Главная страница
Навигация по странице:

  • Моддаи 427. Вайрон кардани ќоидањои оинномавии муносибатњои байнињамдигарии хизматчиёни њарбї дар њолати набудани муносибати тобеиятї дар байни онњо

  • Моддаи 428. Худсарона тарк кардани ќ исми њ арб ї ё


  • Моддаи 429. Фирор

  • Моддаи 430. Саркашї ё рад кардани иљрои хизмати њарбї

  • Моддаи 431. Вайрон кардани ќоидањои иљрои навбатдории љангї

  • Моддаи 432. Вайрон кардани ќоидањои муњофизати Сарњади давлатии Љумњурии Тољикистон

  • Моддаи 433. Вайрон кардани ќоидањои оинномавии иљрои хизмати ќаровулї (посбонї)

  • Моддаи 434. Вайрон кардани ќоидањои оинномавии иљрои хизмати дохилї ё гардиши посбонон дар гарнизон

  • Моддаи 435. Вайрон кардани ќоидањои иљрои хизмати назоратбарї

  • Моддаи 436. Вайрон кардани ќоидањои иљрои хизмат оид ба њифзи тартиботи љамъиятї ва таъмини амнияти љамъиятї

  • Моддаи 437.

  • Моддаи 438.

  • Моддаи 439. Беамалии њокимият

  • Моддаи 440. Муносибати хунукназарона ба хизмат

  • Моддаи 441. Супоридан ё монда рафтани воситањои бурдани љанг ба душман

  • Моддаи 442. Ихтиёран таслим шудан ба асирї

  • Моддаи 444. Ифшо намудани маълумоти махфии хусусияти њарбидошта ё гум кардани махзани дорои маълумоти махфии хусусияти њарбидошта

  • Моддаи 445.

  • Моддаи 446. Аз беэ

  • Моддаи 447. Гум кардани молу мулки њ арб ї

  • Моддаи 448. Вайрон кардани қоидаҳои муносибат бо силоҳ, инчунин бо мавод ва ашёҳои ба атрофиён хатардошта

  • Уголовный кодекс Таджикистана. Кодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї


    Скачать 0.67 Mb.
    НазваниеКодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї
    АнкорУголовный кодекс Таджикистана
    Дата27.07.2022
    Размер0.67 Mb.
    Формат файлаdocx
    Имя файла1604807476303297.docx
    ТипКодекс
    #636887
    страница42 из 51
    1   ...   38   39   40   41   42   43   44   45   ...   51
    Моддаи 426. Њаракатњои зўроварона нисбати сардор

    1. Лату кўб, расонидани зиёни сабук ба саломатї ё истифодаи дигар зўроварї нисбати сардор, ки дар ваќти иљрои уњдадорињои хизмати њарбии ў ё ба иҷрои ин уњдадорињо алоќаманд, содир шуда бошанд, -

    бо љарима ба андозаи то дусад нишондињанда барои њисобњо ва ё нигоњ доштан дар ќисми њарбии интизомї ба муҳлати то як сол ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба њамин муњлат љазо дода мешаванд.

    2. Ҳамин кирдорњо, ки:

    1) аз ҷониби гурўҳи шахсон ё гурўҳи шахсон бо созиши пешакӣ;

    2) бо истифодаи силоҳ;

    3) бо расонидани зиёни вазнин ё миёна ба саломатӣ содир шуда бошанд, -

    бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то њафт сол љазо дода мешаванд.

    3. Кирдорҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишуда, ки аз љониби гурўњи љиноятї, дар вазъияти љангї ё дар шароити вазъияти фавќулода содир шуда бошанд, њамчунин боиси марги инсон гардида бошанд, -

    бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панљ то дањ сол љазо дода мешаванд.

    4. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, ки дар замони љанг содир шуда бошанд, -

    бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз дањ то понздањ сол ва ё якумра мањрум сохтан аз озодї љазо дода мешаванд.
    Моддаи 427. Вайрон кардани ќоидањои оинномавии муносибатњои байнињамдигарии хизматчиёни њарбї дар њолати набудани муносибати тобеиятї дар байни онњо

    1. Вайрон кардани ќоидањои оинномавии муносибатњои байнињамдигарии хизматчиёни њарбї њангоми набудани муносибати тобеиятї дар байни онњо, ки дар лату кўб, расонидани зиёни сабук ба саломатї ё дигар зўроварї ва ё бо паст задани шаъну эътибор алоќамандбуда ё дар масхара кардани љабрдида зоњир мегардад, -

    бо мањдуд кардан дар хизмати њарбї ба муњлати то чор моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду бист нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то чил шабонарўз љазо дода мешавад.

