Главная страница
Навигация по странице:

  • Моддаи 397. Таљовуз ба њаёти шахси ба амалбарорандаи адолати судї ё тафтишоти тосудї

  • Моддаи 398. Тањдид ё њаракати зўроварї вобаста ба амалбарории адолати судї ё тафтишоти тосудї

  • Моддаи 399

  • Моддаи 400. Туҳмат нисбати судя, машваратчии хал

  • Моддаи 401. Ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахси баръало бегуноҳ

  • Моддаи 402. Баръало ғайриқонунӣ озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ

  • Моддаи 403.

  • Моддаи 404. Маљбур кардан ба додани нишондод

  • Моддаи 405. Тањрифи далелњо ва маводи оперативї-љустуљўї

  • Моддаи 406. И

  • Моддаи 407.

  • Моддаи 408. Баръало хабари бардур

  • Моддаи 409.

  • Моддаи 410. Саркашї кардани шоњид ё љабрдида аз додани нишондод

  • Моддаи 411. Ришвадињї ё маљбур кардан барои додани нишондоди бардурўѓ ё саркашї кардан аз додани нишондод, хулосаи бардурўѓ ва ё тарљумаи нодуруст

  • Моддаи 412. Ифшои маълумоти пешбурди тосуд

  • Моддаи 414.

  • Уголовный кодекс Таджикистана. Кодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї


    Скачать 0.67 Mb.
    НазваниеКодекси иноятии УМурии тоикистон исми умумї фасли i. Онуни иноятї
    АнкорУголовный кодекс Таджикистана
    Дата27.07.2022
    Размер0.67 Mb.
    Формат файлаdocx
    Имя файла1604807476303297.docx
    ТипКодекс
    #636887
    страница40 из 51
    1   ...   36   37   38   39   40   41   42   43   ...   51

    Моддаи 396. Монеъ шудан барои ба амал баровардани адолати судї ва пешбурди тафтишоти тосудї

    1. Дар њар шакл дахолат кардан ба фаъолияти суд бо маќсади монеъ шудан барои ба амал баровардани адолати судї, -

    бо љарима ба андозаи то дусад нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то як сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат љазо дода мешавад.

    2. Дар њар шакл дахолат кардан ба фаъолияти прокурор ё дигар шахс, ки тањќиќ ё тафтиши тосудиро амалї менамояд, бо маќсади монеъ шудан ба њамаљониба, пурра ва обеъктивии тафтишоти тосудї, -

    бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду бист соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то чор моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду бист нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то чил шабонарўз љазо дода мешавад.

    3. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда аз тарафи шахс бо истифода аз маќоми хизматї содир шуда бошад, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансабњои муайян ё машѓул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешавад.
    Моддаи 397. Таљовуз ба њаёти шахси ба амалбарорандаи адолати судї ё тафтишоти тосудї

    1. Таљовуз ба њаёти судяњо, машваратчии халќї, прокурор, шахси ба амалбарорандаи тафтишоти тосудї, адвокат (њимоятгар), эксперт (коршинос), пристави судї, иљрочии маќомоти иљро, њамчунин наздикони онњо вобаста ба барраси парванда ё мавод дар суд, пешбурди тафтишоти тосудї ва ё иљрои њукм, ќарори суд ё дигар санадњои судї бо маќсади монеъ шудан ба фаъолияти ќонунии шахсони зикргардида ва ё ќассос барои ин фаъолият содир шуда бошад, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз њашт то дувоздањ сол љазо дода мешавад.

