Главная страница
Навигация по странице:

  • Моддаи 221. Аз беэњтиётї

  • Моддаи 222.

  • Моддаи 223. Додани и

  • Моддаи 224. Вайрон кардани ќоидањои парвозњои

  • ФАСЛИ IX.

  • ЊУЌУЌВАЙРОНКУНИЊОИ ЉИНОЯТЇ БА МУЌОБИЛИ САЛОМАТИИ АЊОЛЇ ВА АХЛОЌ Моддаи 225. Муносибати ѓ айри ќ

  • Моддаи 226. Муносибати ѓ айри ќ онун ї бо

  • Уголовный кодекс Таджикистана. Кодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї


    Скачать 0.67 Mb.
    НазваниеКодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї
    АнкорУголовный кодекс Таджикистана
    Дата27.07.2022
    Размер0.67 Mb.
    Формат файлаdocx
    Имя файла1604807476303297.docx
    ТипКодекс
    #636887
    страница23 из 51
    1   ...   19   20   21   22   23   24   25   26   ...   51

    Моддаи 220. Ќасдан вайрон ё хароб кардани ќубурњои интиќолдињанда

    1. Ќасдан вайрон ё хароб кардани ќубурњои интиќолдињанда, аз љумла ќубурњои нафт ва газ интиќолдињанда, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат љазо дода мешавад.

    2. Њамин кирдор, ки:

    1. якчандкарата;

    2. аз ҷониби гурўҳи шахсон бо созиши пешакї содир шуда бошад;

    3. аз беэњтиётї боиси расонидани зиёни вазнин ё миёна ба саломатии инсон гардида бошад;

    4. бо расонидани зарари калон содир шуда бошад, -

    бо љарима ба андозаи то панљсаду чил нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то се сол љазо дода мешавад.

    3. Кирдорњои дар ќисми якуми њамин модда пешбинишуда, ки боиси:

    1. ифлосшавии муњити зист;

    2. расонидани зарари махсусан калон;

    3. аз љониби гурўњи љиноятї содир шуда бошад;

    4. аз беэњтиётї боиси марги инсон гардида бошад, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол љазо дода мешавад.

     

    Моддаи 221. Аз беэњтиётї вайрон ё хароб кардани ќубурњои интиќолї

    1. Вайрон ё хароб кардани ќубурњои интиќолдињанда, аз љумла нафт ва газ интиќолдињанда, ки аз беэњтиётї содиршуда ва боиси халалдор гардидани низоми муќарраргардидаи истифодабарї ва ё ба вуљуд овардани тањдиди воќеии расонидани зиён ба саломатии одамон ё муњити зист гардида бошад, -

    бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду бист соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то панљ моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду бист нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то чил шабонарўз љазо дода мешавад.

    1. Њамин кирдор, ки боиси:

    1. аз беэҳтиётї расонидани зиёни вазнин ё миёна ба саломатї инсон;

    2. ифлосшавии муњити зист;

    3. расонидани зарари калон;

    4. аз беэњтиётї боиси марги инсон гардида бошад, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат љазо дода мешавад.
    Моддаи 222. Идора кардани киштии њавої ё обї аз љониби шахси дар њолати мастї ќарордошта, додани идоракунї ба чунин шахс ё додани иљозати идоракунии киштии њавої ё обї ба ў

    1. Идора кардани киштии њавої ё обї аз љониби шахсе, ки дар њолати мастї ќарор дорад ё ин ки додани идоракунии киштї ба шахсе, ки дар њолати мастї ќарор дорад, њамчунин аз љониби шахси мансабдор ё соњибмулк ё шахси њуќуќи соњибї кардани ин киштиро дошта додани иљозати идоракунии киштї ба шахсе, ки дар њолати мастї ќарор дорад,-

    бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду шаст соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то шаш моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду њафтод нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то панљоњ шабонарўз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол љазо дода мешаванд.

    2. Њамин кирдорњо, ки боиси аз беэњтиётї расонидани зиёни миёна ба саломатии инсон гардида бошанд, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол љазо дода мешаванд.

    3. Кирдорњои дар ќисми якуми њамин модда пешбинишуда, ки боиси аз беэњтиётї расонидани зиёни вазнин ба саломатии инсон гардида бошанд, -

         бо љарима ба андозаи то панљсаду чил нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то се сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол љазо дода мешаванд.

    4. Кирдорњои дар ќисми якуми њамин модда пешбинишуда, ки аз беэњтиётї боиси марги инсон гардида бошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то чор сол љазо дода мешаванд.

    5. Кирдорњои дар ќисми якуми њамин модда пешбинишуда, ки аз беэњтиётї боиси марги ду ё зиёда шахс гардида бошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз чор то њафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол љазо дода мешаванд.

    Моддаи 223. Додани иљозат барои идоракунии киштии њавої ё обї ба шахсе, ки њуќуќи идора кардани онро надорад

    1. Додани иљозат аз љониби шахси мансабдор ва ё соњибмулк ё шахсе, ки њуќуќи соњибї кардани киштии њавої ё обиро дорад, барои идоракунии ин киштї роњ додани шахсе, ки ба идоракунии чунин киштї њуќуќ надорад, агар ин кирдор аз беэњтиётї боиси расонидани зиёни миёна ба саломатии инсон гардида бошад, -

    бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду шаст соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то шаш моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду њафтод нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то панљоњ шабонарўз љазо дода мешавад.