    2. Њамин кирдор, ки якчандкарата содир шуда бошад, -

    бо мањдуд кардан дар хизмати њарбї ба муњлати то шаш моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду њафтод нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то панљоњ шабонарўз љазо дода мешавад.

    3. Кирдорҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишуда, ки:

    1) нисбати ду ва зиёда шахс;

    2) аз ҷониби гурӯҳи шахсон ё гурўњи шахсон бо созиши пешакї;

    3) бо истифодаи силоњ ё воситаи махсус;

    4) бо расонидани зиёни вазнин ё миёна ба саломатӣ содир шуда бошанд, -

    бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то њафт сол љазо дода мешаванд.

    4. Кирдорњои дар ќисмњои якум, дуюм ё сеюми њамин модда пешбинишуда, ки аз љониби гурўњи љиноятї содир шуда бошанд ва ё боиси марги инсон ё оќибатњои вазнин гардида бошанд, -

    бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз шаш то нуњ сол љазо дода мешаванд.
    Моддаи 428. Худсарона тарк кардани ќисми њарбї ё љои хизмат

    1. Худсарона тарк кардани ќисми њарбї ё љои хизмат, њамчунин бе сабабњои узрнок сари ваќт барнагаштан ба хизмат, ки дар замони осоишта содир шуда бошад, агар давомнокии набудани худсарона аз як моњ зиёд бошад, -

    бо љарима ба андозаи то дусад нишондињанда барои њисобњо ва ё нигоњ доштан дар ќисми њарбии интизомї ба муҳлати то як сол ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба њамин муњлат љазо дода мешаванд.

    2. Худсарона тарк кардани ќисми њарбї ё љои хизмат бо силоњи аз рўи хизмат боварикарда ва ё гурўњи шахсон ё гурўњи шахсон бо созиши пешакї содиршуда, агар давомнокии набудани худсарона зиёда аз як шабонарўз бошад, -

    бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панљ сол љазо дода мешавад.

    3. Худсарона тарк кардани ќисми њарбї ё љои хизмат дар ваъияти љангї ё шароити вазъияти фавќулода содиршуда, агар давомнокии набудани худсарона зиёда аз як шабонарўз бошад, -

    бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панљ то њашт сол љазо дода мешавад.

    4. Худсарона тарк кардани ќисми њарбї ё љои хизмат дар замони љанг новобаста аз давомнокї, -

    бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз дањ то понздањ сол ва ё якумра мањрум сохтан аз озодї љазо дода мешавад.

    Эзоњ: хизматчии њарбии кирдори дар ќисмњои якум, дуюм ё сеюми њамин модда пешбинишударо содиркарда мумкин аст аз љавобгарии љиноятї озод карда шавад, агар ин кирдор боиси ба вуќуъ пайвастани њолатњои вазнин ё дигар њолатњо гардида бошад.


    Моддаи 429. Фирор

    1. Фирор, яъне худсарона тарк кардани ќисми њарбї ё љои хизмат бо маќсади саркашї кардан аз адои хизмат, њамчунин бо њамин маќсад ба љои хизмат њозир нашудан, -

    бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол љазо дода мешавад.

    2. Фирор бо силоњи аз рўи хизмат боварикарда, њамчунин фирор аз љониби гурўњи шахсон бо созиши пешакї содир шуда бошад, -

    бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то шаш сол љазо дода мешавад.

    3. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, ки дар вазъияти љангї ё шароити вазъияти фавќулода содир шуда бошанд, -

    бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз шаш то нуњ сол љазо дода мешаванд.

    4. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, ки дар замони љанг содир шуда бошанд, -

    бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз дањ то понздањ сол ва ё якумра мањрум сохтан аз озодї ва ё љазои ќатл љазо дода мешаванд.

