Главная страница
Навигация по странице:

  • Моддаи 300. Истифодаи ғайриқонунии тамғаи молӣ ва там

  • Моддаи 302. Вайрон кардани тартиби баровардани ќоѓазњои ќиматнок (эмиссия)

  • Моддаи 303. Пешнињод накардани иттилоот ва ё пешнињоди маълумоти баръало бардурўѓ аз љониби шахси мансабдори эмитенти ќоѓазњои ќиматнок

  • Моддаи 304. Ба фењристи дорандагони ќоѓазњои ќимматнок ворид намудани маълумоти баръало бардурўѓ

  • Моддаи 305. Вайрон кардани ќоидањои гузаронидани амалиёт бо

  • Моддаи 306. Ќаллобї дар бозори ќоѓазњои ќимматнок

  • Моддаи 307. Тайёр кардан, нигоњ доштан, интиќол ё ба муомилот баровардани пул ё ќоѓазњои ќимматноки ќалбакї

  • Моддаи 308. Тайёр кардан ё ба муомилот баровардани кортњои пардохтї ва дигар њуљљатњои пардохтию њисоббаробаркунии ќалбакї

  • Моддаи 309. Ањди ѓайриќонунї бо металлњои ќимматбањо, сангњои ќимматбањои табиї ё марворид

  • Моддаи 310. Вайрон кардани ќоидањои ба давлат супоридани металњои ќимматбањо ва сангњои ќимматбањо

  • Моддаи 311. Ањди ѓайриќонунї бо асъори хориљї

  • Моддаи 313. Ќочоќи иќтисодї

  • Моддаи 314. Иљро накардани талабот оид ба баргардонидани пули миллї ва (ё) асъори хориљї

  • Моддаи 315. Саркашї кардан аз супоридани пардохтњои гумрукї

  • Моддаи 316. Њаракатњои ѓайриќонунї њангоми муфлисшавї

  • Моддаи 317. Муфлисшавии сохта ва барќасд

  • Моддаи 318.

  • Моддаи 319.

  • Моддаи

  • Уголовный кодекс Таджикистана. Кодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї


    Скачать 0.67 Mb.
    НазваниеКодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї
    АнкорУголовный кодекс Таджикистана
    Дата27.07.2022
    Размер0.67 Mb.
    Формат файлаdocx
    Имя файла1604807476303297.docx
    ТипКодекс
    #636887
    страница31 из 51
    1   ...   27   28   29   30   31   32   33   34   ...   51

    Моддаи 299. Фаъолияти инҳисорӣ ё раќобати бевиљдонона

    1. Фаъолияти инҳисорӣ, ки бо роњи муќаррар намудани нархњои баланд ё пасти инњисорї содир шудаанд, њамчунин муќаррар намудани раќобати бевиљдонона бо роњи таќсим кардани бозор, мањдуд кардани дохилшавї ба бозор, аз он танг карда баровардани дигар субъектњои фаъолияти иќтисодї, муќаррар намудан ё нигоњ доштани нархи ягона, ҳамчунин содир намудани кирдорҳои дигари ба маҳдудкунии рақобат равонашуда, агар онњо ба шаҳрванд, ташкилот ё давлат зарари калон расонида бошанд ва ё бо ба даст овардани даромад аз тарафи субъекти бозор ба андозаи калон алоқаманд бошанд, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё корњои ислоњї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат љазо дода мешаванд.

    2. Њамин кирдорњо, ки:

    1) якчандкарата;

    2) аз љониби гурўњи шахсон бо созиши пешакї;

    3) бо истифода аз маќоми хизматї содир шуда бошанд, -

    бо љарима ба андозаи аз сесаду шаст то њафтсаду сї нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то чор сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он, бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он љазо дода мешаванд.

    3. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, ки:

    1) бо истифодаи зўроварї ё тањдиди истифодаи он;

    2) бо нобуд ё вайрон кардани молу мулки ѓайр ва ё тањдиди нобуд ё вайрон кардани он бидуни аломатњои тамаъљўї;

    3) аз ҷониби гурўҳи ҷиноятӣ содир шуда бошанд, -

    бо љарима ба андозаи аз њафтсаду сї то як њазору дусаду панљоњ нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз панљ то њафт сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он, бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он љазо дода мешаванд.

