Главная страница
Навигация по странице:

  • Моддаи 179. Ташкил ва роњбарї намудан ба гурўњи муташаккили фаромиллї, ташкилоти љиноятии фаромиллї, њамчунин иштирок дар онњо

  • Моддаи 180. Ташкил ва роњбарї ба иттињоди љиноятии муташаккили фаромиллї, њамчунин иштирок дар он

  • Моддаи 181. Маблаѓгузории фаъолияти гурўњи љиноятї, њамчунин нигоњдорї, таќсимоти молу мулк, коркарди роњњои маблаѓгузорї

  • Моддаи 182. Ташкили во ҳ иди ҳ арбикунонидашудаи ғ


  • Моддаи 184.

  • Моддаи 185. Fайриќонунї ронда бурдан ё ѓасби кишт

  • Моддаи 186. Ро

  • Моддаи 187. Бетартиби

  • Моддаи 189. Содироти ѓайриќонунии технология, иттилооти илмї-техникї ё хизматрасонї, ки њангоми сохтани силоњи ќатли ом, аслиња ва техникаи њарбї истифода мешаванд

  • Моддаи 190. Риоя накардани ќоидањои бехатарї дар объектњои истифодаи энергияи атомї

  • Моддаи 191. Вайрон кардани ќоидањои бехатарї њангоми иљрои корњои куњї, сохтмон ё дигар корњо

  • Моддаи 192. Сохтмони бадсифат

  • Моддаи 193. Вайрон кардани ќоидањо ё талаботи меъёрњо дар соњаи фаъолияти меъморї, шањрсозї ва сохтмонї

  • Моддаи 194. Иљрои номатлуби корњои ташхисї ё хизматрасонии муњандисї

  • Моддаи 195. Вайрон кардани ќоидањои бехатарї дар объектњои хавфи таркишдошта

  • Моддаи 196. Муносибати ѓайриќонунї бо моддањои радиоактивї, партовњои радиоактивї, маводи ядрої

  • Моддаи 197. Тасарруфи моддањои радиоактивї, партовњои радиоактивї ва маводи ядрої

  • Моддаи 198. Вайрон кардани ќоидањои муносибат бо

  • Уголовный кодекс Таджикистана. Кодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї


    Скачать 0.67 Mb.
    НазваниеКодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї
    АнкорУголовный кодекс Таджикистана
    Дата27.07.2022
    Размер0.67 Mb.
    Формат файлаdocx
    Имя файла1604807476303297.docx
    ТипКодекс
    #636887
    страница19 из 51
    1   ...   15   16   17   18   19   20   21   22   ...   51

    Моддаи 178. Ташкил ва роњбарї намудан ба иттињоди љиноятї, њамчунин иштирок дар он

    1. Ташкил ва ё роњбарї намудан ба иттињоди љиноятї, њамчунин ташкили иттињоди роњбарон ё дигар аъзоёни гурўњњои муташаккил (ташкилоти љиноятї) ё њамоњангсозии амалњои љиноятии гурўњњои муташаккили (ташкилоти љиноятии) мустаќилона амалкунанда бо маќсади содир кардани як ё якчанд љиноятњо, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз дањ то дувоздањ сол бо мусодираи молу мулк љазо дода мешаванд.

    2. Иштироки роњбарони гурўњи муташаккил, ташкилоти љиноятї ё воњидњои сохтории ташкилоти љиноятї дар иттињоди љиноятї, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз њафт то дањ сол бо мусодираи молу мулк љазо дода мешавад.

    3. Иштирок дар љамъомади роњбарон, аъзоёни дигари гурўњи муташаккил, ташкилоти љиноятї бо маќсади њамоњангсозии амалњои љиноятї, аз љумла бо истифода аз воситањои алоќа, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз дањ то понздањ сол бо мусодираи молу мулк љазо дода мешавад.

    4. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда бо истифода аз маќоми хизматї содир шуда бошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз дањ то понздањ сол бо мусодираи молу мулк, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол љазо дода мешаванд.

    5. Кирдорњои дар ќисмњои якум, дуюм ё сеюми њамин модда пешбинишуда аз љониби шахси дар байни роњбарони гурўњњои муташаккил (ташкилотњои љиноятї) маќоми роњбариро ишѓолкунанда содир шуда бошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз дувоздањ то понздањ сол ва ё бо якумра мањрум сохтан аз озодї бо мусодираи молу мулк љазо дода мешаванд.
    Моддаи 179. Ташкил ва роњбарї намудан ба гурўњи муташаккили фаромиллї, ташкилоти љиноятии фаромиллї, њамчунин иштирок дар онњо

    1. Ташкили гурўњи муташаккили фаромиллї ё ташкилоти љиноятии фаромиллї, њамчунин роњбарї ба он ё воњиди сохтории ташкилоти љиноятии фаромиллї, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз дањ то сенздањ сол бо мусодираи молу мулк љазо дода мешаванд.

