Уголовный кодекс Таджикистана. Кодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї
Скачать 0.67 Mb.
|
Моддаи 415. Гурехтан аз љойњои маҳрум сохтан аз озодӣ, њабс ё аз ҳабси пешакӣ1. Гурехтан аз ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ, њабс ё аз ҳабси пешакӣ аз љониби шахсе, ки ҷазоро адо мекунад ё дар ҳабси пешакӣ ќарор дорад, содир шуда бошад, - бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то ду сол ҷазо дода мешавад. 2) Ҳамин кирдор, ки: 1) аз љониби гурўњи шахсон, гурўњи шахсон бо созиши пешакӣ; 2) бо зўроварии барои ҳаёт ё саломатї хавфнок ё бо таҳдиди истифодаи чунин зўроварӣ; 3) бо истифодаи силоҳ ё ашёҳои ба сифати силоҳ истифодашаванда содир шуда бошад, - бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол ҷазо дода мешавад. Эзоҳ: шахсе, ки ихтиёран дар муҳлати њафт рўз аз лањзаи гурехтан ба ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ё ба ҳабси пешакӣ бармегардад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ барои гурехтан озод карда мешавад, агар ў дигар њуќуќвайронкунии љиноятии нав содир накарда бошад ва агар гурехтан бо кирдорњои дар бандњои 2) ва 3) ќисми дуюми њамин модда алоќаманд набошад. Моддаи 416. Саркашӣ кардан аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ1. Барнагаштани мањкумшуда ба муассисаи ислоњї, ки ба ў барои аз ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муддати кўтоҳ сафар кардан иҷозат дода шудааст, баъд аз гузаштани муњлати сафар, њамчунин мањкумшудае, ки њуќуќи бе посбонон њаракат карданро дорад ё дар зери назорат ќарор дорад, бо маќсади саркашї кардан аз адои минбаъдаи иљрои љазо дар намуди мањрум сохтан аз озодї содир шуда бошад, - бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то ду сол ҷазо дода мешавад. 2. Саркашї кардани шахсе, ки барои содир кардани њуќуќвайронкунии љиноятї ба муќобили дахлнопазирии љинсии ноболиѓон мањкум шудааст, њамчунин шахсони мањкумшудае, ки барои табобат аз майзадагї, нашъамандї ва зањрмандї ниёзманд эътироф шудааст, аз татбиќи чорањои маљбурии хусусияти тиббї, - бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то як сол ҷазо дода мешавад. Моддаи 417. Итоат накардан ба талаботи ќонунии маъмурияти муассисаи иљрои љазои љиноятї1. Ашадї итоат накардан ба талаботи ќонунии маъмурияти муассисаи иљрои љазои љиноятї аз љониби шахсе, ки љазоро дар љойњои мањрум сохтан аз озодї адо мекунад, - бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то ду сол ҷазо дода мешавад. 2. Ташкили итоат накардани гурўњї ба талаботи ќонунии маъмурияти муассисае, ки аз љамъият људо нигоњ доштанро таъмин менамояд, њамчунин иштирок дар итоат накардани гурўњї алоќаманд бо истифодаи зуроварї ё ќасдона ба худ расонидани ин ё он зиён ва ё оќибати вазнин, - бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол ҷазо дода мешавад. Моддаи 418. Тањдиди истифодаи зўроварї нисбат ба корманди муассисае, ки аз љамъият људо нигоњ доштанро таъмин менамояд ва ё наздикони ў, инчунин мањкумшуда ё таљовуз ба саломатї ё њаёти онњо 1. Тањдиди истифодаи зўроварї нисбат ба корманди муассисае, ки аз љамъият људо нигоњ доштанро таъмин мекунад ва ё њамсар ё хешовандони наздики ў бинобар аз љониби ў амалї намудани фаъолияти хизматї, инчунин нисбати мањкумшуда бо маќсади монеъ шудан барои ислоњи ў ё ќассос барои бо маъмурияти муассиса њамкорї намудани ў, - бо мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат љазо дода мешавад. 2. Истифодаи зўроварї нисбат ба шахсони дар ќисми якуми њамин модда зикргардида, ки ба њаёт ва саломатї хавфнок нест, - бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол ҷазо дода мешавад. 3. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, ки аз љониби гурўњи шахсон бо созиши пешакї ва ё бо истифодаи зўроварии ба њаёт ва саломатї хавфнок содир шуда бошанд,- бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз панљ то њашт сол ҷазо дода мешавад. 