Уголовный кодекс Таджикистана. Кодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї
Скачать 0.67 Mb.
|
Моддаи 202. Бепарвоёна нигоҳ доштани силоҳ Бепарвоёна нигоњ доштани силоњи оташфишон, ки истифодаи онро барои дигар шахсон шароит фароњам овардааст, агар он аз беэњтиётї боиси марги инсон ё дигар оќибатњои вазнин гардида бошад,- бо корњои њатмї ба муњлати то сад соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то чор моњ ва ё љарима ба андозаи то сад нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то чил шабонарўз бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то як сол ё бидуни он љазо дода мешаванд. Моддаи 203. Иҷрои номатлуби вазифањо оид ба ҳифзи силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ё воситаҳои таркиш 1. Иҷрои номатлуби вазифањои худ аз ҷониби шахсе, ки ба зиммааш ҳифзи силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ё воситаҳои таркиш вогузор шудааст, агар он боиси тасарруф ё нобуд шудани онҳо ва ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад, - бо љарима ба андозаи то панљсаду чил нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то се сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешавад. 2. Иҷрои номатлуби вазифањо оид ба ҳифзи силоҳи ќатли ом ва ё мавод ё таҷҳизоте, ки ҳангоми сохтани силоҳи қатли ом истифода шуданашон мумкин аст, агар ин боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад ва ё хавфи фаро расидани онњоро ба вуљуд оварда бошад, - бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он љазо дода мешаванд. Моддаи 204. Тасарруфи силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ё воситаҳои таркиш 1. Тасарруфи силоҳи оташфишон, љузъиёти комплектї ба он, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ё воситаҳои таркиш, - бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол љазо дода мешавад. 2. Тасарруфи силоҳи қатли ом, ҳамчунин мавод ё таҷҳизотҳое, ки ҳангоми сохтани силоҳи қатли ом истифода шуданашон мумкин аст, - бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз чор то ҳафт сол ҷазо дода мешавад. 3. Кирдорњои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишуда, агар онњо: 1) якчандкарата; 2) бо истифода аз маќоми хизматї; 3) бо истифодаи зўроварӣ, ки барои ҳаёт ва ё саломатӣ хавфнок нест ё бо таҳдиди истифодаи чунин зўроварӣ; 4) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо созиши пешакӣ содир шуда бошанд, - бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз шаш то нуњ сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он љазо дода мешаванд. 4. Кирдорњои дар қисмҳои якум, дуюм ё сеюми ҳамин модда пешбинишуда, агар онњо: 1) аз ҷониби гурўҳи љиноятї; 2) бо истифодаи зўроварӣ, ки барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок аст ва ё бо таҳдиди истифодаи чунин зўроварӣ содир шуда бошанд, - бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз нуњ то дувоздањ сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то чор сол ё бидуни он љазо дода мешаванд. Моддаи 205. Вайрон кардани талаботи бехатарии сўхтор 1. Вайрон кардани талаботи бехатарии сўхтор аз ҷониби шахсе, ки барои риояи онњо масъул мебошад, агар он аз беэњтиётї боиси расонидани зиёни вазнин ё миёна ба саломатии инсон ё зарари калон ба шањрванд, ташкилот ё давлат гардида бошад, - бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешавад. 2. Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оќибатњои вазнин гардида бошад, - бо мањрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панљ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он љазо дода мешавад. 3. Кирдори дар ќисми якуми њамин модда пешбинишуда, ки боиси марги ду ё зиёда шахс гардида бошад, - бо мањрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панљ то њашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он љазо дода мешавад. Моддаи 206. Авбошӣ 1. Авбошӣ, яъне дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, ки баръало дар беэњтиромї нисбат ба љамъият зоњир мегардад ва бо истифодаи зўроварї ба шаҳрвандон, њамчунин нобуд ё вайрон кардани молу мулки ғайр алоқаманд мебошад, - бо корњои њатмї ба муњлати то сесад соат ва ё љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат љазо дода мешавад. 2. Ҳамин кирдор, ки: 1) якчандкарата; 2) аз љониби гурўњи шахсон, гурўҳи шахсон бо созиши пешакӣ; 3) бо нишон додани муқобилият ба намояндаи ҳокимият ва ё дигар шахсе, ки вазифаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро иљро мекунад ё ба вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ монеъ шудааст; 4) дар киштии њавої, дарёї, бањрї, наќлиёти роњи оњан содир шуда бошад, - бо љарима ба андозаи то њафтсаду бист нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то чор сол љазо дода мешавад. 3. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, ки: 1) аз љониби гурўњи љиноятї; 2) бо истифода ё кўшиши истифодаи силоњи оташфишон, газї, корд, кастет ё дигар силоњи сард ва ё дигар ашёњое, ки барои зарар расонидан ба саломатї махсус мувофиќ карда шудаанд, содир шуда бошанд, - бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз се то шаш сол љазо дода мешавад. Моддаи 207. Вандализм Вандализм, яъне касиф намудани бино, дигар иншоот, ёдгорињои таърихї ё фарњангї, объектњои табиии аз тарафи давлат њифзшаванда бо навиштаљот ё расмњо ё дигар њаракатњои ахлоќи љомеаро тањќиркунанда, њамчунин ќасдан хароб кардани молу мулк дар наќлиёт ё дар дигар љойњои љамъиятї, агар дар давоми то як соли пас аз татбиќи љазои маъмурї барои чунин њуќуќвайронкунињо содир шуда бошанд, - бо корњои њатмї ба муњлати то сад соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то чор моњ ва ё љарима ба андозаи то сад нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то чил шабонарўз љазо дода мешаванд. Моддаи 208. Ѓайриќонунї гузаронидани корњои бостоншиносї (археологї) 1. Ѓайриќонунї гузаронидани корњои бостоншиносї (археологї) дар иншоотњои мероси таърихї-фарњангї, - бо љарима ба андозаи то дусад нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то як сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешавад. 2. Њамин кирдор, ки: 1) якчандкарата; 2) аз тарафи гурўњи шахсон бо созиши пешакї; 3) бо истифода аз маќоми хизматї; 4) бо истифодаи воситањои махсуси техникии кофтуков (детектори метал, радарњо, асбобњои магнитї, дигар воситањои техникие, ки имкони муайян кардани љойи мављуд будани ашёњои археологиро дорад) ё мошинњои заминкобї содир шуда бошанд,- бо љарима ба андозаи то панљсаду чил нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то се сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он љазо дода мешавад. БОБИ 22. ЊУЌУЌВАЙРОНКУНИЊОИ ЉИНОЯТИИ НАЌЛИЁТЇ Моддаи 209. Вайрон кардани ќоидањои бехатарии њаракат ва истифодаи наќлиёти роњи оњан, њавої ё обї 1. Вайрон кардани ќоидањои бехатарии њаракат ё истифодаи наќлиёти роњи оњан, њавої ё обї аз љониби шахсе, ки вобаста ба корњои иљронамуда ё вазифањои ишѓолнамудааш уњдадор шудааст ин ќоидањоро риоя кунад, агар ин кирдор аз беэњтиётї ба саломатии инсон зиёни вазнин ё миёна расонида бошад ва ё боиси зарар ба миќдори калон гардида бошад, - бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешавад. 2. Њамин кирдор, ки аз беэњтиётї боиси марги инсон гардида бошад, - бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он љазо дода мешавад. 3. Кирдори дар ќисми якуми њамин модда пешбинишуда, ки аз беэњтиётї боиси марги ду ё зиёда шахс гардида бошад,- бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз чор то њафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он љазо дода мешаванд. |