    Эзоњ: шахсе, ки бори аввал кирдори дар ќисми якуми њамин модда пешбинишударо содир кардааст, њангоми зарарро ихтиёран талофї намудан аз љавобгарии љиноятї озод карда мешавад.
    Моддаи 300. Истифодаи ғайриқонунии тамғаи молӣ ва тамѓаи хизматрасонї

    1. Истифодаи ғайриқонунии тамғаи мол, тамғаи хизматрасонӣ, номи фирмавӣ, номи љойи пайдоиши моли ѓайр ё нишонаҳои дигари ба инҳо монанд нисбат ба мол ва хизматрасонии шабеҳ, агар ин кирдор дар давоми то як соли пас аз татбиќи љазои маъмурї барои чунин њуќуќвайронкунињо содир шуда бошад ё бо ин кирдор зарари калон расонида шуда бошад, -

    бо корњои њатмї ба муњлати то сад соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то се моњ ва ё љарима ба андозаи то сад нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то сї шабонарўз љазо дода мешавад.

    2. Истифодаи ғайриқонунии тамғагузории огоҳкунанда нисбат ба тамғаи молӣ ё номи љойи пайдоиши моле, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, агар ин кирдор дар давоми то як соли пас аз татбиќи љазои маъмурї барои чунин њуќуќвайронкунињо содир шуда бошад ё бо ин кирдор зарари калон расонида шуда бошад, -

    бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду бист соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то чор моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду бист нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то чил шабонарўз љазо дода мешавад.

    Эзоњ: шахсе, ки бори аввал кирдори дар њамин модда пешбинишударо содир кардааст, њангоми зарарро ихтиёран талофї намудан аз љавобгарии љиноятї озод карда мешавад.
    Моддаи 301. Ѓайриќонунї гирифтан, ифшо ё истифодаи маълумоти дорои сирри тиљоратї ва ё бонкї, сирри андози дар натиљаи мониторинги амудї ба даст овардашуда, сирри додани кредити хурд, њамчунин иттилооти марбут ба ќонунигардонии молу мулк

    1. Љамъоварии маълумоти дорои сирри тиљоратї ва ё бонкї, сирри андози дар натиљаи мониторинги амудї ба даст овардашуда, сирри додани кредити хурд, њамчунин иттилооти марбут ба ќонунигардонии молу мулк, ки бо роњи тасарруфи њуљатњо, ришвадињї ё тањдид нисбати шахсоне, ки сирри тиљоратї ва ё бонкї, сирри андози дар натиљаи мониторинги амудї ба даст овардаанд, сирри додани кредити хурд, њамчунин иттилооти марбут ба ќонунигардонии молу мулкро соњибанд ё тањдиди шахсони наздики онњо, гирифтани маълумот аз воситањои алоќа, ѓайриќонунї ворид шудан ба низоми компютерї ё шабака, бо истифодаи воситаи техникии махсус, инчунин бо дигар тарзи ѓайриќонунї бо маќсади ошкор ва ё истифодаи ѓайриќонунии чунин маълумот, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё корњои ислоњї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат љазо дода мешавад.

    2. Ифшо ё истифодаи ѓайриќонунии маълумоти дорои сирри тиљоратї ва ё бонкї, сирри андози дар натиљаи мониторинги амудї ба даст овардашуда, сирри додани кредити хурд, бе иљозати соњиби он аз љониби шахсе, ки чунин маълумот ба ў вобаста ба хизмат ё кор бовар карда шудааст, аз рўи ѓараз ё дигар манфиатдории шахсї ва бо расонидани зарари калон содир шуда бошад, -

    бо љарима ба андозаи то панљсаду чил нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то се сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешавад.