    2. Иштирок дар гурўњи муташаккили фаромиллї ё ташкилоти љиноятии фаромиллї, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз њашт то дањ сол бо мусодираи молу мулк љазо дода мешавад.

    3. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда бо истифода аз маќоми хизматї содир шуда бошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз дањ то понздањ сол бо мусодираи молу мулк, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол љазо дода мешаванд.
    Моддаи 180. Ташкил ва роњбарї ба иттињоди љиноятии муташаккили фаромиллї, њамчунин иштирок дар он

    1. Ташкили иттињоди љиноятии фаромиллї, њамчунин роњбарї ба он, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз дувоздањ то понздањ сол бо мусодираи молу мулк љазо дода мешаванд.

    2. Иштирок дар иттињоди љиноятии фаромиллї, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз нуњ то дувоздањ сол бо мусодираи молу мулк љазо дода мешавад.

    3. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, бо истифода аз маќоми хизматї содир шуда бошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз дувоздањ то понздањ сол бо мусодираи молу мулк, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол љазо дода мешаванд.
    Моддаи 181. Маблаѓгузории фаъолияти гурўњи љиноятї, њамчунин нигоњдорї, таќсимоти молу мулк, коркарди роњњои маблаѓгузорї

    1. Пешнињод ё љамъ намудани пул ва (ё) молу мулки дигар, њуќуќ ба молу мулк ё фоидањои дигари хусусияти молумулкї, инчунин туњфа, иваз, эњсонкорї, ёрии хайриявї, хизматрасонии иттилоотї ва дигар намуди хизматрасонї ва ё хизматрасонии молиявии шахси воќеї ва ё гурўњи шахсон ва ё шахси њуќуќї аз љониби шахсе, ки оид ба истифода шудани онњо барои таъмини гурўњи муташаккил, ташкилоти љиноятї, иттињоди љиноятї, гурўњи муташаккили фаромиллї, ташкилоти љиноятии фаромиллї, иттињоди љиноятии фаромиллї ё банда баръало огоњбуда содир шуда бошанд,-

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо мусодираи молу мулк љазо дода мешаванд.

    2. Нигоњдорї, таќсимоти молу мулк, инчунин коркарди роњњои маблаѓгузорї аз љониби иштирокчии гурўњи љиноятї содир шуда бошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз се то њафт сол бо мусодираи молу мулк љазо дода мешаванд.

    3. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, ки:

    1) бо истифода аз маќоми хизматї;

    2) аз љониби шахси иљрокунандаи вазифањои роњбарикунанда дар ташкилоти тиљоратї ё дигар ташкилот;

    3) роњбари иттињоди љамъиятї содир карда бошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз њафт то дањ сол бо мусодираи молу мулк, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол љазо дода мешаванд.

    Эзоњ: шахси маблаѓгузории фаъолияти гурўњи љиноятиро зери тањдиди истифодаи зўроварї амаликарда ва дар ин бора ихтиёран хабардода аз љавобгарии љиноятї озод карда мешавад, агар дар њаракатњои ў аломатњои таркиби љинояти дигар мављуд набошад.
    Моддаи 182. Ташкили воҳиди ҳарбикунонидашудаи ғайриқонунї

    1. Ташкили воҳиди ҳарбикунонидашудаи ғайриқонунї, њамчунин роњбарї ба чунин воњид, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол љазо дода мешаванд.

    2. Иштирок дар воҳиди ҳарбикунонидашудаи ғайриқонунї, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат ҷазо дода мешавад.

    Эзоњ: шахсе, ки иштирокашро дар воҳиди ҳарбикунонидашудаи ғайриқонунї ихтиёран ќатъ кардааст ва силоњу лавозимоти њарбиро супоридааст, аз љавобгарии љиноятї озод карда мешавад, агар дар њаракатњои ў таркиби љинояти дигар мављуд набошад.
    Моддаи 183. Бандитизм

    1. Ташкили гурўҳи (бандаи) устувори мусаллаҳ, њамчунин роњбарї ба чунин гурўњ (банда), -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз дањ то понздањ сол бо мусодираи молу мулк љазо дода мешаванд.

