Уголовный кодекс Таджикистана. Кодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї
Скачать 0.67 Mb.
|
Моддаи 325. Њаракатњои ѓайриќонунї нисбати молу мулки муомилоташон мањдуд кардашуда вобаста ба ќарзи андозии андозсупоранда, ќарзи бољсупор оид ба бољи гумрукї, андозњо, пардохтњои махсус, зиддидемпингї, љубронї, пенияњо, фоизњо дар мавриди пардохти онњо Исрофкорї, бегона кардан, пинњон кардан ё ѓайриќонунї додани молу мулке, ки ихтиёрдории онро маќомоти давлатї мањдуд кардааст, њамчунин даст кашидан аз додани чунин молу мулк аз љониби соњиби молу мулки мањдудшуда дар мавридњое, ки ќонунгузорї пешбинї кардааст, њамчунин амалисозии амалиёти бонкї аз љониби корманди бонк ё ташкилоте, ки намудњои алоњидаи амалиётњои бонкиро амалї месозанд, нисбати суратњисобњои бонкї оид ба амалиётњои харољотии аз љониби маќомотии давлатї манъ кардашуда, - бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то шаш моњ ё љарима ба андозаи то яксаду њаштод нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то панљоњ шабонарўз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то як сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад. Моддаи 326. Гирифтани мукофоти ѓайриќонунї 1. Гирифтани мукофоти ѓайриќонунї, яъне бо роњи тамаъљўї аз љониби корманди маќомоти давлатї ва ё ташкилоти давлатї, ки шахси ба иљрои вазифањои давлатї ё ба он баробаркардашуда ба њисоб намеравад, њамчунин корманди ташкилоти ѓайридавлатї, ки вазифањои идоракуниро иљро намекунад, гирифтани мукофоти моддї, имтиёз ё хизматрасониии хусусияти молу мулкидошта барои иљрои кор ё расонидани хизмат, ки ба доираи уњдадорињояш дохил мешавад, - бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то шаш моњ ё љарима ба андозаи то яксаду њаштод нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то панљоњ шабонарўз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то як сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад. 2. Њамин кирдор, ки: 1) якчандкарата; 2) ба андозаи калон содир шуда бошад, - бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё корњои ислоњї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо мусодираи молу мулк ё бидуни он, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад. Моддаи 327. Маљбур кардан ба бастани ањд ё даст кашидан аз бастани он 1. Маҷбур кардан ба бастани аҳд ё даст кашидан аз бастани он бо таҳдиди истифодаи зўроварӣ, нобуд ё вайрон кардани молу мулки ғайр, ҳамчунин паҳн намудани маълумоте, ки метавонад ба њуќуќ ва манфиатњои ќонунии ҷабрдида ё шахсони наздики ў зиёни назаррас расонад, њангоми набудани аломатҳои тамаъҷўӣ, - бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду шаст соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то як сол ва ё љарима ба андозаи то яксаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то панљоњ шабонарўз ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то як сол љазо дода мешавад. 2. Њамин кирдор, ки: 1) якчандкарата; 2) бо истифодаи зўроварї содир шуда бошад, - бо корњои њатмї ба муњлати то дусаду панљоњ соат ва ё ба љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё корњои ислоњї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат љазо дода мешавад. 