4. Таљовуз ба њаёти корманди муассисае, ки аз љамъият људо нигоњ доштанро таъмин мекунад ва ё њамсар ё хешовандони наздики ў бинобар аз љониби ў амалї намудани фаъолияти хизматї, њамчунин нисбати мањкумшуда бо маќсади монеъ шудан барои ислоњи ў ё ќассос барои бо маъмурияти муассиса њамкорї намудани ў, - бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз њашт то понздањ сол ва ё якумра мањрум сохтан аз озодї љазо дода мешавад. Моддаи 419. Иљро накардани њукми суд, њалномаи суд ё дигар санади судї ва ё дигар њуљљати иљро 1. Иљро накардани эътибори ќонунї пайдокардаи њукм, њалномаи суд ё дигар санади судї ва ё њуљљати иљро зиёда аз муњлати бо ќонунгузории Љумњурии Тољикистон муќарраркардашуда, њамчунин монеъ шудан барои иљрои онњо, - бо мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат љазо дода мешавад. 2. Њамин кирдорњо, ки аз љониби шахс бо истифода аз маќоми хизматї содир шуда бошанд, - бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панљ сол ҷазо дода мешаванд. 3. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, ки аз рўи онњо маблаѓи рўёниш аз ду њазор нишондињанда барои њисобњо, ки бо ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар лањзаи содир гардидани љиноят муќаррар шудааст, зиёд мебошад, њамчунин монеъ шудан барои иљрои онњо, - бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз чор то њафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панљ сол ё бидуни он ҷазо дода мешаванд. Моддаи 420. Пинњон кардани љиноят Пинњон кардани љиноятњои коррупсионї, вазнин ё махсусан вазнини пешакї ваъданашуда ва ё ба муқобили дахлнопазирии ҷинсии шахси ноболиғ содиршуда, - бо љарима ба андозаи то панљсаду чил нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то се сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат љазо дода мешавад. Эзоњ: шахс барои пинњон кардани љиноятњои пешакї ваъданашудаи аз тарафи шавњар (зан) ё хешовандони наздикаш содиркарда ба љавобгарии љиноятї кашида намешавад. Моддаи 421. Пинњон кардани њуќуќвайронкунии љиноятї 1. Ќасдан пинњон кардани љинояти миёнаи вазнин аз баќайдгирї аз тарафи шахси мансабдори ваколатдор бо роњи фиреб, багапдарорї, тањдид ё дигар кирдорњои зиддињуќуќї нисбати шахси бо ариза ё хабар дар бораи љинояти даќиќ маълуми тайёршудаистода ё содиршуда мурољиаткарда ва ё бо роњи нобуд кардан ё бо дилхоњ тарз пинњон кардани мурољиати шахси мазкур, - бо љарима ба андозаи то дусад нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то як сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад. 2. Њамин кирдор, ки боиси пинњон кардани љинояти вазнин гардида бошад, - бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад. 3. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, ки: 1) боиси пинњон кардани љинояти махсусан вазнин ва ё оќибатњои вазнин гардида бошанд; 2) аз тарафи гурўњи шахсон бо созиши пешакї содир шуда бошанд, - бо ҷарима ба андозаи то панљсаду чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то чор сол ҷазо дода мешаванд. 4. Кирдорњои дар ќисмњои якум, дуюм ё сеюми њамин модда пешбинишуда, ки аз тарафи шахси мансаби давлатиро ишѓолнамуда ё роњбари маќомоти давлатии ваколатдор ва ё бо супориши ин шахсон содир шуда бошанд, - бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панљ сол ҷазо дода мешаванд. Моддаи 422. Хабар надодан дар бораи ҷиноят Хабар надодан дар бораи ҷинояти вазнин ба муқобили дахлнопазирии ҷинсии шахси ноболиғ, љинояти махсусан вазнини даќиќ маълуми тайёршудаистода ё содиршуда ва ё амали терроризми даќиќ маълуми тайёршудаистода, - бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат ҷазо дода мешавад. Эзоҳ: 1. Њамсар ва ё хешовандони наздики шахси содирнамудаи ҷиноят бо ин модда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешаванд, инчунин ходими калисо - барои хабар надодан дар бораи љиноят, ки њангоми омурзиш боваркарда маълум гардидааст, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешаванд. 