    Эзоњ: хизматчии њарбии фирорро содиркарда, ки дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинї шудааст, мумкин аст аз љавобгарии љиноятї озод карда шавад, агар ин кирдор боиси ба вуќуъ пайвастани њолатњои вазнин гардида бошад.
    Моддаи 430. Саркашї ё рад кардани иљрои хизмати њарбї

    1. Саркашї кардани хизматчии њарбї аз иљрои уњдадорињои хизмати њарбї бо роњи вонамуд намудани беморї ё расонидани ягон осеб ба худ (узвмаъюбкунї) ва ё зиёни дигар ба саломатии худ ё сохтакории њуљљатњо ё фиреби дигар, њамчунин рад кардани иљрои хизмати њарбї, -

    бо мањдуд кардан дар хизмати њарбї ба муњлати то шаш моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду њафтод нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то панљоњ шабонарўз љазо дода мешавад.

    2. Њамин кирдорњо, ки дар вазъияти љангї ё дар шароити вазъияти фавќуллода содир шуда бошанд, -

    бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз шаш то нуњ сол љазо дода мешаванд.

    3. Кирдорњои дар ќисми якуми њамин модда пешбинишуда, ки дар замони љанг содир шуда бошанд, -

    бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз дањ то понздањ сол ва ё якумра мањрум сохтан аз озодї љазо дода мешаванд.
    Моддаи 431. Вайрон кардани ќоидањои иљрои навбатдории љангї

    1. Вайрон кардани ќоидањои иљрои навбатдории љангї (хизмати љангї) оид ба сари ваќт ошкор намудан ва зада гардонидани њуљуми ногањонї ба Љумњурии Тољикистон ва ё оид ба таъмини амнияти он, агар ин кирдор ба манфиати давлат зиёни назаррас расонида бошад ё метавонист расонад, -

    бо љарима ба андозаи то дусад нишондињанда барои њисобњо ва ё нигоњ доштан дар ќисми њарбии интизомї ба муҳлати то як сол ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба њамин муњлат љазо дода мешавад.

    2. Њамин кирдор, ки боиси оќибатњои вазнин гардида бошад, -

    бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз шаш то нуњ сол љазо дода мешавад.

    3. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, ки дар вазъияти љангї ё дар замони љанг содир шуда бошанд, -

    бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз дањ то понздањ сол ва ё якумра мањрум сохтан аз озодї љазо дода мешаванд.

     

    Моддаи 432. Вайрон кардани ќоидањои муњофизати Сарњади давлатии Љумњурии Тољикистон

    1. Вайрон кардани ќоидањои муњофизати Сарњади давлатии Љумњурии Тољикистон, аз љумла дар нуќтањои гузаргоњї, аз љониби шахси дар њайати дастаи сарњадї буда ё иљрокунандаи дигар вазифањо вобаста ба муњофизати Сарњади давлатї, агар ин кирдор ба манфиати амнияти давлат зиёни назаррас расонида бошад ё метавонист расонад, -

    бо љарима ба андозаи то дусад нишондињанда барои њисобњо ва ё нигоњ доштан дар ќисми њарбии интизомї ба муҳлати то як сол ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба њамин муњлат љазо дода мешавад.

    2. Њамин кирдор, ки боиси оќибати вазнин гардида бошад ва ё аз љониби гурўњи шахсон бо созиши пешакї содир шуда бошад, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то панљ сол љазо дода мешавад.
    Моддаи 433. Вайрон кардани ќоидањои оинномавии иљрои хизмати ќаровулї (посбонї)

    1. Вайрон кардани ќоидањои оинномавии иљрои хизмати ќаровулї (посбонї) аз љониби шахси ба њайати ќаровулї (посбонї) дохилшуда, агар ин кирдор боиси расонидани зиён ба объектњои аз љониби ќаровул (посбон) муњофизатшаванда гардида бошад ё дигар оќибатњои зиёновар фаро расида бошад, -

    бо мањдуд кардан дар хизмати њарбї ба муҳлати то як сол ва ё љарима ба андозаи то дусад нишондињанда барои њисобњо ва ё нигоњ доштан дар ќисми њарбии интизомї ба муҳлати то як сол ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба њамин муњлат љазо дода мешавад.

    2. Њамин кирдор, ки боиси оќибати вазнин гардида бошад ва ё аз љониби гурўњи шахсон ё гурўњи шахсон бо созиши пешакї содир шуда бошад, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол љазо дода мешавад.
    Моддаи 434. Вайрон кардани ќоидањои оинномавии иљрои хизмати дохилї ё гардиши посбонон дар гарнизон

    1. Вайрон кардани ќоидањои оинномавии иљрои хизмати дохилї аз љониби шахси ба њайати дастаи шабонарўзї дохилбуда (ба ѓайр аз ќаровулї ва посбонї), њамчунин вайрон кардани ќоидањои оинномавии гардиши посбонон дар гарнизон ва фармону фармоишњои барои таќвияти ин ќоидањо баровардашуда аз љониби шахси ба њайати дастаи посбонон шомилбуда, агар онњо боиси оќибатњои зиёноваре, ки пешгирии онњо ба уњдадории ин шахс дохил аст, гардида бошанд, -

    бо мањдуд кардан дар хизмати њарбї ба муњлати то шаш моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду њафтод нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то панљоњ шабонарўз љазо дода мешаванд.