    2. Њамин кирдор, ки:

    1) нисбати ду ё зиёда шахс;

    2) нисбати шахсе, ки дар њолати ољизї ќарор доштани ў баръало барои гунањгор аён аст, њамчунин марбут бо рабудани инсон ва ё ѓасби гаравгон;

    3) нисбати зане, ки њомиладориаш баръало барои гунањгор аён аст;

    4) бо берањмии махсус;

    5) бо тарзи барои њаёти одамони дигар хавфнок;

    6) аз љониби гурўњи шахсон, гурўњи шахсон бо созиши пешакї, гурўњи љиноятї;

    7) бо маќсади рўйпўш кардани љинояти дигар ё осон кардани содир кардани он, инчунин марбут бо таљовуз ба номус ё кирдори зўроварии дорои хусусияти шањвонї;

    8) якчандкарата;

    9) нисбати шахси баръало ноболиѓ;

    10) дар макони вазъияти фавќулода эълоншуда ё дар минтаќаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористї содиршуда, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз дувоздањ то понздањ сол ва ё якумра мањрум сохтан аз озодї ва ё љазои ќатл љазо дода мешавад.
    Моддаи 398. Тањдид ё њаракати зўроварї вобаста ба амалбарории адолати судї ё тафтишоти тосудї

    1. Тањдиди куштан, расонидани зиён ба саломатї, вайрон ё нобуд кардани молу мулк нисбати судяњо, машваратчии халќї, њамчунин наздикони онњо вобаста ба баррасии парванда ё мавод дар суд, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат љазо дода мешавад.

    2. Њамин кирдор, ки нисбати прокурор, шахсони ба амалбарорандаи тафтишоти тосудї, адвокат (њимоятгар), эксперт (коршинос), котиби маљлиси судї, пристави судї, тарљумон, иљрочии хадамоти иљро, њамчунин наздикони онњо вобаста ба амалбарории тафтишоти тосудї, баррасии парванда ё мавод дар суд ва ё иљрои њукм, њалнома ё дигар санади судї содир шуда бошад, -

    бо љарима ба андозаи дусад нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то як сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат љазо дода мешавад.

    3. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, ки бо истифодаи зўроварї барои њаёт ва саломатї хавфнок нест, содир шуда бошанд, -

    бо љарима ба андозаи то панљсаду чил нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то се сол љазо дода мешаванд.

    4. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, ки бо истифодаи зўроварї барои њаёт ва саломатї хавфнок аст, содир шуда бошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз се то шаш сол љазо дода мешаванд.


    Моддаи 399. Беэҳтиромӣ нисбати суд

    1. Беэҳтиромӣ нисбат ба суд, ки дар таҳқири иштирокчиёни мурофиаи судӣ ифода ёфта бошад, -

    бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду бист соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то чор моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду бист нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то чил шабонарўз љазо дода мешавад.

    2. Ҳамин кирдор, ки дар таҳқири судя ва (ё) машваратчии халќї ифода ёфта бошад, -

    бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду шаст соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то шаш моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду њафтод нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то панљоњ шабонарўз љазо дода мешавад.
    Моддаи 400. Туҳмат нисбати судя, машваратчии халќї, прокурор, муфаттиш (таҳқиқбаранда), коршинос, пристави судӣ, иҷрочии маќомоти иљро

    1. Туҳмат нисбати судя ё машваратчии халќї вобаста ба баррасии парванда ё мавод дар суд,-

    бо љарима ба андозаи дусад нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то як сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат љазо дода мешавад.

    2. Ҳамин кирдор, ки нисбати прокурор, муфаттиш (таҳқиқбаранда), коршинос, пристави судӣ, иҷрочии маќомоти иљро вобаста ба баамалбарории тафтишоти тосудї, гузаронидани экспертизаи судӣ ва ё иҷрои ҳукм, њалномаи суд ё дигар санади судӣ содир шуда бошад,-

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат љазо дода мешавад.

    3. Кирдорҳои дар қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда пешбинишуда, ки бо айбдор кардани шахс дар содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин содир шуда бошанд,-

    бо љарима ба андозаи то панљсаду чил нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то се сол љазо дода мешаванд.
    Моддаи 401. Ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахси баръало бегуноҳ

    1. Ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахси баръало бегуноҳ аз љониби прокурор ё шахси тафтишоти тосудиро амаликунанда, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансабњои муайян ё машѓул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешавад.