2. Ќурбонии савдои одамон барои хабар надодан дар бораи љиноят ва пинњон доштани љинояти пешакї ваъданашуда, ки бо ќарор доштани ў ба сифати ќурбонї дар савдои одамон алоќаманд аст, ба љавобгарии љиноятї кашида намешавад. Моддаи 423. Монеъ шудан ба фаъолияти қонунии адвокатҳо ё дигар шахсоне, ки ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрвандро амалӣ мекунанд, инчунин расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ 1. Монеъ шудан ба фаъолияти қонунии адвокатҳо ё шахсони дигар, ки ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрвандро дар мурофиаи судии ҷиноятӣ амалӣ менамоянд, њамчунин расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва ё ба таври дигар вайрон намудани мустақилияти чунин фаъолият, агар бо ин кирдор ба ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони ҳуқуқӣ, манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаи ҷамъият ё давлат зиёни назаррас расонида шуда бошад,- бо љарима ба андозаи то дусад нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то як сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат ҷазо дода мешавад. 2. Кирдорҳои дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, ки аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ содир шуда бошад,- бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад. БОБИ 34. ЊУЌУЌВАЙРОНКУНИЊОИ ЉИНОЯТИИ ЊАРБЇ Моддаи 424. Итоат накардан ё иљро накардани дигар фармон 1. Итоат накардан, яъне ради иљрои фармони сардор, њамчунин аз љониби зертобеъ ќасдан иљро накардани дигар фармони сардор, ки мутобиќи тартиби муќарраршуда додашуда, боиси расонидани зиёни назаррас ба манфиати хизматї гардида бошад, - бо мањдуд кардан дар хизмати њарбї ба муњлати то чор моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду бист нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то чил шабонарўз љазо дода мешавад. 2. Њамин кирдорњо, ки аз љониби гурўњи шахсон ё гурўњи шахсон бо созиши пешакї, инчунин боиси оќибатњои вазнин гардида бошанд, - бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол љазо дода мешаванд. 3. Кирдорњои дар қисмњои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишуда, ки аз љониби гурўњи љиноятї, дар вазъияти љангї ё дар шароити вазъияти фавќулода содир шуда бошанд, - бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панљ то дањ сол љазо дода мешаванд. 4. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, ки дар замони љанг содир шуда бошанд, - бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз дањ то понздањ сол ва ё якумра мањрум сохтан аз озодї ва ё љазои ќатл љазо дода мешаванд. 5. Иљро накардани фармон дар натиљаи муносибати бепарвоёна ё бевиљдонона ба хизмат, ки боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад, - бо ҷарима ба андозаи то нуњсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то панљ сол ҷазо дода мешавад. 6. Кирдори дар қисми панљуми ҳамин модда пешбинишуда, ки дар замони љанг, вазъияти љангї ё дар шароити вазъияти фавќулода содир шуда бошад, - бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз чор то њафт сол љазо дода мешавад. Моддаи 425. Муќобилият ба сардор ё маљбур кардани ў ба вайрон кардани вазифањои хизматї 1. Муќобилият ба сардор, њамчунин ба дигар шахси иљрокунандаи уњдадорињои хизмати њарбии ба ў вобасташуда ё маљбур кардани ў ба вайрон кардани ин уњдадорињо, ки бо зўроварї ё тањдиди истифодаи он алоќаманд мебошад, - бо мањдуд кардан дар хизмати њарбї ба муњлати то чор моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду бист нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то чил шабонарўз љазо дода мешавад. 2. Њамин кирдор, ки: 1) аз љониби гурўњи шахсон ё гурўњи шахсон бо созиши пешакї; 2) бо истифодаи силоњ ё воситањои махсус; 3) бо расонидани зиёни вазнин ё миёна ба саломатї содир шуда бошад, - бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то њафт сол љазо дода мешавад. 3. Кирдорҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишуда, ки аз љониби гурўњи љиноятї дар вазъияти љангї ё дар шароити вазъияти фавќулода, њамчунин боиси марги инсон гардида бошанд, - бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панљ то дањ сол љазо дода мешаванд. 4. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, ки дар замони љанг содир шуда бошанд, - бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз дањ то понздањ сол ва ё якумра мањрум сохтан аз озодї љазо дода мешаванд. |