Главная страница
Навигация по странице:

  • Моддаи 456. Вайрон кардани ќонунњо ва одатњои љанг

  • Моддаи 457. Вайрон намудани меъёр

  • Моддаи 458. Беамалї ва ё додани фармони ѓайриќонунї дар ваќти низои мусаллањона

  • Моддаи 459. Истифодаи

  • Моддаи 461.

  • Моддаи 462.

  • Моддаи 463.

  • Моддаи 464. Њамла ба шахсон ё ташкилоти тањти њимояи

  • Моддаи 465.

  • Њуќуќвайронкунии љиноятии ќасдан содиршуда

  • њуќуќвайронкунии љиноятие

  • Уголовный кодекс Таджикистана. Кодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї


    Скачать 0.67 Mb.
    НазваниеКодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї
    АнкорУголовный кодекс Таджикистана
    Дата27.07.2022
    Размер0.67 Mb.
    Формат файлаdocx
    Имя файла1604807476303297.docx
    ТипКодекс
    #636887
    страница44 из 51
    1   ...   40   41   42   43   44   45   46   47   ...   51
    Моддаи 455. Истифодаи восита ва усулњои манъшудаи бурдани љанг

    1. Муносибати берањмона бо асирони њарбї ё ањолии мулкї, депортатсияи ањолии мулкї, нобуд ё торољ кардани молу мулки миллї дар њудуди ѓасбшуда, дар низои мусаллањона истифодаи восита ва усулњои манъшудаи бурдани љанг, ки бо шартномаҳои байналмилалии Љумњурии Тољикистон манъ карда шудааст, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз њафт то дањ сол љазо дода мешаванд.

    2. Истифодаи силоњи ќатли омми бо шартномаҳои байналмилалии Љумњурии Тољикистон манъшуда, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз дањ то понздањ сол ва ё якумра мањрум сохтан аз озодї љазо дода мешавад.
    Моддаи 456. Вайрон кардани ќонунњо ва одатњои љанг

    1. Маљбур кардани шахсоне, ки силоњашонро супоридаанд ё воситаи њимоя надоранд, маљрўњон, беморон, љабрдидагони киштии ѓарќшуда, кормандони тиб, њайати санитарї ва руњонї, асирони њарбї, ањолии мулкии њудудњои ѓасбшуда ё мањалли амалиёти њарбї, дигар шахсоне, ки дар ваќти амалиётњои њарбї аз њимояи байналмилалї бархўрдоранд, љалб кардан ба хизмат дар ќуввањои мусаллањи душман ё кўчонидан ва ё мањрум сохтани њуќуќњои онњо оид ба дастрасї ба суди мустаќил ва беѓараз ва ё мањдуд сохтани њуќуќи чунин шахсон ба њимоя дар мурофиаи судии љиноятї, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз се то њафт сол љазо дода мешавад.

    2. Куштори шахсоне, ки дар ќисми якуми њамин модда зикршуда,-

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз њафт то дувоздањ сол љазо дода мешавад.
    Моддаи 457. Вайрон намудани меъёрњои њуќуќи байналмилалии инсондустї дар ваќти низоњои мусаллањона

    Вайрон намудани меъёрњои њуќуќи байналмилалии инсондустї дар ваќти низоњои мусаллањона, ки дар табдил додани мањалли њифзнашаванда ва минтаќаи ѓайринизомї ба объекти њуљум ва ё вайрон кардани созишиномањои оташбас, боздошти амалиёти њарбї ё созишњои мањаллї бо маќсади баровардан, иваз ё интиќоли маљрўњон ва фавтидагон, ки дар майдони муњориба мондаанд ва ё њуљум кардан ба ањолии мулкї ё объектњои гражданї ва ё љойивазкунии ќисми ањолии мулкии мањаллї ба њудудњои ѓасбшуда ва ё беасос мавќуфгузории баргардонидани асирони њарбї ва ањолии мулкї зоњир мегардад, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз дањ то понздањ сол љазо дода мешавад.
    Моддаи 458. Беамалї ва ё додани фармони ѓайриќонунї дар ваќти низои мусаллањона

    1. Дар ваќти низои мусаллањона аз тарафи сардор ё шахси мансабдор ќасдан дар доираи ваколатњои худ наандешидани чорањои имконпазир барои пешгирии ќонунвайронкунињои тайёршудаистода ё содир кардани вайронкунии љинояткоронаи ќонунњо ва одатњои љанг ё меъёрњои њуќуќи байналмилалии инсондустї аз љониби тобеон, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз њафт то дањ сол љазо дода мешавад.