    2. Њамин кирдорњо, ки:

    1) боиси оќибатњои вазнин гардида бошанд;

    2) аз љониби гурўњи шахсон ё гурўњи шахсон бо созиши пешакї содир шуда бошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то се сол љазо дода мешаванд.

     

    Моддаи 435. Вайрон кардани ќоидањои иљрои хизмати назоратбарї

    1. Вайрон кардани ќоидањои иљрои хизмати назоратбарї аз љониби хизматчиёни њарбие, ки вазифањои назоратбариро амалї менамоянд, агар ин кирдор ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ё ташкилот ва ё манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаи ҷамъият ё давлат зиёни назаррас расонида бошад, -

    бо мањдуд кардан дар хизмати њарбї ба муњлати то шаш моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду њафтод нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то панљоњ шабонарўз љазо дода мешавад.

    2. Њамин кирдор, ки:

    1) боиси оќибатњои вазнин гардида бошад;

    2) аз љониби гурўњи шахсон ё гурўњи шахсон бо созиши пешакї содир шуда бошад, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то се сол љазо дода мешавад.

     

    Моддаи 436. Вайрон кардани ќоидањои иљрои хизмат оид ба њифзи тартиботи љамъиятї ва таъмини амнияти љамъиятї

    1. Аз љониби шахси ба њайати дастаи њарбї шомилбуда вайрон карани ќоидањои иљрои хизмат оид ба њифзи тартиботи љамъиятї ва таъмини амнияти љамъиятї, ќоидањои иљрои хизмат, агар ин кирдор ба њуќуќу манфиатњои ќонунии шањрвандон ё ташкилот зиёни назаррас расонида бошад, -

    бо мањдуд кардан дар хизмати њарбї ба муњлати то се моњ ва ё љарима ба андозаи то сад нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то сї шабонарўз љазо дода мешавад.

    2. Њамин кирдор, ки:

    1) боиси оќибатњои вазнин гардида бошад;

    2) аз љониби гурўњи шахсон ё гурўњи шахсон бо созиши пешакї содир шуда бошад, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то се сол љазо дода мешавад.

    3. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, ки дар вазъияти фавќулода содир шуда бошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол љазо дода мешаванд.
    Моддаи 437. Суиистифодаи њокимият

    1. Суиистифодаи њокимият ё маќоми хизматї аз љониби сардор ё шахси мансабдор бар хилофи манфиатҳои хизмат бо мақсади гирифтани фоида ва бартариятҳо барои худ ё шахсони дигар ё ташкилот ва ё расонидани зиён ба шахсони дигар ё ташкилот, агар ин кирдор ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ё ташкилот ва ё манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаи ҷамъият ё давлат зиёни назаррас расонида бошад,-

    бо мањдуд кардан дар хизмати њарбї ба муњлати то ду сол ва ё љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то ду сол бо мусодираи молу мулк, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешавад.

    2. Њамин кирдор, ки боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз се то шаш сол бо мусодираи молу мулк, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панљ сол љазо дода мешавад.

    3. Кирдорҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишуда, ки дар вазъияти љангї содир шуда бошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз шаш то нуњ сол бо мусодираи молу мулк, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панљ сол љазо дода мешаванд.

    4. Кирдорҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишуда, ки дар замони љанг содир шуда бошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз дањ то понздањ сол бо мусодираи молу мулк, бо якумра маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян љазо дода мешаванд.
    Моддаи 438. Баромадан аз ҳадди њокимият

    1. Баромадан аз ҳадди њокимият ё ваколатҳои хизматї, яъне аз љониби сардор ё шахси мансабдор содир кардани њаракатњое, ки баръало аз њадди њуќуќ ва ваколатњои ў баромада, боиси ба таври назаррас вайрон кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ё ташкилот ва ё манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаи ҷомеа ё давлат гардида бошанд,-

    бо љарима ба андозаи то панљсаду чил нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то се сол љазо дода мешаванд.

