Уголовный кодекс Таджикистана. Кодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї
Скачать 0.67 Mb.
|
Моддаи 449. Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат ё истифодаи мошинҳо1. Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат ё истифодаи мошинҳои ҷангӣ, махсус ё нақлиётӣ, ки боиси аз беэҳтиётӣ расонидани зиёни миёна ба саломатии инсон гардида бошад,- бо мањдуд кардан дар хизмати њарбї ба муњлати то шаш моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду њафтод нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то панљоњ шабонарўз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то як сол ё бидуни он љазо дода мешавад. 2. Ҳамин кирдор, ки боиси аз беэҳтиётӣ расонидани зиёни вазнин ба саломатии инсон гардида бошад,- бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешавад. 3. Кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гардида бошад,- бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то панљ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он љазо дода мешавад. 4. Кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ва зиёда шахс гардида бошад, - бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз чор то њафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он љазо дода мешавад. Моддаи 450. Вайрон кардани қоидаҳои парвоз ё тайёрӣ ба онҳо 1. Вайрон кардани қоидаҳои парвоз ё тайёрӣ ба онњо, ҳамчунин вайрон кардани қоидаҳои истифодаи таҷҳизоти ҷангии парвозкунанда, ки аз беэҳтиётӣ боиси расонидани зиёни вазнин ва ё миёна ба саломатии инсон ва ё садама ё корношоям гардидани техникаи ҷангӣ ё пастшавии тулонии сатҳи омодагии ҷангї ва ќобилияти љангии қисм ва воњидҳои ҳарбӣ гардида бошанд,- бо мањдуд кардан дар хизмати њарбї ба муњлати то шаш моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду њафтод нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то панљоњ шабонарўз љазо дода мешаванд. 2. Ҳамин кирдорҳо, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гардида бошанд,- бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то панљ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он љазо дода мешаванд. 3. Кирдорҳои дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ва зиёда шахс гардида бошанд,- бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз чор то њафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол ё бидуни он љазо дода мешаванд. Моддаи 451. Рондани мошин, идораи таҳҷизоти ҷангии парвозкунанда аз ҷониби шахси дар ҳолати мастї қарордошта ва ё додани рондан ё идоракунї ва ё иљозат додан ба идоракунии техникаи ҷангӣ ба чунин шахс 1. Рондани мошинњои ҷангӣ, махсус ё нақлиётӣ ва ё идораи таҷҳизоти ҷангии парвозкунанда аз ҷониби шахси дар ҳолати мастї қарордошта ва ё додани рондан ё идоракунии техникаи њарбии нишондодашуда ба ин шахс, њамчунин иљозат додан ба рондан ё идоракунии техникаи њарбии нишондодашуда ба чунин шахс, ки аз ҷониби шахси мансабдор содир шуда бошад, - бо мањдуд кардан дар хизмати њарбї ба муњлати то шаш моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду њафтод нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то панљоњ шабонарўз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол љазо дода мешавад. 2. Ҳамин кирдорҳо, ки аз беэҳтиётӣ боиси расонидани зиёни миёна ба саломатии инсон гардида бошанд,- бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол љазо дода мешаванд. 3. Кирдорҳои дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, ки аз беэҳтиётӣ боиси расонидани зиёни вазнин ба саломатии инсон гардида бошанд, - бо љарима ба андозаи то панљсаду чил нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол љазо дода мешаванд. 4. Кирдорҳои дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гардида бошанд,- бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то панљ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то панљ сол љазо дода мешаванд. 