    2. Аз тарафи сардор ё шахси мансабдор дар ваќти низои мусаллањона ба зертобеъ додани фармон оид ба зинда намондани ягон шахс ё фармон ё амри баръало љинояткорона, ки барои ба таври љинояткорона вайрон кардани ќонунҳо ва одатњои љанг ё меъёрњои њуќуќии байналмилалии инсондўстї равона шуда бошанд, -

    бо маҳрум сохтан аз озодї ба муњлати аз дањ то понздањ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панљ сол ҷазо дода мешавад.
    Моддаи 459. Истифодаи ѓайриќонунии аломат ё нишонањои тањти њимояи шартномањои байналмилалї ќарордошта

    Дар ваќти амалиёти њарбї бар хилофи (ѓайриќонунї) шартномањои байналмилалї ќасдона истифода намудани аломатњои Салиби Сурх, Ҳилоли Аҳмар ё нишонањои њифзкунандаи арзишњои фарњангї ё дигар нишонањои бо њуќуќи байналмилалї њифзшаванда ва ё истифодаи парчами давлатї ё нишонањои давлатии фарќкунандаи тарафи мухолиф, давлати бетараф, парчам ё нишонаи ташкилоти байналмилалї, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то ду сол љазо дода мешавад.
    Моддаи 460. Генотсид

    Генотсид, яъне кирдорҳои ќасдонае, ки ба пурра ё қисман маҳв кардани гурўњи миллї, этникї, нажодї ё динї бо роҳи куштани аъзои ин гурўњ, расонидани зиёни вазнин ба саломатии онҳо, зўроварона монеъ шудан ба таваллудкунии кўдак, маљбуран ба дигарон додани кўдакон, зўроварона кўчонидан ва ё фароҳам овардани шароитњои зиндагие, ки ба нобудкунии ҷисмонии аъзои ин гурўҳ нигаронида шудаанд, равона гардидаанд ё содир кардани чунин кирдорњо дар замони љанг, -

    бо маҳрум сохтан аз озодї ба муњлати аз дањ то понздаҳ сол ва ё якумра маҳрум сохтан аз озодӣ ва ё ҷазои қатл ҷазо дода мешавад.


    Моддаи 461. Экотсид

    Маҳви оммавии олами наботот ё ҳайвонот, заҳролудкунии атмосфера, захираҳои замин ё об, инчунин содир кардани кирдорҳои дигаре, ки метавонанд офати экологї ё њолати фавќулодаи экологиро ба вуҷуд оваранд ё ба вуљуд оварданашонро мусоидат намоянд, -

    бо маҳрум сохтан аз озодї ба муњлати аз дањ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.


    Моддаи 462. Зархаридї ё таъсиси пойгоњњо (лагерњо) барои омўзиши зархаридон

    1. Љалб, таълим, маблағгузорї ё таъминоти дигари моддии зархарид, њамчунин истифодаи ў дар низои мусаллањона ё амалиёти љангї ё дар дигар њаракатњои зўроварї, ки ба сарнагун ва ё ноустувор кардани сохтори конститутсионї ва ё вайрон кардани тамомияти арзии давлат равона гардида бошанд, -

    бо маҳрум сохтан аз озодї ба муњлати аз панљ то даҳ сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешаванд.

    2. Иштироки зархарид дар низои мусаллањона ё амалиёти љангї ё дар дигар њаракатњои зўроварї, ки ба сарнагун ва ё ноустувор кардани сохтори конститутсионї ва ё вайрон кардани тамомияти арзии давлат равона гардидаанд, -

    бо маҳрум сохтан аз озодї ба муњлати аз панљ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

    3. Таъсиси пойгоњ (лагер) барои омўзиши зархаридон ва ё пешнињоди биноњо ё ќитъаи замин барои њамин маќсадњо, -

    бо маҳрум сохтан аз озодї ба муњлати аз панљ то даҳ сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад.

    4. Кирдорњои дар ќисми якуми њамин модда пешбинишуда, ки аз љониби шахс бо истифода аз мақоми хизматї ё нисбати ноболиғ содир шуда бошанд, -

    бо маҳрум сохтан аз озодї ба муњлати аз даҳ то понздаҳ сол бо мусодираи молу мулк, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панљ сол ё бидуни он ҷазо дода мешаванд.