    2. Њамин кирдор, ки:

    1) боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад;

    2) бо истифодаи силоҳ ё воситаҳои махсус;

    3) бо мақсади гирифтани фоида ва бартариятҳо барои худ ё шахсони дигар ё ташкилот ва ё расонидани зиён ба шахсони дигар ё ташкилот содир шуда бошад, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз се то шаш сол бо мусодираи молу мулк, бо якумра маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян љазо дода мешавад.

    3. Кирдорҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишуда, ки дар вазъияти љангї содир шуда бошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз шаш то дањ сол бо мусодираи молу мулк, бо якумра маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян љазо дода мешаванд.

    4. Кирдорҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишуда, ки дар замони љанг содир шуда бошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз дањ то понздањ сол ва ё якумра маҳрум сохтан аз озодї бо мусодираи молу мулк, бо якумра маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян љазо дода мешаванд.
    Моддаи 439. Беамалии њокимият

    1. Беамалии њокимият, яъне аз љониби сардор ё шахси мансабдор иљро накардани уњдадорињои хизматии худ бо мақсади гирифтани фоида ва бартариятҳо барои худ ё шахсони дигар ё ташкилот ва ё расонидани зиён ба шахсони дигар ё ташкилот, агар ин боиси ба таври назаррас вайрон кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ё ташкилот ва ё манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаи ҷомеа ё давлат гардида бошад,-

    бо мањдуд кардан дар хизмати њарбї ба муњлати то ду сол ва ё љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то ду сол бо мусодираи молу мулк, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешавад.

    2. Њамин кирдор, ки боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз се то шаш сол бо мусодираи молу мулк, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мухлати то панљ сол љазо дода мешавад.

    3. Кирдорҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишуда, ки дар вазъияти љангї содир шуда бошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз шаш то дањ сол бо мусодираи молу мулк, бо якумра маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян љазо дода мешаванд.

    4. Кирдорҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишуда, дар замони љанг содир шуда бошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз дањ то понздањ сол бо мусодираи молу мулк, бо якумра маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян љазо дода мешаванд.
    Моддаи 440. Муносибати хунукназарона ба хизмат

    1. Муносибати хунукназаронаи сардор ё шахси мансабдор ба хизмат, ки зиёни назаррас расонида бошад, -

    бо мањдуд кардан дар хизмати њарбї ба муњлати то як сол ва ё љарима ба андозаи то дусад нишондињанда барои њисобњо ва ё нигоњ доштан дар ќисми њарбии интизомї ба муҳлати то як сол ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба њамин муњлат љазо дода мешавад.

    2. Њамин кирдор, ки боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то се сол љазо дода мешавад.

    3. Кирдорҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишуда, ки дар замони љанг ё вазъияти љангї содир шуда бошанд,-

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз се то њафт сол љазо дода мешаванд.
    Моддаи 441. Супоридан ё монда рафтани воситањои бурдани љанг ба душман

    Аз љониби сардор ба душман супоридани ќуввањои њарбии ба ў боваркардашуда, њамчунин дар вазъияти љангї ќарорнадошта ба душман монда рафтани истењком, техникаи њарбї ва дигар воситањои бурдани љанг, агар њаракатњои зикргардида бе маќсади мусоидат кардан ба душман содир шуда бошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз дањ то понздањ сол љазо дода мешаванд.
    Моддаи 442. Ихтиёран таслим шудан ба асирї

    Ихтиёран таслим шудан ба асирї аз рўи тарс ё бељуръатї, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз се то њафт сол љазо дода мешавад.
    Моддаи 443. Толонгарї

    Дар майдони муњориба тасарруф намудани ашёњои фавтидагон ва маљрўњон (толонгарї), -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз се то њафт сол љазо дода мешавад.
    Моддаи 444. Ифшо намудани маълумоти махфии хусусияти њарбидошта ё гум кардани махзани дорои маълумоти махфии хусусияти њарбидошта

    1. Аз беэњтиётї гум кардани махзани дорои маълумоти хусусияти њарбидошта, ки сирри давлатиро дарбар намегирад, аз љониби шахсе, ки ин маълумот ба ў аз рўи хизмат бовар карда шудааст, агар гумкунї дар натиљаи вайрон кардани ќоидањои муносибат бо махзани зикргардида ба амал омада бошад, -

    бо мањдуд кардан дар хизмати њарбї ба муњлати то шаш моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду њафтод нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то панљоњ шабонарўз љазо дода мешавад.