    2. Ҳамин кирдор, ки бо айбдор кардани шахс дар содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин вобаста бошад,-

    бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шаст то нуњсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панљ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
    Моддаи 402. Баръало ғайриқонунӣ озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ

    Баръало ғайриқонунӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардани шахси гумонбаршуда ё айбдоршаванда дар содир намудани љиноят аз љониби прокурор ё шахси тафтишоти тосудиро амаликунанда, -

    бо ҷарима ба андозаи то нуњсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то панљ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панљ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.


    Моддаи 403. Баръало ѓайриќонунї дастгир кардан, ба њабс гирифтан ё дар њабс нигоњ доштан

    1. Бараъло ѓайриќонунї дастгир кардан, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансабњои муайян ё машѓул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешавад.

    2. Бараъло ѓайриќонунї ба њабс гирифтан ё дар њабс нигоњ доштан, -

    бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шаст то нуњсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

    3. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, ки боиси оќибатњои вазнин гардида бошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз се то њафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панљ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

    4. Ќасдан хабар надодан ба хешовандони гумонбаршуда оид ба њолати дастгир гардидан ва љойи будубоши ў, ѓайриќонунї рад кардани пешнињоди маълумот оид ба љойи дар њабс нигоњ доштани шахс ба шањрванд, ки њуќуќ ба гирифтани чунин маълумотро дорад, инчунин сохтакорї кардани ваќти тартиб додани протоколи дастгиркунї ё ваќти воќеии дастгиркунї, -

    бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду бист соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то чор моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду бист нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то чил шабонарўз бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансабњои муайян ё машѓул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешавад.
    Моддаи 404. Маљбур кардан ба додани нишондод

    Маљбур кардани гумонбаршуда, айбдоршаванда, љабрдида, шоњид ба додани нишондод, инчунин монеъ шудан ба шахс барои ихтиёран додани нишондод, додани ариза оид ба љинояти содиршуда ва ё маљбур кардан барои рад кардани додани нишондод ва ё маљбур кардани коршинос барои додани хулоса бо роњи истифодаи тањдид, иръоб ё ѓайриќонунї аз љониби прокурор ё шахси амаликунандаи тафтишоти тосудї, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансабњои муайян ё машѓул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешавад.
    Моддаи 405. Тањрифи далелњо ва маводи оперативї-љустуљўї, зиддикашофї

    1. Тањрифи далелњо вобаста ба парвандаи гражданї аз љониби шахсе, ки дар парванда иштирок дорад ё намояндаи ў, -

    бо љарима ба андозаи то дусад нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то як сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат љазо дода мешавад.

    2. Тањрифи далелњо вобаста ба парвандањои њуќуќвайронкунии маъмурї аз љониби шахси мансабдоре, ки барои тартиб додани протоколи њуќуќвайронкунии маъмурї ваколатдор мебошад, содир шуда бошад, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансабњои муайян ё машѓул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол дода мешавад.

    3. Тањрифи маводи оперативї-љустуљўї, зиддикашофї ё протоколњои ѓайриошкорои амалњои тафтишї ё замимањо ба онњо аз љониби корманди маќомоти амаликунандаи фаъолияти оперативї-љустуљўї, зиддикашофї, -

    бо љарима ба андозаи то панљсаду чил нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то се сол бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансабњои муайян ё машѓул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол љазо дода мешавад.

    4. Тањрифи далелњо дар рафти мурофиаи судии љиноятї аз љониби шахси амаликунандаи тафтишоти тосудї, прокурор, мутахассис, ки дар амалњои мурофиавї иштирок мекунад ё њимоятгар, -

    бо љарима ба андозаи то панљсаду чил нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то се сол бо мањрум кардан аз њуќуќи ишѓоли мансабњои муайян ё машѓул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то се сол љазо дода мешавад.