    5. Кирдорњои дар ќисми дуюми њамин модда пешбинишуда, ки боиси фаро расидани марги одамон ва ё дигар оќибатњои вазнин гардида бошанд, -

    бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муњлати аз дувоздањ то понздаҳ сол ва якумра мањрум сохтан аз озодї ва ё љазои ќатл бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад.
    Моддаи 463. Љалби ѓайриќонунї ва иштирок дар низоњои мусаллањонаи хориљї

    Љалб ё иштироки ѓайриќонунии ќасдонаи шањрванди Љумњурии Тољикистон дар низои мусаллањона ё амалиёти љангї дар њудуди давлати хориљї њангоми мављуд набудани аломатњои зархаридї, -

    бо маҳрум сохтан аз озодї ба муњлати аз дањ то понздањ сол ҷазо дода мешавад.


    Моддаи 464. Њамла ба шахсон ё ташкилоти тањти њимояи байналмилалї ќарордошта

    1. Њамла ба намояндаи давлати хориљї ё корманди ташкилоти байналмилалии аз њимояи байналмилалї бархўрдор ё аъзои оилаи бо ў якљо истиќоматкунанда, њамчунин ба биноњои хизматї ё истиќоматї ва ё ба воситаи наќлиёти шахсоне, ки аз њимояи байналмилалї бархўрдор, њамчунин рабудан ё маљбуран аз озодї мањрум сохтани ин шахсон, инчунин тањдиди содир кардани амалњои мазкур, -

    бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муњлати аз се то њафт сол ҷазо дода мешаванд.

    2. Њамин кирдорњо, агар якчандкарата ва ё бо истифодаи силоњ ё ашёњое, ки ба сифати силоњ истифода мешаванд ва ё аз ҷониби гурўҳи шахсон бо созиши пешакї ва ё боиси расонидани зиёни вазнин ба саломатї, њамчунин бо маќсади иѓвои љанг ё мураккаб сохтани муносибатњои байналмилалї содир шуда бошанд, -

    бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муњлати аз њафт то дањ сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешаванд.

    3. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, ки аз беэњтиётї боиси марги инсон гардидаанд ё аз љониби гурўњи љиноятї содир карда шуда бошанд, -

    бо маҳрум сохтан аз озодї ба муњлати аз дањ то понздањ бо мусодираи молу мулк сол ҷазо дода мешаванд.
    Моддаи 465. Барангехтани кинаю адоват ё низои иљтимої, нажодї, миллї, мањалгарої ё динї (мазњабї)

    1. Њаракатҳои қасдонае, ки барои барангехтани кинаю адоват ё низои иљтимої, нажодї, миллї, мањалгарої ё динї (мазњабї), паст задани шаъну эътибори нажодї, миллї, динї (мазњабї) ё мањал, инчунин тарѓиби махсусият ва бартарии шањрвандон аз нигоњи муносибати онњо ба дин (мазњаб), забон, мансубият ба нажод, миллат ё мањал равона карда шуда бошанд, агар ин кирдорњо ба таври оммавї ё бо истифодаи воситањои ахбори омма ё интернет ё шабакањои алоќаи барќї, агар дар давоми то як соли пас аз татбиќи љазои маъмурї барои чунин њуќуќвайронкунињо содир шуда бошанд, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё маҳрум сохтан аз озодї ба њамин муҳлат ҷазо дода мешаванд.

    2. Ҳамин ҳаракатњо, ки:

    1) аз ҷониби гурўҳи шахсон, гурўњи шахсон бо созиши пешакї;

    2) якчандкарата;

    3) бо истифодаи зўроварї ва ё таҳдиди истифодаи он;

    4) бо истифода аз мақоми хизматї ва ё роҳбари иттиҳоди ҷамъиятї содир шуда бошанд, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳое, ки аз сарчашмаҳои хориљї гирифта шудаанд, -

    бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панљ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешаванд.

    3. Кирдорҳои дар қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда пешбинишуда, ки аз ҷониби гурўҳи ҷиноятї содир шуда бошанд ва ё боиси оқибатҳои вазнин гардида бошанд,-

    бо маҳрум сохтан аз озодї ба муҳлати аз панљ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ ё бидуни он ҷазо дода мешаванд.