    2. Ифшо намудани маълумоти махфии хусусияти њарбидошта, ки сирри давлатиро дарбар намегирад, аз љониби шахсе, ки ин маълумот ба ў бовар карда шудааст ё аз рўи хизмат маълум шуда бошад, -

    бо мањдуд кардан дар хизмати њарбї ба муњлати то як сол ва ё љарима ба андозаи то дусад нишондињанда барои њисобњо ва ё нигоњ доштан дар ќисми њарбии интизомї ба муҳлати то як сол ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба њамин муњлат љазо дода мешавад.

    3. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, ки боиси расонидани зарари калон ё ба вуќўъ омадани дигар оќибатњои вазнин гардида бошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз се то шаш сол љазо дода мешаванд.

    4. Кирдорњои дар ќисмњои якум, дуюм ё сеюми њамин модда пешбинишуда, ки дар вазъияти љангї ё шароити вазъияти фавќуллода содир шуда бошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз шаш то дањ сол љазо дода мешаванд.

    5. Кирдорњои дар ќисмњои якум, дуюм ё сеюми њамин модда пешбинишуда, ки дар замони љанг содир шуда бошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз нуњ то дувоздањ сол љазо дода мешаванд.
    Моддаи 445. Ќасдан нобуд ё вайрон кардани молу мулки њарбї

    1. Ќасдан нобуд ё вайрон кардани силоњ, лавозимоти љангї, воситањои њаракат, техникаи њарбї ё дигар молу мулки њарбї, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то ду сол љазо дода мешавад.

    2. Њамин кирдор, ки:

    1) боиси оќибати вазнин гардида бошад;

    2) бо истифодаи зуроварї ё тањдиди истифодаи он;

    3) аз љониби гурўњи шахсон ё гурўњи шахсон бо созиши пешакї содир шуда бошад,-

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то се сол љазо дода мешавад.

    3. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, ки дар вазъияти љангї ё дар шароити вазъияти фавќулода содир шуда бошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз се то шаш сол љазо дода мешаванд.

    4. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда, ки дар замони љанг содир шуда бошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз шаш то дањ сол љазо дода мешаванд.
    Моддаи 446. Аз беэњтиётї нобуд ё вайрон кардани молу мулки њарбї

    Аз беэњтиётї нобуд ё вайрон кардани силоњ, лавозимоти љангї, воситањои њаракат ва ё техникаи њарбї, ки боиси оќибатњои вазнин гардида бошанд, -

    бо мањдуд кардан дар хизмати њарбї ба муњлати то шаш моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду њафтод нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то панљоњ шабонарўз љазо дода мешавад.
    Моддаи 447. Гум кардани молу мулки њарбї

    Вайрон кардани ќоидањои нигоњдошти силоњ, лавозимоти љангї ё ашёњои техникаи њарбии барои истифодаи хизматї бовар кардашуда, агар ин боиси гум шудани онњо гардида бошад, -

    бо мањдуд кардан дар хизмати њарбї ба муњлати то як сол ва ё љарима ба андозаи то дусад нишондињанда барои њисобњо ва ё нигоњ доштан дар ќисми њарбии интизомї ба муҳлати то як сол ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба њамин муњлат љазо дода мешавад.
    Моддаи 448. Вайрон кардани қоидаҳои муносибат бо силоҳ, инчунин бо мавод ва ашёҳои ба атрофиён хатардошта

    1. Вайрон кардани қоидаҳои муносибат бо силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, маводи радиоактивӣ, тарканда ё дигар моддањо ва ашёҳои ба атрофиён хатардошта, агар ин кирдор боиси аз беэҳтиётӣ расонидани зиёни миёна ба саломатии инсон, нобуд шудани молу мулки ҷангӣ ва ё фаро расидани оқибатҳои дигари вазнин гардида бошад,-

    бо мањдуд кардан дар хизмати њарбї ба муњлати то ду сол ва ё љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то ду сол љазо дода мешавад.

    2. Кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, ки боиси марги инсон гардида бошад, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то панљ сол љазо дода мешавад.

    3. Кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, ки боиси марги ду ва ё зиёда шахс гардида бошад, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз чор то њафт сол љазо дода мешавад.

    1   ...   38   39   40   41   42   43   44   45   ...   51


    написать администратору сайта