    3. Аз љониби шахси мансабдори маќомоти давлатї ѓайриќонунї ифшо ё бо тарзи дигар истифодаи ѓайриќонунии маълумот ва иттилоот оид ба амалиёт бо маблаѓњои пулї ва (ё) дигар молу мулк, ки аз субъектони мониторинги молиявї ба даст оварда шудааст, агар ин боиси ба таври љиддї поймол шудани њуќуќ ва манфиатњои ќонунии шањрванд ё ташкилот ва ё манфиатњои бо ќонун њифзшавандаи љомеа ё давлат гардида бошад, -

    бо љарима ба андозаи то панљсаду чил нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то се сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешавад.
    Моддаи 302. Вайрон кардани тартиби баровардани ќоѓазњои ќиматнок (эмиссия)

    Ворид кардани маълумоти баръало нодуруст ба тарњи эмиссияи ќоѓазњои ќимматнок, њамчунин тайёр намудани њисоботи баръало нодуруст оид ба натиљаи љойгиркунонии ќоѓазњои ќиматнок, агар бо ин кирдорњо зарари калон расонида шуда бошанд, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат љазо дода мешаванд.
    Моддаи 303. Пешнињод накардани иттилоот ва ё пешнињоди маълумоти баръало бардурўѓ аз љониби шахси мансабдори эмитенти ќоѓазњои ќиматнок

    Пешнињод накардани иттилоот ё пешнињоди маълумоти баръало бардурўѓ ба маќомоти давлатї ва дорандаи ќоѓазњои ќимматнок аз љониби шахси мансабдори эмитенти ќоѓазњои ќимматнок бо маќсади гирифтани фоидаи моддї, ки ба дорандаи ќоѓазњои ќимматнок ва ё эмитент зарари калон расонида бошад, -

    бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду бист соат ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то дањ моњ ва њабс ба муњлати то чил шабонарўз ва ё љарима ба андозаи то яксаду шаст нишондињанда барои њисобњо бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
    Моддаи 304. Ба фењристи дорандагони ќоѓазњои ќимматнок ворид намудани маълумоти баръало бардурўѓ

    1. Ба фењристи дорандагони ќоѓазњои ќимматнок ворид намудани маълумоти баръало бардурўѓ, ки боиси ба дигар шахс гузаштани њуќуќ ба ин ќоѓазњои ќимматнок мегардад, -

    бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то шаш моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду њаштод нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то панљоњ шабонарўз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

    2. Њамин кирдор, ки зарари калон расонида бошад, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ҷазо дода мешавад.
    Моддаи 305. Вайрон кардани ќоидањои гузаронидани амалиёт бо ќоѓазњои ќимматнок

    1. Вайрон кардани ќоидањои гузаронидани амалиёт бо ќоѓазњои ќимматнок, ки зарари калон расонида бошад, -

    бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то шаш моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду њаштод нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то панљоњ шабонарўз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

    2. Њамин кирдор, ки якчандкарата ва ё аз љониби гурўњи шахсон бо созиши пешакї содир шуда бошад, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

    3. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда аз љониби гурўњи љиноятї содир шуда бошанд, -

    бо љарима ба андозаи то панљсаду чил нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то се сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
    Моддаи 306. Ќаллобї дар бозори ќоѓазњои ќимматнок

    1. Ќаллобї дар бозори ќоѓазњои ќимматнок, яъне њаракати субъектони бозори ќоѓазњои ќимматнок, ки ба муќаррар ва (ё) нигоњ доштани нархи баланд ё пасти ќоѓазњои ќимматнок нисбати он, ки дар натиљаи таносуби объективии пешнињод ва талабот муќаррар шудааст ва ё ба вонамуд кардани савдои ќоѓазњои ќимматнок, агар бо ин њаракат ба шањрванд, ташкилот ё давлат зарари калон расонида шавад ва дар давоми то як соли пас аз татбиќи љазои маъмурї барои чунин њуќуќвайронкунињо содир шуда бошад, -

    бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то шаш моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду њаштод нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то панљоњ шабонарўз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

    2. Њамин кирдор, ки:

    1) якчандкарата;

    2) бо расонидани зарари махсусан калон;

    3) аз љониби гурўњи шахсон бо созиши пешакї содир шуда бошад,-

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё маҳрум сохтан аз озодї ба њамин муҳлат бо мусодираи молу мулк ё бидуни он, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

    3. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, ки аз љониби гурўњи љиноятї содир шуда бошанд, -