3. Кирдорњои дар ќисми якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, ки аз љониби гурўњи љиноятї содир шуда бошанд, - бо љарима ба андозаи аз сесаду шаст то нуњсад нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол љазо дода мешаванд. БОБИ 28. ЊУЌУЌВАЙРОНКУНИЊОИ ЉИНОЯТЇ БА МУЌОБИЛИ МАНФИАТЊОИ ХИЗМАТЇ ДАР ТАШКИЛОТИ ТИЉОРАТЇ ВА ДИГАР ТАШКИЛОТ Моддаи 328. Суиистифода аз ваколатҳо 1. Аз ҷониби шахси амаликунандаи вазифаҳои идоракунӣ дар ташкилоти тиҷоратӣ ё дигар ташкилот, истифода намудани ваколатҳои худ бар хилофи манфиатҳои қонунии ин ташкилот ва бо мақсади гирифтани фоида ва бартариятҳо барои худ ё шахсони дигар ё ташкилот ва ё расонидани зиён ба шахсони дигар ё ташкилот, агар ин боиси расонидани зиёни назаррас ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ё ташкилот ва ё манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаи ҷомеа ва давлат шуда бошад,- бо корњои њатмї ба муњлати то сесад соат ва ё љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо мусодираи молу мулк ё бидуни он, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад. 2. Ҳамин кирдорҳо, ки аз ҷониби корманди сатҳи роҳбарии ташкилоти молиявї, бонкї ё суѓуртавї, иштирокчии калон (сањњоми калон) - шахси воќеї, роњбар, аъзои маќоми идоракунї, роњбар, аъзои маќоми иљроия, сармуњосиби иштирокчии калон (сањњоми калон) - шахси њуќуќии ташкилоти молиявї содиршуда, ки ба шаҳрванд, шахси ҳуқуқӣ, давлат ё ташкилоти молиявӣ зарари калон расонида бошад, - бо корњои њатмї ба муњлати то сесад соат ва ё љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо мусодираи молу мулк ё бидуни он, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати аз панљ сол то муқаррар кардани манъи якумра ишѓоли мансаби корманди роњбарикунандаи ташкилоти молиявї, бонкї ва (ё) ширкати суѓуртавї ва иштирокчии сањмдори калони ташкилоти молиявї ҷазо дода мешавад. Моддаи 329. Суиистифодаи ваколат аз ҷониби медиатор ё аудитор Аз ҷониби медиатор ё аудитори инфиродї ё роҳбари ташкилоти аудиторӣ истифода намудани ваколатњои худ бар хилофи вазифаҳои фаъолияти худ ва бо мақсади гирифтани фоида ва бартариятҳо барои худ ё шахсони дигар ё ташкилот ва ё расонидани зиён ба шахсони дигар ё ташкилот, агар бо ин кирдор ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ё ташкилот ва ё манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаи ҷомеа ё давлат зиёни назаррас расонида бошад,- бо корњои њатмї ба муњлати то сесад соат ва ё љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо мусодираи молу мулк ё бидуни он, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад. Моддаи 330. Баромадан аз ҳадди ваколатҳо аз ҷониби хизматчии хадамоти муҳофизатии хусусӣ 1. Аз ҷониби роҳбар ё хизматчии хадамоти муҳофизатии хусусӣ баромадан аз ҳадди ваколатҳои ба онҳо мувофиқи иҷозатнома додашуда бар хилофи вазифаҳои фаъолияти худ, агар ин кирдор бо истифодаи зӯроварӣ ё бо таҳдиди истифодаи он содир шуда бошад, - бо корњои њатмї ба муњлати то сесад соат ва ё љарима ба андозаи то панљсаду чил нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то се сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад. 2. Ҳамин кирдор, ки бо истифода аз силоҳ ё воситаҳои махсус ё бо расонидани оқибатҳои вазнин содир шуда бошад,- бо љарима ба андозаи аз панљсаду чил то як њазору дусаду њафтод нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз се то њафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ҷазо дода мешавад. Моддаи 331. Ришвадиҳии тиҷоратӣ 1. Ғайриқонунӣ додани пул, қоғазҳои қиматнок ё молу мулки дигар, ҳамчунин хизматрасонии дорои хусусияти молу мулкӣ ба шахси амаликунандаи вазифаҳои идоракунӣ дар ташкилоти тиҷоратӣ ё дигар ташкилот барои аз ҷониби ӯ истифода намудани мақоми хизматиаш, инчунин барои пуштибонии умумӣ ё саҳлангорӣ дар хизмат ба манфиати ришвадиҳанда, - бо корњои њатмї ба муњлати то сесад соат ва ё љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад. 2. Ҳамин кирдорҳо, ки: 1) якчандкарата; 2) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо созиши пешакӣ; 3) ба андозаи калон содир шуда бошанд,- бо корњои њатмї ба муњлати аз сесад то шашсад соат ва ё љарима ба андозаи аз сесаду шаст то нуњсад нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо мусодираи молу мулк, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешаванд. 3. Кирдорҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишуда, ки: 1) аз ҷониби гурўҳи ҷиноятї; 2) ба андозаи махсусан калон содир шуда бошанд,- бо љарима ба андозаи аз нуњсад то як њазору дусаду њафтод нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз панљ то њафт сол бо мусодираи молу мулк, бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он љазо дода мешаванд. 4. Ғайриқонунӣ гирифтани пул, қоғазҳои қиматнок ё молу мулки дигар, ҳамчунин истифодаи хизмати дорои хусусияти молу мулкӣ аз ҷониби шахси амаликунандаи вазифаҳои идоракунӣ дар ташкилоти тиҷоратї ё дигар ташкилот барои аз ҷониби ў истифода намудани мақоми хизматиаш, инчунин барои пуштибонии умумӣ ё саҳлангорї дар хизмат ба манфиати ришвадиҳанда, - бо корњои њатмї ба муњлати то сесад соат ва ё љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо мусодираи молу мулк, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад. 5. Кирдорҳои дар қисмҳои чоруми ҳамин модда пешбинишуда, ки: 1) якчандкарата; 2) аз ҷониби гурўҳи шахсон бо созиши пешакї; 3) бо тамаъҷўї; 4) ба андозаи калон содир шуда бошанд,- бо љарима ба андозаи аз нуњсад то як њазору дусаду њафтод нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз панљ то њафт сол бо мусодираи молу мулк, бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он љазо дода мешаванд. 6. Кирдорҳои дар қисмҳои чорум ё панҷуми ҳамин модда пешбинишуда, ки: 1) аз ҷониби гурўҳи ҷиноятӣ; 2) ба андозаи махсусан калон содир шуда бошанд,- бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз њафт то дањ сол бо мусодираи молу мулк, бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он љазо дода мешаванд. Эзоҳ: 1. Шахсе, ки кирдорҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишударо содир кардааст, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад, агар нисбати ӯ тамаҷӯӣ љой дошта бошад ё агар ӯ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё мақомоти махсуси давлатӣ дар хусуси ришвадиҳӣ ихтиёран хабар дода бошад. 2. Додан ё гирифтани молу мулк, хизматрасонии дорои хусусияти молу мулкӣ ё истифодаи чунин хизматрасонӣ ба сифати туҳфа ё мукофот ҳангоми набудани созиши пешакӣ барои њаракатҳои қонунии қаблии содиршуда, агар арзиши молу мулк ё хизматрасонӣ аз шаш нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд набошад, бо дарназардошти камаҳамият буданаш њуќуќвайронкунии љиноятї эътироф намешавад. Моддаи 332. Муносибати бевиљдонона ба уҳдадориҳо Иҷро накардан ё иҷрои номатлуби уҳдадориҳои худ аз ҷониби шахсе, ки вазифаҳои идоракуниро дар ташкилоти тиҷоратӣ ё дигар ташкилот иҷро менамояд, дар натиҷаи муносибати бевиљдонона ё бепарвоёна ба хизмат, агар ин боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад, - бо корњои њатмї ба муњлати то сесад соат ва ё љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад. ФАСЛИ XII. ЊУЌУЌВАЙРОНУНИЊОИ ЉИНОЯТЇ БА МУЌОБИЛИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТЇ ВА АЛОЌА БОБИ 29. ЊУЌУЌВАЙРОНУНИЊОИ ЉИНОЯТЇ БА МУЌОБИЛИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТЇ ВА АЛОЌА |