    5. Кирдорњои дар ќисмњои якум, дуюм, сеюм ё чоруми њамин модда пешбинишуда, ки боиси баровардани њукми беадолатона, њалнома ё дигар санади судї гардида бошанд, -

    бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шаст то нуњсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешаванд.

    6. Тањрифи далелњо вобаста ба парвандањои љиноятї оид ба дахлнопазирии љинсии шахси ноболиѓ, љиноятњои вазнин ё махсусан вазнин, њамчунин боиси оќибатњои вазнин гардида бошад, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз се то њафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
    Моддаи 406. Иѓвои ришвадињии тиљоратї ва ё порадињї

    1. Иѓвои ришвадињии тиљоратї, яъне кўшиши ба шахсе, ки дар корхонаи тиљоратї ё дигар корхона вазифањои идоракуниро иљро менамояд, додани пул, коѓазњои ќимматнок, дигар молу мулк ё хизматрасонии дорои хусусияти молу мулкї бе розигии ў бо маќсади сохтани далелњои сунъї оид ба содир кардани љиноят ва ё иръоб, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муњлати то ду сол ё бидуни он љазо дода мешавад.

    2. Иѓвои порадињї, яъне њамин кирдор, ки нисбат ба шахси ба иҷрои вазифањои давлатӣ ваколатдоршуда ё шахси ба ў баробаркардашуда ё шахси мансаби давлатиро ишѓолнамуда ва ё шахси мансабдор, њамчунин шахси мансабдори давлати хориљї ё шахси мансабдори ташкилоти байналмилалї содир шуда бошад, -

    бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шаст то нуњсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панљ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
    Моддаи 407. Баръало ѓайриќонунї баровардани њукм, њалнома ё дигар санадњои судї

    1. Баръало аз тарафи судя (судяњо) ѓайриќонунї баровардани њукм, њалнома ё дигар санадњои судї, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то ду сол љазо дода мешавад.

    2. Њамин кирдор, ки:

    1) вобаста бо баровардани њукми мањрум сохтан аз озодї;

    2) вобаста бо сохтани далелњои сунъии айбдоркунї содир шуда бошад;

    3) боиси оќибатњои вазнин гардида бошад, -

    бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шаст то нуњсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панљ сол ҷазо дода мешавад.
    Моддаи 408. Баръало хабари бардурўѓ расонидан

    1. Баръало хабари бардурўѓ расонидан оид ба содир шудани њуќуќвайронкунии љиноятї, -

    бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду шаст соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то шаш моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду њафтод нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то панљоњ шабонарўз љазо дода мешавад.

    2. Кирдори дар ќисми дуюми њамин модда пешбинишуда, ки бо айбдоркунии шахс дар содир кардани љинояти вазнин ё махсусан вазнин ва ё бо нияти ѓаразнок алоќаманд содир шуда бошад, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат љазо дода мешавад.

    3. Кирдорњои дар ќисмњои дуюм ё сеюми њамин модда пешбинишуда, ки ба манфиатњои гурўњи љиноятї содир шуда бошанд, -

    бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шаст то нуњсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол ҷазо дода мешаванд.
    Моддаи 409. Нишондоди баръало бардурўѓ, хулосаи эксперт, мутахассис ё тарљумаи нодуруст

    1. Нишондоди баръало бардурўѓи шоњид, љабрдида ва ё хулосаи баръало бардурўѓи эксперт, мутахассис дар суд ва ё дар рафти тафтишоти тосудї, њамчунин баръало нодуруст тарљума кардан аз љониби тарљумон дар чунин мавридњо, инчунин њангоми иљрои њуљљатњои иљро, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат љазо дода мешавад.

    2. Њамин кирдорњо вобаста бо парвандаи љиноятї оид ба љиноятњои вазнин ё махсусан вазнин ва ё бо нияти ѓаразнок содир шуда бошанд, -

    бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шаст то нуњсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол ҷазо дода мешаванд.