    бо љарима ба андозаи то панљсаду чил нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то се сол ва ё маҳрум сохтан аз озодї ба њамин муҳлат бо мусодираи молу мулк, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он ҷазо дода мешаванд.
    Моддаи 307. Тайёр кардан, нигоњ доштан, интиќол ё ба муомилот баровардани пул ё ќоѓазњои ќимматноки ќалбакї

    1. Тайёр кардан ё нигоњ доштан бо маќсади ба муомилот баровардан, муомилоти билетњо ё тангањои ќалбакии Бонки миллии Тољикистон ё ќоѓазњои ќимматноки давлатї ё ќоѓазњои ќимматнок ё њуљљатњои бо пули миллї ифодаёфта ва ё асъори хориљї ё ќоѓазњои ќимматнок ё њуљљатњои пардохтии бо асъори хориљї ифодаёфта, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он љазо дода мешаванд.

    2. Њамин кирдорњо, ки:

    1) якчандкарата;

    2) аз љониби гурўњи шахсон бо созиши пешакї;

    3) ба андозаи калон;

    4) бо љойивазкунї тавассути Сарњади давлатии Љумњурии Тољикистон содир шуда бошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз панљ то њафт сол бо мусодираи молу мулк љазо дода мешаванд.

    3. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, ки:

    1) аз љониби гурўњи љиноятї;

    2) ба андозаи махсусан калон содир шуда бошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз њафт то дањ сол бо мусодираи молу мулк љазо дода мешаванд.
    Моддаи 308. Тайёр кардан ё ба муомилот баровардани кортњои пардохтї ва дигар њуљљатњои пардохтию њисоббаробаркунии ќалбакї

    1. Тайёр кардан бо маќсади ба муомилот баровардан ё муомилоти кортњои пардохтии ќалбакї, инчунин дигар њуљљатњои пардохтию њисоббаробаркунии ќалбакї, ки ќоѓазњои ќиматнок нестанд, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё маҳрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад.

    2. Њамин кирдорњо, ки:

    1) якчандкарата;

    2) аз љониби гурўњи љиноятї содир шуда бошанд, -

    бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шаст то нуњсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешаванд.
    Моддаи 309. Ањди ѓайриќонунї бо металлњои ќимматбањо, сангњои ќимматбањои табиї ё марворид

    1. Ањд бо металлњои ќимматбањо, сангњои ќимматбањои табиї ё марворид бар хилофи ќоидањои муќарраргардидаи ќонунњои Љумњурии Тољикистон, њамчунин ѓайриќонунї нигоњ доштан, интиќол додан ё кашондани металлњои ќимматбањо, сангњои ќимматбањои табиї ё марворид дар њар намуд ва њолат, ба истиснои маснуоти заргарї (љавоњирот) ва маишї ва порањои чунин маснуот содир шуда бошад, -

    бо љарима ба андозаи то панљсаду чил нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то се сол ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат љазо дода мешавад.

    2. Њамин кирдорњо, ки:

    1) якчандкарата;

    2) ба андозаи калон;

    3) аз љониби гурўњи љиноятї содир шуда бошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он љазо дода мешаванд.

    Эзоњ: кирдорњои дар њамин модда пешбинишуда њамон ваќт ба андозаи калон содиршуда эътироф карда мешаванд, ки агар арзиши металлњои ќимматбањо, сангњои ќимматбањои табиї ё марворид, ки нисбати онњо муомилоти ѓайриќонунї содир шудааст, аз як њазор нишондињанда барои њисобњо зиёд бошад.
    Моддаи 310. Вайрон кардани ќоидањои ба давлат супоридани металњои ќимматбањо ва сангњои ќимматбањо

    Саркашї кардан аз њатман ба аффинаж супоридан ё њатман ба давлат фурўхтани металњои ќимматбањо ё сангњои ќимматбањои аз ќаъри замин истихрољшуда ё аз ашёи хоми муштаќ ба дастовардашуда, њамчунин бардошташуда ё ёфташуда, ки ба андозаи калон содир шуда бошад, -

    бо љарима ба андозаи то панљсаду чил нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то се сол љазо дода мешавад.

