, - бо љарима ба андозаи аз панљсаду чил то нуњсад нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз се то панљ сол бо мусодираи молу мулк љазо дода мешаванд. 2. Ҳамин кирдорҳо, агар аз љониби шахс бо истифода аз маќоми хизматї ва ё роњбари иттињодияи љамъиятї ва ё бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ё шабакањои телекоммуникатсионї ва ё гурўњи шахсон ё гурўњи шахсон бо созиши пешакї, аз љумла бо истифодаи воситањое, ки аз сарчашмањои хориљї гирифта шудаанд, содир шуда бошанд, - бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз панљ то њашт сол бо мусодираи молу мулк, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад. Моддаи 172. Ташкил ё роњбарї ба гурўњи террористї ё иштирок дар фаъолияти он 1. Ташкил кардани гурўњи террористї ё роњбарї ба он, - бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз њафт то дувоздањ сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад. 2. Иштирок дар фаъолияти гурўњи террористї, - бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз панљ то њафт сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад. 3. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, ки: 1) бо истифода аз маќоми хизматї; 2) аз љониби роњбари иттињодияи љамъиятї содир шуда бошанд,- бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз дувоздањ то понздањ сол бо мусодираи молу мулк, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад. Моддаи 173. Маблаѓгузории фаъолияти террористї ё экстремистї ва дигар ёрирасонї ба терроризм ва ё экстремизм 1. Пешнињод ё љамъ овардани маблаѓњои пулї ва (ё) дигар молу мулк, њуќуќ ба молу мулк ё фоидаи хусусияти молумулкї, инчунин туњфа, иваз, эњсонкорї, ёрии хайриявї, хизматрасонии иттилоотї ё дигар намуди хизматрасонї ва ё хизматрасонии молиявї ба шахси воќеї ва ё гурўњи шахсон ва ё шахси њуќуќї аз љониби шахсе, ки баръало хусусияти фаъолияти террористї ё экстремистии онњоро дарк менамуд ва ё пешнињоди молу мулк, хизматрасонии иттилоотї, молиявї ва дигар намуди хизматрасонї барои ба амал баровардани фаъолияти террористї ё экстремистї истифода карда мешаванд ва ё таъмини гурўњњои террористї ё экстремистї, ташкилоти террористї ё экстремистї, воњидњои мусалањи ѓайриќонунї содир шуда бошанд,- бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз се то њафт сол бо мусодираи молу мулк љазо дода мешаванд. 2. Њамин кирдор, ки: 1) якчандкарата; 2) бо истифода аз маќоми хизматї; 3) аз љониби шахсе, ки функсияи идоракуниро дар ташкилоти тиљоратї ё дигар ташкилот иљро мекунад ва ё роњбари иттињоди љамъиятї; 4) гурўњи шахсон бо созиши пешакї; 5) ба андозаи калон содир шуда бошанд, - бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз панљ то дањ сол бо мусодираи молу мулк, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад. Эзоњ: шахсе, ки маблаѓгузории фаъолияти террористї ё экстремистї ва дигар ёрирасонї ба терроризм ва ё экстремизм бо тањдиди зурї амалї кардааст ва ихтиёрона оид ба он хабар дода, инчунин дар ошкор ва пешгирии љиноят фаъолона мусоидат намудааст, аз љавобгарии љиноятї озод карда мешавад, агар дар њаракатњои ў таркиби љинояти дигар мављуд набошад. Моддаи 174. Љалбкунї ё тайёр намудан ва ё мусалањсозии шахс бо маќсади ташкили фаъолияти террористї ва ё экстремистї 1. Љалбкунї ё тайёр намудан ва ё мусалањсозии шахс бо маќсади ташкили фаъолияти террористї ва ё экстремистї, - бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз панљ то дањ сол бо мусодираи молу мулк љазо дода мешавад. 