    Эзоњ:

    1. Шоњид, љабрдида, эксперт, мутахассис ё тарљумон аз љавобгарии љиноятї озод карда мешаванд, агар онњо дар љараёни тафтишоти тосудї ё мурофиаи судї то баровардани њукм ё њалномаи суд дар хусуси бардурўѓ будани нишондод, хулоса ё баръало нодуруст тарљума кардан ихтиёран арз намоянд.

    2. Ќурбонии савдои одамон барои додани нишондоди бардурўѓ, ки бо ќарор доштани ў ба сифати ќурбонї дар савдои одамон алоќаманд аст, ба љавобгарии љиноятї кашида намешавад.
    Моддаи 410. Саркашї кардани шоњид ё љабрдида аз додани нишондод

    Саркашї кардани шоњид ё љабрдида аз додани нишондод дар суд ё дар рафти тафтишоти тосудї, -

    бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду бист соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то чор моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду бист нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то чил шабонарўз љазо дода мешавад.

    Эзоњ:

    1. Шахс барои саркашї кардан аз додани нишондод ба муќобили худ, њамсар ё хешовандони наздикаш, инчунин ходими калисо - барои саркашї кардан аз додани нишондод ба муќобили шахси ба ў њангоми омурзиш боваркарда, медиатор – ба муќобили шахс ва њолатњое, ки ба ў алоќаманд ба медиатсия маълум гардидааст, иштирокчиёни механизми милии пешгирикунанда - ба муќобили шахс ва њолатњое, ки ба онњо аз суњбат бо шахсони дар муассисањои махсуси таъминкунандаи аз љамъият људо нигоњ доштан маълум гардидааст, ба љавобгарии љиноятї кашида намешавад.

    2. Ќурбонии савдои одамон барои саркашї кардан аз додани нишондод, ки бо ќарор доштани ў ба сифати ќурбонї дар савдои одамон алоќаманд аст, ба љавобгарии љиноятї кашида намешавад.
    Моддаи 411. Ришвадињї ё маљбур кардан барои додани нишондоди бардурўѓ ё саркашї кардан аз додани нишондод, хулосаи бардурўѓ ва ё тарљумаи нодуруст

    1. Ришвадињї ба шоњид, љабрдида бо маќсади аз љониби онњо додани нишондоди бардурўѓ ва ё ба эксперт бо маќсади додани хулосаи бардурўѓ ё нишондоди бардурўѓ, њамчунин ба тарљумон бо маќсади нодуруст тарљума кардан, -

    бо корњои њатмї ба муњлати то яксаду бист соат ва ё корњои ислоњї ба муњлати то чор моњ ва ё љарима ба андозаи то яксаду бист нишондињанда барои њисобњо ва ё њабс ба муњлати то чил шабонарўз љазо дода мешавад.

    2. Маљбур кардани шоњид, љабрдида барои додани нишондоди бардурўѓ, эксперт барои додани хулосаи бардурўѓ ё тарљумон ба тарљумаи нодуруст, њамчунин маљбур кардани шахсони мазкур барои саркашї кардан аз додани нишондоди алоќаманд бо иръоб, тањдиди куштан, расонидани зиён ба саломатї, нобуд кардани молу мулки ин шахсон ё наздикони онњо, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат љазо дода мешавад.

    3. Кирдорњои дар ќисми дуюми њамин модда пешбинишуда, ки бо истифодаи зўроварии барои њаёт ё саломатии шахсони мазкур хавфнок нест, содир шуда бошанд, -

    бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шаст то нуњсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол ҷазо дода мешаванд.

    4. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, ки:

    1) аз љониби гурўњи љиноятї;

    2) бо истифодаи зўроварии барои њаёт ё саломатии шахсони зикргардида хавфнок аст;

    3) бо айбдоркунї дар содир кардани љиноятњои вазнин ё махсусан вазнин алоќаманд содир шуда бошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз чор то њафт сол љазо дода мешаванд.