    2. Иштирок дар гурўҳи (бандаи) устувори мусаллаҳ ё дар ҳуҷумҳои содирмекардаи он, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз њафт то дањ сол бо мусодираи молу мулк љазо дода мешаванд.

    3. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда бо истифода аз мақоми хизматї содир шуда бошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз дувоздањ то понздањ сол бо мусодираи молу мулк, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол љазо дода мешаванд.


    Моддаи 184. Ҳуљум ба бино, иншоот, воситањои иттилоот ва алоќа ё ѓасби онњо

    1. Њуљум ба бино, иншоот, аз љумла ба шелфи континенталї, воситањои интиќолї ва алоќа, дигар коммуникатсияњо, њамчунин ѓасби онњо, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол љазо дода мешавад.

    2. Њамин кирдорњо, ки:

    1) якчандкарата;

    2) аз љониби гурўњи шахсон бо созиши пешакї;

    3) бо истифодаи зўроварии барои њаёт ё саломатї хавфнок;

    4) бо истифодаи силоњ ва ё ашёњое, ки ба сифати силоњ истифода мешаванд;

    5) бо нияти ѓаразнок ё бо кироя;

    6) ба бинои маќомоти давлатї ё муассисањои давлатї содир шуда бошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз панљ то дањ сол бо мусодираи молу мулк љазо дода мешаванд.

    3. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, ки:

    1) аз беэњтиётї боиси марги инсон ё дигар оќибатњои вазнин гардида бошанд;

    2) аз љониби гурўњи љиноятї содир шуда бошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз дањ то понздањ сол бо мусодираи молу мулк љазо дода мешаванд.


    Моддаи 185. Fайриќонунї ронда бурдан ё ѓасби киштии ҳавої ё обї ва ё қатораи роҳи оҳан

    1. Fайриќонунї ронда бурдани киштии ҳавої ё обї ва ё қатораи роҳи оҳан, њамчунин ғасби чунин киштӣ ё қатора бо маќсади ронда бурдан, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз се то њафт сол љазо дода мешаванд.

    2. Њамин кирдорњо, ки:

    1) якчандкарата;

    2) аз љониби гурўњи шахсон бо созиши пешакї;

    3) бо истифодаи зўроварии ба ҳаёт ё саломатї хавфнок ва ё бо таҳдиди истифодаи чунин зўроварӣ;

    4) бо истифодаи силоҳ ё ашёе, ки ба сифати силоҳ истифода мешавад, содир шуда бошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз шаш то нўњ сол бо мусодираи молу мулк љазо дода мешаванд.

    3. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, ки:

    1) аз беэњтиётї боиси марги инсон ё дигар оќибатњои вазнин гардида бошанд;

    2) аз љониби гурўњи љиноятї содир шуда бошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз нуњ то дувоздањ сол бо мусодираи молу мулк љазо дода мешаванд.
    Моддаи 186. Роҳзании обӣ

    1. Ҳуҷум ба киштии бањрї ё дарёї бо мақсади ба даст овардани молу мулки ғайр, ки бо истифодаи зўроварӣ ва ё таҳдиди истифодаи он содир шуда бошад, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз се то њафт сол бо мусодираи молу мулк љазо дода мешавад.

    2. Ҳамин кирдор, ки:

    1) якчандкарата;

    2) бо истифодаи силоҳ ё ашёњое, ки ба сифати силоҳ истифода мешаванд, содир шуда бошад, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз њафт то дањ сол бо мусодираи молу мулк љазо дода мешавад.

    3. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, агар онњо:

    1) аз љониби гурўњи љиноятї содир шуда бошанд;

    2) аз беэњтиётї боиси марги инсон ё дигар оќибатњои вазнин гардида бошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз дањ то дувоздањ сол бо мусодираи молу мулк љазо дода мешаванд.
    Моддаи 187. Бетартибиҳои оммавӣ

    1. Ташкили бетартибиҳои оммавӣ, ки бо зўроварї, торумор, оташзанї, харобкорї, нобуд кардани молу мулк, истифодаи силоҳи оташфишон, моддаҳои тарканда ё воситаҳои таркиш, инчунин нишон додани муқобилияти мусаллањона ба намояндаи ҳокимият, аз љумла бо истифодаи воситањои аз сарчашмањои хориљї гирифташуда алоқаманд мебошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз се то њафт сол љазо дода мешавад.