    Эзоњ: вайрон кардани ќоидањои супоридан ё фурўши металњои ќимматбањо ва сангњои ќимматбањо ба давлат ба андозаи калон содиршуда эътироф мешавад, агар арзиши ашёњои дар њамин модда нишондодашудаи ба давлат насупорида ё фурўхтанашуда аз як њазор нишондињанда барои њисобњо зиёд бошад.
    Моддаи 311. Ањди ѓайриќонунї бо асъори хориљї

    1. Ањди ѓайриќонунї бо асъори хориљї бо роњи харидан, фурўхтан, иваз ё истифодаи он ба сифати дигар воситањои пардохт, агар чунин кирдор дар давоми соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, -

    бо љарима ба андозаи то дусад нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то як сол љазо дода мешавад.

    2. Ањди ѓайриќонунї бо асъори хориљї бо роњи харидан, фурўхтан, иваз ё истифодаи он ба сифати дигар воситањои пардохт, агар арзиши ашёи ањд ё амалиёти ѓайриќонунї аз панљсад нишондињанда барои њисобњо зиёд бошад, -

    бо љарима ба андозаи то панљсаду чил нишондињанда барои њисобњо ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то се сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он љазо дода мешавад.

    3. Кирдорњои дар ќисми дуюми њамин модда пешбинишуда, агар онњо:

    1) якчандкарата;

    2) аз љониби гурўњи шахсон бо созиши пешакї;

    3) ба андозаи калон содир шуда бошанд, -

    бо љарима ба андозаи аз сесаду шаст то нуњсад нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо мусодираи молу мулк љазо дода мешаванд.

    Эзоњ: кирдорњои дар њамин модда пешбинишуда ба миќдори калон њисобида мешаванд, ки агар арзиши ашёи ањд ё амалиёти ѓайриќонунї аз ду њазор нишондињанда барои њисобњо зиёд бошад.
    Моддаи 312. Вайрон намудани тартиб ва ќоидањои тамѓагузории молњои зераксизї бо тамѓањои аксизї ва (ё) тамѓањои бањисобгирию назоратї, ќалбакї ва истифодаи тамѓањои аксизї ва (ё) тамѓањои бањисобгирию назоратї

    1. Вайрон намудани тартиб ва ќоидањои тамѓагузории молњои зераксизї бо тамѓањои аксизї ва (ё) тамѓањои бањисобгирию назоратї, ки боиси расонидани зарари калон гардида бошад, -

    бо љарима ба андозаи то дусад нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то як сол ва ё маҳрум сохтан аз озодї ба њамин муҳлат бо мусодираи молу мулк ё бидуни он, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

    2. Тайёр кардан ё ба даст овардан бо маќсади муомилот, њамчунин истифода ё муомилоти тамѓањои аксизї ва (ё) тамѓањои бањисобгирию назоратии баръало ќалбакї, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё маҳрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо мусодираи молу мулк ё бидуни он, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешаванд.

    3. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, ки:

    1) аз љониби гурўњи љиноятї;

    2) бо расонидани зарари махсусан калон содир шуда бошанд, -

    бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шаст то нуњсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он ҷазо дода мешаванд.

    Эзоњ: шахсе, ки бори аввал кирдори дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишударо содир кардааст, њангоми зарарро ихтиёран талофї намудан аз љавобгарии љиноятї озод карда мешавад.
    Моддаи 313. Ќочоќи иќтисодї

    1. Тавассути сарњади гумрукї ба андозаи калон интиќол намудани мол ё дигар ашёњо, аз љумла мол, ашёњо ва арзишњои интиќолашон тавассути сарњади гумрукї манъ ё мањдудшудае, ки нисбат ба онњо ќоидањои махсуси интиќол тавассути сарњади гумрукї муќаррар шудаанд, ба истиснои дар моддаи 199 Кодекси мазкур нишондодашуда, ки бидуни назорати гумрукї ё пинњон намудан аз назорати гумрукї ва ё бо роњи фиреб истифода кардани њуљљатњо ё воситањои њаммонандкунии гумрукї ва ё алоќаманд ба эъломия накардан ё эъломиякунонии носањењ ва ё бо нишон додани маълумоти баръало беэътимод (бардурўѓ) дар ариза оид ба барориши молњо то пешнињоди эъломия ба молњо ё дар ариза оид ба анљом додани амалиёт нисбати воситањои наќлиёти боркашонии байналмилалии муваќќатии ба сифати мол содиротшудаи зери низоми гумрукии воридоти муваќќатї ќарордодашуда, аз љумла бо пешнињод кардани њуљљатњои беэътибор, ќалбакї ва (ё) бо маълумоти баръало беэътимод (бардурўѓ) содир шудаанд,-

    бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то шаш моњ ё љарима ба андозаи то яксаду њаштод нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то панљоњ шабонарўз бо мусодираи молу мулк ё бидуни он љазо дода мешавад.

    2. Њамин кирдор, ки:

    1) якчандкарата;

    2) бо истифода аз маќоми хизматї;

    3) бо истифодаи зуроварї нисбати шахсе, ки назоратбарии сарњадї ё гумрукиро амалї менамояд;

    4) ба андозаи махсусан калон;

    5) аз љониби гурўњи шахсон бо созиши пешакї содир шуда бошад,-

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё корњои њатмї ба муњлати то дусаду панљоњ соат ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё маҳрум сохтан аз озодї ба њамин муҳлат бо мусодираи молу мулк ё бидуни он, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

    3. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, ки:

    1) аз љониби гурўњи љиноятї;

    2) аз љониби шахсе, ки ба иҷрои вазифањои давлатӣ ваколатдор шудааст ва ё шахси ба ў баробаркардашуда ва ё шахси мансабдор ва ё шахси мансаби давлатиро ишѓолкунанда, агар онњо бо истифода аз маќоми хизматии ў алоќамандбуда содир шуда бошанд, -

    бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шаст то нуњсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он ҷазо дода мешаванд.
    Моддаи 314. Иљро накардани талабот оид ба баргардонидани пули миллї ва (ё) асъори хориљї

    Иљро накардани талабот оид ба баргардонидани пули миллї ва (ё) асъори хориљї бо роњи аз хориља аз љониби шахсе, ки вазифаҳои идоракуниро дар ташкилоти тиҷоратӣ ё дигар ташкилот иҷро менамояд ё соњибкори инфиродї барнагардонидани воситањо бо пули миллї ва (ё) асъори хориљї ба андозаи калон, ки мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон бояд ба таври њатмї ба суратњисоби бонкї гузаронида шаванд,-

    бо љарима ба андозаи то панљсаду чил нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то се сол ва ё маҳрум сохтан аз озодї ба њамин муҳлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

    Эзоњ: шахси бори аввал кирдори дар њамин модда пешбинишударо содиркарда, њангоми ба суратњисоби бонк баргардонидани воситањое, ки мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон бояд ба таври њатмї ба суратњисоби бонкї гузаронида шаванд, аз љавобгарии љиноятї озод карда мешавад.


    Моддаи 315. Саркашї кардан аз супоридани пардохтњои гумрукї

    1. Саркашї кардан аз супоридани пардохтњои гумрукї ба андозаи калон,-

    бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то шаш моњ ё љарима ба андозаи то яксаду њаштод нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то панљоњ шабонарўз љазо дода мешавад.

    2. Њамин кирдор, ки бо истифода аз маќоми хизматї содир шуда бошад,-

    бо љарима ба андозаи то яксаду њаштод нишондињанда барои њисобњо ва ё корњои њатмї ба муњлати то яксаду панљоњ соат ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то як сол ва ё маҳрум сохтан аз озодї ба њамин муҳлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то як сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

    3. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, ки аз љониби гурўњи љиноятї содир шуда бошанд,-

    бо мањдуд кардани озодї ба муњлати то се сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешаванд.