    2. Њамин кирдор, ки аз беэњтиётї боиси расонидани зиёни вазнин ба саломатии инсон гардида бошад, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешавад.

    3. Кирдори дар ќисми якуми њамин модда пешбинишуда, ки аз беэњтиётї боиси марги инсон гардида бошад, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он љазо дода мешавад.

    4. Кирдори дар ќисми якуми њамин модда пешбинишуда, ки аз беэњтиётї боиси марги ду ё зиёда шахс гардида бошад, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз чор то њафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он љазо дода мешавад.

     

    Моддаи 224. Вайрон кардани ќоидањои парвозњои байналмилалї

    1. Риоя накардани иљозати дар хатсайри парвоз нишондодашуда, љойњои фуруд, дарвозањои њавої, баландии парвоз ё вайрон кардани дигар ќоидањои парвозњои байналмилалї, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешавад.

    2. Њамин кирдор, ки боиси марги инсон ё дигар оќибатњои вазнин гардида бошад, -

         бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз чор то њафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он љазо дода мешавад.
    ФАСЛИ IX. ЊУЌУЌВАЙРОНКУНИЊОИ ЉИНОЯТЇ БА МУЌОБИЛИ САЛОМАТИИ АЊОЛЇ ВА АХЛОЌ.

    ЊУЌУЌВАЙРОНКУНИЊОИ ЉИНОЯТИИ ТИББЇ
    БОБИ 23. ЊУЌУЌВАЙРОНКУНИЊОИ ЉИНОЯТЇ БА МУЌОБИЛИ САЛОМАТИИ АЊОЛЇ ВА АХЛОЌ
    Моддаи 225. Муносибати ѓайриќонунї бо воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё аналогњои онњо ё растанињои воситањои нашъадор ё моддањои психотропидошта бе маќсади ба соњибияти каси дигар додан

    1. Ғайриқонунӣ соњиб шудан, нигоњ доштан, интиќол додан, истењсол кардан, коркард бе маќсади ба соњибияти каси дигар додани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё аналогњои онњо ба миќдори назаррас, инчунин ѓайриќонунї соњиб шудан, нигоњ доштан, интиќол додан бе маќсади ба соњибияти каси дигар додани растанињое, ки дорои воситањои нашъадор ё моддањои психотропї мебошанд ва ё ќисмњои онњо, ки дорои воситањои нашъадор ё моддањои психотропї мебошанд, ба миќдори назаррас, -

    бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду шаст соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то панљ моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то чил шабонарўз љазо дода мешаванд.

    2. Њамин кирдорњо, ки ба миќдори калон содир шуда бошанд, -

    бо корњои њатмї то чорсад соат ва ё љарима ба андозаи то панљсаду чил нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то се сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат љазо дода мешаванд.

    3. Њамин кирдорњо, ки ба миќдори махсусан калон содир шуда бошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз се то шаш сол љазо дода мешаванд.

    Эзоњ:

    1. Шахси њуќуќвайронкунии љиноятии пешбининамудаи њамин моддаро содиркарда ихтиёран воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё аналогњои онњо, растаниҳои дорои воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ва ё қисмҳои онњо, ки дорои воситањои нашъадор ё моддаҳои психотропиро супорида ва фаъолона дар кушодан ё пешгирї кардани њуќуќвайронкунињои ҷиноятї, ки ба муомилоти ѓайриќонунии воситањо, моддањо ё аналогњои зикршудаи онњо, инчунин бо ѓайриќонунї соњиб шудан, нигоњ доштан, интиќол додани чунин растанињо ва ё ќисмњои онњо, ки дорои воситањои нашъадор ё моддањои психотропї алоќамандї доранд, фош кардани шахсоне, ки онҳоро содир кардаанд, ошкор намудани молу мулки бо роњи љиноят ба дастоварда мусоидат намудаанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ барои њуќуќвайронкунии ҷиноятии мазкур озод карда мешавад. Ихтиёран супоридани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё аналогњои онњо, растаниҳои дорои воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ва ё қисмҳои онњо, ки дорои воситањои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ мебошанд, гирифтани воситањои зикршуда, моддањо ё аналогњои онњо, чунин растаниҳо ё қисмҳои онҳо, ки дорои воситањои нашъадор ё моддањои психотропї мебошанд, эътироф карда намешавад, ҳангоми дастгир кардани шахс ва њангоми пешбурди амалњои тафтишї оид ба дарёфт ва гирифтани воситаҳои зикршуда, моддањо ё аналогњои онҳо, чунин растанињо ё қисмҳои онҳо, ки дорои воситањои нашъаовар ё моддаҳои психотропӣ мебошанд, гирифта шуда бошанд.

    2. Миќдори назаррас, калон ва махсусан калони воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, инчунин миќдори назаррас, калон ва махсусан калон барои растанињое, ки дорои воситањои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ мебошанд, барои маќсадњои њамин модда, моддањои 226, 230 ва 231 Кодекси мазкур аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон тасдиќ карда мешаванд.

    3. Миќдори назаррас, калон ва махсусан калони аналогҳои воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ба миќдори назаррас, калон ва махсусан калони аналогњои воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ мувофиќанд.


    Моддаи 226. Муносибати ѓайриќонунї бо восита
    1   ...   19   20   21   22   23   24   25   26   ...   51


    написать администратору сайта