    2. Иштирок дар бетартибињои оммавии бо ќисми якуми њамин модда пешбинишуда, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол љазо дода мешавад.

    3. Даъват ҷиҳати фаъолона итоат накардан ба талаботи қонунии намояндагони ҳокимият ва ба бетартибиҳои оммавӣ ва ё иѓвои бетартибињои оммавї, њамчунин даъват ба зўроварӣ нисбат ба шаҳрвандон, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат љазо дода мешаванд.
    Моддаи 188. Хабари баръало бардурўѓ додан оид ба амали терроризм

    Хабари баръало бардурўѓ додан оид ба амали терроризми тайёршаванда, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат љазо дода мешавад.
    Моддаи 189. Содироти ѓайриќонунии технология, иттилооти илмї-техникї ё хизматрасонї, ки њангоми сохтани силоњи ќатли ом, аслиња ва техникаи њарбї истифода мешаванд

    Содироти ѓайриќонунии технология, иттилооти илмї-техникї ё хизматрасонї, ки њангоми сохтани силоњи ќатли ом, воситањои дастраскунии он, аслиња ва техникаи њарбї истифода бурда мешаванд ва нисбати онњо назоратбарии махсуси содиротї муќаррар шуда бошад,-

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он љазо дода мешавад.
    Моддаи 190. Риоя накардани ќоидањои бехатарї дар объектњои истифодаи энергияи атомї

    1. Риоя накардани ќоидањои бехатарї њангоми љойгиркунї, лоињакашї, сохтмон, ба истифода додан, истифодабарї, таъмир, аз истифода баровардани объектњои истифодаи энергияи атомї, њамчунин њангоми муносибат бо маводи атомї, моддањои радиоактивї, партовњои радиоактивї ё сарчашмањои афканишоти ионї, агар ин кирдор аз беэњтиётї боиси расонидани зиёни миёна ба саломатии инсон гардида бошад,-

    бо корњои њатмї ба муњлати то њаштод соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то чор моњ ва ё љарима ба андозаи то њаштод нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то сї шабонарўз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешавад.

    2. Њамин кирдор, ки аз беэњтиётї боиси расонидани зиёни вазнин ба саломатии инсон гардида бошад,-

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он љазо дода мешавад.

    3. Кирдорњои дар ќисми якуми њамин модда пешбинишуда, ки аз беэњтиётї боиси ба марг расонидани инсон ё зањролудшавии радиоактивии муњити атроф ё дигар оќибатњои вазнин гардида бошанд,-

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он љазо дода мешавад.
    Моддаи 191. Вайрон кардани ќоидањои бехатарї њангоми иљрои корњои куњї, сохтмон ё дигар корњо

    1. Вайрон кардани ќоидањои бехатарї њангоми иљрои корњои куњї, сохтмон ва дигар корњо, агар ин аз беэњтиётї боиси расонидани зиёни вазнин ё миёна ба саломатии инсон гардида бошад, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешавад.

    2. Њамин кирдор, ки аз беэњтиётї боиси марги инсон ё дигар оқибатњои вазнин гардида бошад, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он љазо дода мешавад.

    3. Кирдори дар ќисми якуми њамин модда пешбинишуда, ки аз беэњтиётї боиси марги ду ё зиёда шахс гардида бошад,-

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз се то њашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он љазо дода мешавад.
    Моддаи 192. Сохтмони бадсифат

    1. Супоридан ва (ё) барои истифода ќабули биноњо, иншоот, роњњои автомобилгард, наќбњо, неругоњњои барќї, хонањои истиќоматї ё дигар объектњои бадсифат сохташуда, сохтмонашон нотамом ё ба шартњои шартнома ва талаботи њуљљатњои лоињавї мутобиќнабуда, њамчунин таъмири бесифати онњо аз љониби роњбарони ташкилоти сохтмонї, иљрокунандагони корњо ва шахсони мансабдори сифати сохтмонро назоратбаранда, агар ин аз беэњтиётї боиси расонидани зиёни вазнин ё миёна ба инсон гардида бошад,-

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешавад.

    2. Њамин кирдорњо, ки аз беэњтиётї боиси марги инсон ё дигар оќибатњои вазнин гардида бошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он љазо дода мешавад.