    Эзоҳ:

    1. Љавобгарии љиноятї барои саркашї кардан аз пардохтњои гумрукї, ки дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинї шудааст, танњо дар мавриде ба миён меояд, ки агар шахси бори аввал ин кирдорњоро содиркарда, дар давоми чилу њашт рўзи бонкї аз рўзи ќабули ќарори дахлдори маќомоти гумрук ва (ё) дигар маќомоти дахлдор, маблаѓи пардохтњои гумрукиро бо љарима ва фоизњояш пурра насупорад, инчунин кирдорњои мазкурро такроран содир карда, дар давоми бисту чор рўзи бонкї аз рўзи ќабули ќарори дахлдори маќомоти гумрук ва (ё) дигар маќомоти дахлдор маблаѓи пардохтњои гумрукиро бо љарима ва фоизњояш пурра насупорида бошад.

    2. Шахсе, ки кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишударо содир карда, ќарзи љамъшуда оид ба пардохтњои гумрукиро ихтиёран супорад, инчунин дар мавриди њисобї намудани пеня ва фоизњо, љамъи љаримањои бо ќонунгузории Љумњурии Тољикистон муќаррарнамуда аз љавобгарии љиноятї озод карда мешавад, агар дар њаракатњои ў таркиби љинояти дигар мављуд набошад.

    Моддаи 316. Њаракатњои ѓайриќонунї њангоми муфлисшавї

    1. Пинҳон кардани молу мулк ё уҳдадориҳои молу мулкӣ, маълумот дар бораи молу мулк, њаљми он, маҳалли ҷойгиршавӣ ва ё дигар иттилоот оид ба молу мулк, ба ихтиёрдории шахси дигар додани молу мулк, бегона кардан ё нобуд кардани молу мулк, ҳамчунин пинҳон, нобуд ё таҳриф кардани њуљљатгузории муҳосибавӣ ва (ё) њисоботї ва ё дигар њуљљатњое, ки фаъолияти иқтисодиро ифода менамоянд, агар ин кирдорњо аз ҷониби соњибкори инфиродї, муассис (иштирокчї), шахсе, ки вазифаи идоракуниро дар ташкилоти тиљоратї ё дигар ташкилот иљро менамояд, шахси мансабдор, њамчунин идоракунандаи муваќќатии муфлисшавї њангоми муфлисшавї ва бо расонидани зарари калон содир шуда бошад,-

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

    2. Fайриќонунї қонеъ намудани талаботи молу мулкии кредиторони алоҳида аз ҷониби соњибкори инфиродї, муассис (иштирокчї), шахсе, ки вазифаи идоракуниро дар ташкилоти тиљоратї ё дигар ташкилот иљро менамояд, шахси мансабдор, њамчунин аз љониби идоракунандаи муваќаттии муфлисшавї њангоми муфлисшавї баръало бар зарари кредиторони дигар зарари калон расонида шуда бошад,-

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
    Моддаи 317. Муфлисшавии сохта ва барќасд

    1. Муфлисшавии сохта ва барќасд, яъне њаракатњои муассис (иштирокчї), шахси мансабдор, шахсе, ки дар ташкилотњои тиљоратї ё дигар ташкилот вазифаи идоракуниро иљро менамояд, њамчунин соњибкори инфиродї, ки ба манфиати шахсї ё манфиатњои шахси дигар бо маќсади саркашї кардан аз иљрои уњдадорињо дар назди кредиторон бо роњи бегона кардан ё пинњон намудани молу мулк дар давоми то се сол то эътироф гардидани муфлисшавии шахси њуќуќї ё соњибкори инфиродї содиркарда, зарари калон расонида шуда бошад,-

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

    2. Њамин кирдорњои аз љониби корманди сатњи роњбарии ташкилоти молиявї, бонкї ё суѓуртавї, иштирокчии калон (сањњоми калон) - шахси воќеї, роњбар, аъзои маќоми идоракунї, роњбар, аъзои маќоми иљроия, сармуњосиби иштирокчии калон (сањњоми калон) - шахси њуќуќии ташкилоти молиявї содиркарда, ки ба ташкилоти молиявї, бонкї ё суѓуртавї зарари калон расонида шуда бошад,-

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати аз панљ сол то муқаррар кардани манъи якумра ишѓоли мансаби корманди роњбарикунандаи ташкилоти молиявї, бонкї ва (ё) ширкати суѓуртавї ва иштирокчии сањмдори калони ташкилоти молиявї ҷазо дода мешавад.
    Моддаи 318. Ба пардохтнопазирї расонидан