    Моддаи 412. Ифшои маълумоти пешбурди тосудї ё муњокимаи пўшидаи судї

    Ифшои маълумоти пешбурди тосудї ё муњокимаи пўшидаи судї аз љониби шахсе, ки мувофиќи тартиби муќаррарнамудаи ќонун аз ифшо накардани онњо огоњонида шуда буд, агар ифшо кардани маълумоти пешбурди тосудї бе розигии прокурор ё шахси пешбурди тосудиро амаликунанда, њамчунин ифшо кардани маълумоти муњокимаи пўшидаи судї бе розигии судя содир шуда бошад, -

    бо љарима ба андозаи то дусад нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то як сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат љазо дода мешавад.
    Моддаи 413. Ифшои маълумот оид ба чорањои амниятие, ки нисбати шахси зери њимояи давлат ќарордода татбиќ карда мешаванд

    1. Ифшои маълумот оид ба чорањои амниятї нисбати шахсони зери њимояи давлат ќарордода татбиќ мегарданд, агар ин кирдор аз љониби шахсе содир шавад, ки ба ў ин маълумот бовар карда шуда буд ё алоќаманд бо фаъолияти хизматии ў маълум гардида бошад,-

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат љазо дода мешавад.

    2. Њамин кирдор, ки боиси оќибатњои вазнин ва ё ба манфиатњои гурўњи љиноятї содир шуда бошад, -

    бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шаст то нуњсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол ҷазо дода мешавад.
    Моддаи 414. Њаракатњои ѓайриќонунї нисбат ба молу мулке, ки рўйхат карда шудааст ё ба њабс гузошта шудааст ва ё мусодира карда мешавад

    1. Исрофкорї, бегона ё пинњон кардан ва ё ѓайриќонунї додани молу мулки руйхат, њабс кардашуда ё ба он мањдудияти ихтиёрдорї гузошташуда аз љониби шахсе, ки ин молу мулк ба ў бовар карда шудааст, њамчунин аз љониби хизматчии ташкилоти кредитї ба амал баровардани амалиёти бонкї бо воситањои пулї (пасандозњо), ки ба онњо њабс гузошта шудааст ва ё нисбати онњо амалиёти харољотї боздошта шудааст, содир шуда бошад, -

    бо корњои ислоњї ба муњлати то шаш моњ ё љарима ба андозаи то яксаду њаштод нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то як сол љазо дода мешавад.

    2. Пинњон ё азони худ кардани молу мулке, ки бо њукми суд ё ќарори суд мусодира карда мешавад, њамчунин бо тарзи дигар саркашї кардан аз иљрои эътибори ќонунї пайдокардаи њукми суд ё ќарори суд оид ба таъини мусодираи молу мулк, -

    бо љарима ба андозаи то сесаду шаст нишондињанда барои њисобњо ва ё мањдуд кардани озодї ба муњлати то ду сол ва ё мањрум сохтан аз озодї ба њамин муњлат бо мусодираи молу мулк љазо дода мешавад.

    3. Кирдори бо ќисми дуюми њамин модда пешбинишуда, ки:

    1) якчандкарата;

    2) аз љониби гурўњи шахсон бо созиши пешакї содир шуда бошад,-

    бо љарима ба андозаи то панљсаду чил нишондињанда барои њисобњо ва ё мањрум сохтан аз озодї ба муњлати то се сол бо мусодираи молу мулк љазо дода мешавад.

    4. Кирдорњои дар ќисмњои якум ё дуюми њамин модда пешбинишуда, ки ба андозаи калон содир шуда бошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз ду то панљ сол бо мусодираи молу мулк љазо дода мешаванд.

    5. Кирдорњои дар ќисмњои якум, дуюм, сеюм ё чоруми њамин модда пешбинишуда, агар:

    1) аз љониби гурўњи љиноятї;

    2) ба андозаи махсусан калон содир шуда бошанд, -

    бо мањрум сохтан аз озодї ба муњлати аз панљ то њашт сол бо мусодираи молу мулк љазо дода мешаванд.
    1   ...   36   37   38   39   40   41   42   43   ...   51


    написать администратору сайта