5. Кирдорҳои дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ва зиёда шахс гардида бошанд,- бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз чор то њафт сол љазо дода мешаванд. ФАСЛИ XIV. ЉИНОЯТЊО БА МУЌОБИЛИ СУЛЊ ВА АМНИЯТИ ИНСОНИЯТ БОБИ 35. ЉИНОЯТЊО БА МУЌОБИЛИ СУЛЊ ВА АМНИЯТИ ИНСОНИЯТ Моддаи 452. Банаќшагирї, тайёрї, сар кардан ё бурдани љанги таљовузкорона 1. Банаќшагирї ё тайёрии љанги таљовузкорона, - бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз њафт то дањ сол љазо дода мешавад. 2. Сар кардан ё бурдани љанги таљовузкорона, - бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз дањ то понздањ сол љазо дода мешавад. Моддаи 453. Тарѓиб ё даъвати оммавї барои сар кардани љанги таљовузкорона 1. Тарѓиб ё даъвати оммавї барои сар кардани љанги таљовузкорона, - бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то ду сол љазо дода мешавад. 2. Њамин кирдор, ки бо истифода аз воситањои ахбори омма ё шабакањои телекомуникатсонї ва ё аз ҷониби шахси мансаби давлатиро ишѓолнамуда содир шуда бошад, - бо љарима ба андозаи аз сесаду шаст то нуњсад нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад. Моддаи 454. Маблаѓгузорї ё муомилот ва пањнкунии ѓайриќонунии силоњи ќатли ом 1. Бевосита ё бавосита пешнињод намудан ё љамъ овардани воситањо бо маќсади пурра ё ќисман истифодаи онњо ё бо дарки он ки ин воситањо барои ѓайриќонунї сохтан, истењсол кардан, соњиб шудан, нигоњ доштан, интиќол, ирсол ва ё ба соњибияти каси дигар додани силоњи зарравї (ядрої), нейтронї, химиявї, биологї (бактериологї), иќлимї, инчунин намуди дигари силоњи ќатли оми бо шартномањои байналмилалї манъшуда, њамчунин ба њар давлати дорои силоњи зарравї набуда додани маводи ибтидої ё махсуси таљзияшаванда ё технологияе, ки баръало метавонад барои бунёди силоњи ќатли ом истифода гардад ва ё ба ягон шахс додани намудњои дигари силоњи ќатли ом ё ќисматњои зарурии истењсоли он, ки бо шартномањои байналмилалии Љумњурии Тољикистон манъ гардидаанд, истифода мегарданд, - бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз панљ то дањ сол љазо дода мешаванд. 2. Fайриќонунї сохтан, истењсол кардан ё соњиб шудан, нигоњ доштан, интиќол, ирсол ва ё ба соњибияти каси дигар додани силоњи зарравї (ядрої), нейтронї, химиявї, биологї (бактериологї), иќлимї, инчунин намуди дигари силоњи ќатли оми бо шартномањои байналмилалї маъншуда, њамчунин ба њар давлати дорои силоњи зарравї набуда додани маводи ибтидої ё махсуси таљзияшаванда ё технологияе, ки баръало метавонад барои бунёди силоњи ќатли ом ё ќисматњои зарурии истењсолоти он, ки бо шартномањои байналмилалии Љумњурии Тољикистон манъ гардидаанд, - бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз дањ то дувоздањ сол љазо дода мешаванд. 3. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, ки: 1) якчандкарата; 2) аз љониби гурўњи шахсон бо созиши пешакї ё гурўњи љиноятї; 3) бо истифода аз маќоми хизматї; 4) бо истифодаи ќонунигардонии (расмикунонии) даромадњои бо роњи љиноят бадастоварда содир шуда бошанд, - бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз дувоздањ то понздањ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панљ сол љазо дода мешаванд. Эзоњ: зери мафњуми "воситањо" дар њамин модда њар навъ дороињои ламсшаванда ё ламснашаванда, манќул ё ѓайриманќул, новобаста аз тарзи ба даст овардани онњо, њамчунин њуљљатњои њуќуќї ё санадњо дар њар шакл, аз љумла электронї ва раќамї, ки њуќуќ ба чунин дороињо ва ё иштирок дар онњоро тасдиќ менамоянд, инчунин кредитњои бонкї, чекњои сафарї ва бонкї, интиќолоти почтавї, сањмияњо, коѓазњои ќиматнок, вомбаргњо, векселњо, аккредитивњо ва ѓайрањо фањмида мешаванд. |