    1. Пинҳон кардани молу мулк ё уҳдадориҳои молу мулкӣ, маълумот дар бораи молу мулк, њаљми он, маҳалли ҷойгиршавӣ ва ё дигар иттилоот оид ба молу мулк, ба ихтиёрдории шахси дигар додани молу мулк, бегона кардан ё нобуд кардани молу мулк, ҳамчунин пинҳон, нобуд ё таҳриф кардани њуљљатгузории муҳосибавӣ ва (ё) њисоботї ва ё дигар њуљљатњое, ки фаъолияти иқтисодиро ифода менамоянд, агар ин кирдорњо аз ҷониби муассис (иштирокчї), шахси мансабдор, шахсе, ки вазифаи идоракуниро дар ташкилоти тиљоратї ё дигар ташкилот ё маќоми шахси њуќуќї иљро менамояд, њамчунин соњибкори инфиродї содир шуда, боиси пардохтнопазирї гашта, зарари калон расонида бошанд,-

    бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то шаш моњ ё љарима ба андозаи то яксаду њаштод нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то панљоњ шабонарўз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

    2. Њаракати (бењаракатии) ќасдонаи корманди роњбарикунандаи ташкилоти молиявї, бонкї ё суѓуртавї, иштирокчии калон (сањњоми калон) - шахси воќеї, роњбар, аъзои маќоми идоракунї, роњбар, аъзои маќоми иљроия, сармуњосиби иштирокчии калон (сањњоми калон) - шахси њуќуќии ташкилоти молиявї, инчунин шахсони муваќќатан ва ё бо ваколати махсус вазифаи маќоми идоракунї ё маќоми иљроияи ташкилоти молиявиро иљрокунанда, ки боиси пардохтнопазирї, барњамдињии маљбурии ташкилоти молиявї ва ё дохил кардани бонк ба категорияи бонкњои пардохтнопазир гардидаанд, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати аз панљ сол то муқаррар кардани манъи якумра ишѓоли мансаби корманди роњбарикунандаи ташкилоти молиявї, бонкї ва (ё) ширкати суѓуртавї ва иштирокчии сањмдори калони ташкилоти молиявї ҷазо дода мешавад.
    Моддаи 319. Вайрон кардани ќоидањои бањисобгирии муњосибї ва њисоботи молиявї

    Вайрон кардани ќоидањои бањисобгирии муњосибї ва њисоботи молиявї, яъне аз љониби шахси барои пешбурди бањисобгирии муњосибї ва тартиб додани њисоботи молиявї ваколатдоргардида саркашї кардан аз њуљљатгузории маълумоти бо ќонунгузории Љумњурии Тољикистон пешбинишуда ва ё аз љониби ин шахс ба асноди муњосибї ворид намудани иттилооти баръало бардурўѓ дар бораи фаъолияти хољигидорию молиявии ташкилот, њамчунин нобуд кардани њуљљатњои муњосибї то ба итмом расидани муњлати нигоњдории онњо, ки боиси расонидани зарари калон гардидааст,-

    бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то шаш моњ ё љарима ба андозаи то яксаду њаштод нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то панљоњ шабонарўз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

    Эзоњ: шахсе, ки бори аввал кирдори дар њамин модда пешбинишударо содир кардааст, дар мавриди зарарро ихтиёран талофї намудан аз љавобгарии љиноятї озод карда мешавад.
    Моддаи 320. Пешнињоди маълумоти баръало бардурўѓ оид ба амалиёти бонкї

    Пешнињоди маълумоти баръало бардурўѓ аз љониби кормандони бонк оид ба амалиёт аз рўи њисобњои бонкии шахсони њуќуќї ё воќеї, њамчунин додани кафолат, замонат ва дигар уњдадорињое, ки баръало бо њолати воќеии молиявї таъмин нагардидаанд, агар ин њаракатњо боиси расонидани зарари калон ба шањрванд, ташкилот ё давлат гарданд, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё корњои ислоњї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
    1   ...   27   28   29   30   31   32   33   34   ...   51


    написать администратору сайта