    3. Кирдорњои дар ќисми якуми њамин модда пешнибишуда, ки аз беэњтиётї боиси марги ду ё зиёда шахс гардида бошанд,-

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз се то њашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он љазо дода мешаванд.
    Моддаи 193. Вайрон кардани ќоидањо ё талаботи меъёрњо дар соњаи фаъолияти меъморї, шањрсозї ва сохтмонї

    1. Вайрон кардани ќоидањо ё талаботи меъёрњо дар соњаи фаъолияти меъморї, шањрсозї ва сохтмонї, ки аз беэњтиётї боиси марги инсон ё дигар оќибатњои вазнин гардида бошад, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он љазо дода мешавад.

    2. Кирдори дар ќисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, ки аз беэњтиётї боиси марги ду ё зиёда шахс гардида бошад, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз се то њашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он љазо дода мешавад.
    Моддаи 194. Иљрои номатлуби корњои ташхисї ё хизматрасонии муњандисї

    1. Иљрои номатлуби корњои ташхисї ё хизматрасонии муњандисї, ки аз беэњтиётї боиси марги инсон ё дигар оќибатњои вазнин гардида бошад, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он љазо дода мешавад.

    2. Кирдори дар ќисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, ки аз беэњтиётї боиси марги ду ё зиёда шахс гардида бошад, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз се то њашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он љазо дода мешавад.
    Моддаи 195. Вайрон кардани ќоидањои бехатарї дар объектњои хавфи таркишдошта

    1. Вайрон кардани ќоидањои бехатарї дар объектњо ё сехњое, ки хавфи таркиш доранд, агар ин аз беэњтиётї боиси расонидани зиёни вазнин ё миёна ба саломатии инсон гардида бошад, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешавад.

    2. Њамин кирдор, ки аз беэњтиётї боиси марги инсон ё дигар оќибатњои вазнин гардида бошад, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он љазо дода мешавад.

    3. Кирдори дар ќисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, ки аз беэњтиётї боиси ба марг расонидани ду ё зиёда шахс гардида бошад, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз се то њашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он љазо дода мешавад.


    Моддаи 196. Муносибати ѓайриќонунї бо моддањои радиоактивї, партовњои радиоактивї, маводи ядрої

    1. Ѓайриќонунї ба даст овардан, нигоњ доштан, интиќол додан, истифодабарї, супоридан, коркард, вайронкунї, пошдињї ё гўронидани моддањои радиоактивї, партовњои радиоактивї ё маводи ядрої, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо мусодираи молу мулк ё бидуни он, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешавад.

    2. Ѓайриќонунї ба соњибияти шахси дигар додани моддањои радиоактивї, партовњои радиоактивї ва маводи ядрої, њамчунин ѓайриќонунї ба даст овардан, нигоњ доштан, интиќол додани моддањои радиоактивї, партовњои радиоактивї ва маводи ядрої бо маќсади ба соњибияти шахси дигар додан, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он љазо дода мешаванд.

    3. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, ки:

    1) аз љониби гурўњи љиноятї содир шуда бошанд;

    2) аз беэњтиётї боиси марги инсон ва ё дигар оќибатњои вазнин гардида бошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз се то њашт сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он љазо дода мешаванд.
    Моддаи 197. Тасарруфи моддањои радиоактивї, партовњои радиоактивї ва маводи ядрої

    1. Тасарруфи моддањои радиоактивї, партовњои радиоактивї ва маводи ядрої, -

    бо љарима ба андозаи то панљсаду чил нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то се сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат љазо дода мешавад.

    2. Њамин кирдор, ки:

    1) якчандкарата;

    2) аз љониби гурўњи шахсон бо созиши пешакї;

    3) бо истифода аз маќоми хизматї;

    4) бо истифодаи зўроварии барои њаёт ва саломатї хавфнок набуда ва ё бо тањдиди истифодаи чунин зўроварї содир шуда бошад, -

    бо маҳрум сохтан аз озодї ба муҳлати аз се то шаш сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он љазо дода мешавад.

    3. Кирдорњои дар ќисмњои якум ва дуюми њамин модда пешбинишуда, ки:

    1) бо истифодаи зўроварии барои њаёт ва саломатї хавфнок ва ё тањдиди истифодаи чунин зўроварї;

    2) аз љониби гурўњи љиноятї содир шуда бошанд,-

    бо маҳрум сохтан аз озодї ба муҳлати аз шаш то нуњ сол бо мусодираи молу мулк, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он љазо дода мешаванд.


    Моддаи 198. Вайрон кардани ќоидањои муносибат бо моддањои радиоактивї, партовњои радиоактивї ва маводи ядрої
    1   ...   15   16   17   18   19   20   21   22   ...   51


    написать администратору сайта