    МУНДАРИЉА
    ЌИСМИ УМУМЇ
    ФАСЛИ I. ЌОНУНИ ЉИНОЯТЇ

    БОБИ 1. ВАЗИФА ВА ПРИНСИПЊОИ

    КОДЕКСИ ЉИНОЯТИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

    Моддаи 1. Ќонунгузории љиноятии Љумњурии Тољикистон

    Моддаи 2. Вазифањои Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон

    Моддаи 3. Шарњи баъзе мафҳумҳое, ки дар Кодекси мазкур истифода шудаанд

    Моддаи 4. Принсипи ќонуният

    Моддаи 5. Принсипи баробарии шахсон дар назди ќонун

    Моддаи 6. Принсипи ногузирии љавобгарии љиноятї

    Моддаи 7. Принсипи љавобгарии фардї ва гунањгорї

    Моддаи 8. Принсипи адолат

    Моддаи 9. Принсипи инсондўстї

    Моддаи 10. Принсипи демократизм

    Моддаи 11. Асоси љавобгарии љиноятї

    Моддаи 12. Ќоидањои маънидодкунии ќонуни љиноятї

    БОБИ 2. АМАЛИ ЌОНУНИ ЉИНОЯТЇ

    ДАР ЗАМОН ВА МАКОН

    Моддаи 13. Амали ќонуни љиноятї дар замон

    Моддаи 14. Ќувваи бозгашти ќонуни љиноятї

    Моддаи 15. Амали ќонуни љиноятї нисбати шахсоне, ки дар њудуди Љумњурии Тољикистон њуќуќвайронкунии љиноятї содир кардаанд

    Моддаи 16. Амали ќонуни љиноятї нисбати шахсоне, ки берун аз њудуди Љумњурии Тољикистон њуќуќвайронкунии љиноятї содир кардаанд

    Моддаи 17. Супурдани шахсоне, ки њуќуќвайронкунии љиноятї содир кардаанд

    ФАСЛИ II. ЊУЌУЌВАЙРОНКУНИИ ЉИНОЯТЇ

    БОБИ 3. МАФЊУМИ ЊУЌУЌВАЙРОНКУНИИ

    ЉИНОЯТЇ ВА НАМУДЊОИ ОН

    Моддаи 18. Мафњуми љиноят ва рафтори љиноятї

    Моддаи 19. Категорияњои љиноятњо

    Моддаи 20. Якчандкарата содир кардани њуќуќвайронкунињои љиноятї

    Моддаи 21. Маљмўи њуќуќвайронкунињои љиноятї

    Моддаи 22. Ретсидиви љиноятњо, ретсидиви хавфноки љиноятњо

    БОБИ 4. ШАХСОНЕ, КИ БА ЉАВОБГАРИИ

    ЉИНОЯТЇ КАШИДА МЕШАВАНД

    Моддаи 23. Шахсоне, ки ба љавобгарии љиноятї кашида мешаванд

    Моддаи 24. Номукаллафї

    Моддаи 25. Љавобгарии љиноятии шахси дорои парешонњолии рўњї, ки мукаллафиро истисно намекунад

    Моддаи 26. Љавобгарии љиноятии шахсе, ки дар њолати мастї њуќуќвайронкунии љиноятї содир кардааст

    БОБИ 5. ГУНОЊ

    Моддаи 27. Шаклњои гуноњ

    Моддаи 28. Њуќуќвайронкунии љиноятии ќасдан содиршуда

    Моддаи 29. Њуќуќвайронкунии љиноятии аз беэњтиётї содиршуда

    Моддаи 30. Љавобгарї барои њуќуќвайронкунии љиноятие, ки бо ду шакли гуноњ содир шудааст