2. Њамин кирдор бо истифода аз маќоми хизматї ё нисбати ноболиѓ содир шуда бошад, - бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз њашт то дувоздањ сол бо мусодираи молу мулк, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад. Моддаи 175. Гузаштани тайёрии террористї ё экстремистї Гузаштани тайёрї аз љониби шахс, аз љумла берун аз њудуди Љумњурии Тољикистон, ки баръало барои таълимгиранда барои ба даст овардани малака ва мањорати содир кардани љиноятњои террористї ё экстремистї равона гардида бошад, - бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол љазо дода мешавад. Эзоњ: шахси љинояти дар њамин модда пешбинишударо содиркарда аз љавобгарии љиноятї озод карда мешавад, агар ў ихтиёран дар бораи гузаштани тайёрї хабар дода, барои ошкор кардани шахсони дигари чунин тайёриро гузашта, ташкилкарда ё маблаѓгузории чунин тайёриро амаликунанда мусоидат намуда, оид ба љойи гузаронидани тайёрї иттилоот пешнињод намояд ва агар дар њаракатњои ў таркиби љинояти дигар мављуд набошад. Моддаи 176. Ѓасби гаравгон 1. Fасб ё нигоҳ доштани шахс ба сифати гаравгон бо мақсади маҷбур намудани давлат, ташкилот ё шахсони дигар ба иҷрои ин ё он њаракат ё худдорӣ намудан аз иҷрои ин ё он ҳаракат ҳамчун шарти озод кардани гаравгон содир шуда бошанд, - бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз се то њафт сол љазо дода мешаванд. 2. Њамин кирдорњо, ки: 1) якчандкарата; 2) аз љониби гурўњи шахсон бо созиши пешакї; 3) бо истифодаи зўроварии барои њаёт ё саломатї хавфнок; 4) бо истифода аз силоњ ё ашёњое, ки ба сифати силоњ истифода мегарданд; 5) нисбати шахси баръало ноболиѓ; 6) нисбати зане, ки њомиладориаш барои гунањгор баръало аён аст; 7) нисбати шахсе, ки дар њолати ољизї баръало ќарор дорад; 8) нисбати ду ё зиёда шахс; 9) бо нияти ѓаразнок ё зархаридї содир шуда бошанд, - бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз њафт то дањ сол љазо дода мешаванд. 3. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, агар онњо: 1) аз беэњтиётї боиси марги инсон ё дигар оќибатњои вазнин гардида бошанд; 2) аз љониби гурўњи љиноятї содир шуда бошанд, - бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз нуњ то дувоздањ сол љазо дода мешаванд. Эзоњ: шахсе, ки гаравгонро ихтиёрї ё бо талаби ҳокимият озод кардааст, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад, агар дар ҳаракатњои ў таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад. Моддаи 177. Ташкил ва роњбарї ба гурўњи муташаккил, ташкилоти љиноятї, њамчунин иштирок дар онњо 1. Ташкили гурўњи муташаккил ё ташкилоти љиноятї, њамчунин роњбарї ба он ё воњиди сохтории ташкилоти љиноятї, - бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз панљ то дањ сол бо мусодираи молу мулк љазо дода мешаванд. 2. Иштирок дар гурўњи муташаккил ё ташкилоти љиноятї, - бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз се то хафт сол бо мусодираи молу мулк љазо дода мешавад. 3. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда бо истифода аз маќоми хизматї содир шуда бошанд, - бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз њафт то дувоздањ сол бо мусодираи молу мулк, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол љазо дода мешаванд. Эзоњ: дар моддањои 177,178, 179, 180 ва 183 Кодекси мазкур шахси иштирокашро дар гурўњи љиноятї ихтиёран ќатънамуда ва дар ошкор ё пешгирї намудани љиноятњои содиргардида ё содиршавандаи гурўњи љиноятї фаъолона мусоидат намудааст, аз љавобгарии љиноятї озод карда мешавад, агар дар њаракатњои ў таркиби љинояти дигар мављуд набошад. |