    Моддаи 31. Бегуноњ расонидани зиён

    БОБИ 6. ЉИНОЯТИ НОТАМОМ ВА

    ЊУЌУЌВАЙРОНКУНИИ ЉИНОЯТИИ ХОТИМАЁФТА

    Моддаи 32. Тайёрї ба љиноят ва сўиќасд ба љиноят

    Моддаи 33. Њуќуќвайронкунии љиноятии хотимаёфта

    Моддаи 34. Ихтиёрї даст кашидан аз њуќуќвайронкунии љиноятї

    БОБИ 7. ШАРИКЇ ДАР ЊУЌУЌВАЙРОНКУНИИ ЉИНОЯТЇ

    Моддаи 35. Мафњуми шарикї дар њуќуќвайронкунии љиноятї

    Моддаи 36. Намудњои шарикони њуќуќвайронкунии љиноятї

    Моддаи 37. Љавобгарии шарикони њуќуќвайронкунии љиноятї

    Моддаи 38. Ифроти иљрокунандаи њуќуќвайронкунии љиноятї

    Моддаи 39. Љавобгарии љиноятї барои њуќуќвайронкунии љиноятии аз љониби гурўњ содиршуда

    Б О Б И 8. ЊОЛАТЊОЕ, КИ ЗИДДИЊУЌУЌИИ ЉИНОЯТЇ

    БУДАНИ КИРДОРРО ИСТИСНО МЕКУНАНД

    Моддаи 40. Мудофиаи зарурї

    Моддаи 41. Расонидани зиён њангоми дастгир кардани шахсе, ки њуќуќвайронкунии љиноятї содир кардааст

    Моддаи 42. Зарурати нињої

    Моддаи 43. Ба амал баровардани чорабинињои оперативї-љустуљўї, зиддикашофї ё ѓайриошкорои амалњои тафтишї

    Моддаи 44. Маљбуркунии љисмонї ё рўњї

    Моддаи 45. Таваккали асоснок

    Моддаи 46. Иљрои фармон ё амр

    ФАСЛИ III. ЉАЗО

    БОБИ 9. МАФЊУМ ВА МАЌСАДЊОИ ЉАЗО.

    НАМУДЊОИ ЉАЗО

    Моддаи 47. Мафњум ва маќсадњои љазо

    Моддаи 48. Намудњои љазо
    Моддаи 49. Корњои њатмї

    Моддаи 50. Корњои ислоњї

    Моддаи 51. Мањдуд кардан дар хизмати њарбї

    Моддаи 52. Мањдуд кардани озодї

    Моддаи 53. Љарима

    Моддаи 54. Њабс

    Моддаи 55. Нигоњ доштан дар ќисми њарбии интизомї

    Моддаи 56. Мањрум сохтан аз озодї

    Моддаи 57. Якумра мањрум сохтан аз озодї

    Моддаи 58. Љазои ќатл

    Моддаи 59. Маҳрум кардан аз рутбаҳои ҳарбӣ, рутбаҳои дипломатӣ, рутбаҳо, унвонҳои махсус, мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрии Тоҷикистон

    Моддаи 60. Мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансаби муайян ё машѓул шудан ба фаъолияти муайян

    Моддаи 61. Берун кардани шањрванди хориљї ё шахси бешањрванди ба таври доимї дар Љумњурии Тољикистон истиќоматнакунанда аз њудуди он

    Моддаи 62. Мусодираи молу мулк

    БОБИ 10. ТАЪЙИНИ ЉАЗО

    Моддаи 63. Асосњои умумии таъйини љазо

    Моддаи 64. Њолатњои сабуккунандаи љавобгарии љиноятї ва љазо

    Моддаи 65. Њолатњои вазнинкунандаи љавобгарии љиноятї ва љазо

    Моддаи 66. Таъйини љазои сабуктар нисбат ба љазое, ки барои ин њуќуќвайронкунии љиноятї пешбинї шудааст

    Моддаи 67. Таъйини љазо барои љинояти нотамом

    Моддаи 68. Таъйини љазо барои њуќуќвайронкунии љиноятї, ки дар шарикї содир шудааст

    Моддаи 69. Таъйини љазо барои маљмўи њуќуќвайронкунии љиноятї

    Моддаи 70. Таъйини љазо дар њолати ретсидиви љиноятњо, ретсидиви хавфноки љиноятњо

    Моддаи 71. Таъйини љазо аз рўи маљмўи њукмњо

    Моддаи 72. Тартиби муайяни кардани муњлатњои љазо њангоми зам кардани онњо

    Моддаи 73. Њисоб кардани муњлати љазо ва ба њисоб гирифтан љазо
    Моддаи 74. Шартан татбиќ накардани љазо

    Моддаи 75. Бекор кардани шартан татбиќ накардани љазо
    1   ...   40   41   42   43   44   45   46   47   ...   51


    написать администратору сайта